Семинари 3a - www.drdino.com - Доктор Кент Ховинд - Тоҷикӣ (Tajik) Солҳои дароз фикр мекарданд, ки устухонҳои ёфташудаи динозаврҳо барои Библия мушкилиҳо меоварад. Салом, номи ман Эрик аст. Ва ин семинаре, ки шумо мебинед хеле пурқувват мебошад ... зеро ки он тадқиқоти 30 солаи доктор Кент Ховиндро дар бар мегирад. Ин соҳа: крипто-зоология номида шудааст. Ва он ҳайвоноти ниҳон кардашударо меомӯзад. Номи семинар: "Динозаврҳо ва Библия" мебошад - www.drdino.com Семинари 3a - Доктор Кент Ховинд - Тоҷикӣ Ташаккури зиёд, ки имрӯз бо мо ҳастед; барои ман дар штати Индиана будан як шарафу номус аст. Чанд нафар аз шумоён пеш дар ягон семинари ман иштирок доштед ё ин ки видеоро дидаед? Хуб, кӣ ягон маротиба иштирок накардааст? Чанд нафар ҳоло ҳам саволи маро нафаҳмиданд? Се нафаре, ки дирӯз буданд. Майлаш. Номи ман Кент Ховинд. Ман дар мактаби миёна дар муддати понздаҳ сол илмро таълим додаам. Акнун дар давоми шонздаҳ соли охирин ман бо башоратдиҳӣ машғул ҳастам. Ҳозир бошад дар давоми як сол ман дар бораи Офариниш, Таҳаввулот ва динозаврҳо тақрибан 900 маротиба гап мезанам. Ман боварии комил дорам, ки Библия пурра ҳақиқат буда, аз тарафи илм асос ёфта шудааст. Назарияи таҳаввулотиро, ки дар мактабҳои мо таълим медиҳанд, аз ҳама дини беақлона ва хатарноктарин дар таърихи сайёраи замин ба ҳисоб меравад. Ман дар Пенсакола, штати Флорида зиндагӣ мекунам. Ман се фарзанд дорам, ва ҳамаи онҳо ба воя расидаанд. Ман ҳамаи онҳоро хонадор кардаам, ва саги ман ҳам вафот кардааст. Худоба шукр, ки ман ҳамаи ин корҳоро анҷом дода, акнун дар хона озод ҳастам. Ҳозир ман чор набера дорам ва ин мукофоти Худо аст, зеро ки ман фарзандони худро накуштам, дар замоне ки онҳоро куштан мехостам. Аз ҳамин сабаб аз ҳама даҳшатовар ин падару модарро ба наздикии фарзандон пайваст кардан аст! Тамоми оилаам дар наздикии ман зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи онҳо дар хизмат мебошанд. Вақте ки фарзандони шумо Худовандро дӯст медоранд, ин хеле хуб аст. Ду нафари онҳо дар ақиб назди миз истодаанд ва яке бо камера ҳаракат мекунад. Дар пушти ҳавлии худ дар Пенсакола, штати Флорида мо: Замини Ҳодисаҳои Диназаврро дорем. Ман динозаврҳоро дӯст медорам. Рақами телефони мо: 1-850-479-DINO, (1-850-479-3466) ва веб сайти мо: www.drdino.com мебошад. Рақами Замини Ҳодисаҳои Динозавр: 1-850-478-DINO, (ё ин ки 1-850-478-3466 мебошад). Мо динозаврҳоро дӯст медорем; ҳазорҳо ҳазорҳо тамошобинон ба он ҷо мебиёянд. Шояд тақрибан ҳазорҳо одамон ба воситаи Замини Ҳодисаҳои Динозавр гузаштаанд. Дар он ҷо мо дарсҳои илмӣ ва рӯҳониро дарс медиҳем, ва барои ҷалоли Худо мо динозаврҳоро истифода бурда, вақти хубро мегузаронем. Дар давоми дусад соли охирин, Масеҳиён беҳад дар тааҷҷубанд, ки дар куҷои Библия оиди динозаврҳо гуфта шудааст. Шаби гузашта ман ба як хонум дар меҳмонхона шаҳодат додам, ва ӯ ба ман гуфт, "Як рафиқам ба ман гуфт, ки динозаврҳо ягон вақт вуҷуд надоштанд." Як бача ба ман гуфт, ки Шайтон ин устухонҳоро дар зери замин барои моро фиреб додан ҷойгир кардааст. Вақте ки шумо ба ягон одами боақл чунин суханонро мегӯед, шумо ҳамчун аблаҳ менамоед. Ҳа, динозаврҳо буданд, ва кай онҳо мавҷуд буданд? Дар куҷои Библия дар бораи динозаврҳо гуфта шудааст? Дар ин ҷо ду набераи ман бо яке аз динозаврҳои Замини Ҳодисаҳои Динозавр бозӣ карда истодаанд. Мо бо ҳам бисёр вақти хуб мегузаронем. Масеҳиён бисёр вақт оиди ин масъала ба тааҷҷуб меоянд. Масеҳиён таълимоти тозаи Библияро зери шубҳа гузошта, онро ба манфиати таълимоти динозаврҳо мутобиқ мекунанд. Аз ҳамин сабаб онҳо "Назарияи Таркиш" ё "Рӯзи Пайдоиш" ё ин ки "Офариниши тадриҷан шиддатёбанда" ё "Таҳаввулоти Теистӣ" доранд. Ҳамаи ин лозим нест. Имрӯз ман ба шумо нуқтаи назари Библиявиро оиди динозаврҳо ошкор мекунам. Марде дар барномаи Ҷуғрофияи Миллӣ (National Geographic) мегӯяд, ки ягон инсон динозаври зиндаро бо чашми худ надидааст. Акнун, бинед, ӯ инро медонад, ё ин ки танҳо чунин фикр дорад? Ӯ танҳо чунин фикр мекунад. Дар ягон ҳолат ӯ инро тасдиқ карда, гуфта наметавонад, то даме ки бо ягон одами ҳамон замон сӯҳбат накунад. Оё ӯ пеш аз навиштани ақидаи худ бо Одам ва Ҳавво сӯҳбат кардааст? Ё ин ки бо шумо сӯҳбат кардааст? Не. Хуб аст, ки шумо инро намедонед? Библия мегӯяд, (Ҳастӣ 1:1) "Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид." Он мегӯяд, ки "дар шаш рӯз Худованд Замину Осмон, баҳр ва ҳамаи он чизе, ки дар он аст офаридааст". Агар Ӯ дар шаш рӯз ҳама чиро офарида бошад, пас Одам бояд динозаврҳоро медид. Нисбати ин ду ақида мавҷуд буда наметавонад. Дирӯз дар қисми 2-юми Семинар мо дар бораи Боғи Адан сухан рондем. Худо гуфт: "Фалаке бошад дар миёни об, Ва обро аз об ҷудо кунад. Мо дар бораи он гуфта гузаштем, ки чӣ гуна Худо дар асл дунёро офаридааст ... як қисми обро бар болои осмон ҷудо кард, ки он дар вақти тӯфони об аз нав баргашт. Акнун ҳамаи об рафт, ва дар асл об дар зери қишри замин мавҷуд буд. Китоби Забур боби 23 ояти 1, "Замин ... аз они Худованд аст ... Зеро ки Ӯ онро бар баҳрҳо бунёд кардааст." Китоби Забур боби 135 ояти 6, "Ӯро, ки заминро бар обҳо густурдааст." Ман намедонам, ки барои чӣ Масеҳиён ин оятҳоро хонда, маънои онҳоро намефаҳманд. Қисми зиёди обҳои уқёнусҳо дар зери қишри замин ҷойгиранд. Вақте ки чашмаҳои варта кушода шуданд, тамоми об бар болои замин зада баромад. Мо дар Семинари #6; сабаби тӯфонро дар замони Нӯҳ дида мебароем. Мо онро Назарияи Ховинд меномем, то ки танҳо Ховинд барои он ҷавобгар бошад. Аз вақти Офариниш 6000 ҳазор сол гузашта, аз вақти Тӯфони об 4400 сол гузаштааст, ва то имрӯз дунё хеле дигаргун шудааст. Библия мегӯяд, ки дар он замонаҳо одам зиёда аз 900 сол зиндагӣ мекард. Онҳо дар ҳақиқат зиёда аз 900 сол зиндагӣ мекарданд. Дар бисёр маданиятҳои қадим он Давраҳоро "Асрҳои Заррин" меномиданд. Бобилон, Шумерҳо, Мисриён ва дигарон ... ҳамаи онҳо дар бораи давраҳое, ки одам қариб то ҳазор сол умр медид, нақл мекунанд. Барои он ки ин дар ҳақиқат рост аст. Онҳо дар ҳақиқат қариб ки то ҳазор сол зиндагӣ мекарданд. Дар Семинари #2 ("Боғи Адан") мо дар бораи афзоиши хазандагон сухан меронем. Хазандагон ҳама вақт меафзоянд. Аз ҳамин сабаб динозаврҳо калтакалосҳои бузург буданд, ки бо Одам ва Ҳавво дар боғи Адан зиндагӣ мекарданд. Динозаврҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ намекарданд. Дар ин ҷо савол пайдо мешавад, "Оё Нӯҳ ба Киштӣ динозаврҳоро гирифта буд?" Онҳо аз Билли Граҳам пурсиданд, "Дар куҷои киштӣ динозаврҳо мавҷуд буданд?" "Не, дар киштии Нӯҳ динозаврҳо набуданд, зеро ки онҳо дар он вақт аллакай нест шуда буданд." Ман Худоро шукр мекунам барои ҳамаи он корҳои хубе, ки Билли Граҳам кардааст, лекин он дар як ҷо ба хатогӣ роҳ додааст. Одамон мепурсанд, ки "Оё динозаврҳо дар киштӣ буданд ё не?". Умедворам, ки Нӯҳ баъзе намудҳои эзорсурхакҳоро дар қафаси оҳанин нигоҳ медошт ... дертар мо муҳимияти онро мефаҳмем. Одамон мепурсанд, ки "Оё динозаврҳо дар киштӣ буданд?" Акнун Ховинд; онҳо бисёр бузург буданд, ҳамин тавр не? Бузургтарин аз онҳо бузург буданд, хурдашон бошад хурд. Шумо мебинед, ки Нӯҳ 600 сола буд, вақте ки киштии бузургро сохт. Шояд ӯ аллакай боақл буд, ки ба шумо гӯяд, ки динозаврҳои бузургтаринро ба киштӣ надароред. Ду кӯдаки онро биёред, ва қатъӣ бошед, ки яктои он гулобию, дигараш кабуд бошад, дертар мо муҳимияти онро мефаҳмем, хуб. Барои ба киштӣ кӯдаконро гирифтан ҳар гуна сабаб мавҷуд буд. Шумо кӯдакони онро мегиред, барои он ки онҳо хурдтар мебошанд. Тухми калонтарини динозавр камтар аз тӯби футбол хурдтар аст. Шумо кӯдакро мегиред, барои он ки вай сабуктар буда, камтар хӯрок мехурад, онҳо бисёртар хоб мераванд, ва бештар бадошт мебошанд. Шумо медонед, вақте ки кӯдакон меафтанд, онҳо ҷаҳида мехезанд ва боз медаванд. Калонон бошанд ғалтида, ягон ҷояшонро мешикананд ё ин ки афтода каме бе ҳаракат меистанд. Кӯдакон баъд аз тӯфони об бештар зиндагӣ карда, наслро ба дунё меоваранд. Аз ҳамин сабаб шумо бояд кӯдаконро мегирифтед. Барои чӣ ба даруни киштӣ филҳои бузургро даровардан лозим? Аз ҳама ҷиҳат ин беақлӣ аст. Барои чӣ шутурпаланги бузургро даровардан лозим? Танҳо кӯдакони онҳоро гиред. Худо гуфт, ки аз ҳар навъ ду нафарӣ бигир, на аз ҳар намуд ду нафар, ду нафар аз ҳар ҷинс. Ӯ гуфт, мувофиқи ҷинсашон, мувофиқи ҷинсашон, мувофиқи ҷинсашон .... Библия ин мавзӯъро хеле равшан ошкор мекунад. Аз ҳама навъ, на аз ҳар намуд оваред. Шумо бояд аз рӯи замин танҳо онҳоеро меовардед, ки дар биниашон нафаси ҳаёт доранд. Дар киштӣ ба Нӯҳ ягон хел моҳӣ лозим набуд. Барои онҳо дар беруни киштӣ об кофӣ буд. Инчунин ба Вай дар Киштӣ ягон хел гамбускҳо ҳам лозим набуданд, зеро ки онҳо сӯрохии бинӣ надоранд. Гамбускҳо ба воситаи пӯсти худ, узвҳои нафаскашӣ нафас мегиранд. Ба ҳашаротҳо Киштӣ лозим набуд. Ҳашаротҳо дар тӯфони об ҳам хеле хуб зиста метавонистанд. Баъд аз он ки об нест мешавад, равед ба он ҷое, ки тӯфони об гузаштааст. Дар болои лой гашта, аввалин чизе ки мебинед гӯед. Миллионҳо, миллионҳо гамбускҳоро мебинед, рост? Ҳашаротҳо дар киштӣ лозим набуданд. Мумкин аст ки баъзеи онҳо дар кишӣ буданд, лекин онҳо набояд дар он ҷой мешуданд. Нӯҳ 400 ҷуфт сагҳоро ба даруни киштӣ нагирифт. Шояд Нӯҳ ягон бор дар ҳаёти худ Чихуахуаро (як намуди сагҳо) надидааст. Барои чӣ баъзе касон бо саг чунин рафтор мекунанд? Ҳамаи ниқобпӯшониҳои махсус барои зебо кардани саг 100% фоиз бефоида аст. Шояд Нӯҳ танҳо саги генетикиро ба монанди саги ман Никкӣ дошт. Никкӣ аллакай ҳамроҳи мо 12 сол буд, ки ман баъд дар бораи зоти он фаҳмидам. Дӯсти ман омада, гуфт, Ховинд саги ту аз зоти "Кенхардӣ" аст. Ман гуфтам, чӣ? Ӯ гуфт, "Саги ту Кенхардӣ аст". Ман гуфтам, рост? Ӯ аз ман пурсид, ки Кен хардлӣ (маънояш мушкил фаҳмидан) чӣ хел зот аст. Ҳа, зоти тозаи "Канхардлӣ". Шояд аспу гӯрхар як сарнасли умумӣ доштанд, чӣ хеле ки дар ин китоби Мехикоӣ гуфта шудааст. Ва ман бо ин розӣ ҳастам, ки аспу гӯрхар як сарнасли умумӣ доранд. Аммо он ба асп монанд аст - "чор чархи ҳаракатовар, чарми рӯйкаши тоза" - ҳамаи қисмҳои асп мавҷуд аст. Шаккокон мегӯянд, "Чӣ тавр Нӯҳ миллионҳо ҳайвонҳоро ба киштӣ ҷойгир кардааст?" Хӯш, пеш аз ҳама ӯ танҳо ҳайвоноти заминиро гирифтааст. Дуюм, ӯ танҳо онҳоеро, ки сӯрохии бинӣ доштанд, гирифт, гамбускҳоро не. Сеюм, шумо танҳо кӯдаки ҳайвонҳоро мегиред, ва ин ақли солим аст. Чорум, шумо аз ҳар навъ ҷуфт-ҷуфт мегиред, на аз ҳар намуд, ва Худо ҳар навъро офаридааст. Ва Худо ба Нӯҳ ҳаҷми киштӣ ва чӣ гуна сохтани онро гуфтааст. Ба фикрам Худо аллакай ҳаҷми онро муайян карда, медонист, ки чанд нафар ҳайвонҳо дар он бояд бошад? Бисёр мумайизон ба шумо гуфта метавонанд, ки дар дунё тақрибан 8,000 навъи асосии ҳайвон мавҷуд аст. 8,000 навъи асосии ҳайвон. Нӯҳ аз ҳар навъ дутогӣ дошт, ҳозир ман медонам, ки ҳар навъ то ҳафт намуд дорад. Барои ҳар яки он дар киштӣ ҷой кофӣ буд. Бисёр бединон мегӯянд, ки Одам ҳеҷ вақт дар як рӯз ба ҳамаи ҳайвонҳо ном гузошта наметавонист. Вақте ки ман бисёр ошуфта мешавам, ман дар як дақиқа 350 калима гуфта метавонам. Агар дар як дақиқа 300 калима гӯем, баъд аз 26 дақиқа шумо ба тамоми ҳайвонот ном гузошта метавонед. Саг, гурба, фил, мӯрчахӯр, миримӯшон, ва ғайра. Инчунин шумо бояд донед, ки Одам хеле шуури баланд дошт. Ӯ комилан бо программмаи Худо аз дасти Ӯ пайдо шуда буд. Шумо медонед, ки ӯ бо ҳамаи забонҳои дунё гап зада метавонист? Хуб, дар он вақт танҳо як забон буд. Дар рӯзи аввал ӯ сайр карда, сухан ронда, ба ҳамаи ҳайвонот ном гузошта, зан гирифта метавонист. Шояд Одам шуури аз ҳад баланд дошт. Дар ним соат ӯ ба тамоми ҳайвонҳо ба осонӣ ном гузошта метавонист. Хуб, акнун чӣ? Худо боз барои ман чӣ вазифа дорӣ? Боз то кадом дараҷа Киштӣ бузург буд? Ман бо бединон мубоҳиса доштам, ва онҳо гуфтанд, ки "Нӯҳ ҳеҷ вақт тамоми ҳайвонотро ба киштӣ дароварда наметавонист." Ман пурсидам, ки "Дар ҳақиқат, дар он чӣ қадар ҳайвон буд?" Онҳо ҷавоб доданд, "Мо намедонем." Ман гуфтам, "Киштӣ то кадом дараҷа бузург буд?" "Мо намедонем ... Мо танҳо медонем, ки вай ин корро карда наметавонист!" Ҳа, ман медонам, ҳамин тавр намешавад. Ин ба ақидаи онҳо зарар меоварад, онҳо бовар мекунанд, ки 18 - 20 миллиард сол пеш таркиши бузург рӯй додааст. Ҳеҷ чиз натаркида - ҳама чиро ба вуҷуд овардааст. Ва 4.6 миллиард сол пеш заминро ях бастааст. Дар натиҷа қабатҳои серхарсанг ташаккул ёфтаанд, ҳа, Сайёраи Замини яхбаста ва сатҳи серхарсанг офарида шуда буданд. Азбаски замин ба шакли муайян медаромад, сатҳи он тафсон шуда, ҳавзаҳои гудозаи фаххас мекардагӣ ба вуҷуд омаданд. Китоби таълимӣ мегӯяд, ки "Дар замин тамоман ягон фоиз оксиген набуд. Лекин харсангҳо онро ба худ ҷаббида мегирифтанд." Ман дар муддати чор сол инро фаҳмидан мехостам. Баъд, азбаски ба болои харсангҳо миллионҳо сол борон борид, дар натиҷа уқёнусҳо ташаккул ёфтанд. ..." "Борони сел миллионҳо сол шорида уқёнусҳоро ба вуҷуд овард. ..." Инчунин "гардиши уқёнусҳо ин натиҷаи лаппиши химикалии мураккаб мебошад. ..." "Тараққиёти химикалии мураккаб то ба организми зинда хеле оҳиста мегузашт." Ин дар ҳақиқат ҳамин тавр аст. Тараққиёти он то ҳамон дараҷа суст мебошад, ки он тамоман рӯй намедиҳад. "Шояд ҳаёт дар харсангҳо дар қаъри уқёнус сар шудааст." Вай, тамоми ҳаёт аз харсанг пайдо шудааст! "Шояд худи системаи аввалини худзиёдшавӣ дар худи ҳамон шӯрбои органикӣ пайдо шудааст." Мувофиқи назарияи онҳо, 20 миллиард сол пеш дар он ҷо Таркиши бузург рӯй додааст. 4.6 миллиард сол пеш Замин ташаккул ёфтааст. Он тӯби сангини тафсон буд. Баъд ба болои он борон боридан гирифт, борон боридан гирифт, боз боридан гирифт. Оқибатан уқёнусҳо пур шуданд. Ва дар уқёнусҳо аввалин организмҳои зинда пайдо шуданд. Аз ҳамин сабаб бобокалон, калон, калон, калон, калон, калони шумо шӯрбои органикӣ буд. Ин аст назарияи Таҳаввулотӣ. Ман инро аз худ набаровардам, онҳо бароварданд Агар хоҳед ба ҳоли онҳо хандед, ба ҳоли ман не. Як вақтҳо онҳо маро ба коллеҷи Бостон таклиф карданд. Ман бояд дар калисои он ҷой сухан мегуфтам. Ман гуфтам, "Бародар, ба баъзе коллеҷҳо занг зада фаҳмед, ки мо мубоҳиса гузаронда метавонем." Ман бар зидди ин бачаҳо дар университетҳои онҳо мубоҳиса гузаронданро бисёр дӯст медорам. Ӯ ба ҳар як коллеҷи Бостон, ки дар масофаи сад мил мавҷуд аст, занг зад; дар гирду атрофи Бостон бисёр коллеҷҳо мавҷуданд. Билохир як коллеҷ гуфт, "Не, мо намехоҳем, ки вай омада, бо мо мубоҳиса гузаронад, аммо ӯ ба донишҷӯёни мо гап зада метавонад, агар мумкин бошад муаллимони мо ба вай савол медиҳанд, чунки мо ба донишҷӯёни худ нишон додани, ки дар ҳақиқат то чӣ дараҷа Масеҳиёни шумо бефаросат ҳастанд." Ман гуфтам, "Ман бо як шарафи бузург барои ин меоям." Ҳамин тариқ ман омадам. Дар он ҷой 6 нафар муаллимон ва ҳамаи донишҷӯёни онҳо буданд. Ман худамро ҳамчун Дониёл дар хонаи шер ҳис мекардам. Вақти барои ман ҷудокардаро истифода бурда, ман гуфтам, "Бачаҳо ман ба Библия бовар мекунам," аммо ин ба ҳеҷ кас маъқул нашуд. Ман гуфтам, ман имон дорам, ки 6,000 ҳазор сол пеш Худо ҳама чиро офаридааст. 4400 сол пеш Худо Тӯфони обро фиристодааст. Дар Тӯфони Бузург ҳама чиз несту нобуд шуд. Нӯҳ аз ҳар навъ дутогӣ дошт, (на аз ҳар гуна намуд) ... дутогӣ аз ҳар навъ дар киштӣ дошт. Аз ҳамон вақт сар карда, бисёр намудҳои нав ба вуҷуд омадаанд. Баъд ман аз онҳо пурсидам, ки ба чӣ онҳо имон доранд. Бисёр тарафдорони таҳаввулот намедонанд, ки ба чӣ бовар мекунанд; шумо бояд аз онҳо пурсед. Ман гуфтам, "Шумо бачаҳо бовар мекунед, ки 20 миллиард сол пеш Таркиши Бузург рӯй додааст. Ва 4.6 миллиард сол пеш заминро ях бастааст. Миллионҳо сол ба болои харсангҳо борон борида, онҳоро ба шӯрбои органикӣ мубаддал додааст. Ва тақрибан 3 миллиард сол пеш шӯрбои органикӣ зинда шудааст." Яке аз муаллимон хеле ба ғазаб омад. (Ба фикрам ман онҳоро ба ғазаб овардам.) Ӯ гуфт, "Мистер Ховинд шумо медонед, ки дар дунё қариб ки 400 намуди сагҳо мавҷуданд?" Ман гуфтам, "Ҷаноб, ман миқдори онҳоро намедонам, аммо ба назарам 400 намуд ин хеле хуб аст." Ӯ гуфт, "Шумо ба ман гуфтанӣ, ки ҳамаи ин сагҳо танҳо аз ду саги дар Киштии Нӯҳ буда, ба вуҷуд омадааст?" Ӯ гуфт, "Шумо мехоҳед, ки ман ба ин бовар кунам?" Ман ҷавоб додам, "Ҷаноб, шумо донистан мехоҳед, ки чиро ба донишҷӯёни худ дарс медиҳед?" Шумо ба донишҷӯёни худ таълим медиҳед, ки ҳамаи ин сагҳо аз харсанг пайдо шудаанд. Баъд аз он ӯ дигар ягон савол надошт. Боре ман дар як университет мубоҳиса доштам ва баъд аз он як хонум аз гузаргоҳ мегузашт. Вай девона барин буд. Аз бинии вай дуд мебаромад. Вай аз ман бисёр ба қаҳр омада буд. Вай рост ба пеши ман омад. Ман дуо гуфтам, "Худованд, ман ба хона меравам." Вай дастонашро ба миён гузошта гуфт, "Бегоҳӣ ту ба ҳама мегӯӣ, ки мо бовар мекунем, ки мо аз харсанг пайдо шудем. Мо ба ин бовар намекунем!" Ман гуфтам, "Хонум ором шавед; шумо бояд чизеро гирифта баред." Ман гуфтам, "Хонум шумо ба таҳаввулот имон доред?" Ӯ гуфт, "Ҳа, имон дорам. Ман муаллими ин университет мебошам." Ман гуфтам, "Хонум, илтимос ба ман гӯед, ки мо аз куҷо пайдо шудем?" Ӯ гуфт, "Мо аз макромолекула пайдо шудем." Ман гуфтам, "Он аз куҷо пайдо шуд?" Ӯ ҷавоб дод, "Аз уқёнусҳо, аз шӯрбои пребиотикӣ." Ман гуфтам, "Он аз куҷо пайдо шуд?" Ӯ гуфт, "Миллионҳо сол ба болои харсангҳо борон меборид...." Ман дидам, ки чӣ тавр ӯ нақл карда, оҳиста равшантар мешавад, аз он ки ба чӣ ӯ имон дорад. "Медонед ... Ман бовар мекунам, ки аз харсанг пайдо шудаам." Ҳа хонум, вақте ки ба кӯча мебароед беҳтараш, ки эҳтиёт шавед. Ҳушёр шавед, ки бобои худро зер накунед. Ман ояти ҳаёти ӯро ёфтам, (Ирмиё 2:27) "Ба чӯб мегӯянд: Ту падари ман ҳастӣ, ва ба санг: Ту маро зоидаӣ." Ана ин санг, бобо аст. Ман ҳатто ояти ҳаётии падарамро дар Библия ёфтам, (Матто 17:15) "Худовандо! Ба писари ман марҳамат кун; вай масрӯъ аст ва сахт азият мекашад." Библия мегӯяд, (Ҳастӣ 6:11-12) "Ва замин пеши Худо фосид шуд ... ... ва Худо заминро дид, ки инак, он фосид шудааст; ... Ҳар башар роҳи худро бар замин фосид кардааст." (Ҳастӣ 6:13-14) "Ва Худо ба Нӯҳ гуфт; Интиҳои ҳар башар пеши Ман фаро расидааст ... ... зеро ки замин аз дасти онҳо аз ситам пур шудааст. ... Ва инак, Ман онҳоро аз замин нест мекунам, киштие бисоз ..." Нӯҳ ба писаронаш гуфт, "Бачаҳо, тахтаҳоро биёред, мо киштӣ месозем." Онҳо рафта, ҳамаи ин тахтаҳоро оварданд, ва киштии бузургтарин сохтанд. Баъд аз тӯфони об, писари Нӯҳ кӯдакдор шуд ва номи вай Арфакшад буд. Барои чӣ ягон кас номи кӯдакашро Арфакшад намегузорад? Дар боғчаи бачагона кӯдаки бечораро тасаввур кунед, шумо мепурсед "Номат чӣ писарам?" Арфакшад. Шумо ин номро навишта метавонед? Не. Ҳеҷ кас наметавонад. Шумо фикр накардаед, ки як рӯз Арфакшади хурд калон шуда, дар болои зонуи бобояш менишинад. Ва ба гирду атроф нигоҳ карда, чӣ хеле ки кӯдакон мекунанд, мегӯяд, "Ҳей Бобо, ман савол дорам, чӣ хел шуд, ки мо дар дунё худамон мондем?" Ту дар назар дорӣ, ки тамоми сайёра танҳо барои мо аст? Чӣ рӯй дод? Бобояш дар бораи тӯфони об ба вай нақл мекунад. Дар асл, онҳо дар бораи тӯфони об бисёр вақт гап мезаданд. Дар поёни Пенсакола, штати Флорида мо бисёр вақт дар бораи Тӯфони Иван гап мезанем, ва ин танҳо як тӯфончаи майда. Тӯфони умумиҷаҳониро тасаввур карда метавонед? Дар бораи тӯфон онҳо асрҳо гап мезаданд. Падари Арфакшад, Сом, (писари Нӯҳ) умри дароз дида, қиссаҳоро ба Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб худаш нақл кардааст. Шумо дар бораи ин дар Библия ҳеҷ вақт намехонед, аммо дар пайдарҳамии воқеаҳо онро мушоҳида кардан мумкин аст. Шумо медонед, ки то ҳол дар бисёр маданиятҳои тамоми дунё дар бораи Тӯфони об нақл мекунанд? Имрӯз дар мамлакатҳои гуногун ва маданиятҳои тамоми дунё ба монанди Тӯфон 270-то достон мавҷуд аст. Достони Гавайиҳо мегӯяд, ки "баъд аз марги одами аввалин Кунихонна ... ... дунё барои зиндагӣ ҷои шарир ва даҳшатнок шудаст." Дар он вақт танҳо як одами хуб монд; номи вай Нуу буд. Ӯ қаиқи бузургро бо хоначаҳояш сохта, ба он ҳайвонҳоро ҷойгир кард. Об тамоми Заминро фаро гирифта, ҳамаи одамонро несту нобуд кард. Танҳо Нуу ва оилаи вай дар киштӣ, ки аз ҳайвонҳо пур буд, наҷот ёфтанд. Ба ҳикояи Библия монанд аст, ҳамин тавр не? Хитоиҳо достони классикаи Хиккингро доранд. Онҳо мегӯянд, ки Фухӣ падари тамаддуни онҳост. (Марде, ки онҳо Фухӣ меноманд, мумкин аст ки Нӯҳ бошад.) Онҳо мегӯянд, Фухӣ ҳамроҳи ҳамсараш, се писараш ва се духтараш аз тӯфони бузург наҷот ёфтааст. Вай бо оилааш ягона одамоне буданд, ки дар рӯи замин зинда монданд. Баъд аз Тӯфони Бузург онҳо тамоми дунёро пур карданд. Ҳиндуёни Толтеки Мексика хеле ҳикояи аҷоиб доранд. Онҳо мегӯянд, ки аввалин дунё 1716 сол давом дод ва тӯфоне, ки кӯҳҳои баландтаринро фаро гирифт, онро несту нобуд кард. Ва як оила бо номи Сокссокс наҷот ёфтанд. 1716 сол...? Хуб, Библия мегӯяд, ки аз давраи Офариниш то Тӯфони об 1656 сол гузаштааст. Барои достоне, ки таърихи 4000 сола дорад, бад нест! Савол: Барои чӣ қариб ки 300 достонҳо дар бораи тӯфони об мавҷуданд? Ба фикрам, аз сабаби он ки Тӯфон дар ҳақиқат буд. Ин назарияи ман аст. Шояд достони Атлантида, ва ҳамаи касоне, ки континентҳои гумшудаи Атлантидаро ҷустуҷӯ мекунанд, боз як достони тӯфони об аст. Чӣ қадаре ки об киштиро бо одамон баланд мебардошт, ҳамон қадар тамоми дунёро мавҷҳои об фаро мегирифт. Ҳақиқатан, онҳо боло бардошта мешуданд, на ба поён. Ба фикрам Атлантида ин боз як ҳикояи дигар дар бораи тӯфон аст. Агар шумо ба мамлакати Туркия нигоҳ кунед, дар тарафи шарқи он Кӯҳи Ароротро мебинед. Он аз сарҳади Русия дар масофаи 12 мил ҷойгир аст; аз ҷиҳати сиёсӣ хеле минтақаи ноустувор мебошад. Дар харитаи Туркӣ онро "Nuhun Gemisi" меноманд, ки маънояш "Киштии бузурги Нӯҳ" мебошад. Онҳо нишонаҳо доранд; шумо онро дар роҳ дида метавонед: "Киштии бузурги Нӯҳ" ҳамин тавр равед, пас аз 5 километр. Хеле аҷоиб Библия мегӯяд, ки Киштӣ дар ҳафтум моҳ боз истод. Нӯҳ 13 моҳ ба берун набаромадааст. Барои чӣ ӯ 5 1/2 моҳ баъд аз он ки киштӣ боз истод, дар даруни он монд? Дар семинари #6-ум мо сабаби онро аз "Назарияи Ховинд" мефаҳмем. Библия мегӯяд, ки он дар моҳи ҳафтум дар болои кӯҳҳои (шакли ҷамъ) Аророт боз истод. Библия намегӯяд, ки киштӣ дар кӯҳи Аророт фуруд омад. Бо диққат хонед, ин тавр намегӯяд. Он мегӯяд, ки он дар кӯҳҳои Аророт фуруд омад. Дар ҳақиқат чор назария мавҷуд аст, дар бораи он ки бо Киштии Нӯҳ чӣ рӯй додааст. Назарияи аввалин мегӯяд, ки онҳо қисмҳои киштиро таҷзия карда, чӯбашро барои сохтмон истифода бурданд. Назарияи дуюм мегӯяд, ки он пӯсидааст. Назарияи сеюм мегӯяд, ки он то ҳозир дар кӯҳ истодааст. Назарияи чорум мегӯяд, ки он дар водӣ воқеъ аст. Касоне ки то ҳол фикр мекунанд, ки он дар кӯҳ аст, ҳар ду сол барои экспедисия ба он ҷо мераванд. Ҳамаи онҳо ба болои кӯҳ баромада, мефароянд ва баъд мегӯянд, ки қариб онро ёфтанд. Ман намедонам аз куҷо шумо мефаҳмед, ки ягон чизро қариб ки ёфтед ё не. Ана онҳо чӣ мегӯянд. Шояд он дар ҳамон ҷост, ман намедонам. Барои ман фарқ надорад. Дигар касон мегӯянд, "Ҳей, бачаҳо он ҳатто дар кӯҳ ҳам нест, он поёнтар дар водӣ дар масофаи 17 мил маавҷуд аст." Ба фикри онҳо Киштии Нӯҳ айнан ҳамон ҷост, чизе ки ба киштӣ монандӣ дошта, ҳамчун ашк аз он ҷо овезон аст. Дар соли 1960 онро дар вақти мушоҳида аз самолёти баландпарвоз пайдо карда буданд. Дар соли 1978-ум дар он ҷо заминҷунбӣ рӯй дода буд, ё ин ки он боз болотар бардошта шуд, ё ба замин афтод, натиҷа як хел. Ҳозир бошад он дар масофаи 5.8 метр баландӣ аз замин мустаҳкам истодааст. Дӯсти наздики ман Рон Вайт дар соли 1999 вафот кардааст. Ӯ ва бисёр дигар одамон ба фикри онҳо киштии Нӯҳро солҳои дароз омӯхтаанд. Чӣ хеле ки ман гуфтам, ман намедонам. Дар асл барои ман фарқ надорад, он дар куҷост. Баъзе креатсионистҳо ғамгин мешаванд, вақте ки ягон кас ба ғайр аз онҳо мегӯяд, ки дигар назария вуҷуд дорад. Муносибати ман нисбати ягон мавзӯъ чунин аст, агар зиёда аз як нуқтаи назар вуҷуд дошта бошад, ҳамаи онро ба дигарон гӯед. Вақте ки ҳар як кас бевосита таҳқиқ мекунад, албатта назарияҳои гуногун пайдо мешаванд. Ба фикри ман шумо бояд нуқтаи назари гуногунро дида бароед. Ричард Ривес аз Рон Вайт иқтибос гирифтааст. Дар ин ҷо ӯ пеши намунаи Киштии Нӯҳ, ки худаш тайёр кардааст. Мувофиқи назарияи онҳо киштӣ несту нобуд шудааст. Эҳтимол киштии кӯҳна зери хок монда, дар як ҷо махкам истода буд; ва он қисман нест шуд. Яке аз далелҳое, ки шаккокон истифода мебаранд ин барои киштии Нӯҳ хеле васеъ аст, мегӯянд онҳо. Албатта, он хеле васеъ аст. Ҳама киштиҳоро ҳамин хел месозанд. Онҳо беҳад калон ҳастанд. Агар дар ягон ҷо киштии пӯсидаро бинед, шумо айнан ҳамон натиҷаро мебинед, тамошои радар нишон дод, ки ҷинсҳои дарахти саҳни киштӣ ҳаст. Дар он ҷой баъзе ҷинсҳои дарахти бузург ҳаст. Зоҳиран дар он ҷо баъзе намуди сохти бузург мавҷуд аст. Инчунин онҳо парчинмехҳои оҳанинро дар он ҷой ёфтаанд. Ҳамаи қисмҳои киштӣ бо мех махкам карда шуда буд. Дар он вақт онҳо дар бораи оҳан медонистанд, ин мушкил набуд. Шумо парчинмехҳоро дар музеи Вайт дида метавонед, www.wyattmuseum.com, он дар ҷануби Нашвили штати Тенесси мавҷуд аст. Онҳо тахтаҳои қабатдорро истифода бурданд, се қабат тахтаро, ки ба қатрон монанд модда часпонда шудааст. Қатрон аз шарбати дарахт тайёр карда шудааст. Мумкин аст ки он ҳамчун фанери асосӣ сохта шудааст; қабатҳои ғафси тахта бе ягон донача дар он. Он ба дарахтоне монанд, ки ягон фаслро надидааст ва ягон вақт истифода бурда нашудааст. Музеи Вайт аз бензоколонка аз нав сохта шуда, дар баромади 27 ҷануби Нашвил ҷойгир шудааст. Он дар гӯшаи шимоли ғарб ҷойгир шудааст; шумо дар он ҷо истода онро дида метавонед. Ҷаноби (Мери Нел) Вайт китоб навиштааст, ки ... ..."Объекте, ки шакли Киштиро дорад дар болои Кӯҳи Рӯзи Қиёмат" ном дорад. Дар он ҳамаи тадқиқотҳои ӯ ва шавҳараш ҷамъ карда шудаанд. Эҳтимол киштӣ дар наздикии Кӯҳи Аророт истироҳат карда, дар лой мондааст, баъд ҳама аз он баромада рафтаанд. Баъд аз чанд вақт, аз он ҷо селобаи лой ё сели гудоза гузашт, ки он Киштиро ба поён тела дода, таҳкурсии онро вайрон кардааст. Барои чунин вазнро дар шакли амуди нигоҳ доштан, чӣ қадар шағол лозим буд. Роҳ ба ин кӯҳ ва худи киштӣ вайрон шуда буд. Эҳтимол киштӣ аз ҷои пештарааш ба якчанд мил ғеҷида ҷояшро иваз кардааст. Шояд он ба тарафи чап ба деҳаи Қазон ҳаракат кардааст, ки маънояш дар забони Туркӣ "деҳаи ҳашт" мебошад. "Деҳаи Ҳашт,"? акнун истед, дар киштӣ онҳо ҳашт нафар буданд. Эҳтимол киштӣ аз ҷои пештарааш ба поён фаромадааст. Ҳукумати Туркия ҳамаи инро омӯхта, гуфтанд, ки он Киштии Нӯҳ аст. Онҳо ҳатто дар он ҷо маркази зиёраткунандагонро барпо карданд. Баъзе касон мегӯянд, ки ин Киштии Нӯҳ нест; ин объекти ба киштӣ монанд, танҳо селобаи сангин аст. Ин селобаи ташаккулёфтаи гирдогирди объекти муқаррашуда мебошад. Вақте ки селобаи лой дар гирдогирди ягон чиз ҷорӣ мешавад, он шикофро ба вуҷуд меоварад. Ба монанди қаноти ҳавопаймо. Аммо нӯги тези рахнаи поинфурорӣ ҳамеша ҷараёнро суст мекунад. Нӯги гирд кардашуда зидди ҷараён аст, ба монанди қаноти ҳавопаймо. Ин самти муқобил аст. Дар ин минтақа селобаҳои ташаккулёфта мавҷуданд, лекин ин яке аз онҳо нест. Як бача иқрор мекард, ки он танҳо қалъача аст. Кӣ дуроҳаро дар таги теппа месозад? Шояд дигарон сангҳоро ба поён партофтаанд. Баъзе креатсионистҳо мегӯянд, ки ин Киштии Нӯҳ нест, ва ҳангоми дар бораи он хотиррасон кардан, онҳо аз ман хеле ба ғазаб меоянд. То замоне ки ман дар дасти шумо кор намекунам, ман дар бораи он хотиррасон мекунам, ва баъд ман хомӯш мешавам, хуб? Библия мегӯяд, ки дарозии Киштӣ 300 зироъ (140 метр) буд, зироъ ин ченаки дарозӣ аз оринҷ то нӯги ангушт мебошад. Дарозии ман шаш фут мебошад; зироъи ман 21 дюйм аст (53 см). Зироъи намунаи миёнаи Мисрӣ 20.65 дюйм буд (52 см), камтар аз ман кӯтоҳтар. Дарозии объекти ба киштӣ монанд 515 фут (157 метр) мебошад, ки ба 300 зироъи Мисрӣ баробар аст. Аммо ин тасдиқ намекунад, ки он киштӣ аст. Хеле аҷоиб ки ҳаҷми он мувофиқ меояд. Ин тақрибан аз ду се андозаи Титаник мебошад. Тақрибан дарозии ду майдони футболбозӣ мебошад. Барои киштӣ хеле андозаи хуб аст. Дар он минтақаи деҳаи Қазон, онҳо 12 сангҳои азимро дарёфт карданд. Вазни ҳар яки он 9,000 фунт (4000 кг) мебошад. Дар болои ҳар як санг тарқиш аст. Шояд ин сангҳо паҳлуҳои киштиро нигоҳ медоштанд . Ин ба монанди санги лангар аст. Тарқиши болои санг ҳақиқатан тарқиши каҷ буд. Ман бисёр сӯрохиро дар ҳаёти худ парма карда, бо сохтмони зиёд машғул будам. Аммо чӣ тавр ба воситаи санг сӯрохии каҷро парма кардан мумкин аст, ман намедонам, лекин онҳо дар он ҷо ҳастанд. Вақте ки 10 сол пеш оби баҳри Ҷалил тамоман хушк шуд, он ҳар гуна чизҳое, ки асрҳо номаълум буданд, ба рӯ баровард. Онҳо дар тамоми гирду атрофи он садҳо сангҳои майдаро, ки тарқиш доштанд, дарёфт карданд. Дар чунин минтақаҳои сербӯрон одатан барои киштиро устувор нигоҳ доштан, дар гирду атрофи он бисёр сангҳоро мегузоранд. Онҳо ба вай вазн медиҳанд. Вақте ки шамол сар мешавад, шумо онҳоро зери об гузошта, ҳамчун лангари баҳрӣ истифода бурда метавонед. Дар асл бисёр одамон фикр мекунанд, ки онҳо лангари сангин ё ин ки лангари баҳрӣ барои Киштии Нӯҳ мебошанд. Онҳо чӣ кор мекарданд, оё дар ҳавои бӯронӣ киштиро мустаҳкам нигоҳ медоштанд. Тасаввур карда метавонед, чӣ хел шумо ба монанди лангар зери об ғӯтонида мешавед. Агар дар ҳақиқат шамоли сахт шавад, сангҳо шуморо аз пуштатон кашола мекунанд. Акнун вақте ки шумо дар ҳолати амудӣ бо мавҷҳо ҳастед, шумо чапа намешавед. Як шаккок ба ман мактуб навишта, гуфт, "Ховинд, ман дар семинари шумо дар бораи Киштии Нӯҳ шунидам ... ки санги бузург дар паҳлуи он овезон буд, чӣ хел шумо беақл ҳастед. ... Оё шумо намедонед, ки агар дар тамоми дарозии он сангҳо овезон бошанд, онҳо ҳаракати киштиро суст мекарданд!?" Ман ҷавобашро навиштам, "Киштӣ ба куҷо мерафт?" Ягон ҷои рафтанӣ набуд. Тамоми ҷаҳон дар он вақт зери об буд. Вай кӯшиш мекард, ки шино кунад. Медонед, дастури Нӯҳ хеле оддӣ буд. Дароед, шинед, шино кунед, фуруд оед, бароед. Ба ягон самт рафтан лозим нест, бодбонҳо нестанд; киштиро ба ягон ҷо бурдан лозим нест. Як шаккок гуфт, "Киштии бодбондор шаш сутун дошта, хеле бад шино мекард ... зеро ки бодбонҳои он печидаанд." Киштии Нӯҳ ягон хел бодбон надошт, он танҳо барои шино кардан тайёр карда шуда буд. Баъзе одамон фикр мекунанд, ки дар маркази он ҳавзи маҳтобӣ буд. Зеро ки барои киштии дароз ба воситаи мавҷҳо ҳаракат кардан осон набуд. Вай боло бардошта шуда, қафои он берун аз об мебаромад, ва миёнҷои он қат мешуд ё ин ки мешикаст. Хуб мешуд, агар Киштии Нӯҳ ҳавзи маҳтобӣ медошт, ин масъала ҳал мешуд. Ин чӣ, шикоф дар маркази киштӣ. Азбаски мавҷҳо болою поён мешаванд, об дар маркази шикоф болою поён мезанад. Албатта, шумо дар гирду атрофи он девор месозед, номи он ҳавзи маҳтобӣ аст. Ҳар замоне ки оби ҳавзи маҳтобӣ болою поён мешавад, он ба воситаи мавҷҳо мегузарад. Он ба монанди поршени азимкор мекунад, ки ҳавои тозаро дар дарун ва беруни киштӣ ҳар вақте ки мавҷҳоро зарба медиҳед ба вуҷуд меоварад. Ҳар вақт шумо барои мавҷҳои хуб дуо мегӯед. "Худовандо, мо ба филҳо хӯрок доданӣ, илтимос мавҷро фиристода метавонӣ?" Вақте ки Нӯҳ аз даруни киштӣ баромад, бо динозаврҳо чӣ рӯй дод? Ин саволро, ки бо динозаврҳо чӣ рӯй додааст, дар мактабҳо ... кайҳо боз барои мусоҳибаро дар бораи Таҳаввулот шурӯъ кардан, медиҳанд. Динозаврҳо яке аз асбобҳои дӯстдоштаи Шайтон мебошад, зеро ки кӯдакон онҳоро дӯст медоранд. Як вақтҳо ман ба 300 нафар хонандагони синфи як дар мактаби давлатӣ сухан гуфтам, шумо ҳам ягон вақт кунед ин корро. Дар муддати 17 сол ман автобуси калисоро рондаам. Инчунин ман 17 сол ба хурдсолони калисо дарс додаам. Дар он дарсхонае, ки ман сухан мегуфтам, 300 нафар хонандагони синфи якум буданд. Ман динозаврҳои худро гирифта, гуфтам, "Писарон ва духтаракон, ман ба шумо савол дорам, динозаврҳо кай зиндагӣ мекарданд?" Фавран, ҳамаи онҳо доод заданд, "Миллионҳо сол пеш!" Ман фикр кардам, исто, ин кӯдакони синфи як ҳастанд. Онҳо ба зӯр хонда метавонанд. Чӣ тавр онҳо аллакай ба ин бовар мекунанд? Дар куҷо Масеҳиёне, ки ҳақиқатро дар бораи Офариниш таълим медиҳанд. Барои чӣ мо интизор мешавем, то он вақте ки ақли онҳо аз Таҳаввулот олуда мешавад ва баъд кӯшиш мекунем, ки онҳоро аз нав баргардонем. Барои чӣ мо онҳоро аз сар ёд намедиҳем? Барои чӣ ба ин мавзӯъ оиди динозаврҳо ҷавоби Масеҳӣ набуд? Коре, ки Масеҳиён карданд - ин дар соли 1800-ум зери хатар Библияро гузоштанд. Барои динозаврҳоро ҷо ба ҷо кардан онҳо "Назарияи Фосиларо" ихтироъ кардан. Онҳо ба дасти Шайтон динозаврҳоро супорданд; ва ин рӯй дод. Ба ҳар ҳол 16 назарияи таҳавуллотӣ оиди он ки бо динозаврҳо чӣ рӯй додааст, вуҷуд дорад. Як назария мегӯяд, ки 65 миллион сол пеш астероидҳо ба Нимҷазираи Юкатани Мексика зарба зада, ҳамаи онҳор несту нобуд кардааст. Олимони штати Индиана мегӯянд, ки динозаврҳо аз пушти мағруриашон худро несту нобуд кардаанд. Онҳо ба ҳарорати баланд тоб оварда натавонистанд. Ман намедонам, ки бо ин гуна назария чӣ кор кардан даркор аст. Ана сабаби ҳақиқӣ барои чӣ онҳо нест шуданд: ин тамокукашӣ аст. Чӣ динозаврҳоро маҷбур кард, ки аз байн раванд? Шумо мефаҳмед, ки онҳо саволи нодуруст дода истодаанд? Савол дар он нест, ки "Чӣ онҳоро маҷбур кард, ки аз байн раванд?" Савол дар он ки "Онҳо аз байн рафтаанд? Ба либералҳо хеле маъқул, вақте ки мо дар бораи ягон чизи нодуруст баҳс мекунем. Онҳо ҳамеша аз ман мепурсанд, "Оё мо таълимоти Офаринишро бояд ҳатман дар мактабҳои умумӣ дарс диҳем?" Саволи хуб, ман бо хурсандӣ онро муҳокима мекунам. Лекин мо бояд аз дигар савол сар кунем. Саволи ҳақиқӣ: "Оё ба мо мактабҳои умумӣ даркор аст?" Биёед дар аввал каме дар бораи ин муҳокима мекунем. Агар онҳо ба мо даркор бошанд, он гоҳ мо бояд муҳокима кунем, ки чиро дар он ҷо таълим додан мумкин аст. Кӣ ҳал мекунад, чиро дар он ҷо таълим додан даркор аст? Оё Билл Клинтон ҳал мекунад, ки чиро таълим додан даркор аст? Ё ин ки Осамам Бен Ладон? Оё шумо бояд инро ҳал кунед, ё ин ки ман? Ҳамаи мушкилӣ дар он аст, ки баъзе одамон чунин ақидаи аблаҳона доранд, ки кӯдакон аз они давлат ҳастанд. Не, не, не, кӯдакон аз они Худо ҳастанд, онҳоро ба падару модарон супордаанд. Падару модарон бояд ҳал кунанд, ки Худо ба онҳо чиро омӯзонидан мехоҳад, давлат ягон кӯдак надорад. Он бенасл аст, вай кӯдак дошта наметавонад, онҳо аз они шуморо дузиданӣ. Даҳум Ислоҳот дар Конститутсияи ШМА мегӯяд, ки давлати федералӣ ... ваколати муайяни хеле маҳдуд дорад. Боз ягон чиз давлат дорад. Давлати федералӣ ба маориф, некӯаҳволӣ, ... релефи тундбод ба ягон чиз кордор нест. Агар шумо донистани бошед, ки барои чӣ мактабҳо умумӣ шудаанд, дар бораи он бисёр мақола ҳаст. Яке аз онҳо мақолаи хеле аҷоиби Самуил Блуменфелд, ки барои чӣ мо системаи мактаби умумиро дорем. Ҳамаи он як қисми нақшаи "Тартиботи Нави Ҷаҳонӣ" мебошад. Қисми калони нақша. Ба коллеҷи мо СSЕ 102 биёед. Дар ин коллеҷ ман чуқуртар дар бораи Офариниш таълим медиҳам. Ман ягон харгӯшро ором намегузорам, ва ҳар як сагро лағат мекунам. Агар вақт дошта бошед, биёед. Ба динозаврҳое, ки аз даруни киштӣ баромаданд, хеле мушкил буд. Иқлим иваз шуда, дунё тағир ёфта буд. Дар хотир нигоҳ доред, ки пеш аз тӯфони об одамон 900 сол зиндагӣ мекарданд. Библиятонро хонед. Баъд аз тӯфон онҳо танҳо 400 ва 200 сол, баъд 100 сол зиндагӣ мекардагӣ шуданд. Чизе иваз шуд. Хуб, аз як тараф камар аз боло нест шуд. Инчунин замин аз маъданҳои фоиданок сер набуд, ки барои хеле хуб сабзидани растанӣ лозим буд. Фишори атмосфера тағир ёфт; камар нест шуд; боварӣ дорам, ки он ғоиб шуд. Нурҳои офтоб бо навъҳои радиатсияҳои харобкунандаи иловагӣ рӯшнои медиҳанд ва ғайра. Баъд аз обхезӣ дар муҳити атроф хеле бисёр мушкилиҳо пайдо шудаанд. Динозаврҳо бошад ду мушкилӣ доштанд: Якум, иваз шудани иқлим. Дуюм, шояд аз ҳама баъдтарин аст; одамон ба шикор баромада, онҳоро мекуштанд. Не, дар он вақт онҳо динозаврҳо намегуфтанд. Онҳо аждаҳо мегуфтанд. Калимаи "динозавр" то соли 1841-ум набуд. Қисми зиёди таърихи одамизод онҳоро аждаҳо меномиданд. Калимаи динозавр то соли 1891-ум ҳатто дар луғат ҳам набуд. Барои қисми зиёди таърихи одамизод онҳо ҳамчун аждаҳо буданд. Дар Библия 34 маротиба калимаи аждаҳо қайд карда шудааст. Одамон мегӯянд, "Барои чӣ динозаврҳо дар Библия нестанд?" Ман бо як хонум дар назди пешдукони меҳмонхона истода, сӯҳбат мекардам, вай гуфт, ки динозаврҳо дар Библия нестанд. Ман гуфтам, дуруст аст, ин калима то соли 1841 вуҷуд надошт. Агар шумо Библияи дуруст дошта бошед, он дар соли 1611-ум тарҷума шуда буд. Албатта, шумо ин калимаро дар он намеёбед, онҳо ӯро аждаҳо меномиданд. Дар луғати соли 1946-ум аждаҳо ҳамчун "камёб" номбар карда шудааст. Дар ҳолате, ки аҳолии мардум баъд аз тӯфони об зиёд мешуд, шумораи аждаҳо бошад кам мешуд. Зеро ки ҳеҷ кас бо аждаҳо зиндагӣ кардан намехост. Дар Коб Кантрии Ҷорҷия, ки Атлантаи имрӯза аст айнан ҳамон чиз рӯй медиҳад. Шумо медонед, ки имрӯз дар наздикии Атланта, Ҷорҷия чӣ қадар хирси гризли боқӣ мондааст? - Ягон-то. Шумо медонед, ки танҳо 300 сол пеш дар он ҷой чӣ қадар буданд? -Садҳо. Бо хирсҳои гризли дар Коб Кантрии Ҷорҷия чӣ рӯй дод? Вақте ки одамон ба ин минтақа кӯҷида, онро тараққӣ медоданд, ҳайвонҳои ваҳшии бузург несту нобуд ё ин ки пеш карда мешуданд, ин дар ҳама ҷо рӯй медиҳад. Агар дар ахбороти имшаба гӯянд, ки дар наздикиҳои Коб Кантри 5-то хирси гризли гаштааст, ... шумо медонед дар соати шаши саҳар чӣ рӯй медиҳад? Ҳамаи онҳо несту нобуд карда мешаванд. Зеро ки ҳар як гарданшах аз чор штат милтиқи худро гирифта ба он ҷо меравад, ва кӯшиш мекунад, ки яктоашро бикушад, рост? Ва касе ки аз ҳама бузургтаринашро мекушад, қаҳрамон мешавад. Сурати он дар аввалин саҳифаҳои рӯзнома пайдо мешуд, "Бабба Хирси Гризлиро паррондааст" ва деҳаро наҷот додaаст. Айнан ҳамон чиз бо аждаҳо рӯй дод. Агар шумо тарзи куштани аждаҳоро мефаҳмидед, онҳо дар гирду атрофи гулхан дар бораи шумо қиссаҳо нақл мекарданд. Одамон барои гӯшт аждаҳоро мекуштанд, зеро ки онҳо барои тасдиқ кардани он ки шумо қаҳрамон ҳастед, хатарнок буданд, ё ин ки ... барои ҳукмронӣ бар замин ё ба мақсади доругӣ. Бисёр ресептҳои қадим хун, устухон ва оби даҳони аждаҳоро номбар мекунад, барои чӣ? Гилгеймеш барои куштани аждаҳо машҳур шудааст. Достони Хитоӣ дар бораи бачае бо номи Ю нақл мекунад, ки замини Хитойро муоина мекард. Достон мегӯяд, ки баъд аз Тӯфони об вай заминро муоина карда, онро ба қитъаҳо тақсим кард. Ӯ қубурҳоро барои хушк кардани оби баҳр сохта, заминро аз нав барои зиндагӣ ҷоиз кардааст. Бисёр мору аждаҳо аз ботлоқҳо ронда шудаанд. Ин корҳои муқаррарӣ мебошад, агар шумо шаҳрро сохтан хоҳед. Пеш аз сохтани шаҳр шумо бояд аждаҳоҳоро пеш мекардед. Шумо аждаҳоҳоро мерондед, ё ин ки мекуштед. Барои чӣ солномаи Хитоӣ ёздаҳ ҳайвоноти воқеиро дар бар мегирад: хук, мурғобӣ, саг, ва ... аждаҳоро? Барои чӣ онҳо танҳо як ҳайвони "афсонави-"ро дар он ҷойгир мекарданд? Дар он вақте ки онҳо ин ҳайвонҳоро ҷойгир карданд, оё дар ҳақиқат ин 12 ҳайвонҳо буданд? Дар сайёраи Замин яке аз қадимтарин ҳиссаи зарфи сафолӣ мавҷуд аст. Ин ҳиссаи варақсанг аз Миср; аз аввалин сулолаи Мисри Муттаҳид мебошад. Дар он аждаҳоҳои гардандароз тасвир шудаанд; мо нусхаи онро бардоштем. Агар шумо якеи онро ҳамчун савғо ба автобуси худ гиред, ё ин ки ҳамчун тӯҳфа ба кӯдаке, ки онро ягон кор карда метавонад, диҳед. Онҳо девона мешаванд; ин нусхаи ҳиссаи яке аз қадимтарин зарфҳои дунё ба ҳисоб меравад. Барои чӣ онҳо 3800 сол пеш дар рӯи зарфи сафолӣ динозаврҳои гардандарозро тасвир мекарданд? Дар ин ҷой ду динозаври гардандароз, ки дар даҳонашон барра аст, тасвир шудаaст. Дар ин ҷой дандони ашки баҳмути асри 12-уми пеш аз Мавлуди Исо, ҳайвоне, ки гардан ва думи дароз дорад, тасвир шудааст . Ин ҷо мӯҳри силиндрӣ, ки дар он зоҳиран динозаврҳои гардандароз тасвир шудаанд. Дар Ишаъё боби 14-ум Библия дар бораи мори аланганоки парвозкунанда нақл мекунад. Биистед: мори аланганоки парвозкунанда? Ягон вақт қиссаи Геродотро хонед. Геродот мегӯяд, ки ӯ ба Аравия ба ҷои муқарраршуда, ки тамоман мухолифи Буто аст, ... барои оиди мори парвозкунанда фаҳмидан, рафтааст. "Дар сафари худ ман устухонҳои ақибу қабурғаҳои морҳоро то ҳамон дараҷа зиёд дидам, ки онро тасвир кардан имконнопазир аст." Мори парвозкунанда шакли мори обиро дошт. Болҳои он оро дода нашудаанд; аммо ба болҳои кӯршабпарак хеле монанд аст. Устухонҳо дар даромади дараи борик, мобайни кӯҳҳои калон пайдо карда шудаанд. Дар қисса гуфта шудааст, "Бо фарорасии баҳор морҳои парвозкунанда аз Аравия ба Миср омада расидаанд. ... Лекин дар ин дара онҳоро паррандаҳои гавдара пешвоз гирифта, даромадани онҳоро манъ карданд ва дар ҳамон ҷо ҳамаи онҳоро несту нобуд карданд." Китоби Ҷозефус дар бораи мори аланганоки парвозкунанда нақл мекунад, ки онро Мӯсо вақте ки ба Эфиопия омад, бояд мекушт. Оқибатан ӯ бо шоҳдухтари Эфиопия хонадор мешавад, ва аз ҳамин сабаб баъдтар хоҳараш ба ғазаб омад. Хоҳараш ба ғазаб омад аз сабаби он ки вай бо зани эфиопӣ хонадор шуд. На аз барои он ки вай сиёҳпӯст буд, аз барои он ки чӣ тавр ҳамаи он рӯй дод. Ягон вақт китоби Ҷозефусро дар бораи қиссаи Мӯсо хонед. Дар Солномаҳои Англосаксии соли 793 милоди мо дар бораи аждаҳои аланганок гуфта шудааст, ки аз болои гунбази осмонӣ парвоз мекунад. Худои Бобил Мардук дар ҳаври даҳони оташини аждаҳо тасвир шудааст. "Акнун, Бародар Ховинд, шумо ба нафаси оташини аждаҳо бовар намекунед, ҳамин тавр нест?" Не, бовар мекунам, ки қадре дошт. Мо ҳамаи онро дар сабти видео дар бораи Левиафан дида мебароем. Дар Айюб боби 41 дар бораи Левиафан гуфта шудааст: "Аз даҳони вай машъалҳо берун меояд, шарораҳои оташ мепарад." "Аз сӯрохи бинии вай дуд мебарояд." Медонед, ман ходими Калисоҳои Ҷанубии Баптистҳоро дидам, ки айнан ҳамин тавр рафтор мекард. Ҳамин тариқ ин кори калон нест, "Аз даҳони вай машъалҳо берун меояд, шарораҳои оташ мепарад." Акнун биистед, оё дар ҳақиқат аз даҳони вай оташ мебаромад? Хӯш, шумо бояд видеои Левиафанро дар бораи нафаси аланганоки аждаҳо бинед. Агар шумо Библияи Католикиро хонед, шумо мебинед, ки китоби Дониёл ду боби иловагӣ дорад. Боби 13 ва 14-уми Дониёл, қисми китобҳои Апокриф ба ҳисоб меравад. Хониши хеле аҷоиб. Албатта он Навиштаҷот нест, лекин Дониёл боби 14 мегӯяд, "дар ҷое ки Бобилон саҷда мекарданд аждаҳои бузург буд." "Ва подшоҳ ба Дониёл гуфт, Касе ки шуморо мушоҳида мекунад, гуфта наметавонад, ки ин худои зинда нест, бинобар ин ба ӯ саҷда кунед." "Ва Дониёл гуфт, ман ба Худои худ саҷда мекунам, зеро ки Ӯ Худои зинда аст, аммо ин худои зинда нест." "Лекин иҷозат диҳед, ки ман равам (он иҷозат медиҳад, ки равад), ... ва ин аждаҳоро бе шамшер ё болға кушам, ва подшоҳ гуфт, иҷозат медиҳам, ки рави." "Он гоҳ Дониёл қатрон, раған ва мӯйро гирифта, дар як ҷо мепазад ва аз он кулӯхпораҳо месозад, ва онҳоро ба даҳони аждаҳо меандозад, ва он аждаҳоро пора-пора мекунад." Чӣ хел қиссаи аҷиб, биёед ман ба шумо тарҷумаи Ховиндро пешниҳод мекунам. Библия дар бораи Дониёл мегӯяд, ки ӯ бо илм шинос буд. Он ҷавононро Набукаднесар аз Исроил оварда буд. Дониёл бисёр хуб медонист, ки қатрони аз шираи дарахт гирифтагӣ хеле часпак мебошад. Равған таъми шӯр дорад, ва қариб ки ҳамаи ҳайвонҳо чизи шӯрро дӯст медоранд. Ва Дониёл медонист, ки мӯйро пухта намешавад. Хӯш, ӯ кулӯхпораҳои майдаро аз қатрон, равған ва мӯй сохта, онҳоро ба лонаи аждаҳо мепартояд. Вай онҳоро фурӯ дода, ҳазм карда натавонист, ва он аъзои ҳозимаи ӯро махкам кард. Ва дар он вақтҳо водопроводчӣ набуд, барои ҳамин ӯ аввалин буд. Садам Ҳусейн проблемаи худпарастиро дошта, фикр мекард, ки ӯ таҷассуми Набукаднесар мебошад. Ҷорҷ Буш ҳамеша ӯро Са-даам Ҳусейн меномид; ман фикр кардам, кӣ ӯро Са-даам Ҳусейн номидааст. Ин Са-даам буд. Хӯш, маънои Саддам: подшоҳзода мебошад. Маънои Са-даам: қисми ақиби асп мебошад. Ӯ онро Са-даам Ҳусейн меномид. Саддам асъорро бо акси худ баровард, ки дар он ӯ дар пеши Набукаднесар тасвир шудааст. Саддам молу мулкро барои аз нав барқарор кардани Шаҳри Қадими Бобил харҷ кард. Бобили қадим дар ҳамон ҷо зери реги хушк пайдо карда шуда буд. Хиштҳои он дар реги хушк хеле хуб нигоҳ дошта шуда буданд. Ҳамин тариқ онҳо Бобили Қадимро кофта, аз нав барқарор карданд. Дар 20 ё 30 соли охирин Бобил пурра аз нав барқарор карда шуда буд. Саддам хиштро ҳар 10 фут дар гирду атрофи девор гузошта, мегуфт, "Ман Саддам Ҳусейн ҳастам. ... ... Ман Бобили Бузургро аз нав барқарор кардам; ман набераи Набукаднесар ҳастам." Аммо дар он девори аслӣ онҳо ҳар гуна муҷассамаҳои кандакории шерҳо ва аждаҳоро пайдо карданд. Ман мефаҳмам, ки барои чӣ дар он ҷо шер буд. Мо дар бораи шерҳо медонем. Аммо барои чӣ 2600 сол пеш онҳо дар девори хиштин муҷассамаҳои кандакории аждаҳоро ҷойгир карданд? Шояд аз сабаби он ки онҳо дар бораи аждаҳо медонистанд. Онҳо ҳоло ҳам дар он ҷой ҳастанд, шумо рафта онҳоро дида метавонед, дӯсти ман дар он ҷой ҳамчун аскар хизмат мекард. Дарвозаи Иштар аз тасвирҳои мухталифи шерҳо ва аждаҳоҳо пур аст. Мо намунаи онро дар Замини Ҳодисаҳои Динозавр сохтем. Агар шумо ба Пенсаколаи штати Флорида омадан хоҳед, барои бисёрии шумоён ин камтар аз Ироқ наздиктар аст. Искандари Бузург мегӯяд, ки аскарони вай аз аждаҳоҳо метарсиданд, вақте ки онҳо дар соли 300-уми милоди мо як қисми Ҳиндустонро забт карданд. Дар ин кошинкории Румӣ нишон дода шудааст, ки чӣ тавр ду аждаҳои гардандароз ҷангида, ё ин ки якдигарро бӯсида истодаанд . Акнун, якдигарро ба оғӯш гирифта истодаанд! Чӣ тавр Румиён дар соли 200-уми милоди мо дар бораи аждаҳоҳо медонистанд? Сейнт Ҷорҷ дар соли 275-уми милоди мо аждаҳоро кушта машҳур гардидааст. Биовулф ду аждаҳоро кушта, сеюмаш ӯро куштааст. Ҳаракат карда, қиссаи Биовулфро ба забони инглисии қадим хонед. Барори кор, ин Инглисӣ аст. 1,500 сол пеш ин Инглисӣ буд. Ман танҳо як калимаро дар он саҳифа хонда метавонам, ва ба назар чунин менамояд, ки он мегӯяд "ДУХ." Вақте ки қиссаро ба забони Инглисии ҳозиразамон тарҷума мекунанд, он ба мо мегӯяд, ки Биовулф аждаҳои Гренделро мекушад ... ... ва барои он яке аз аслиҳаҳои оташфишони худро истифода мебарад, ва ин махлуқ аз хунравӣ бемадор мешавад. Аслиҳаи худро истифода мебарад? Онҳо мӯҳри силиндрии Бобилиро ёфтанд, ки дар он як бача дасташро аз аждаҳо кашида истодааст. Хеле аҷоиб. Агар шумо бисёртар дар бораи аждаҳоҳо, ки бо одам зиндагӣ мекарданд, донистан хоҳед, китоби Билл Куперро бо номи "Баъд аз Тӯфон" хонед. Дар Фаронса шаҳре ҳаст, ки машҳур гардидааст, азбаски дар он як бача аждаҳои аз даруни об баромада истодаро куштааст. Вай сари аждаҳоро бурида, онро ба кунҷи бино баста мондааст. Сари аждаҳоро ба бинои худ гузоштааст. Онҳо онро Гаргол номидаанд. Чанд нафар дар бораи Гаргол ягон вақт шунидаед? Онҳо ҳоло ҳам ин корро мекунанд, шумо он махлуқҳои майдаи маслукро харида, ба бино ё болои дари худ овехта метавонед. Маънои калимаи Гаргол "гулӯ" мебошад. Мо калимаҳои Инглисии ғарғара, қул-қул, оруғ додан, даҳан ва пурхӯрро гирифтем; ҳамаи онҳо ба гулӯ таълуқ доранд. Бори дигар вақте ки шумо гулӯи худро ғарғара мекунед, дар бораи кушта шудани аждаҳо фикр кунед. Шумо мегӯед, "Бародар Ховинд, ман аждаҳоро мекушам, вақте ки ғарғара мекунам." Нависандаи ирландӣ гуфтааст, ки онҳо аждаҳоро куштаанд, ки дар думаш мехи оҳанин дошт. Албатта, Стегозаурус бешубҳа дар думаш хорҳои бузург дошт. Дигар ҳайвонҳо ҳам доштанд. Як пораи чӯбини Викингӣ тасвири аждаҳоро нишон медиҳад, ки он одамро фурӯ бурда истодааст. Он аз асри 11-ум аст, 1,000 сол пеш. Викингҳо 1000 сол пеш дар киштиҳои худ сари аждаҳоро мегузоштанд, барои чӣ онҳо ин корро мекарданд? Онҳо дар бораи аждаҳои бузурги баҳрӣ медонистанд, ва онро Кракен меномиданд. Боз дар китоби Билл Купер "Баъд аз Тӯфон" бисёр дар бораи ин нақл карда шудааст. Қаҳрамони машҳури Исландӣ Зигфрид аждаҳои Фавнирро куштааст. Хиштҳои асри 12, ки дар қалъа ёфт шудаанд, тасвири аждаҳоро доранд. Ин ҷо Олмон, қалъаи асри 12-ум ва дар он аждаҳо тасвир шудааст. Барои чӣ онҳо дар қалъаи худ расми аждаҳоро тасвир кардаанд? Марко Поло 17 сол дар Хитой зиндагӣ кардааст. Вақте ки ӯ баргашт, вай гуфт, ки император барои кашола кардани аробаҳои дучархаи худ дар намоишҳо, аждаҳоҳоро зиёд мекард. Барои чӣ Марко Поло дар бораи ин мегӯяд? Шояд, барои он ки ... Императори Хитоӣ барои кашола кардани аробаҳои дучархаи худ дар намоишҳо аждаҳоҳоро зиёд мекард; ин назарияи ман аст. Дар Хитой соли 1611 онҳо вазифаи "Саробони Аждаҳои Шоҳӣ"-ро таъин карданд. Барои чӣ ба шумо саробони аждаҳои шоҳӣ лозим аст? Иҷозат диҳед, ки ман гӯям, барои ба аждаҳо хӯрок додан. Дар қалъаи асри 13 тасвири аждаҳо мавҷуд аст. Қабри асри 15 нишон медиҳад, ки чӣ тавр дар болои мис ду аждаҳои гардандароз кандакорӣ карда шудааст. Ин қалъаи асри 16 дар он расми аждаҳо тасвир шудааст. Дар музеи мо ҳафт тангаи нуқрагини доллар аз солҳои 1500-ум то 1600-ум ҳаст, ки ҳамчун қарз дода шудаанд. Онҳо дар ҳақиқат доллари нуқрагин ҳастанд, дар ҳамаи он нишон дода шудааст, ки чӣ тавр касе аждаҳоро кушта истодааст. Аждаҳо ҳатто то солҳои 400-ум овоза шуда буд. Ҳама дар бораи кушта шудани аждаҳоҳо медонистанд. Албатта, шумо бояд аждаҳоро мекуштед. Ин маросими муқаррарӣ буд. Куштани аждаҳо, наҷоти шоҳдухтар, ва ғайра. Дар ин ҷо медалини Русӣ ва дар он як бача аждаҳоро кушта истодааст. Дар маркаи почтаи Булғорӣ касе аждаҳоро кушта истодааст. Шонаи Литвонӣ нишон медиҳад, ки касе аждаҳоро кушта истодааст. Яке аз шаҳрҳои Фаронса ба шарафи марде, ки аждаҳоро куштааст, Нерлук номида шудааст. Дар Амрико ҳиндуҳо дар деворҳои Дараи Бузург динозаврҳоро кандакорӣ кардаанд. Барои чӣ онҳо динозаврҳоро дар деворҳои Дараи Бузург кандакорӣ карданд. Шояд онҳо дар гирду атрофи он ҷо динозаврҳоро дида, ба шикор мебаромаданд? Дар соли 1925-ум баъзе ҷавонон чӯбро амад карда ба поёни дара ба тарафи ғарб сафар карданд, ва баъд ҳисобот навиштанд. Онҳо яке аз ин динозаврҳоро дидаанд. Онҳо чунин фактҳоро оварданд, ки як одами пеш аз таърихӣ ... дар деворҳои дара пиктограммаи динозаврро чунин тасвир кардааст, ки тамоман ҳамаи назарияҳои моро қатъ мекунад. Оҳ, онҳо назарияҳои ӯро қатъ мекунанд, не. Ӯ гуфт, "Тақрибан як сол пеш, ... аксҳои динозавр ба олими шарафи неки миллӣ нишон дода шуда буданд, ки баъд ӯ дар омӯзиши динозаврҳо ихтисос пайдо кард. Ӯ гуфт, ин динозавр не, ин имконнопазир аст, чунки мо медонем, ки динозаврҳо 12 миллион сол пеш вуҷуд доштанд ... ... пеш аз он ки одам дар рӯи замин пайдо шудааст." Каме интизор шавед. Якум, 12 миллион сол пеш чӣ рӯй дода буд шумо намедонед. Биёед рӯи рост мегӯем. Дуюм, қайд кунед, ӯ гуфт "12 миллион." Имрӯз ба кӯдакон таълим медиҳанд, ки динозаврҳо "65 миллион сол пеш" несту нобуд шудаанд, ҳамин тавр не? 65 миллион сол пеш? Беқурбшавии синну соли заминро дидан аҷоиб аст. Дар соли 1770 онҳо гуфтанд, ки замин 70,000 сола аст. Дар соли 1902 бошад, 2 миллион. Дар соли 1969 он 3.5 миллиардсола буд. Имрӯз он 4.6 миллиардсола мебошад. Шумо медонед, ки қурби замин ҳар сол 21 миллион сол болотар шуда истодааст. Дар як дақиқа он 40 солро ташкил медиҳад; Замин хеле зуд пир шуда истодааст. Агар шумо ба Блендинг, штати Юта равед, дар кӯҳпораи он динозаврҳои кандакорӣ карда шударо мебинед. Эҳтимол, дар Юта онҳо дар бораи динозаврҳо медонистанд. Ҳиндуҳо дар бораи онҳо медонистанд. Яқинан онҳо динозаврҳоро мекуштанд. Ин нақшу нигорҳои рӯисангии Австралия нишон медиҳад, ки чӣ тавр як ҷавон аз махлуқи ба динозавр монанд, гурехта истодааст. Ман номи ин ҷойро, ки дар Канада аст Мисхепезхиею, дар Онтарио талаффуз карда наметавонам. Ба назар чунин менамояд, ки ин ҳиндуҳо дар кӯҳпора ба динозавр монанд махлуқро тасвир кардаанд ... ... аз пушти он сутунмӯҳраи пӯстии чин-чин ба поён мефарояд. Ин расми Австралия, ҷавонон дар гирду атрофи динозавр рақс карда истодаанд. Эҳтимол, онҳо ғамгинанд, зеро ки он дӯсти онҳоро фурӯ бурдааст. Дар даруни он дӯсти онҳост. Илтимос, худи ҳозир ӯро гардонда деҳ. Ин бача мегӯяд, ки ҳеҷ кас динозаврро надидааст, пас барои чӣ онҳо дар нақшу нигорҳои рӯисангӣ тасвир шудаанд? Барои чӣ онҳо дар зарфҳои қадими сафолӣ онҳоро тасвир кардаанд? Агар ягон кас онҳоро надида бошад, пас барои чӣ мо хеле қиссаҳои зиёдро дар бораи аждаҳоҳо мебинем? Дар поёни Перу аз ҳама биёбони хушктарини дунё воқеъ аст. Ба фикри ман, дар он ҷо ду маротиба ҳар 400 сол борон меборад. Вақте ки испаниҳо дар соли 1500-ум дар он ҷо задухӯрд карданд, онҳо дар биёбон рахҳои сафедро пайдо карданд. Шояд онҳо cохта буданд. Касе сангҳоро чидааст. Баъзан қатори сангҳои сафед якчанд милҳо давом дода шудаанд, айнан ба монанди аломати тир. Имрӯзҳо онҳоро Рахҳои Наска меноманд. Чанд нафари шумоён дар бораи расмҳои Наска шунидаед? Дар поёни Перу ҳамаи ин расмҳо ҳастанд. Агар хоҳед, шумо онҳоро омӯхта метавонед. Лекин аҷиб, ин расмҳо шавқоваранд, ва яке аз онҳо тасвири тортанакро нишон медиҳад. Tортанак чашм надорад ва яке аз пойҳояш аз дигаронаш дарозтар мебошад. Ва дар давоми асрҳои зиёд ҳама фикр мекарданд, ки онҳо барои одамони камбағалу новоқиф ва беақл буданд. Онҳо чашми онро фаромӯш карда, як пояшро аз боқимондааш дарозтар тасвир кардаанд. Ба наздикӣ дар масофаи ҳазорҳо мил дар ҷангали Амазонка тортанаки махсус ошкор карда шуда буд. Вай танҳо дар мағораҳо зиндагӣ карда, хеле кам вомехӯрад. Шояд ин аз ҳама тортанаки нодир дар рӯи замин мебошад. Дарозии он 1/8 дюйм (3 мм) аст, тортанаки майда, бисёр хурд. Он дар масофаи ҳазорҳо мил дар мағораҳои торик зиндагӣ мекунад; тортанак чашм надорад. Дар мавсими ҷуфтшавӣ пои махсуси он дароз мешавад, ва ДНК-и ӯ аз нӯги пояш иваз мешавад. Аз куҷо онҳо медонанд, ки он дар масофаи ҳазорҳо мил дар Перу воқеъ аст? Шояд онҳо на он қадар беақл буданд. Дар соли 1535-ум истилогарони Испаниягӣ ба воситаи он минтақа гузашта, сангҳоеро ёфтанд, ки дар онҳо тасвири ҳайвонҳои аҷоиб буд. Онҳо баъзе сангҳоро ба подшоҳи Испания фиристода, гуфтанд "Дар кадом замин ин ҳайвонҳо дар ин сангҳо кандакорӣ карда шудаанд?" Подшоҳ гуфт, ман ягон луқма надорам. Имрӯз онҳо онро Сангҳои Иса Буриал аз Иса, Перу меноманд. Шояд Денис Свифт оиди ин мавзӯъ мумайизи ҷаҳонӣ ҳаст; ӯ яке аз дӯсти хуби ман аз Портланди Орегона мебошад. Ӯ дар соли 2005-ум дар лагери офариниши таълимии мо сессияи бузургро гузаронд. Лагери Офариниши Таълимии мо, ки дар Пенсаколаи Флорида аст. Мо DVD-ии ӯро дар бораи Сангҳои Иса дорем. Он бениҳоят аҷоиб аст; шумо онро аз веб-сайти мо ҳам дастрас карда метавонед. Дар ин сангҳо динозаврҳо тасвир шудаанд. Сангҳои Иса Буриал тақрибан аз давраҳои Исо якчанд садсола зиёдтар ё камтар аст. Дар баъзеи онҳо ҷарроҳии мағзи сар тасвир шудааст. Онҳо асбобҳоро барои ҷарроҳии мағзи сар миси муқаввиро меёбанд. Эҳтимол, барои буридани сари одам онҳо асбобҳои мисиро обутоб доданд. Дар баъзеи онҳо ҷарроҳии дил ва васл кардани дасту по тасвир шудааст. Дар якеи онҳо чизе тасвир шудааст, ки ба муҳаррики буғӣ монанд аст. Дар баъзеи ин сангҳои Иса дар Перу чизҳои аҷиб пайдо шуданд. Боварӣ дорам, ки зиёда аз 500-тои он динозаврҳоро тасвир мекунад. Барои чӣ дар он сангҳо одамон ва ҳам динозаврҳо якҷоя ҳастанд? Хӯш, чунки одамон бо динозаврҳо зиндагӣ мекарданд. Якеи он аз музеи мо аст. Дар он динозавр як ҷавонро бо сараш дошта меистад. Дар ин бошад, ба назар чунин менамояд, ки чӣ тавр як ҷавон сари аждаҳоро бурида истодааст, чунки он дӯсти ӯро куштааст. Шумо тани дӯсти ӯро дар даруни он дида метавонед, аммо каллаи ӯ нест. Ҳамин тариқ рафиқи ӯ он коре, ки Библия мегӯяд, кард "Қасд хуб аст, мегӯяд Худованд." Ин ҷавон ба гулӯи он бо найза зарба зада истодааст. Ин тасвирро муоина кардан мушкил аст, аммо дар он касе ба гӯлӯи аждаҳо бо найза зарба зада истодааст. Аждаҳо ҷавонро дар дастонаш нигоҳ дошта истодааст, ва зоҳиран рӯҳи он ӯро тарк карда, ба Осмон парвоз карда истодааст. Ба ҳар ҳол онҳо бовар мекунанд, ки баъд аз марг ба худтақмилдиҳии худ мераванд. Ин ҷавон сари аждаҳоро бо корд сӯрох карда истодааст, ва аждаҳо ҷавонро мегазад. Мо дар Пенсаколаи Флорида ҳашт дона аз ин сангҳо дорем, боварӣ дорам, ки ин аз ҳама колексияи калонтарин дар Амрико аст. Ҳар яки он 1500 доллар аст, на он қадар одамони зиёд онҳоро доранд. Дар як тарафи баъзеашон доира тасвир шудааст. Ин чанде аҷоиб аст. Барои чӣ онҳо доираҳоро дар тарафи динозаврҳо тасвир карданд? 20 сол пеш пӯсти сангшудаи динозаврро пайдо карданд, то ин вақт ҳеҷ кас пӯсти динозаврро наёфта буд. Хеле аҷоиб, ки дар пӯсти динозавр намунаҳои доира мавҷуд буд. Барои ин намунаро дар рӯи санг тасвир кардан, онҳо бояд зиндаашро медиданд. Зеро ки шумо гуфта наметавонед, ки ин давраҳо дар рӯи пӯст танҳо аз устухонҳо ҳастанд. Мо дар музеи Пенсаколаи Флорида каме пӯсти динозаврро дорем. Ба наздикӣ онҳо чанде бофтаи мулоими динозаврро ётанд. Бофтаи мулоими динозавр? Ҳамин тариқ олимони барҷаста муайян кардан мехоҳанд, ки чӣ тавр ин бофта 70 миллион сол мулоим боқӣ мондааст? Тафаккур ҳаргиз бо ақли онҳо во намехӯрад, ва онҳо намефаҳманд, ки он 70 миллион сол буда наметавонад. Ин фикр ҳеҷ гоҳ ба каллаи онҳо ворид намешавад. Ин ҷавон сари аждаҳоро бурида истодааст. Дигараш бошад гурехта истодааст. Мо хеле маълумоти зиёд дорем, ки одам бо динозаврҳо зиндагӣ кардааст. Баъзан тасвири дӯстона ҳам ҳаст. Ба монанди ин мард, ки навозиш карда истодааст, каллаи он дар болои китфи ӯст. Зарфи сафолӣ ёфта шуд, ки дар он тасвири динозаврҳо буд. Мурдаи қоқшударо дар қабр пайдо карданд, ки он ба кампал печонида шуда буд, ва дар атрофи кампал динозаврҳо буданд. Барои чӣ онҳо ба кампали худ динозаврҳоро ҷойгир карданд? Барои чӣ онҳо дар зарфҳои сафолии худ онро тасвир карданд? Барои чӣ онҳо дар деворҳои кӯҳпора онҳоро кандакорӣ карданд? Барои чӣ онҳо дар камарбандҳои худ онҳоро тасвир мекарданд? Дар Акамбарои Мексика тақрибан 56,000 муҷассамаҳои сафолии динозаврҳо пайдо карда шуда буданд. Дар Мексикаи марказӣ дар бораи онҳо медонистанд. Онҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ намекарданд, онҳо ҳама вақт бо одам зиндагӣ мекарданд. Лекин имрӯз тарафдорони таҳаввулот мегӯянд, ки динозаврҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ мекарданд ... ва ҳеҷ кас ягонтои онро надидаст. Ҳа, ба фикрам диданд. Деҳқони италиягӣ аждаҳоро куштааст, зеро ки он говҳояшро безобита кардааст. Дар соли 1572 барои намоиш онро дар музей гузоштанд. Дар омади гап, шумо медонед барои чи бисёр италиягиҳоро Тонӣ ном доранд? Якчанд сол пеш шумораи зиёди онҳо ба Амрико кӯчида омаданд. Дар он ҷо каме майда-чуйда. Нигораи Саттон Птеродактилро бо болҳои ҷамъ кардашуда нишон медиҳад. Ин хонум тасвири аждаҳоро, ки дар Юта пайдо шудааст, ба ман фиристод. Вай гуфт, "Бародар Ховинд, ба назарам ин динозавр аст, ки дар кӯҳпора кандакорӣ карда шудааст. Нигораҳои Румӣ дар Туксани Аризона пайдо шуда буданд. Ба ҳар ҳол Румиён аз уқёнус хеле пеш аз Колумб ҳам гузаштаанд. Колумб аввалин марди сафедпӯст набуд, ки аз уқёнус гузаштааст. Асрҳои зиёд он роҳи тиҷорат буд, то он вақте ки асрҳои миёна омаданд ... ва донишу маълумоти хориҷа манъ карда шуд. Брендан Навигатор дар соли 500-уми милоди мо онро гузаштааст. Дар хоктӯдаи қабри Огайо тангаҳои яҳудӣ ёфта шуданд. Дар давраи Масеҳ роҳи тиҷорат ба ҳарду самт ба воситаи Уқёнуси Атлантӣ мегузашт. Санги Дикалогаи Лос Лунас дар Ню Мексика пайдо карда шуда буд. Дар Византия санги 80 тонна ҳаст, ки дар он Даҳ Аҳком тасвир шудааст. Мувофиқи ақидаи ман ин тафсири забонро танҳо дар солҳои 500-уми милоди мо истифода мебурданд. 1500 сол пеш касе ки барои башоратдиҳӣ ба Амрико омада буд, то Ню Мексика расид. Дар яке аз ин шамшерҳои Румӣ ошкоро тасвири динозаврҳо нишон дода шудааст. Чӣ тавр дар шамшерҳои давраи империяи Рим динозаврҳо пайдо шудаанд? Аз давраи киштиҳои бодбондор ҳазорҳо ривоятҳо омадаанд, дар бораи он ки одамон аждарҳои баҳриро дидаанд. Хуб аст, агар шумо дар қаиқи бодбондор ҳастед, он оҳиста дар рӯи об ҳаракат мекунад. Имрӯз бошад дар муҳаррики дизелӣ онҳо шуморо дар масофаи 50 мил аз даруни об мешунаванд. Албатта, шумо ягон рӯз ба он ҷой намеравед. (Онҳо шуморо аз масофаи дур мешунаванд.) Дар тамоми дунё достонҳое мавҷуданд, ки дар бораи зисти одам бо аждаҳоҳо нақл мекунанд. Ба фикрам моро дар ҳақиқат фиреб доданд. Мо дар бораи достонҳои аждаҳо хеле бисёр гап зада метавонем. Ман дар таърих хеле зиёд мавзӯъро дар бораи мушоҳидаи аждаҳо хондам. Агар шумо бештар дар бораи достонҳои аждаҳо донистан хоҳед, семинари #3-юмро дастрас кунед. Шумо дар бораи ҳаштпои азим медонед, ки дар уқёнус зиндагӣ мекунад, ҳикояҳои ҳақиқӣ мавҷуд аст? Ҳақиқӣ гуфта, ман дар назар дорам, ки дар ҳақиқат ҳаштпои азим. Як ҳаштпои махсус дар пляжи Флорида шино мекард. Ҳаҷми он 200 фут буда, вазнаш 5 тонн буд. Ин ҳаштпои азим аст. Дар наздикии Сиетл наҳанг кушта шуд, ки дар даруни он як пои ҳаштпои дарозиаш 150 фут мавҷуд буд. Наҳанг ҳаштпойро дӯст медорад. Агар наҳанг аз ҳад зиёд ҳаштпойро хӯрад, вай касал шуда, чапа онро мепартояд. Агар шумо ягон вақт дар уқёнус қисмҳои пора-порашудаи ҳаштпойро бинед, донед, ки он қаппида шуда буд. Ин сарвати зиёд аст. Ягон кас медонад, ки ҳаштпойҳои порашударо барои чӣ истифода мебаранд? Дуруст, аз он атриёт тайёр мекунанд. Ин якчанд чизро ба мо ошкор мекунад, ҳамин тавр не, рафиқон? "Ҳей азиз, аз ту бӯи ҳаштпои қай кардашуда меояд." "Ҳа, инчунин шумо дар тахти хоб як моҳ хоб рафта метавонед." Дар он уқёнус калмари азим зоҳир карда шуд. Ман калмарҳои дар ҳақиқат бузургро дар назар дорам, мо дар бораи он бисёр гап зада метавонем. Калмари азим дар пляжи Зеландияи Нав шино мекард. Онҳо гуфтанд, ки ин кӯдаки калмар буд. Дарозии он 150 футро ташкил дод. Одамон мегӯянд, "Акнун истед, Доктор Ховинд, агар дар таърих дар бораи динозаврҳо гуфта бошанд, ... дар Библия ҳам оиди динозаврҳо гуфта шудааст?" Ҳа! Динозаврҳо дар Библия? Ҳа, мо оиди ин дар қисми оянда гап мезанем. Дар бораи динозаврҳо на танҳо дар Библия гуфта шудааст, мумкин аст ки баъзеи онҳо то ҳол зинда ҳастанд. Баъд аз як дақиқа мо давом медиҳем. (Поёни Семинари 3a) - www.drdino.com Ибтидои Семинари 3б - Доктор Кент Ховинд - Тарҷума шудааст (START of Sem#3b; Tajik) Хуб, биёед сар мекунем аз он ҷое, ки мо тамом кардем. "Динозаврҳо дар Библия." Одамон мегӯянд, "Дар Библия динозаврҳо нестанд!" Албатта, калимаи "динозавр" дар Библия нест. Ин калима то соли 1841 тамоман вуҷуд надошт. Калимаи "компютер" ҳам дар он вақт набуд, лекин дар асл компютерҳо ҳастанд. Ҳа, аммо динозаврҳо дар Библия қайд карда шудаанд. Танҳо бо диққат Библиятонро хонед. Агар китоби Айюбро гиред, он аз 42 боб иборат аст. Китоби Айюб тақрибан дар маркази Библия пеш аз китоби Забур ҷойгир аст. Шумо қайд мекунед, ки ин китоби хеле аҷоибу ғароиб аст. Боби якуми Айюб мегӯяд, ки он марди беайб буд. Ӯ Худоро дӯст дошта, аз бадӣ нафрат дошт. Ба ҳар ҳол ин маслиҳати хуб. Айюб 7 писару 3 духтар дошт. Айюб ҳазорҳо гӯсфанду шутур, гову модахар дошт. Ин мард дар ҳақиқат хеле бой буд. Китоби Айюб шояд баъд аз тӯфон навишта шудааст, аммо пеш аз он рӯзҳое ки ба Мӯсо Шариат дода шуда буд. Пеш аз тӯфон онҳо аз 900 сол зиёд умр медиданд. Баъд аз тӯфон бошад 400 сол. Шумо мебинед, ки Айюб умри дароз дида, 10 фарзанди калонсоли мустақил дошт, ҳамаи онҳо вафот карданд, баъд аз он ... ... ӯ боз 10 фарзандро аз дуюм оилааш ба дунё оварда, набераю абераҳои худро дидааст. Барои ноил шудани ин чизҳо шумо бояд умри дароз бинед. Баъзе сабабҳо нисбати он мавҷуданд, ки барои чӣ бисёр одамон фикр мекунанд, ки Китоби Айюб баъд аз Тӯфон навишта шудааст. Ин воқеаҳо дар он рӯзҳо, вақте ки онҳо умри хеле дароз медиданд, шуда гузаштаанд. Як рӯз қосид ба назди Айюб омада, гуфт, "Ман хабари бад дорам. Говҳо ва модахарҳоро дузиданд. ... Ва хизматгорони ту кушта шуданд, гӯсфандонро сӯзонданд, ва шутурҳоро ҳам дузиданд." Ин ҳақиқатан - шикасти биржаи фондӣ аст. Гиред ... ин захира? Дигар қосид омада гуфт, "Айюб, ҳамаи фарзандони ту вафот карданд. Ҳамаи 10 фарзандони ту вафот карданд." Айюб рӯзи хеле бад дошт. Баъдан Айюб гуфт, (Айюб 1:21) "Худованд дод, ва Худованд гирифт, исми Худованд муборак бод." Ба ҳар ҳол, одамон, чӣ гуна ӯ инсон буд? Ҳей, вақте ки корҳои бад бо шумо рӯй медиҳад, шумо ҳамин тавр гуфта метавонед? Баъд шайтон Айюбро аз кафи пояш то фарқи сараш ба махавӣ сахт гирифтор кард. Махав ба монанди бадтарин рихинаки дунё аст. Тамоми бадани Айюб аз махав пур буд, ва занаш бар зидди ӯ бархоста буд. Медонед, одам дар ҳаёти худ ҳар гуна фалокатро аз сар гузаронда метавонад, аммо ин бадтарин аст. Ояте ҳаст, ки шояд шумо ҳеҷ вақт онро дар мавъиза нашунидаед. Ба Эфсӯсиён боби 5-ум мегӯяд, "шавҳарон, занони худро дӯст доред, ва занон, мутеи шавҳарони худ шавед." Шояд шумо дар мавъиза инро шунидаед. Боварӣ дорам, ки ин қисмашро шумо ҳеҷ вақт нашунидаед. Занон бояд мутеи шавҳарони худ шаванд, мисли он ки ба Худованд бошад. Дар як рӯз се маротиба ба ӯ "қурбониҳои сӯхташударо" пешниҳод кунед. Дар боби 2-юм, ояти 10, Айюб мегӯяд, "Ту мисли яке аз сифлагон сухан меронӣ; ... наход ки некиро аз Худо қабул кунему бадиро қабул накунем?" Баъд чор дӯсти Айюб барои дидани он омаданд. Яке аз онҳо Билдоди Шӯҳӣ аз ҳама пасттарин одам дар Библия мебошад. Маънои "Шӯҳӣ" (ҷонишини: баландии пойафзол); хеле паст мебошад. Дар боби 35-ум чор дӯсти Айюб омада, бо вай гап заданд. Дар қисми зиёди китоби Айюб ин дӯстон ба вай мефаҳмонанд, ки барои чӣ ҳамаи он рӯй додааст. Ба назар чунин менамояд, ки онҳо Баптистҳо буданд. Онҳо гуфтанд, "Айюб шояд ту гуноҳ кардӣ, аниқтараш Элиҳу гуфт, "Оё касе бегуноҳ мурдааст?" "Айюб, сабаби ин бадбахтиҳо, ки бо ту рӯй додаанд, гуноҳи туст." Акнун, бачаҳо, ин ҳикмати дунё, ки нодуруст аст. Агар бо ягон кас бадбахти рӯй диҳад, шумо намедонед, ки барои чӣ он рӯй дод. Шумо бояд онҳоро дӯст дошта, барои онҳо дуо гӯед, рӯҳбаланд кунед, ва хомӯш бошед. Вақте ки онҳо сангҳои ғазаби худро изҳор мекунанд, ба беморхона рафта нагӯед, ... "Ҳей, бародар ин сангҳои ғазаб не, ин даҳяку ҳадяҳо мебошад, ... Худо ҳамин тариқ аз ту онҳоро мегирад." Накунед ин корро, хуб? Ин кори Худо аст барои чӣ бо вай ҳамаи он бадбахтиҳо рӯй медиҳад, ӯ Худаш медонад чӣ тавр бо онҳо рафтор кардан лозим аст, хуб. Ҳамин тариқ Айюб сари қабри 10 фарзандонаш нишаста, бо сафолпора бадани худро мехорид ... "Худо, илтимос ба ман ҷавоб бидеҳ, барои чӣ ин бо ман рӯй дод?" Бачаҳо, то он вақте ки шумо дар рӯи замин умри хеле дарозро намебинед, шумо набояд ин саволро диҳед. Худо барои чӣ ин бо ман рӯй дод? Ман аз хонаи ҳеҷ кас устухонро кашола кардан намехоҳам, хуб? Шояд дар ҳаёти шумо ягон фалокат рӯй додааст. Ман каме мефаҳмам дар бораи чӣ гуфта истодаам, ман се фарзанд дар рӯи замин дорам, ва аллакай се фарзандам дар Осмон аст. Ҳа фалокат ба ҳаёти он одамоне, ки кори дуруст кардан мехоҳанд, меояд. Чунин рӯй медиҳад, хуб, аммо агар ягон фалокат рӯй диҳад, шумо чӣ тавр рафтор мекунед? Айюб гуфт, ман мехоҳам, ки Худованд ба ман ҷавоб диҳад, бинед, ӯ дар бораи Румиён 8:28 намедонист. Худо гуфт, "Дар баробари ин мо медонем, ки ба дӯстдорони Худо ... ки мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаанд, ҳама чиз бар нафъашон ёрдам медиҳад." Ин оят намегӯяд, ки ҳамаи чизҳои хуб, ки рӯй медиҳанд; чунин намегӯяд. Ҳама чиз ба нафъашон ёрдам медиҳад. Ман ба шумо нишон медиҳам. Ягон кас гурусна мондааст? Пеш ягон вақт шумо гурусна монда будед? Тасаввур мекунем, ки шумо ба хонаи ман омада, дарро тақ-тақ мекунед, "Ҳей, Ховинд, ман гурусна ҳастам." Ман мегӯям, "Дароед." Ва ба шумо як коса ордро медиҳам, ... На он қадар хуб а. Ман боз як қошук намакро мегирам. Акнун шумо гуфта метавонед, ки "Не, ин ёрӣ намедиҳад." Як қошуқ содаи хӯрдани чӣ. Он дар саҳар шуморо бедор мекунад. То он вақт шумо аллакай хушк мешавед, барои ҳамин биёед ним косача Crisco-ро ҳамроҳ мекунем. Ва боз як косача равғану ширро мерезем. Шумо мегӯед, "Бародар Ховинд маззаи он бисёр бад мешавад." Чӣ мешавад, агар мо ҳамаашро якҷоя карда, кулчаҳои қандин пазем? Шумо медонед, ки таркиби кулча дар алоҳидагӣ маззаи ганда дорад, лекин дар якҷоягӣ аз онҳо кулчаи хуб мешавад. Шумо медонед, ки ҳамаи он чизҳое ки бо шумо рӯй медиҳанд, шояд хуб нестанд ... лекин дар якҷоягӣ онҳо хубанд, агар шумо Худоро дӯст дошта, мувофиқи пешбинии Ӯ даъват шудаед." Шумо мебинед, ки то кадом дараҷа ҳаёти Масеҳӣ оддӣ аст. Дили худро нисбати Худо дуруст нигоҳ доред, тамом. Ин корро кардан мушкил аст, зеро ки пеш аз ҳама дил бо талбису бениҳоят бад аст. Айюб дар он ҷо нишаста, маддаҳои худро тарошида, мегӯяд "Худо, илтимос ба ман ҷавоб деҳ." Ва дар боби 38-ум Худованд аз миёни тундбод ба Айюб ҷавоб дод. Медонед, агар гирдбоди сахт ба ман гап занад, ман диққати худро ҷалб мекунам. Худованд гуфт, "Он кист, ки машварати Маро бо суханони бемаънӣ торик мекунад?" Ҳе Айюб, дӯстони ту намедонистанд, ки дар бораи чӣ гуфта истодаанд! Дар омади гап барои аз китоби Айюб ягон доктринаи Библияро гирифтан, бо диққат бошед. Суханони дӯстонаш дуруст буданд, лекин он чӣ ки онҳо гуфтанд, нодуруст буд. Мазҳабҳо хеле хуб аз ин ҷо оятҳоро канда мегиранд; лекин беҳтараш шумо тамоми бобро хонед, хуб. Ман имон дорам, ки Библия ин каломи Худо аст, аммо Библия баъзе дурӯғро дар бар мегирад. Аниқтараш он дурӯғи инсонро тасвир мекунад. Дуруст аст, ки онҳо гуфтанд, лекин он чиро ки онҳо гуфтанд, дуруст набуд. Чӣ хеле ки ин чор мард рафтор карданд. Худо гуфт (Айюб 38:3), "Канӣ, камари худро мисли мард бибанд: ман ба ту савол хоҳам дод, ва ту ба Ман бифаҳмон." "Вақте ки Ман бунёди заминро мениҳодам, ту куҷо будӣ?" 36 сол пеш, вақте ки ман ҳамчун масеҳии нав ин оятро хондам, ман фикр кардам, ки чӣ хел саволи беақлона, "Худо, барои чӣ ту аз Айюб пурсидӣ, ки ӯ дар куҷо буд, вақте ки Ту бунёди заминро ниҳодӣ?" Ман гуфтам, Худо, "Ту медонистӣ, ки ӯ дар он ҷо набуд ва ӯ ҳам медонист, барои чӣ ту чунин саволро додӣ?" Чанд нафари шумоён дар он ҷо будед, вақте ки Худо заминро бунёд мекард? Ягон кас дар он ҷой буд, вақте ки Худо заминро бунёд мекард? Танҳо ячанд мормонҳо буданд, хуб, ман мефаҳмам, ки шумо ҳозир дар мавҷудияти дубораи худ ҳастед. Не, шумо дар он ҷо набудед, вақте ки Худо заминро бунёд мекард. Баҷаҳо ин каме душвор аст, барои ҳамин бо диққат гӯш кунед, хуб. Азбаски шумо набудед, дар он вақте ки Худо заминро бунёд мекард, ин маънои онро дорад, ки Худо аз шумо калонтар аст. Чанд нафар инро бе кӯмаки дигарон мефаҳманд? Ягон вақт шумо фикр кардаед, ки Худо аз шумо донотар аст? Оё шумо ягон вақт фикр кардаед, ки Худо аз шумо қавитар аст? Оё шумо ягон вақт фикр кардаед, ки Худо аз шумо бойтар аст? Шумо мегӯед, "Бародар Ховинд ҳама аз ман бойтар ҳастанд," Хуб, албатта Худо ҳам. Ҳе, як маротиба кӯшиш кун, ман инро ҳазорҳо маротиба мегӯям ва ҳеҷ вақт намефаҳмам. Ман бисёр вақт инро мегӯям ва дар бораи он фикр мекунам, то даме ки он ба майнаи ман осеб меоварад: Оё шумо ягон вақт фикр кардаед, ки бо Худо ҳеҷ вақт ҳеҷ чиз рӯй надодааст? Ӯ аллакай дар бораи ҳама чиз фикр кардааст. Ӯ ҳатто фикрҳои шуморо пешакӣ медонад. Библия мегӯяд, ки Ӯ хаёлоти фикрҳоро медонад, ин ояти ҷолиб аст. Ӯ на танҳо фикрҳои шуморо медонад, балки хаёлоти фикрҳоро ҳам медонад. Бинед, ки шумо на танҳо фикр карда метавонед, лекин шумо бояд фикр кунед ... дар бораи чӣ шумо фикр мекунед. Дар бораи ин фикр кунед. Майна хеле аҷоиб аст. Библия мегӯяд, ки Худо фикрҳои инсонро медонад. Ва чӣ хеле ки дар китоби Луқо гуфта шудааст, Исо фикрҳои онҳоро медонист .... Ин яке аз он оятҳои зиёде, ки дар ҷисм Худои Тавоно будани Исоро тасдиқ мекунад. Худо фикрҳои шуморо дониста, ба ҳар ҳол шуморо дӯст медорад! Худоба шукр барои марҳамати Ӯ, рост? Дар Айюб 38:4, Худо мегӯяд, "Бигӯ, агар аз хирад хабардор бошӣ. Кист, ки андозаи онро муайян намуд? Оё медонӣ?" Айюб ҷавоб надод. Дар асл, Айюб ба ягон саволи Худо ҷавоб надод. Худо мегӯяд (Айюб 38:16), "Оё ту ба чашмаҳои қаъри баҳр фурӯд омадаӣ?" То соли 1977 олимон ҳатто намедонистанд, ки чашмаҳои қаъри баҳр вуҷуд дорад. Илм баъзе қисмҳои Библияро хеле суст дастрас мекунад. Худо мепурсад, "Роҳи маскани нур чӣ гуна аст?" Акнун ин хеле аҷоиб аст; ман физикаро таълим медодам. Оё шумо медонед, ки нур дар як ҷой намеистад, он ҳамеша дар ҳаракат аст. Он ҳамеша ҳаракат мекунад. Баъд Худо мепурсад, макони торикӣ куҷост? Шумо медонед, ки суръати нур дар як сония 186,282.4 мил мебошад (300,000 км дар ҳар як сония). Оё шумо суръати торикиро медонед? Он ба нул баробар аст. Торикӣ ҳаракат карда наметавонад. Акнун дар бораи ин фикр кунед, мо фарзандони нур ҳастем. Агар мо ба Худованд хизмат кардан хоҳем, мо бояд ҳамеша дар ҳаракат бошем. Одамон мегӯянд, ки дунё бадтар шуда, ҳама ҷойро торикӣ фаро гирифта истодааст, хуб он гоҳ шумо бояд дурахшед. Сабаби фарогирии торикӣ шумо ҳастед. Зеро ки шумо нури худро истифода намебаред. Библия мегӯяд, ки дарвозаҳои дӯзахт набояд ғолиб ояд. Дарвозаҳои дӯзахт набояд шуморо ҳамла кунанд; балки шумо бояд онҳоро ҳамла кунед. Аз ҳамин сабаб биёед, барои Худо коре бикунем. Ояти 24-ум, "Бо кадом роҳ нур тақсим мешавад, ва боди шарқӣ бар замин паҳн мегардад?" Акнун истед, Худо мегӯяд, ки нур боди шарқиро паҳн мегардонад? Оё Ӯ рост мегӯяд. Шумо аз мутахассиси обу ҳаво пурсида метавонед, ки оё дар ҳақиқат сабаби вазидани бод ин нури офтоб аст. Замин гарм шуда, ҳаворо паҳн мекунад. Аз сабаби мавҷудияти нур, мо дар рӯи замин бодро дорем, айнан чӣ хеле ки Худо 4,000 сол пеш гуфта буд. Худо гуфт (Айюб 38:35), "Оё ту барқҳоро метавонӣ бифиристӣ?" Ин кори хуб аст, ки ман онро анҷом дода наметавонам. Чанд нафар аз шумоён дар бораи ягон кас фикр кардаед, ки ба вай омад кард, ки ман ба ӯ барқҳоро фиристода наметавонам. Ман дар бораи якчанд кас ҳамин тавр фикр карда будам. Худо гуфт, "Оё ту барқҳоро метавонӣ бифиристӣ, то ки онҳо бираванд ва ба ту бигӯянд: "Лаббай"?" Акнун истед, оё Худо мегӯяд, ки барқ барои фиристодани паём истифода бурда мешавад? Ин ба монанди радио, телефони мобилӣ, мӯъҷизапечка, ё ин ки телевизор буда метавонад. Барқ бо ду роҳи гуногун паёмро мефиристад. Якум, ба воситаи сим ва инчунин ба воситаи қувваи электромагнитӣ, Мавҷҳои радио аз ҳамин ҷо пайдо мешаванд. Худо ба Айюб инро 4,000 сол пеш гуфта буд. Марконӣ ва дигар олимон онро тақрибан дар сад соли охирин ошкор карданд. Худо ба Айюб 84-то савол дод. Айюб ба ягонтои он ҷавоб дода натавонист. Ҳамаи онҳо саволҳое мебошанд, ки ба онҳо ҷавоб лозим нест. Ин саволҳо барои тағир додани муносибати одам тайёр карда шудаанд. Ин саволҳое, ки шумо падарон ба кӯдакони худ бояд диҳед. Шумо медонед, ки ман се фарзанд дорам. Ман медонам дар бораи чӣ гуфта истодаам. Кӯдакон ба синну соли муайян расида, фикр мекунанд, ки онҳо бояд дар оила қоидаҳоро муқаррар кунанд. Кӯдак як рӯз омада мегӯяд, "Ҳе, падар гӯш кунед, ба фикрам ба ман иҷозат додан мумкин, ки ... то 4:00 саҳар бо дӯстонам вақт гузаронам; охир ман ҳозир 10 сола ҳастам. Падар мегӯяд, "Каме интизор шав кӯдак, ту донистани ки барои чӣ ба ту то 4:00 саҳар сайр кардан мумкин нест." "Хӯш писарам, биё ман ба ту якчанд савол медиҳам: кӣ пули барқро барои ин хона месупорад?" Кӣ пули хонаро месупорад? Писарам, кӣ барои ту либос мехарад? Кате ки дар он шаби гузашта хобидӣ, кӣ харидааст? Кӣ хӯроке, ки ту мехурию, мехурию, мехурию, мехурӣ бароят харидааст? Кӣ пули оби гармро месупорад ва собунро, ки ту бо он қариб як моҳ пеш оббозӣ карда будӣ, харидааст? Писарам, биё чӣ хеле ки ҳаст онро қабул мекунем, Библия хеле фаҳмо аст, "Кӣ ҳисобро месупорад, ҳамон кас қоидаҳоро муайян мекунад." Китоби "Фикрҳои дуюм," боби 4-ум, ояти 7. Мебинӣ писарам, ман падар ҳастам, ту кӯдак. Ва агар ту дар зери боми ман хоб рафта, хӯроки маро бихурӣ, ... ту бояд ба ман итоат кунӣ, агар роҳи худро интихоб кардани бошӣ, пас бирав ... зери боми худ хоб карда, чӣ хеле ки мехоҳӣ зиндагӣ кун. Писарам, ин қоидаи заррин аст. "Кӣ тилло дорад, ҳамон кас қоидаҳоро муайян мекунад." Кӣ дар барои шумо кӯдакон фикр мекард? Шумо дар куҷо будед, вақте ки мо ин моликиятро гирифта, заминро тоза кардем? ... ва хирсҳои Гризлиро пеш карда, бо пойҳои луч дар барф ба воситаи теппа 40 мил пиёда ба мактаб рафта меомадем. Чанд нафари шумоён чунин суханонро дар тарбияи кӯдакон истифода бурдед? Шумо мефаҳмед дар бораи чӣ ман гуфта истодаам. Биё писарам инро рост бифаҳм, ман падар ҳастам, ту кӯдак. Ба фикрам Худо айнан ҳамин тавр ба Айюб рафтор кард. Худо ба Айюб 84-то савол дод. Айюб ба ягонтои он ҷавоб надод, аммо Айюб муносибати худро дуруст кард. Шумо мебинед, ки Айюб ба монанди бисёрии мо айнан ҳамон мушкилиро дошт. Ӯ Кӣ будани Худоро дуруст дарк накарда буд. Боби 40-ро бинед. Худо гуфт, акнун бин "баҳимут," ки дар рӯи Замин ҳаст: баҳимут. Ба ҳар ҳол он вуҷуд дошт, Айюб онро медид, зеро ки Худо ҳеҷ вақт ба шумо намегӯяд он чизеро ки шумо карда наметавонед. Худо намегуфт, "Акнун баҳимутро мушоҳида кун" агар он баҳимутро дида намешуд. Ман медонам, ин теологияи амиқ аст, лекин дар бораи он фикр кунед. Баъзе истинодҳои Библия мегӯянд, ки шояд баҳимут ин фил ё аспи обӣ аст. Ин хандаовар аст. Не. Ман боварӣ дорам, ки баҳимут ин динозаври гардандароз мебошад. 13 намуди динозаврҳои гардандароз вуҷуд доранд: Ин Брахиозавр, ё Апатозавр, Ситозавр (он ҷои муҳимро ишғол мекунад), ... Ҳаст Блондазаур ва шумо бояд бо вай оҳиста гап занед. Ба фикрам Баҳимут ин Брахиозавр мебошад. Библия мегӯяд, ки вай мисли гов алаф мехӯрад. Баъзе одамон мегӯянд, "Ҳе, Библияи ман дар бораи филҳо мегӯяд," ва филҳо алаф мехӯранд. Харгӯшҳо ҳам алаф мехӯранд; бисёр ҳайвонҳо алаф мехӯранд. Ба ояти оянда нигоҳ кунед, қуввати вай дар камари вай аст. Қувваи вай дар наи нофи шикамаш аст, қисми аз ҳама калонтарини он ин шикам мебошад. Онҳо мегӯянд, ки фил шиками калон дорад. Ҳа, ман медонам. Баҳимут шиками калон дорад. Брахиозавр ҳам шиками калон дорад. Ӯ шиками калон дорад. Шояд ӯ бошад? Ӯ танҳо бемор аст, бемор, кӣ медонист? Ӯ думи худро мисли арз меҷунбонад. Каме истед, думи он мисли дарахти арз аст. Шумо ягон бор думи филро дидаед? Оё думи он ба шумо дарахти арзро хотиррасон мекунад? Ё ин ки думи баҳимут ба дарахти арз монанд нест. Акнун думи Брахиозаврро мебинем, шояд он бисёртар ба дарахти арз монандӣ дорад, назар ба дигар ҳайвонҳо. Пеш аз он ки онҳо ин шарҳу эзоҳро дар поёни Библияи худ қайд мекунанд, ... Ман фикр мекунам, ки онҳо ақаллан як маротиба ин порчаро бояд хонда, баъд шарҳ диҳанд. Ба ҳар ҳол, шумо воизон, агар мавъиза кардан хоҳед - ақаллан як маротиба пеш аз ваъзгӯӣ онро хонед. Ояти дигар (Айюб 40:13) мегӯяд, "Узвҳояш мисли қубурҳои мисин аст, устухонҳояш мисли сихҳои оҳанин." Ӯ дар ҳақиқат устухонҳои пурзӯр дорад. Ин дар ҳақиқат устухони ангушти пои динозавр мебошад, ки онро ман дар музеи Пенсикола дорам. Ин яке аз устухонҳои буғуми Брахиозавр мебошад. Шояд онро фаҳмидан мушкил аст, барои ҳамин бо диққат гӯш кунед. Сабаби устухони пои бузург доштани вай дар он аст, ки вай ангуштҳои бузург дошт. Чанд нафар инро бе кӯмаки дигарон мефаҳманд? Чор, панҷ, шаш кас. Сабаби он ки барои чӣ ангуштҳои вай бузург буданд, дар он аст, ки вай пои бузург дошт. Кӯдаке ҳаст, ки дар изи пои Брахиозавр оббозӣ мекунад. Тасвири он дар худи ин китоб аст. Сабаби пои бузург доштани вай дар он аст, ки вай барои худро нигоҳ доштан пои бузург дорад. Баландии пои пеши он 20 фут аст. Баландии аз ҳама динозаври калонтарин, ки то имрӯз ёфт шудааст, 60 фут мебошад. Он дар Оклахома пайдо карда шуда буд. Онҳо гуфтанд, ки барои ҳамаи устухонҳои онро аз замин кофта баровардан, 20 сол лозим аст. Ин лоиҳаи давлатӣ мебошад. Онҳо мегӯянд, ки вай дар замоне ки зинда буд, шояд сад тонн вазн дошт. Сад тонн ба 14 автобуси мактабӣ баробар аст. Ин маънои онро дорад, ки дар замоне ки ӯ омада, шуморо зер кунад, шумо "дар зери таъсири хеле амиқ" мешавед. Шумо мисли питсаи сафарӣ мешавед. Ба ҳар ҳол дар бораи лоиҳаҳои давлатӣ сухан ронда, ман бояд ба шумо дар бораи ихтироъи нави худ нақл кунам. Он маро аз ҳама одами бойтарин дар рӯи Замин мегардонад. Ман барои вазорати шӯъбаи магистралӣ, командаи бинокорӣ, ... ширкатҳои партовтозакунӣ, ва инчунин қувваҳои мусаллаҳ маблағ бояд ҷамъ кунам. Ман аз он захира танҳо 10%-ро мехоҳам. Ва ман аз ҳама одами бойтарини Дунё мешавам. Ман хокандозро ихтироъ кардам, ки худаш рост шуда меистад. Барои омӯзиши он ба ин мардон дигар маблағ супоридан лозим нест. Оҳ, раҳмат ба шумо, раҳмат ба шумо. Ояти оянда мегӯяд (Айюб 40:14), ки "Вай нахустини корҳои Худост." Ӯ нахустин аст, ин калимаи ибронӣ ри'-шис мебошад. Ӯ нахустин аст, ӯ асос аст; ӯ аз ҳама бузургтарин ҳайвоне, ки Худо офаридааст. Хӯш, вай фил ё ин ки баҳимут буда наметавонад. Он Брахиозавр мебошад. Ҳамин тариқ Шайтон амал мекунад. Ҳар замоне ки Худо ягон чизро бунёд мекунад, Шайтон кӯшиш мекунад, ки онро вайрон кунад. Худо чизҳои зеборо бунёд мекунад, Шайтон бошад ҳамеша кӯшиш мекунад, ки онро вайрон кунад. Савол ба шумо, "То кадом дараҷа Худои шумо бузург аст?" Шумо ягон вақт дар бораи ин фикр кардаед? Вақте ки шумо дар дуо истода, "Падари Осмонӣ" мегӯед, шумо ягон тасаввурот доред, ки ба Кӣ муроҷиат карда истодаед? Оё шумо ягон маротиба истода, дар бораи ин фикр кардаед? Шумо кӣ ҳастед, ки чунин дуо мегӯед? Ман дар назар дорам, ки шумо барои хӯроки нисфирӯзӣ нишаста, дуо мегӯед, "Хӯш, Худованд пайҳоро баракат деҳ, зеро ки онҳо таомро майда мекунанд. Омин." Мо Худоро ба монанди сагча қабул карда, фарёд мекунем, ҳамин тавр не? "Хӯш, Худо ман ҳозир барои ту вақт дорам, бо диққат бош, ман дуо мегӯям." "Ба ман инро бидеҳ, инро бидеҳ, инро бидеҳ, инро бидеҳ, ва инро бидеҳ - ва онро тез бидеҳ." Ҳамаи дуо чунин маънӣ дорад, ҳамин тавр не? Оё шумо ягон маротиба истода, дар ҳақиқат фикр кардаед, ки шумо ба Кӣ муроҷиат карда истодаед? То кадом дараҷа Худои шумо бузург аст? Ҳе, оё Худои шумо дар ҳақиқат бузург аст, ки ба шумо гуфта метавонад, ки чӣ бояд кард? Ва шумо бе ягон шубҳа он корро иҷро мекунед? Мисол, Худо ба шумо мегӯяд, ки чӣ гуна либосро пӯшидан лозим аст? (I) Ба Тимотиюс 2:9 мегӯяд, ки занон бояд сару либоси шоиста бипӯшанд. Падари ман ҳамеша мегуфт, "Агар ту дар бизнес набошӣ, пас эълон накун." Оё Худо ба шумо мегӯяд, ки чӣ хел сари мӯи худро кӯтоҳ кардан лозим аст? (I) Ба Қӯринтиён 11:14 мегӯяд, ки барои мард мӯйро дароз кардан, ин нанг аст. Вақте ки ман наҷот ёфтам, ман муҳофиз будам, ва каме аз офтоб сӯхта, мӯйҳои дарози малла доштам. Ман ин оятро хонда, гуфтам, ман бояд мӯямро кӯтоҳ кунам. Худо, ту хурсанд нестӣ? Баъд чӣ, ҳа ҷаноб. То кадом дараҷа Худои шумо бузург аст? Худои ҳаёти шумо Кист? Агар Ӯ дар ҳақиқат Худо бошад, он гоҳ Китобро хонда, гуфти Онро ба ҷо оваред, тамом. Ҳе, оё Худо ба шумо мегӯяд, ки чӣ тавр сухан рондан лозим аст? Ба Эфсӯсиён 4:29 мегӯяд, "Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд." Оё Худо аз ҳар он чӣ ки аз даҳонӣ ту мебарояд, хурсанд аст? (Луқо 6:45) "Зеро ки даҳони вай аз пурии дил сухан мегӯяд." Ин ояти хуб аст барои касоне ки дар миёни гап лаънат мекунанд. Оё Худо он чиро ки шумо ба воситаи телевизор мебинед, назорат мекунад? Китоби Забур боби 100-ум мегӯяд, ки пеши назари худ чизи қабеҳе нахоҳам гузошт. Оё шумо дар пеши назари худ чизи қабеҳе гузоштаед? Тасаввур кунед, ки шумо дар хонаи худ қонун гузоштаед. Агар шумо аз телевизор суханони лаънатро шунавед, он гоҳ шумо барои 2 соат онро хомӯш мекунед. Агар шумо аз телевизор ягон одами либоси ношоиста пӯшидаро бинед, шумо онро барои 2 соат хомӯш мекунед. Агар шумо ягон одами арақ нӯшида истодаро бинед, барои 2 соат онро хомӯш мекунед. Чӣ мешавад, агар шумо дар хонаи худ танҳо ин се қонунро иҷро мекунед? Чанд вақт шумо телевизорро тамошо мекунед? Ҳеҷ вақт. Ҳамин тариқ, шумо онро барои 30 доллар фурӯхта, пулашро барои як моҳона баромади мубаллиғ ба воситаи телевизион месупордед. Ва мо тамоми дунёро барои Масеҳ ба даст меовардем, ҳамин тавр не? Оё Худо ба шумо мегӯяд, ки чӣ гуна мусиқиро гӯш кардан лозим аст? Ба Эфсӯсиён 5:19 мегӯяд, "Ба якдигар бо таронаҳои Забур, мадҳияҳо ва сурудҳои рӯҳонӣ сухан гӯед ... ва дар дилҳои худ барои Худованд бисароед." Оё Худо аз мусиқии шумо хушҳол аст? Шумо мебинед, ки Худо мусиқиро дӯст медорад. Худо мусиқиро ихтироъ кардааст. Аммо Шайтон бошад баъзе мусиқии беҳаёро ихтироъ кардааст, ки шумо набояд онро гӯш кунед. Касе аз ман як вақтҳо пурсида буд, Ховинд медонед шумо соҳиби чӣ мешудед ... вақте ки аз нав мусиқии мадҳиявиро менавохтед? Ман гуфтам, "Не." Шумо соҳиби зани худ, саги худ, ва мошини боркаши худ шуда, аз ҳабсхона мебаромадед. Худо онҳоро зан ва мард офарид. Шумо медонед, ки Худо никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавиро барпо кардааст. Ӯ ҳамаи ин чизҳоро офарида, мехоҳад, ки ҳамааш олиҷаноб бошад? Аз ҳамин сабаб Ӯ баъзе қоидаҳоро барқарор кард; писаракон то он вақте ки оиладор мешавед, духтараконро ламс накунед. Пас агар шумо онҳоро ламс кардан хоҳед, аз ман дуртар истед. Ман дар Сан Франсиско будам. Худо қоидаҳоро барқарор кардааст. Сабаби барқарор кардани қоидаҳо дар он аст, ки Ӯ беҳтаринро ба шумо хоҳиш мекунад. Дар Масалҳо 6:26 Ӯ гуфтааст, "Зани шавҳардор ҷони азизеро ба дом меоварад." Худо намехоҳад, ки шумо ҳаёти пурқимати худро аз даст диҳед. Ӯ мехоҳад, ки шумо ҳаёти пурқиматро дошта бошед. Шумо медонед, барои чӣ одамони Голливуд ҳар шаш моҳ аз нав хонадор мешаванд? Бритни Спиртс 55 соат хонадор буд; Ҷенифер Лопес бошад 7 моҳ; Бренди Норвуд аз 2 сол камтар, баъд аз 6 моҳ камтар, За За Гейбор 1 рӯз хонадор шуда буд. Медонед барои чӣ онҳо баъд аз 6 моҳ боз аз нав хонадор мешаванд? Онҳо ҳаёти пурқиматро исроф мекунанд. Онҳо ин ҳаётро надоранд. Акнун бо диққат гӯш кунед; диққати худро ба Голливуд ҷалб накунед. Онҳо калидро надоранд, онҳо дар ин дунё калиди ҳаёти пурқимматро надоранд. Барои соҳиби ҳаёти пурқиммат будан, шумо бояд худро тамоми умратон пок нигоҳ доред ... то он вақте ки воиз ба шумо мегӯяд, заиф шуда истодаи, ту заифӣ. Новобаста аз дигарон, шумо бояд дар ҳаёти боқимондаи худ бовафо монед. Ин аст ҳаёти Пурқиммат. Як сония ҳам ба Голливуд бовар накунед. Онҳо калиди ҳаёти беҳтаринро надоранд. Худо махлуқоти зиндаро, ҳар як махлуқоти зиндаро офаридааст, ... чӣ хеле ки дар Ҳастӣ 1:21 гуфта шудааст. Худо динозаврҳоро офаридааст. Худо онҳоро офарид, аммо Шайтон бошад мегӯяд, "Медонед, бояд ягон роҳ бошад, то ки ман динозаврҳоро бар зидди Худо истифода бурда тавонам." Лекин вай Одамро бо динозаврҳо аҳмақ карда натавонист. Одам ба динозаврҳо ном гузоштааст. Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки чӣ тавр Шайтон ба назди Одам омада мегӯяд, "Ҳе, Одам, ту медонӣ, ки динозаврҳо миллионҳо сол пеш вуҷуд доштанд?" Одам мегуфт, "Оё ту аҳмақ ҳастӣ?" Якеи он ҳозир дар он ҷо ҳаст ва аз дар дарахти олуболу мева хӯрда истодааст! "Миллионҳо сол пеш" гуфта, ту чиро дар назар дорӣ? Шайтон Нӯҳро ҳам аҳмақ карда наметавонист, чунки вай дар давоми тамоми Тӯфон ба онҳо хӯрок медод. Аммо дар давоми 4,000 соли охирин динозаврҳо хеле камёб шуданд. Онҳо нобуд шуда рафтанд ё ин ки несту нобуд карда шуданд, ба ҳар ҳол аз ким-кадом сабаб онҳо несту нобуд шуданд. То соли 1809 онҳо қариб ки аз байн рафта буданд ва касе устухонҳоро ёфта, онҳоро ҷамъ кардааст. Дар соли 1809-ум нахустин динозавре, ки мо медонем, барои музей ҷамъ карда шуд. Шайтон ҳамон рӯз дар он ҷой буд ва мегуфт, "Оҳ, ин иқболи ман аст." Ман медонам, ки ин махлуқон ҳамеша бо одам зиндагӣ мекарданд ва Худо ҳам инро медонад. Аммо ин одамон намедонанд. Ҳамин тариқ Шайтон гуфт, ... "Ман ба ҳама кас мегӯям, ки онҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ кардаанд." Ва агар онҳо бовар кунанд, он водор мекунад, ки онҳо ба Библия шубҳа пайдо кунанд. Бача, ин нақша хеле хуб кор мекунад. Медонед, 200 соли охирин кӯдакон ба боғча рафта, чунин китобро мегиранд, Номи китоб: "Ман дар бораи динозаврҳо хонда метавонам." Ягон кас фарз карда метавонад, ки аввалин ҷумлаи он китоб чӣ мегӯяд? "Миллионҳо сол пеш!" Ба чанд нафар кӯдакон дар шаҳри шумо инро таълим додаанд? Аз ҳисоби худ шумо барои вайроншавии насли оянда маблағ месупоред. Шояд ин шуморо безобита намекунад, лекин ин маро безобита мекунад. Ва агар шумо фикр кунед, ки ман зани аълои худро монда, дар тамоми дунё сафар мекунам - Акнун ман чандин солҳо боз 200 рӯз дар як сол сафар мекунам. Соли гузашта ман 215 маротиба парвоз карда, зиёда аз 900 бор баромад кардам. Агар шумо фикр кунед, ки ман сафарро дӯст медораму барои ҳамин зани аъло ва 4 набераи худро танҳо мегузорам, шумо хато мекунед. Ман бо хурсандӣ дар хона мемондам, лекин ҷанг рафта истодааст! Касе бояд аскаронро огоҳ кунад, "Салом аскарон! Яроқи худро боло бардоред, рафтем!" Шайтон дар ин рӯи замин майнаи миллиардҳо кӯдаконро вайрон мекунад, ва барои ин динозаврҳоро истифода мебарад. Қариб ки ҳамаи китобҳо ҳамин тавр сар мешаванд "миллионҳо сол пеш" ва баъд мо якчанд Масеҳиёне дорем, ки ... ин мавзӯъро ба эътибор намегиранд, зеро ки онҳо ҷавоб надоранд. Хӯш (II Ба Тимотиюс 2:15), "Саъю кӯшиш намо, ки худро ба Худо муносиб нишон диҳӣ ..." Ҷавобро гирифта, ба ягон кас онро нақл кунед. Китоб мегӯяд, "миллионҳо сол пеш". Ман ҳама вақт ба музей меравам; он хуни маро ба ҷӯш меоварад. Шумо садҳою садҳо кӯдаконро мебинед, ки аз пеши устухонбандӣ динозаври бениҳоят зебо мегузаранд. Ва фарз кунед, ки нишонаи он чӣ мегӯяд? "Миллион сол пеш." Ба назар чунин менамояд, ки Масеҳиён инро намефаҳманд, ки музею марказҳои илмӣ калисои онҳост. Онҳо башорати худро мавъиза мекунанд, айнан чӣ хеле ки шумо башорати худро мавъиза кардан мехоҳед. Ва барои мавъиза кардани башорати худ онҳо пулҳои андози шуморо истифода мебаранд. Ин ҳамин тавр рӯй медиҳад, "миллионҳо сол пеш ...". Библия мегӯяд, ки баҳимутро буттаҳои нилуфар бо сояи худ мепӯшонад, бедҳои лаби наҳр варо иҳота мекунад "Фенз" калимаи қадими англисӣ буда, маънояш ботлоқ мебошад. Шумо медонед, ки аз ҳама ботлоқи калонтарини дунё дар миёнҷои Африқо мавҷуд аст? Онро Ботлоқи Ликавала меноманд. Он ботлоқ бузург аст. Бисёр Амрикоиҳо андозаи Африқоро таҳқиқ намекунанд. Ҳамин тавр Африқо дар назди Штатҳои Муттаҳид менамояд. Африқо азим аст. Андозаи ин ботлоқ бо андозаи штати Флорида баробар аст, 55,000 мил квадрат (140,000 км квадратӣ). Ин ботлоқ азим аст. Шумо медонед, ки 80% ин ботлоқ ҳоло ҳам тадқиқ нашудааст? Дар соли 1885-ум Конгои Африқо аз тарафи Белгия забт карда шуда буд; солҳои дароз онро Конгои Белгия меномиданд. Дар соли 1960 Коммунистон онҳоро озод карданд. Шумо медонед Коммунистон чӣ тавр мамлакатҳоро озод мекунанд? Онҳо ҳамаро мекушанд. "Хуб, акнун шумо озод ҳастед." Ҳисоботи соли 1700-ум оиди он ботлоқ мавҷуд аст, аз ҳамон вақте ки мубаллиғон якум маротиба ба он ҷо рафта буданд. Ва онҳо гуфтанд, ки динозаврҳо дар он ботлоқ зиндагӣ мекунанд! Динозаврҳо то ҳол зинда ҳастанд? Дар Ню Йорк соли 1910 Гералд мақолаҳоро оиди динозаврҳо, ки дар ботлоқи Африқо то ҳол зиндагӣ мекарданд, идора мекард. Дар ин ҷо почтаи шанбеи шоми соли 1948 ҳаст, он мегӯяд, ки "Шояд дар он ҷо Динозаврҳо ҳастанд" онҳо дар Африқо то ҳол зинда ҳастанд. Шикорчии сайди калон бо номи ҷаноб Гоблер аз Ангола баргашт. Ӯ дар рӯзномаи Кейптаун эълон кард, ки "ҳайвоноти андозааш хеле бузург мавҷуд аст, ки ... тасвири он танҳо ба динозавр мувофиқ меояд." Истиқоматкунандагони он ҷой вайро Чипекви меноманд. Дар Республикаи Африқои Марказӣ онро Нгурурӣ меноманд. Рой Маккел дар соли 1980 барои экспедисия ба он ҷой рафта, чоряки миллион долларро харҷ кардааст. Вай соли оянда баргашт ва дар он ботлоқ буд. Ва ӯ гуфт, ки ин ботлоқ аз ҳама ботлоқи бадбахтарини дунё мебошад. Хомӯшакҳо бо суръати ҳазор километр дар як соат ба онҳо менишастанд, ... дар гирдогирди шумо доимо як тӯда чанг ва хомӯшакҳои ташнаи хун. Дар он ҷой ҳамеша 95 дараҷа бо Фаренгейт гармӣ (35 C) буда, 95% рутубати ҳаво мебошад. Ҳангоме ки истиқоматкунандагони он ҷой дар гирду атрофи ботлоқ сафар мекарданд, онҳо дар бораи ин ҳайвон гап зада, онро Махомба меномиданд. Ӯ пурсид, ин кӣ ҳаст ва ӯ ба онҳо тимсоҳро нишон дод. Баъд онҳо гуфтанд, "Ҳа ин Маҳомба ҳаст, ва ӯ пурсид, то кадом дараҷа он калон мешавад? Ва онҳо бо қадам ҳисоб карда, гуфтанд - дарозиаш 50 фут (15 метр). Агар шумо қадпаст бошед, мисол 1 метру 30 см, он гоҳ тимсоҳи 50 фута барои шумо хеле калон менамояд! Ҳама мегӯянд, ки "Не, тимсоҳ аз 17 фут, яъне ки (5.2 м) дарозтар намешавад." Ба фикрам ин нодуруст аст. Пештар дар тобистони 2005-ум сол, онҳо 24-то тимсоҳро дар он ботлоқ куштанд. Албатта, истиқоматкунандагони он ҷойҳо мегӯянд, "Ту бояд бузургашро бубинӣ!" Истиқоматкунандагон инчунин дар бораи дигар ҳайвон, ки онро Мокеле-Мбембе меноманд, гап мезананд. Мокеле-Mбембе? ... Ин кӣ бошад? Агар шумо ба онҳо тасвири Апатозаурро нишон диҳед, онҳо мегӯянд, ки "Ҳа, ин мокеле-Мбембе" ҳаст. Онҳо мегӯянд, ки ин ҳайвонҳо дар зери об зиндагӣ мекунанд. Онҳо хеле камёб буда, бешубҳа дар чуқурии ботлоқи Африқои Марказӣ мавҷуданд. Ба ҳар ҳол ҳеҷ кас дар шаб ба он ҷой намеравад. Шабона дар он ҷой ягон хел равшанӣ нест. Асосан ин ҳайвонҳоро саҳарӣ барвақт ё ин ки дар бевақтии шаб, вақте ки онҳо берун мебароянд, дидан мумкин аст, ва растании дӯстдоштаи онҳо ин растании Моломбо мебошад. Доктор Маскал растании Моломбо нишон медиҳад. Доктор Маскал муаллими Донишгоҳи Микробиологияи Чикаго мебошад. Ӯ ба он ҷой рафта, бо диққат ҳамаи инро омӯхт. Баъд аз баргаштан, вай китобро бо номи "Динозаври зинда" навишт. Ӯ ба таҳаввулот имон дорад, аммо китоби вай бисёртар дар бораи исботи динозаврҳо аст, ки ... то ҳол дар ботлоқи Африқо зиндагӣ мекунанд. Онҳо изи пои махлуқотро пайдо карданд. Дӯсти ман Юджин Томас ҳамчун мубаллиғ дар он ҷо дар муддати 43 сол буд. Ҳозир вай дар Огайо аст. Ин рақами телефони ӯ ҳаст, занг занед ба вай. Вай дар он ҷой 43 сол буд. Ӯ гуфт "Дар калисои ман ду нафар пигмеиҳо ҳастанд, ки динозаврро кушта, хӯрдаанд." Динозаврҳо. Вақти дуру дароз дар бораи ин махлуқотҳои дар ботлоқ буда, маълумотҳо буданд. Як биологи Конгои Белгиягӣ ба тарафи дарё, ки аз хонааш дар масофаи 500 мил воқeъ аст, рафта якеи онро дидааст. Лекин камераи вай, аз сабаби ҳарорати баланд ва намӣ гоҳ-гоҳ кор мекард. Маълумотҳои зиёд дар бораи динозаврҳои дар он ботлоқ буда, мавҷуд аст; шумо мустақилона онҳоро омӯхта метавонед. Як гурӯҳ ба он ҷой рафта, гуфтанд, ки он махлуқ ранги қаҳваи тира дошта, пӯсташ ҳамвору мулоим аст. Гарданаш дароз буда, каллааш хурд аст; ва онҳо ӯро шуниданд, диданд, ва ӯ бо ғалоғулаи баланд наъра мекашид. Ва ҳатто амалдорони давлатӣ онро дидаанд. Дар рӯзномаи Бостон Гералд як мақола чоп шудааст дар бораи гурӯҳе, ки барои ҷустуҷӯи динозавр равона шудаанд. Динозавре, ки дар ботлоқи азим ва то ҳол тадқиқнашудаи Конго зиндагӣ мекунад. Шумо бояд инро танҳо дар "Крипто зоология" чоп кунед тамом, маънои Крипто махфӣ буда, зоология ҳайвонот мебошад. Дар Крипто зоология - шумо ҳар гуна маълумотро дар бораи динозаврҳои зинда дарёфт мекунед. Истиқоматкунандагони он ҷой иқрор мекунанд, ки ин ҳайвонҳо дар мағораҳои қад-қади дарё зиндагӣ мекунанд. Вилям Гиббонз ба Ботлоқи Конго 4 маротиба рафта буд. Ман якҷоя бо ӯ китобе барои кӯдакон навиштам, ки номаш "Чанголҳо, Ҷоғҳо ва Динозаврҳо" мебошад. Вилям Гиббонз ба ман мактуб навишт, "Аз рӯи шаҳодати роҳнамои мо Пер Сима, ... мо аввалин одамони сафедпӯст будем, ки ҳақиқатан аз ҷангал ва ботлоқ, ки бо Дарёи Боумба ҳамсарҳад аст, гузаштем." "Қариб ки ҳамаи хабаркашони мо Бака Пигмиз ҳастанд, ба ғайр аз як мусулмони камерунӣ солхӯрда, ҳамаи онҳо тамоми ҳайвоноти маълум ва номаълумӣ ботлоқро мешиносанд. ... Дар ҳолате ки онҳо Ле`Кела-бемберо намефаҳмиданд, азбаски ин дигар забон аст, маънои он мавҷудияти ҳайвони ғайриоддӣ аст, онҳо дар ҳақиқат аз даҳшатнокии ин махлуқ, аз ҳамлакунии баҳимут, филҳо ва тимсоҳҳо метарсиданд. Ин ҳайвон аз ҳамаи дигар махлуқи бузург, ки бо ҳам дарёро тақсим мекунанд, тамоман тоқатнопазир менамояд ... ва қисмҳои бузурги дарёро идора мекунад, хусусан ҷойҳоеро, ки ғизо мавҷуд аст." "Ду динозаври шубҳанок Мокеле-Mбембе ва Н'Гаубау аз рӯи таомул тела дода партофта шуданд. Ман аз ду Бакаҳои калонсол, ки дар киштзори Пер кор мекарданд, пурсидам. Ба монанди аксари пигмеиҳо онҳо флораю фаунаи он минтақаро хеле хуб медонанд. Ман ба онҳо китоби моро бо тасвирҳои ҳайвоноти машҳури Африқо ва динозаврҳо тӯҳфа кардам. Тақрибан 98% тасвирҳо инкор карда шуданд - ба ғайр аз дутои он. Онҳоеро ки онҳо бе шубҳа дида буданд. Якеи он динозаври саураупод ва дигараш трисератопс буд." Акнун барои чӣ одамон дар миёнҷои ботлоқи Африқо мегӯянд, "Ҳа, мо онро дида будем"? Мубаллиғ Кол Бомбей солҳои дароз дар Кения буд. Ӯ гуфт, ки бо ҳамсараш яке аз ин махлуқотро дидааст. Аммо лавҳаҳои пушти он бузургтар буданд; ба монанди стегозаврус. Дар поёни Ҷануби Амрико онҳо Ҷангали азими Амазонкаро доранд. Дар соли 1907 армияи Британӣ полковники Фаувсеч П.Х.-ро барои нишона кардани сарҳад байни Бразилияю Перу фиристод. Ӯ офисери лоиҳакашии подшоҳӣ буда, ҳамчун қайдкунандаи кунҷкови фактҳо машҳур шудааст. Дар Ботлоқи Бенӣ ӯ имон дорад, ки Диплодокусро дидааст. Истиқоматкунандагон ва қабилаҳои гирду атрофи он ҷой гуфтанд, ки "Ҳа, ин ҳайвон дар он ботлоқ то ҳол зиндагӣ мекунад." Писари полковники Фаувсеч ангораи изи пойро кардааст. Дар соли 1883 Илми Америкоӣ ин мақоларо чоп мекард, то он вақте ки онҳо ба Таҳаввулот дода шуданд. Имрӯз чунин мақоларо дар Илми Америкоӣ ҳеҷ вақт наменависанд. Зеро ки ҳозир онҳо барои муҳофизати назарияи таҳаввулотӣ тақдим шудаанд. Аммо онҳо чунин гуфтанд "Вазири Бразилия дар Ла Паз, Боливия, ... ба Вазири Корҳои Хориҷӣ дар Рио суратҳои фавқулоддаи ба калтакалос (динозавр) монандро фиристод, ки ... дар Бени баъд аз 36 тирпарронии милтиқ кушта шуда буд. ... Бо фармони президент ҷасади қоқ кардаи он нигоҳ дошта шуда, баъд ба Ла Пас фиристода шуд." Дарозии он 12 метр буд, яъне ки 39 фут аз фук то нӯги пояш. Ин натиҷаи муҳаббатро дошт, гардани дароз ва шиками калон дорад, ки онро дар рӯи замин кашола карда мегардад. Профессор Гилветтӣ ҳайвонро тадқиқ карда гуфт, ки он аъзои намуди нобудшуда мебошад. Ҳиндуҳои он минтақа зарфҳои сафолии хурдакакро месозанд, ки айнан ҳамон шаклро дорад. Шояд ки онҳо аз табиат нусха бардоштаанд. Аз динозаврҳо? Се рӯз пеш мубаллиғ Вон Гофф ба ман занг зад, ман ба Индиана мерафтам. Ӯ гуфт, ки истиқоматкунандагони он минтақа дар бораи калтакалоси дарозиаш 30 фут (9 м), ва баландиаш 5 фута гап мезананд. Барои маҷрӯҳ кардани сайди худ, онҳо ғалоғули бисёр баланд мебароранд. Истиқоматкунандагони ҳиндуии Вэйвай онро "уруфере" меноманд, ва аз ин махлуқ метарсанд. Агар шумо дар бораи динозаврҳои дар ботлоқ буда, гап задан хоҳед, ба вай мактуб нависед. Ана дар ин ҷой мори азиме, ки якчанд сол пеш кушта шуда буд. Ин мори 35 фута (10.7 м) мардеро, ки дар вақти кор хобаш бурдааст, фурӯ бурд. Мардҳо, дар вақти кор хоб наравед. Дар Индонезия хабар доданд, ки дарозии ин мор 49 фут (15 м) аст. Ман намедонам, ки ин рост аст ё дурӯғ. Шояд одамон муболиға карданд, лекин ин маълумот дар бораи мори азим дар ҳамон ҷой ҳаст. Полковник Перси Фаусет гуфт, ки вай Мори Анакондаи 62 футро (19 м) кушт ва аҳолии он ҷой тарсида буданд. Онҳо гуфтанд, "Полковник, агар яктои он бошад, дигараш ҳам ҳаст!" Дар соли 1933 амалдорон дар сарҳади Бразилияю Колумбия мори дарозиаш 98 футро (30 м) куштанд, ки диаметри он 2 фут буд. Вазни он 2 тон буд. Ошпази меҳмононаи Амазонка гуфт, ки ӯ як вақт мори дарозиаш 100 футро (30.5 м) дидааст. Қувваҳои мусаллаҳ онро пай бурда ёфтанд, аммо баъд аз он ки мор ду нафар аскарро кушта хӯрд. Дарозии сари он 5 фут (1.5 м) буд. Дар соли 1997 Идораи Ахбороти Шӯъбаи Рейтер дар бораи мори дарозиаш 130 фут (39.6 м) хабар дод. Ва он дар дарёи Амазонка шино мекард. Ягон кас гуфта наметавонад, ки он зинда аст ё ин ки не. Онҳо хабар доданд, ки дарозии он қариб 150 фут (46 м) аст. Дарёи Амазонка азим аст. Донишҷӯи пештараи ман, мубаллиғ гуфт, ки ними Дарёи Амазонка 9 мил (14.5 км) мебошад. Дарёи Амазонка дароз ва васеъ аст! Дар Шотландия кӯли Лок Несс мавҷуд аст. Ягон кас дар бораи Лок Несс шунидааст? Лок Несс кӯли азим буда, дарозиаш 24 мил (39 км), бараш 2 км, ва чуқуриаш 900 фут (275 м) мебошад. Дарё то ҳамон дараҷа бузург аст, ки тамоми аҳолии Сайёраи Замин ба он ҷой рафта, дар як вақт ғӯтида метавонанад. Он тамоми аҳолии дунёро нигоҳ дошта метавонад. 6 миллиард одам дар як кӯл ҷойгир мешаванд. Он азим аст. Дар соли 1933 аз як тарафи кӯҳ роҳ гузошта шуд. То соли 1933 агар шумо кӯлро дидан мехостед, шумо бояд ба болои кӯҳ мебаромадед. Ё ин ки бо қаиқи худ ба воситаи дарё 7 мил (11 км) боло равона мешудед. Бисёр одамон ба он ҷой намераванд; он ҷой хеле камодам аст. Вақте ки дар соли 1933 дар кӯҳ роҳ гузошта шуд, он 52 адад нуқтаи дидбонӣ барои Аъҷубаи Лок Несс дошт. Ин муаллиф гуфт, ки пеш аз навишта шудани китоб то соли 1960, 9000 мушоҳида гузаронида шуд. Имрӯз бошад зиёда аз 11,000 мушоҳида дар бораи Аъҷубаи Лок Несс қайд карда шудааст. 11,000! Албатта, баъзеи он қалбакӣ ва фиребгарона мебошанд. Ман ба баъзе рӯзномаҳо, ки дар он маълумотҳои бофта зиёданд, боварӣ намекардам. Ҷаноби Питер Скотт аъзои Парламент аст. Ӯ гуфт, ки онро дидааст. Ӯ бовар мекунад, ки он Плезиозаур буд. Қариб ҳамаи он касоне, ки ин ҳайвонро мебинанд, мегӯянд, ки ин Плезиозаур дар ҳамин ҷой ҳаст. Он гардани дароз ва чор қаноти бузург дошт. Як мард китоб навишта, гуфтааст ... "Баъзе одамон фикр мекунанд, ки Несси ин Плезиозаур аст. Лекин дар ин назария як хатогӣ мавҷуд аст. ... Плезиозаурҳо чӣ хеле ки тахмин мекунанд 70 миллион сол пеш вуҷуд доштанд." Оҳ, ин хатогии назария аст? Онҳо ба таҳаввулот "имон доранд". Ба фикри ман ин назарияи таҳаввулотӣ аз ҳама монеаи бузургтарин аз ҳамаи дигар монеаҳо барои тадқиқоти илмӣ мебошад. Шумо бояд ба фактҳо нигоҳ кунед; ва назарияҳои худро фаромӯш кунед. Аввал ба фактҳо нигоҳ карда, баъд хулосаҳои худро бароред. Боре шабона як мард бо номи Артур Грант бо мотосикли худ қариб ки бо Несси бархӯрд. Ӯ гуфт, "Ман аз ин объект тасаввуроти боҳашамат дорам. Дар асл ман қариб ки онро бо мотосикли худ задам! Ӯ гардани дароз, чашмони бузурги тухмшакл ва каллаи хурд дошт. Дарозии думаш шояд аз 5 то 6 фут (1.5 - 2 м) аст. Азбаски ӯ бакуллӣ дарозии онро аз 15 то 20 фут (4.6 - 6 м) тасвир мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар бораи табиатшиносӣ баъзе чизҳоро медонад. Ӯ донишҷӯи духтури ҳайвонот буд. Ӯ гуфт, "Ман дар тамоми умрам чунин ҳайвонро надидаам!" Ин аст ангораи он чизе, ки ӯ қариб бо мотосиклаш зер кард. Он ба Плезиозаури дарозиаш 20 фута монанд аст. Александр Кемпбелл дар муддати 47 сол назоратчии сайди Лох Несс буд. Ӯ гуфт, ки 18 маротиба онро дидааст. Ва ӯ ангораи онро нишон дод. Бисёр одамон кӯшиш карданд, ки Аъҷубаи Лок Нессро сайд кунанд. Онҳо ҳамаи он чизҳоеро, ки шумо тасаввур карда метавонед ё наметавонед барои сайди он истифода бурданд. То ҳол ягон кас онро сайд накардааст. Кӯл азим аст ва ангораҳои хеле зиёд тасвир шуда буданд. Як оила мегӯяд, ки онро дидааст ва дар даҳони ӯ барра будааст . Як бача тахтапушти онро, ки аз даруни об намоён мешуд, сурат гирифт; гардани он дуртар аз тарафи рост намоён буд. Вақте ки Ридерз Дайҷест (поёни онро бурда партофтанд) ин суратро чоп карданд, онҳо гардани онро бурида партофтанд. МакКлауд мегӯяд, ки дар муддати 9 дақиқа аз дурбинаш мушоҳида карда, чор ангораи онро, ки дидааст, тайёр кардааст МакКлауд гуфт, "Ба фикрам аъҷуба ҳамин тавр менамояд." Шумо бояд аз телевизор танҳо он барномаҳоеро, ки дар бораи Аъҷубаи Лох Несс мегӯянд, тамошо кунед. Ҳазорҳо одамон шаҳодат дода, гуфта метавонанд, ки "Ман онро дидаам." Китоби Энсиклопедияи Ҷаҳонӣ киштии зериобиро барои аз Каролинаи Ҷанубӣ овардан, пул супоридааст. Он мард гуфт, ки об хеле торик буд, ва ӯ ҳатто пеши киштии худро дида наметавонист. Лок Несс ба кӯлмаки азими лойолуд монанд аст. Шумо танҳо якчанд метр поён мефароед ва аллакай ҳеҷ чизро намебинед. Шумо ҳеҷ чиз дида наметавонед. Япониҳо 24 адад киштиро ҷойгир карда, дар ҳама ҷои кӯл буданд. Онҳо хабар доданд, ки бо гидролокатсия тамоми зери оби кӯлро муайян карданд. Онҳо гуфтанд, ки ин кӯли чуқур аст, лекин ба монанди мавиз бурма шудааст. Дар ҳар тараф мағораҳо мавҷуданд, шояд бо камераҳои ҳавоӣ. Махлуқ дар даруни кӯҳ зиндагӣ карда, нафас гирифта метавонад. Як мард дар зери об сурати қаноти алмосиро гирифт. Бори дигар онҳо гуфтанд, ки он Плезиозаур аст. Ридерз Дайдҷес дар соли 1978 ин суратро чоп карданд. Сурати он дар болои замин ин ҷо ҷойгир аст ва он Нессиро бо даҳони кушода нишон медиҳад. Мо дар бораи Аъҷубаи Лок Несс рӯзи дароз гап зада метавонем. Онҳо гуфтанд, ки ин сурати соли 1933 қалбакӣ аст, шояд ҳамин тавр ҳаст, ман намедонам. Аҷоиб ки онҳо марги он мардеро, ки ба ин кор ҷалб шуда буд, интизор буданд, то ки баъд гуфта тавонанд, ки ин дурӯғ буд. Акнун чӣ тавр шумо ҳақиқатро месанҷед? Ба ғайр аз Лок Несс дигар кӯлҳои ғайриоддӣ вуҷуд дорад. Кӯли Лоч Лочи, Лоч Морар ҳаст. Дигар кӯлҳои зиёд мавҷуданд, ки дар бораи махлуқотҳо маълумот медиҳанд. Дар наздикии Англия як мори Корниши баҳрӣ мавҷуд буд, ки онро Моргавр меномиданд. Канали Англисӣ дар бораи мушоҳидаи чунин махлуқот бисёр хабар медиҳад. Дар соли 1749 дар Англия ин махлуқ дастгир карда шуд. Он чанде ба аллигатор монандӣ дошт. Лекин он ду қаноти калон дошта, баданаш бо пулакча пӯшида шуда буд, ва 5 қатор дандон дошт. Дар соли 1934 он махлуқ дар лаби пляжи Нормандияи Фаронса шино мекард. Дар ҳамон ҷой як бача онро назорат мекунад, то ки андозаи онро ба шумо нишон диҳад. Якчанд олимон гуфтанд, ки дар соли 1905-ум дар Бразилия ин махлуқ аз пеши қаиқи онҳо шино мeкард. Дар он вақт онҳо тамоми маълумотро ба маҷаллаи илмӣ супориданд. Махлуқ дар пушташ қаноти дарозиаш 6 фут ва 2 фут дошт, ва дар болои гарданаш каллаи хурди дарозиаш 7 ё 8 фут. Ду табиатшиноси ботаҷрибаи Британӣ дар бораи он хабар доданд. Мо дар бораи мушоҳидаҳои хабар додашуда боз рӯзи дароз гап зада метавонем. Дар соли 1977-ум қаиқи моҳигирӣ японӣ бо тӯри худ онро кашола карданд. Дарозии он 32 фут (10 м) ва вазнаш 4000 фунт (1800 кг) буд. Онҳо гуфтанд, ки ин кӣ бошад? Сардори қаиқ гуфт, ки ман намедонам, лекин он бӯи бад дорад. Вақте ки онҳо дар саҳни қаиқ маълумотро қайд мекарданд, он ними тӯрро канда кард. Онҳо як даста ангораҳоро тайёр карда, панҷ дона сурат гирифтанд. Дар соли 1977 барои почтаи Японӣ маркаи махсус тайёр карда шуд. Баъзе одамон мегӯянд, ки ин шояд Наҳанги дар зери офтоб гармшудаистода буд. Ва ман розӣ, шояд он наҳанги гармшудаистода буд. Лекин моҳигир дар саҳни қаиқ гуфт, ки "Мо наҳанги гармшудаистодаро дидаем, ва мо медонем, ки ин наҳанг нест." Наҳанги гармшудаистода тез мепӯсад, вақте ки аз бошишгоҳӣ худ дур меравад. Дар ин ҷо худи наҳанги грамшудаистода. Шояд он наҳанги гармшудаистода буд, барои ман фарқ надорад. Онҳо гуфтанд, ки 96% сафедаи он ба наҳанг монанд аст. Ҳа, ман медонам, аммо ҳеҷ кас сафедаи Плезиозаурро надидааст, ва гуфта наметавонад, ки ба чӣ он монанд аст. Одамон ва маймунҳо ҳам монанданд, аммо инчунин фарқиятҳои зиёд ҳам доранд. Роҷеъ ба он далелҳои зиёд аст - ин барои ман ягон маъно надорад. Лекин баъзе одамон ҳамаи далелҳою намунаҳоро ба ман меоранд, ва ҳатто шикори соли 1977-и Япониҳоро. Аз маълумоти Руссия ин махлуқоти дар кӯл мавҷуд бударо сири кӯл меноманд. Он ба динозаври соли 1994-и дар пляжи Русия шино карда, монанд аст. Дарозии он 39 фут (12 м) буд. Эҳтимол ин сурати талбис кардаи наҳанг аст. Касе бо ёрии фотошоп онро ба Плезиозаур монанд кардааст, аммо дар асл ин сурати талбис кардашуда аст. Аз ҳамин сабаб ҳушёр бошед, дар он ҷой бисёр фиребгарӣ ҳаст. Аммо мавҷудияти фиребгарӣ ё талбис, мавҷудияти нусхаи аслро рад намекунад. Дар соли 2004-ум гурӯҳи одамон дар Папуа, Гвинеяи Нав дар бораи махлуқи ба динозавр монанд, хабар доданд. Баландиаш 10 фут буда, думаш ба думи аллигатор монанд аст, каллааш бошад ба каллаи саг монанд аст. Он дар худи ҷазираи шаҳри Кокопо буд. Як хонум гуфт, ки онро дида, аз он ҷо давида, ҷони худро наҷот додааст. Вай махлуқи баландиаш 3 метраро дидааст, ки калаи он ба саг монанд буда, думаш ба думи аллигатор монанд буд. Шумо ҳама маълумотро дар бораи ин махлуқи дар соли 2004 ошкор шуда ба воситаи интернет хонда метавонед. Инчунин Япония дар бораи мавҷуд будани ин махлуқотҳо хабар медиҳад. Ҷазираи шимоли Хоккаидо ва инчунин ҷазираи ҷануби Япония дар бораи онҳо хабар доданд. Онҳо вайро "Исси"-и Кӯли Икеда номиданд. Дар Хитой дар бораи УСО, Объекти Номаълуми Шиновар хабар доданд. Норвегия якчанд мушоҳидаро дорад, ки аз кӯлҳои шведӣ, аз якчанд кӯлҳои он, тайёр карда шудааст. Онҳо вайро "Сторҷудҷуреч"-и Кӯли Сторҷон номидаанд. Дар Норвегия онҳо махлуқеро пайдо карданд, ки ба Аъҷубаи Лох Несс хеле монанд аст. Садҳо одамон мегӯянд, ки онро дидаанд. Баъзан аз ахборот дар бораи он ва Лох Несс фаҳмидан мумкин аст. Канада дар бораи мушоҳидаи ин махлуқот, аъҷубаҳои кӯли Канадагӣ хабар доданд. Ин амакбачаи Канадагии Несси мебошад. Дар шаҳри Келоуна кӯле мавҷуд аст, ки Кӯли Оканаган номида шудааст. Ин Кӯли азим буда, дарозиаш 80 мил (130 км) аст. Ман ду маротиба дар шаҳри Келоуна баромад карда будам. Истиқоматкунандагони он ҷой ин махлуқро Огопого меноманд. Дар ақиб дар болои миз мо китоб мефурӯшем, агар шумо харидани бошед, номи он Огопого аст. Он хеле ба Аъҷубаи Лох Несс монанд аст. Ҳазорҳо одамон тасдиқ мекунанд, ки онро дидаанд. Ин мақола мегӯяд, ки "Онҳо охирин одамон аз ҳазорҳо буданд, ки дар ин кӯли борики дарозиаш 18 мил (30 км) кимчӣ аҷибро дидаанд. Як бача дар давоми тамоми кӯл шино кард. Ӯ гуфт, ки аз таги он чизе гузашта, вайро хеле тарсондааст. Ман дар бораи он мақолаҳои ахборотии фавқулодда дорам. Вай гуфт, "Ман ду маротиба Огопогоро дидаам." Ман аз Ҷон Карузо интервю гирифтам. Ӯ ҳамроҳи оилааш дар кӯл дар қаиқи худ мехобид. Онҳо дар кӯл дар қаиқи бузурги худ дар зери осмони кушода хобиданд ва кимчӣ ба таги қаиқи онҳо зарба зад. Он ҳамаи онҳоро саҳарӣ барвақт бедор кард. Онҳо хеста, ду Огопогоро диданд, ки ... дар кӯл шино мекарданд, ва онҳо ба камераи худ онҳоро сабт кардаанд. Аз он воқеа хеле вақти зиёд гузашт, лекин ӯ ба ман нусхаи видеоматериалро дод. Барои тамоми тафсилоти онро таҳлил кардан хеле вақти зиёд гузаштааст, аммо ӯ гуфт "Бинед, бародар Ховинд, ман Огопогоро дидаам!" Хеле одамони зиёд баён карда метавонанд, ки онро дидаанд. Якеи он дар халиҷи Кедборо, Колумбияи Британӣ мавҷуд аст. Агар шумо бештар донистан хоҳед, дар бораи он китоб ҳаст. Кӯдаки Кеддӣ дар шиками вол ёфта шуд. Онҳо мегӯянд, ки қанотҳои пеши он кӯтоҳ ва тез ҳаст, гардани он ҳайвон дароз буда, каллааш ба асп монанд аст. Як бача бо тӯри партофтаи худ кӯдаки онро сайд кардааст. Пеш аз онро озод кардан, вай ангораи онро тасвир кард. Ӯ намедонист, ки он чӣ буд, барои ҳамин онро озод кард. Ман дар давоми як соат аз ин бача интервю гирифтам. Ин чор мард дар Канада моҳӣ меқапиданд Ҳамон вақте ки ман дар он ҷой мавъиза мекардам, махлуқ қаиқи онҳоро аз Ҷазираи Кейп Собол то Шотландияи Нав дунболагирӣ кардааст. Ин дар соли 1992 рӯй дод, вақте ки ман бо ӯ вохӯрдам. Ӯ гуфт, ки дар вақти ин воқеа вай 67 сола буд. Вай аз 5 солагиаш дар он ҷо моҳигирӣ мекард. Ин махлуқи дарозиаш 40-50 фут (12-15 м) қаиқи онҳоро 1-2 мил дунболагирӣ кардааст. Вай гуфт, ки ғафсии гарданаш ду фут ва дарозиаш 8-9 фут (2.5-3 м) аст, ва қутри чашмаш 9 дюйм (23 см) мебошад. Ӯ гуфт, ки онҳо дар масофаи 6 мил аз ҷануби Ҷазираи Кейп Собол буданд. Вай гуфт, ки бори дигар онро дидан намехоҳад. Вай ба ман ҳамин хел гуфт. Ин махлуқ дар пляжи Нюфаундленди Канада шино мекард. Баъзан вақт лӯндаҳои бузург ба соҳил шуста мешаванд. Баъзан вақт ин пӯсти наҳанг аст. Наҳанг мемурад, аксаран вақт онро мехӯранд, лекин қабати чарбуи он ба соҳил шуста мешавад. Баъзан вақт ин Наҳанги Гармшудаистода. Ин махлуқ ба Паркер Ков, Канада шуста шуд. Ман бо одамони зиёд, ки онро дидаанд, сӯҳбат кардам. Бисёр одамон рафта, онро таҳлил карданд. Ман бовар намекунам, ки онро ягон вақт аниқ муайян кардаанд, ки он кӣ аст. Шояд он наҳанги гармшудаистода аст, ҳеҷ кас аниқ намедонад, лекин он аллакай нест. Одамон қисмҳои онро ҷудо кардаанд. Ҳайвони аррапушт аз ҳамаи дигар намудҳо ба аррапушти наҳанг монанд аст. Аммо ин хеле аҷоиб, ки чунин махлуқ ба монанди ин ба пляж шуста шуд. Мо китобро бо номи "Аъҷуба! Аъҷуба!" мефурӯшем ... он дар бораи аъҷубаҳои Амрикои Шимолӣ ва морҳои баҳрӣ мебошад. Ва дар ин ҷо китоби хуб ҳаст, ки муалифи он Лаурен Колеман аст. Вай Крипто зоолог аст, ва инчунин тарафтори таҳаввулот мебошад. Дар давоми се соат ман аз Жак Бойсверт интервю гирифтам. Ӯ мушоҳидаҳои махлуқро аз Кӯли Мемфремагог, ки байни Вермонт ва Квебек, Канада ҳаст, ҷамъ мекунад . Садҳо одамон тасдиқ мекунанд, ки дар Кӯли Мемфремагог чизеро дидаанд. Махлуқот инчунин дар Дарёи Потомак пай бурда шуд. Китоб дар бораи Мори Бузурги Баҳрии Англияи Нав мавҷуд аст. Ҷазираи Конектикут ва Род Айленд ҳаст, ки Ҷазираи Блок ном гирифтааст. Одамони зиёд тасдиқ мекунанд, ки дар он ҷой махлуқоти шинокардаистодаро дидаанд. Онро "Аъҷубаи Блок Несс" номидаанд. Яктои он дар соли 1996 ба соҳил шуста шуда буд. Дигараш бошад дар соли 2004. Ман ягон маротиба нагуфтаам, ки онро медонам. Ман аз бисёр одамон дар бораи ин чизҳо мепурсам. Шояд Кӯли Эрӣ якеашро дорад. Онҳо мегӯянд, ки "Эрӣ ба Нессӣ монандӣ дорад". Ба монанди он дигар махлуқе набуд. Онҳо боварӣ надоранд, ки он қалбакӣ аст. Шӯъбаи тандурустӣ гуфтанд, ки "Барои мо фарқ надорад, ки он бӯи бад дорад, мо онро аз ин ҷо нест мекунем." Онҳо бо динамит онро тарконданд. Дар соли 1925-ум ин махлуқ ба соҳил шуста шуда буд. Калла ва гардани он ба тарафи рост фаромада истодааст. Танҳо дарозии гардани он 20 фут (6 м) буд. Ҳамаи он касоне, ки онро тафтиш карданд, гуфтанд, ки он Плезиозаур аст - гардани он 20 фут (6 м) аст! Як бедин ба ман мактуб навишта гуфт, "Ховинд шумо то ҳамон дараҷа беақл ҳастед, ки намедонед, ки он наҳанг аст?" Ман гуфтам, "Гардани наҳанг аниқ дар куҷост?" Он бояд байни калла ва қанотҳо бошад. Ӯ гуфт, "Ин шакли камёби Наҳанги Барди Хамида аст". Он хеле камёб буда, дарозии гарданаш 20 фут (6 м) аст. Одамоне ки онро диданд, гуфтанд, ки ин Плезиозаур аст. Барои чӣ ба ин бовар кардан он қадар мушкил аст? Медонед барои чӣ одамон ба чунин таъбирҳо муқобилат мекунанд? Он мухолифи назарияи таҳавуллоти8ман ҳам буд. Аз ҳамин сабаб ин назария ба онҳо маъқул аст. Мо дар бораи далелҳои Крипто зоология рӯзи дароз сухан ронда метавонем. Ман онро дар давоми солҳои дароз омӯхтам. Ман аз садҳо одамоне, ки аз гуфташон динозаври зиндаро дидаанд, интервю гирифтам. Дар соли 1969 дар Ню Йорк полисияи Харбор калонтар аз наҳанг чизеро таъқиб кардаанд. Онҳо ҳеҷ вақт онро дастгир карда натавонистанд. Шояд он Зеуглодон ё ин ки Базилозаурус буд. Ман намедонам. Аммо дар бораи Аъҷубаи Вайт Ривер, ки дар Ню Порт, Арканзас буд, то соли 1973 хеле бисёр хабар медоданд. Эҳтимол он нест шудааст. Дар Арканзас Сенат қарор қабул кард. Ин қонун дар бораи он мегӯяд, ки куштан, азоб додан ва помол кардни Аъҷубаи Вайт Ривер ғайриқонунӣ аст. Аз лаби соҳили Юнипери Флорида, чизе ба динозавр монанд намоён шуд, ки ... дар он уқёнус шино мекард. Шумо ин мақолаҳоро худатон хонда метавонед. Материалҳои зиёдро оиди он дар Веб сайти ман www.drdino.com хонда метавонед. Байни Ню Йорк ва Вермонт Кӯли Чемплейн мавҷуд аст. Бисёр одамон тасдиқ карданд, ки дар он ҷой Аъҷубаи Кӯли Чемплейнро дидаанд. Ман аз Сэндӣ, ки ин аксро гирифтааст, пурсидам. "Сэндӣ, ба фикратон шумо динозаврро дидаед?" Вай гуфт "Ҳа, ман медонам, ки динозаврро дидаам." Вай ҳамроҳи шавҳару ду кӯдакаш дар давоми даҳ дақиқа онро мушоҳида кардааст. 58 нафар одамони Этан Аллен фикр мекунанд, ки дар кӯл махлуқро дидаанд. Ман намедонам, мумкин аст ки онҳо аз ҳад зиёд Твикс хӯрдаанд. Капитани қаиқи соли 1998 гуфт, "Агар шумо фикр кунед, ки ман моҳиро дидаам, он гоҳ вазни он аз 3000 то 5000 фунт (1300-2300 кг) буд." Библия дар бораи аждаҳои обӣ нақл мекунад. Дар Ишаъё 27:1 гуфта шудааст, "Ва он тимсоҳро, ки дар баҳр аст, хоҳад кушт." Дар Пенсакола дар он ҷое ки ман зиндагӣ мекунам 5 нафар наврасон дар соли 1962 ба саёҳати зериобӣ рафтанд. Дар ин саёҳат як кас зинда монд. Ва ӯ инро баён кард. Онҳо ба назди киштии ғарқшудаи Харбори Пенсакола, ки Массачусетс ном дошт, рафтанд. Ман амади қувваҳои ҳавоӣ будем, ки ба тарафи киштии ғарқшуда, ки аз соҳил якчанд мил воқеъ буд, равона мешудем. Дар ними роҳ тӯфон сар шуд ва моро ба баҳр баровард. ... Вақте ки тӯфон хомӯш шуд, мо ба тумани ғализ афтодем. ... Мо ғавғои аҷибӣ ба шалаппасзании кӯрмуши обӣ монандро шунидем. Ва бӯи бади моҳии мурда меомад. Он ғалоғулӣ ба амад наздик мешуд ва ман садои фашшоси баландро шунидам. Дар туман мо чизеро дидем, ки ба ходаи дарози даҳ фута (3 м) монанд буд. Он аз даруни об баромада истода буд. Нӯги он ба сохти бехпиёз монанд буд. Мобайни он хам шуда, ба дарун даромада буд. Вақте ки он ба амад наздик мешуд, онро хубтар дидан мумкин буд. Чизе аз даруни туман хомӯширо вайрон кард. Он ба овози баланди нолиш монанд буд. Мо ба даҳшат афтодем. Мо ҳама панҷ нафар олати шиноро пӯшида, худамонро ба об партофтем. Дар як ҷой бошед ва аз киштӣ дур наравед!" Ман фиғон кашидам. Баъд аз он ки мо ба даруни об даромадем, чизе аз миёни туман пайдо шуд. Ва дар қафои худ ман доду вои паи ҳами рафиқони худро мешунидам. Ман дурустар нигоҳ карда дидам, ки чӣ хел охирин дӯсти ман зери об рафта истодааст ... Дарозии гардани он тақрибан 12 фут буда, нигоҳи мулоими ҷигарранги сабз дошт. Каллааш ба сангпушти баҳрӣ монанд буд, лекин каме дарозтар аз он. Чашмонаш сабз ва гавҳараки чашмаш тухмшакл буданд. Пеш аз он ки ман фиғони вайро шунидам, ман намедонам, ки дарозии он чӣ қадар буд. Баъд аз он ман шунидам, ки Уоррен фарёд :Аз каллааш сар карда то думаш теғаҳо ба секунҷаҳои хеле зебо монанд буданд. "Бред, Уоррен! Ҳе, дар куҷо ҳама?" Ман аз тамоми қувватам фарёд задам. Акнун Ларри ҳамроҳи ман ва Эрик шино мекард. Уоррен ва Бред аз назар ғоиб шуданд. Аз пеши Эрик симои ба симчӯби телефон монанд обро ҷудо кард, Ман гардани дарози он ва ду чашми майдаашро дидам. Даҳонаш кушода буд ва ӯ хам мешуд. Вай аз боло Эрикро қапида, ӯро ба таги об кашола кард. Ман дода зада, тез аз пеши киштӣ шино кардам, тамоми даруни ман беист меларзид. Вай ангораи онро ки дӯсташро куштааст, тасвир кард. Ӯ гуфт, ман ба қуллаи киштӣ баромада, қариб ки тамоми шаб дар он ҷой истодам. Субҳи дигар ман ба соҳил шино кардам ва баъд маро гурӯҳи наҷотдиҳанда пайдо кард. Ин ангораи Брайан Макклирӣ мебошад, ки дар он вай махлуқеро, ки чор рафиқи онро хӯрдааст, тасвир кардааст. Як вақт ман дар Форт Уолтон Бич, Флорида баромад кардам. Валерий Билл ба назди ман омада гуфт, "Ҷаноби Ховинд писарандари ман Ларри Билл яке аз он чор наврасон буд. Он воқеаро, ки шумо нақл кардед, дуруст аст. Маҷаллаи Ахборотии Пенсакола баъд аз он ки онҳо аз вай интервю гирифтанд, гуфтанд, "Ин шаҳри пляж мебошад; одамон барои шино кардан ба он ҷо мераванд. ... мо намегӯем, ки дӯстони шуморо динозавр хӯрдааст. Мо хабар медиҳем, ки онҳо ғарқ шудаанд. Ҳамин тариқ Рӯзнома хабар дод, ки "чор наврасон ғарқ шуданд." Дар Панама Сити, Флорида монанди ин воқеа рӯй додааст. Директори ҷавонони Калисои Лютеранӣ ба ман нақл кард, ки тамоми гурӯҳи ҷавонон дар автомобили боркаш сафар мекарданд. Ва онҳо чизеро диданд, ки он ба махлуқи дар Гавани Панама Сити буда, монанд буд. Дар бораи динозаврҳои зинда бисёр маълумот аст. Шояд Птеродактилзҳои зинда ҳоло ҳам ҳастанд. Агар шумо ба Конго равед, истиқоматкунандагони он ҷой ин ҳайвонотро "Конгомато" меноманд. Дар Кения бошад, онро "Батамзинга" меноманд. Стив Ромонд пеш дар Дастаи Давандаи Олимпии Кения иштирок мекард. Вай ба ман занг зада гуфт, ки баъд он ба мактаби :26 Ман на он қадар ба вай наздик будам, к8:47:00:68 Вай гуфт, "Ҷаноби Ховинд, ман он махлуқотҳоро дидаам. Онҳо дар деҳаи ман дар Кения ҳастанд." Хӯроки дӯстдоштаи онҳо ин ҷисми вайроншудаистодаи одам мебошад. Онҳо қабрҳоро кофта, ҷисмҳоро мехӯранд. Бисёр одамон дар бораи Конгамато (ё "Батамзинга") нақл мекунанд. Мо дар бораи динозаврҳои зинда соатҳои дуру дароз гап зада метавонем. Дар бораи мавҷудияти Птеродактилҳо бисёр маълумот ҳаст. Ба ман ҳама вақт одамон занг мезананд, ки Птеродактилро дидаанд. Онҳоро дар Папуа, Гвинеяи Нав, дар Индонезия, дар Венесуэлла мушоҳида кардаанд. Афсӯс, ки мо дар бораи ҳамаи мушоҳидаҳои Птеродактил гап зада наметавонем. Дейв Вейтсел ба он ҷой рафта, гуфт, ки истиқоматкунандагони он ҷой то ҳол ҳам дар бораи "Ропин"-и парвозкунанда гап мезананд. Он дар торикии шаби Папуа, Гвинеяи Нав медурахшад. Вай дар худи ҳамон ҷазира зиндагӣ мекунад. Шумо мегӯед, "Маъно дар чист?" Шумо мегӯед, "Бародар Ховинд ин ба кӣ лозим аст?" Ман фикр мекунам, ки динозаврҳо ҳоло ҳам зиндагӣ мекунанд. Ва ман фикр мекунам, ки дар бораи динозаврҳо ба мо дурӯғ гуфтаанд. Ба фикрам ҳозир онҳо на он қадар бисёранд, ва шояд онҳо барои зисти умумӣ мондаанд. Ба изтироб омада, нагӯед, ки "Акнун моро динозавр мехӯрад." Не, ин хел нест, ман боварӣ дорам, ки ин шаб шумо аниқтар мефаҳмед. Ҳиндуиҳо достонро доранд, ки он Тандербёрд" ном дорад. Онҳо гуфтанд, ки паррандаи азими дурахшидаро дидаанд, ки он маҷрӯҳ кардашуда буд. Вақте ки онҳо баъд аз се рӯз онро ёфтанд, онҳо танҳо устухонҳои тозаро ҷамъ карданд. Аммо онҳо гуфтанд, ки дарозии болаш 20 фут (7 м) буда, устухони охири каллааш каҷукилеб аст. Чӯбдастҳои Ҳиндуии дуохонӣ то имрӯз дар болояш каллаи Птеродактилро дорад. Генри Форд, ки Уқобро ба чароғи ақиби мошин ҷойгир кардааст, Тандербёрд буд. Он бояд Птеродактил бошад. Генри шумо онро гирифта бурдед. Тадқиқотчии фаронсагӣ Жак Маркетт ва Джолиет дар шаҳри Сант Луизи ҳозира қарор гирифтанд. Онҳо гуфтанд, ки расми паррандаи азими маслукро дар болои кӯҳпора дидаанд, ки дар дигар тарафи Элтон, Иллинойс тасвир шуда буд. Ҳиндуиҳо гуфтанд, ки он паррандаи Пиаса буд. Як сол пеш пешвои бузург онро куштааст. Онҳо солҳои дароз дар он ҷой расм мекашиданд. Дар охир онҳо лавҳаи бузурги ёдгории металлиро гузоштанд. Барои миқёс ман ҳам дар он ҷой будам; баъдтар аз тарси он ки вай меафтад, онҳо аз он ҷой онро бардоштанд. Ман ният дорам, ки онҳо лавҳаи ёдгории Пиасаро чапа ба ҷояш бармегардонанд. Агар шумо ба Алтони Иллинойс равед, шумо калимаи Пиасаро мебинед: Шоҳдухтари Сафарномаи Пиаса, ва ғайра ... дар он ҷой он хеле машҳур аст. Як вақтҳо чунин паррандаи Пиаса мавҷуд буд. Одамон мегӯянд, "Бародар Ховинд, барои чӣ шумо дар бораи динозаврҳо нақл мекунед?" Хуб, аз як тараф Шайтон ба одамон башорати худро таълим додан мехоҳад. Вақте расидааст, ки Масеҳиён бархоста, мудофиа кунанд. Масеҳиён намедонанд, ки динозаврҳо дар куҷо тасвир карда шудаанд. Онҳо барои башоратдиҳӣ асбоби бузург мебошанд. Вақте ки шумо динозаврҳоро мегиред, кӯдакон дар атрофи шумо беҳад хурсанд мешаванд. "Вай нахустини корҳои Худост." хуб он гоҳ ҷалол бояд ба Худо бошад. Библия инчунин дар бораи Левиафан нақл мекунад. Ин дигар воқеаи дуру дароз аст, мо бори дигар дар бораи Левиафан нақл мекунем. Асосан, Худо ҳама чиро дар давоми шаш рӯз офарид. Динозаврҳо бо одамон зиндагӣ мекарданд, одамон онҳоро мекуштанд. Шояд ягонтои он то ҳол зинда аст, ва Масеҳиён набояд оиди динозаврҳо ноором бошанд. Ва мо бояд онҳоро барои ҷалоли Худо истифода барем. Дар қисми оянда мо дар бораи он нақл мекунем. (Поёни Семинари 3 б) Ибтидои Семинари 3 в - Доктор Кент Ховинд - Тоҷикӣ - Tарҷума шудааст (START of Sem#3c; Tajik) --Саволу ҷавоб бо одамоне, ки динозаврҳои зиндаро дидаанд.-- Салом, ман Кент Ховинд ҳастам. Ман ҳамроҳи Сенди Менсӣ ин ҷо дар "Ҷустуҷӯи Қадима" дар Винчестер, Ню Хемпшир нишастаам. Бори дигар аз дидани шумо хурсандам. Ман шуморо дар соли 1992 дида будам; ва Сенди яке аз онҳое, ки Чемпро дидааст. Расми он дар муқоваи китоби Ҷозеф В. Зарзинский тасвир шудааст. Каме дар бораи он ба мо нақл кунед, ки кай ин рӯй додааст ва дар куҷо шумо будед. Ман дар тарафи Вермонт дар Кӯли Чемплен ... ҳамроҳи домодшавандаи худ (ҳозир бошад шавҳарам) ва кӯдакони худ будам. Мо кӯлро муоина мекардем. Мо дар ҳамон минтақа калон шудем. Ва мо акнун кӯлро муоина мекардем. Мо дар он ҷой нишаста, аз хомӯшию оромӣ лаззат мебурдем. Шавҳари ман барои камераро гирифтан ба назди мошин рафт. Дар он вақте ки вай рафт, кӯл ноором шуд. Ман ба кӯл нигоҳ карда, фикр кардам, ки шояд ин селаи моҳӣ аст; шояд агвалангчӣ ё ин ки ягон чӣ, Ва баъд нохост аз даруни об каллаю гардан баромад. Калла, гардан ва пушти он қарс-қарс мекард ва ман фаҳмидам, ки ин моҳӣ нест. Ман шунидам, ки касе ба шумо гуфтааст, ки онҳо фикр карданд, ки он мурғобӣ буд. Хӯш, шояд он мурғобии ду ҳазор фунта буд! Агар шумо дар калисо мебудед, шумо омада баромади маро дар Дублин, Ню Хемпшир гӯш мекардед. Дар рӯи миз тамоми динозаврҳои ман гузошта шуда буданд, шумо якбора аз байни онҳо Чемпро интихоб мекардед. Аммо шумо мегуфтед, ки он каме аз он фарқ мекунад. Ҳа, гардани он махлуқе, ки ман дидам, на он қадар дароз буд. Шакли каллаш ба каллаи асп монанд буд. Гарданаш на он қадар дароз буд. Усухонҳои ду ё ин ки се намуди динозаврҳои шинокунандаро пайдо карданд. Кронозаур, ки гардани азимро дорад; Плезиозаур, ки шумо дошта истодаед; ... баъд Элазмозаур, ки гардани кӯтоҳ дошта, каллааш дар кунҷи рости баданаш ҷойгир аст. Ва он тамоман бо баданаш мутаносиб нест. Шояд дигар чизҳои ошкор нашуда ҳоло ҳам ҳаст. Мо ин тасвирро ба воситаи камера дида, бештар маълумот гирифта метавонем. Ман фикр мекунам, ки гардани он кӯтоҳ аст, ё ин ки гардани он пурра аз даруни об набаромадааст. Хуб, ин дар соли 1977-ум буд. Чӣ қадар одамонро шумо медонед ё ин ки ба шумо гуфтаанд, ки онҳо низ онро дидаанд? Шояд ман тақрибан бо шаш нафар одамони гуногун, ки онро дидаанд, сӯҳбат кардам. Ва ҳамаи он маълумотҳо хеле ба якдигар монанданд. Барои ҳамин ҳамаи мо девона нестем. Ҳамаи мо дар бораи чизе гуфта наметавонем, ки агар онро надида бошем; аммо ҳамаи он маълумотҳо хеле монанданд. Шакли калла ва гардани он, ҳаҷми калони онҳо. Чанд вақт шумо онро мушоҳида кардед? Аз вақти беқарорӣ то он вақте ки он чапа ба дарунӣ об пинҳон шуд, шояд ҳашт дақиқа гузаштааст. Аз ҳашт то даҳ дақиқа. Як сол пеш вақте ки мо дар бораи он бо шумо сӯҳбат карда будем, ... шумо гуфтед, ки вақте ки он бори аввал аз об баромад, вай ба ҳама тараф, ба гирду атроф нигоҳ карда буд. Вақте ки он аз даруни об баромад, вай ҳамин тавр ба тарафи ман нигоҳ кард. Вай ба гирду атроф нигоҳ мекард, вақте ки ман тез як тирро паррондам, вай безобита шуд. Вай ба ҳаракат даромада, каллаашро гардонда ба қафо нигоҳ кард. Вақте ки ман тез тирро паррондам, вай гашта, зери об фурӯ рафт. Вай оҳиста ба поён ғарқ шуда, баъдан каллаи худро зери об даровард. Баъд аз он ки вай пурра каллаашро зери об даровард, ман шунидам, ки киштӣ наздик шуда истодааст. Ман овози киштиро шунидам. Аммо ман худи киштиро намедидам, танҳо овози омадаистодагии онро мешунидам. Ман фаҳмидам, ки киштӣ пеш аз он ки ман овози онро шунидаам, аллакай омадааст. Бисёр одамоне, ки ман аз онҳо интервю гирифтам, ба монанди истиқоматкунандагони Африқо тасдиқ мекунанд, ки ... динозаврҳо дар Африқо шунавоии хеле ҳассос доранд. Онҳо наздикшавии шуморо шунида, зери об ғӯта мезананд. Дар он ҷойҳо ман ҷӯраҳои мубаллиғро дорам, ки мегӯянд, ки дар ботлоқи он ҷой динозаврҳо мавҷуданд. Комилан, ман ба ин боварӣ дорам. Худо яктои онро офарида, бисёрии онро ба вуҷуд овард. Ин офариниш аст. Ин на он чизест, ки аз рихинак пайдо мешавад. Ӯ якеро офарид, ва Ӯ бисёриро офарид. Тасвири шумо ҳам дар ҷилди китоби Ҷозеф ва инчунин дар дигар саҳифаҳои он ҷойгир карда шудааст. Он дар маҷаллаи Тайм дар соли 1981 чоп шуда шуда буд. Ҳафтаи гузашта шумо аз телевизион барномаи "Асрори Ҳалнашаванда"-ро дидед? Онҳо се маротиба онро нишон доданд. Бори аввал ин дар моҳи Сентябри соли 1992 буд. Ба қарибӣ тақрибан як ҳафта пеш боз онро нишон доданд. Аз ҳамин сабаб шумо ҳозир ситораи кино ҳастед. Не. Баъзе касон дар бораи Таҳаввулот таълим дода, мегӯянд, ки он факти исботшуда аст. Ва динозаврҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ мекарданд. Азбаски шумо медонед, ки ман тамоман дигар хел фикр мекунам, ва муаллими илм шуда, 15 сол таълим додаам, ман ақидаи сахт дорам, ки якчанд динозаврҳо то имрӯз зинда ҳастанд, ва ба замин миллионҳо сол нашудааст. Оё ҳамаи он чизҳое, кӣ шумо дидед, хубтар мавҷудияти баъзе намудҳои динозаврҳоро тасвир намекунад? Масканӣ обии онҳоро? Ман динозаврро дидам. Шумо ҳис кардед, ки динозаврро дидед, а? Ман медонам, ки дидам. Ман медонам, ки динозаврро дидаам. Медонед. Ман динозаврро дидаам. Дар майнаи баъзе одамон савол пайдо мешавад, ки барои чӣ шумо танҳо якто расм гирифтед? Зеро ки ман ҳеҷ чизро аз назар гум кардан намехостам. Ва барои он ки шумо онро мушоҳида мекардед? Ман онро нигоҳ карда, банд будам. Ман камераро овардам. Ман як расмро гирифта, онро ба ҷояш гузоштам. Ман ҳеҷ чизро аз даст додан намехостам. Ман тамоман дар ҳаяҷон будам. Рост. Аз он чӣ кӣ рӯй медод, ман дар ҳаяҷон будам, ва ман ҳатто намедонам, ки барои чӣ ман танҳо яктои онро гирифтам. Ин танҳо савқи табии буд; шавҳарам ба ман камераро дод. Баъд аз он вай камераро гирифта, кӯдаконро расм гирифт. Ин пеш аз пайдо шудани чизе буд. Шавҳарам ҳатто намедонист, ки то баргаштани он чӣ рӯй дод. Ва ӯ ба ман камераро дода, мехост ки барои ба соҳил баргаштан ба ман ёрӣ диҳад. Ман ларзида, ба зонуи худ нишастам, ва камераро боло бардоштам. Ман як дона сурат гирифта, чапа онро ба ҷояш гузоштам. … Ман афтидан мехостам. Шояд шумо бисто сурат мегирифтед. Рост. Комилан. Лекин ман онро мушоҳида кардан мехостам. … Ва ақли ман кӯшиш карда, онро такмил додан мехост ... Ман фикр мекардам, ки - ин чӣ бошад? Вақте ки шумо худатон инро такмил додан мехоҳед, ба мушкилӣ дучор мешавед. Шумо дар ҳаяҷон меистед. Хуб, хеле хуб. Боз ягон чӣ ҳаст? Чӣ гуна ба шумо саволҳои махсус додаанд? Бисёр одамоне, ки аз шумо интервю мегиранд, тарафдорони Таҳаввулот мебошанд, ҳамин тавр не? Ҳа. Дар бораи ин чӣ фикр мекунед? Ин ба шумо маъқул нест. Ман 100% бо шумо розӣ ҳастам. Ташаккури зиёд, ки шумо ба ман имконият додед, ки сурати шуморо нишон диҳам. Ман онро дар яке аз плакатҳои худ ҷойгир кардам. Зебо. Ман аз ҳар гуна одамон суратҳои хеле зиёд дорам. Мақсади ман дар он аст, ки имони одамонро ба Библия қавитар кунам. Библия ин Каломи Худост. Сурати Сендӣ ҳаст. Шуморо дар бисёр барномаҳо, маҷаллаҳо нишон додаанд . Чанд сол шумо дар Винчестер зиндагӣ кардед? Бист сол. Бист сол, ҳамин тариқ шумо Чемпро сурат гирифта, нияти машҳур шудан надоштед? Не, дар асл ман дар бораи ин эълон кардан намехостам; ман ду сол инро махфӣ нигоҳ доштам. Баъд ман гуфтам, ки онро дар олами илмӣ нигоҳ доранд. Баъд аз тарафи Воситаҳои Ахбороти Умумӣ маро маҷбур карданд, ки дар бораи он эълон кунам. Онҳо ба ман занг мезаданд. Онҳо дар ҳақиқат маҷбур карданд - агар ман онро дида бошам, ман бояд дар бораи он нақл мекардам. Аз ҳамин сабаб ман бояд ҳуқуқи муаллифиро мегузоштам, ва акнун каме онро назорат карда, муҳофизат доштам. Барои ба тартиб дароварда, истифода бурдани он, онҳо бояд иҷозати маро мегирифтанд. Ин оқилона буд, рафти хуб. Акнун одамон аз ман мепурсанд, "Агар ин махлуқотҳо зиёд бошанд, барои чӣ мо бештар расмҳои онҳоро надорем?" Ман ба онҳо савол додам, "Шумо ягон маротиба фалокати автомобилиро дидаед?" Онҳо гуфтанд, "Ҳа, албатта." Ман гуфтам, "Ба ман якеи онро нақл кунед." Шумо ҳеҷ вақт тасвири фалокати автомобилиро дар вақти рӯй додани он намебинед, ба ҳар ҳол ҳазорҳо фалокатҳои автомобилӣ рӯй медиҳанд. Ин як лаҳза, якчанд сония давом медиҳад, ва шумо дар бораи сурат гирифтани он фикр ҳам намекунед, хеле дер аст. Хуб, мумкин аст ки шумо маро хабардор мекунед. Ва ба ман ҳар гуна хабарро мерасонед, азбаски одамон ба назди шумо ҳама вақт омада мегӯянд, ки "Ман инро дидаам." Ҳа. Ман ин маълумотро нигоҳ медорам. Ба ман рӯйхатро фиристед. Пурра. (Сӯҳбати Доктор Ховинд бо Сенди Менсӣ давом дорад.) Ана дар девори ин ҷой сурати Чемп ҳаст. Дар бораи ҷентлмени кӯҳансол, ки омада онро дидааст, ба онҳо нақл кунед. Ман дар назди пештахта меистодам. Ҷентлмени солхӯрда даромад. Вай бо диққат ба расм назар андохта, аз ман пурсид, ин дар куҷо буд? Ман ба вай гуфтам, ки ин "Чемп"-и кӯли Чемплейн мебошад. Ӯ давом дода гуфт, ки дар бораи ин ҳеҷ вақт ба ягон кас нагуфтааст, вай аз ҳаштод гузашта буд. Вай гуфт, ки ҳаштоду нӯҳ ё ҳаштоду ҳафт сола ҳаст. Вай ба ман нақл кард, ки дар айёми ҷавонӣ вай ҳамроҳи бобояш барои моҳигирӣ ба Кӯли Чемплен рафта буд. Дар он минтақа он аз халиҷи Булвага ба вуқӯъ омадааст. Баъд он ба кӯл гузаштааст? Ҳа, он ба кӯл табдил ёфтааст. Вақте ки вай ҳамроҳи бобояш моҳӣ меқапид - ногоҳ аъҷубаи бузург аз даруни об баромад Ва бобои вай гуфт, ки ин Чемп аст ва ӯ набояд дар бораи он ба касе гӯяд. Одамон ханда карда, мегӯянд, ки онҳо девона ҳастанд. Аз ҳамон вақт то имрӯз вай ба ҳеҷ кас дар бораи он нақл накарда буд. Ман аввалин шахсе будам, ки вай инро нақл кардааст. Вай ба ман гуфт, "Ман девона набудам ва бобои ман ҳам девона набуд, мо динозаври нафас кашидаистодаи зиндаро дидем." Ман гуфтам, Ҳаллелуё. Ҳа. Бисёртар шаҳодат диҳед. Комилан. Акнун дигар одамоне, ки онро дидаанд, омада ба шумо мегӯянд...? Ҳа, ман инро бисёр қадр мекунам, зеро ки ин барои ман нишона аст, ки ман девона нестам. Ман инро пешакӣ тайёр накардаам. Ин аст он чизе ки ман дидаам, ва ин аст он чизе ки онҳо дидаанд. Ва ҳамаи мо чизеро дидем, шояд ягон вақт кӯл сирри худро ошкор мекунад; биёед онро намекушем. Накушед онро, не. Ташаккури зиёд ба шумо, шумо дар ин ҷой муштарӣ доред, мо иҷозат медиҳем, ки шумо равед. (Видеои ояндаро Ли Смит тайёр кардааст. Касе ки аз тарафи Ню Йорк, кӯли Чемплейнро мушоҳида кардааст.) ... фосила ... (видео сар мешавад - аудиро пештар намонед) Ин наҳанг аст! Баъзе ҷойҳои он сафед аст! Вай аз даруни об баромада истодааст. Ҳе вай чапа баргашта истодааст. Вай чапа рафта истодааст. Падар, вай чапа ба он ҷой рафта истодааст. Биё аз дурбин онро мебинем. Оҳ? Биё аз дурбин онро мебинем. Оё дар ҳақиқат он наҳанг буд? Не, он наҳанг набуд. Чизе аз он ҷой ҳозир намоён шуд. Падар, ман онро дидам. Ҳа, вай ба зери об мерафт. Ба фикрам мо ҳозир "Чемп"-ро дидем. Чемп кист? Аъҷубаи баҳрии Кӯли Чемплейн. Аммо Клейтон он аллакай чапа рафт. Ман набояд вақти дуру дароз аз дурбин нигоҳ мекардам; Ман бояд камераро мегирифтам. Шояд он аз ҳамон роҳе, ки омад, боз бо ҳамон роҳ баргашт; вай ҳо аз он ҷой омад. Вақте ки киштии бодбондор гузашт, он дар қафои роҳнамои лангардор буд. Ман медонам. Ман аз дурбин онро мушоҳида мекардам. Ман фикр кардам, ки ин танҳо ғӯлачӯб аст. Аз роҳнамои лангардор сар карда, вай тамоми роҳ дар зери об шино мекард, баъд рост ба он ҷой рафт. (Поёни видеои Ли Смит; видеои илмӣ сар мешавад.) Ин калмари азим аз навъи Архитетис Дакс мебошад. Он 22-юми Ноябри соли 1979 ба наздикии соҳили Ҷазираи Брейнердз Конурс, Бон Виста Бей, Нюфаундленд омада расид. Ин зани ба балоғат нарасида аст. Зани хурдакак, аммо ин навъи Гейнт Скуид мебошад. Ман бовар мекунам, ки ҳаҷми калонтарини Калмари Азим тақрибан 150 футро (46 м) мерасад. Агар дарозии он 20 фут (6 м) бошад, он гоҳ дарозии умумии Калмари Азим қариб ки 8 маротиба зиёдтар аст. Ин Калмари бузург аст. (Навори гуногуни баёноти шоҳидон сабт карда шудааст, ки аъҷубаҳои баҳриро дидаанд.) Дар соли 1976, танҳо дар масофаи 30 мил (50 км) аз Пункти Лизард, дар Корнвол, ду моҳигир, ... Ҷорҷ Веникен ва Ҷон Кокс инчунин аъҷубаро вохӯрдаанд. Як вақт он дар масофаи 30 мил, аниқтараш аз 25 то 30 мил (45-50 км) аз мо пайдо шуд. Он чиро ки ман дидам, ба фикрам ба киштии чаппа шуда монанд буд. Мо ба он ҷой рафта, таҳқиқотро сар кардем. Вақте ки мо ба вай наздик шудем, мо дидем, ки он киштии чаппа шуда набуд. Он чизе буд, ки пеш дигарон онро дидаанд. Ранги он сиёҳтоб буд, дар пушташ чизи каҷукилеб дошт. Дарозиаш тақрибан аз 15 то 18 фут (4-5 м) буд. Қисми болои он ки аз баҳр намоён буд тақрибан 3 фут (1 м) буд. Он рӯз рӯзи ором буд; дар баҳр ягон хел нооромӣ набуд. Мо наздиктар шудем, ман аз тарафи думи киштӣ омадам, он аз даруни об мебаромад. Аз қисми қафои киштӣ вай тақрибан 3 фут (1 м) буд. Каллаи он аз об намоён буд! Дар давоми 40 сол дар баҳр буда, ман фикр мекунам, ки чунин чизро ҳеҷ вақт надидаам. Ва он оҳиста зери об ғарқ шуда, баъд нест шуд. Баъд дар бораи он сӯҳбат карда, мо ба хулосае омадем, ки он танҳо ба ҳайвони хеле қадим монанд аст. Мо барномаи хати кушодаро дорем. ... Тереза, шумо чӣ хел? . Ман хуб ҳастам, ташаккур. Мо имрӯз дар бораи Огопого сухан меронем. Бисёр одамони ин минтақа онро дидаанд. Ин ривоят солҳои дароз давом дорад, ва мо бо баъзе мумайизон дар бораи он гап мезанем. Ин аст Арлен Гул. Арлен оиди ин китоб навиштааст. Дуруст. Худи ҳозир мо ба хатҳои телефонӣ меравем. Хати ду, субҳатон ба хайр. Салом ҷаноби Палридж. Ҳа гап занед. Шумо дар бораи Огопого донистан мехоҳед. Ҳа, албатта. Хуб, ман такси доштам ва як мусофирро ба беморхона мебурдам. Ман ба поёни Кӯчаи Аббот мерафтам, ва ба он ҷой расида, ман ба кӯл нигоҳ карда истодам. Ман ба ҳайрат афтодам. Ман чизеро дидам, ки аз даруни об мебаромад. Он ба каллаи асп монанд буда, дар болояш шохҳо дошт. Вай хеле калон буд. Ба монанди мори бузург вай дар он ҷой меистод. Баъд аз қафои ман як рафиқ омада, пурсид "шумо ба чӣ нигоҳ мекунед?" Ман гуфтам, "Ман дар он ҷой Огопогоро мебинам." Вай гуфт, "Дар куҷо!? Дар куҷо?" "Дар он ҷой," ман гуфтам. Дари мошини ман кушода буд. Ман қадам гузошта, аз мошин баромадани будам, ки - он ба даруни об ғарқ шуд. Ӯ гуфт, "Ин корҳоя бинед, чӣ хел дар он ҷой мавҷҳои калон ҳастанд." Мо танҳо мавҷҳои калонро дида метавонистем, ки ба назди киштӣ мефаромаданд. Ва онҳо нест шуданд. Баъд ман безобита шудам. Ман ба мошин нишастам. Ман ба Виллоув Инн равона шуда, ба одамон нақл кардам. Онҳо таоми субҳро мехӯрданд. "Худи ҳозир ман Огопогоро дидам!" Онҳо гуфтанд, "Шумо маст будед?" Хати чор, илтимос, гап занед. Салом Ҷон. Шумо чӣ хел? Бад не. Хуб. Шумо номи худатонро мегӯед? Не, намегӯям. Хуб. Ман Огопогои Кларсенро чор сол пеш дидам. Шумо дар эфир номи худро гуфтан намехоҳед. Не, намехоҳам. Зоҳиран, шумо аллакай ба баъзе одамон нақл кардаед. Ҳа. Шумо метарсед, ки онҳо дар бораи шумо фикр мекунанд, ки шумо каме девона ҳастед? Баъдтар ман якчанд зангҳои телефонии аҷиб доштам. Онҳо ба ман ҳар рӯз занг мезананд, ҳамин тавр онҳо бо ман рафтор мекунанд. Хуб, ман аз онҳо қасос гирифтан намехоҳам; ман дар ҳақиқат намехоҳам, раҳмат. Мо дар пляж истироҳат мекардем. Вақте ки ман ин "махлуқро" дар назди соҳил дидам, духтарчаи ман дар арғунчак буд. Вақте ки ман ба гирду атроф нигоҳ карда, ба вай боз нигоҳ кардам, ман фаҳмидам, ки ин Огопогои фавқулодда буд, ман танҳо ошуфта шудам Ман кӯдакро қапида, ба пляж давидам. Ман тахмин мекунам, ки якчанд маротиба фарёд кардам "Вай ҳамон аст!" Вай бо овози баланд фарёд мекард. Ман ба ин бовар намекардам; симои он сурх буд. Вай моҳиро меқапид, ё ин ки ягон кори дигар мекард, ман намедонам. Он вақти дуру дароз дар он ҷой буд, баъд рост шуд. Ва вай ба назди он ходаҳо равона шуд. Вақте ки он мерафт, се теппа намоён буданд. Ва онҳо аз сари як хода то дигараш кашол ёфта буданд; дар ин масофа се теппа кашол ёфта буданд. Вай танҳо аз назди пляж равона шуда, то он кунҷ рафт. Баъд вай тоб хӯрда, рост аз кӯл гузашта рафт. Хуб, мо худи ҳозир зангҳои телефониро бояд қатъ кунем. Ва ба шумо касеро, ки дар бораи Водии Оканаган хуб медонад, пешниҳод мекунем. Арлин Гаал; Арлин дар бораи Огопого китоб навиштааст. Субҳ ба хайр, Арлин. Субҳ ба хайр Ҷон. Субҳ ба хайр Тереза. Субҳ ба хайр. Чӣ қадар мушоҳидаҳоро шумо қайд кардед? Ҳақиқатан садҳо. Якум мушоҳида кай қайд карда шудааст? Аз ҳама мушоҳидаи аввалин дар соли 1852 қайд карда шудааст. Аввалин мушоҳида дар соли 1852 қайд карда шуда буд, ва охирин дар соли 1980. Ин маънои онро дорад, ки зиёда аз як Огопого ҳаст? Яқинан зиёда аз як Огопого ҳаст. Як филм таҳия карда шуда буд, ба фикрам дар соли 1968. Вақте ки шумо рост дар пеши чашми худ онро мебинед, бовар накардан мушкил аст. Дар ин субҳ ба мо дар бораи он филм нақл кунед. Филми Фолден дар соли 1968-ум бо Арт Фолден таҳия шуда буд. Вай аз сафар ба хонаи худ ба Чес бармегашт. Вақте ки вай ба минтақаи шафтолузор наздик шуд, ӯ истода дар кӯл чизеро дид. Вай ба занаш гуфт, "Нигоҳ кун, ин Огопого аст." Занаш ба вай хандид. Вай рафта, махлуқро филм гирифт . Он чиро ки мо дар филм мебинем, объекти калони зинда мебошад, ки аз миёни об ҳаракат карда истодааст. Вай бо ҳар гуна суръат ва дар ҳар гуна вақт гоҳ пайдо мешавад, гоҳ ғарқ мешавад. Вақте ки он дар суръати баланд ҳаракат мекунаду аз қафояш паи бузургро мемонад, шумо онро беҳтар мушоҳида карда метавонед. Ва ин порчаи филм ба ман хеле маъқул аст, зеро ки шумо махлуқро мебинед ... вай тез обро тела дода, бо паи бузурги худ - таъсири мавҷи азимро ба вуҷуд меоварад. Ҳақиқат будани ин ҷавобгарии ман аст. Оё ягон мушоҳидаи ба наздикӣ рӯйдода ҳаст? Дар ин сол мо тақрибан ҳафт ҳашт мушоҳида доштем. Мо аз ҳама мушоҳидаи беҳтаринро дорем. Барои чӣ? Он бо оилаи Ригер рӯй додааст. Он рӯзи хеле хуб буд, об хеле ором буд. Ман ба пеш нигоҳ карда, истода будам, ва дидам, ки чӣ тавр мавҷи бузург ба ман наздик шуда истодааст. Дар он вақт ман ба ин аҳамият надодам, аммо он наздиктар шудан гирифт. Ва ман худ ба худ фикр кардам, аз куҷо мавҷҳо пайдо шуданд, агар дар ҳеҷ куҷо шамол ё ягон чӣ нест? Ҳамин тариқ ман писари худро фарёд карда, гуфтам, ки ба ин нигоҳ кунад. Бинед, шумо фикр мекардед, ки барои чӣ дар ин ҷой кӯл паст шуда истодааст. Ҳамин тариқ вай ба ин нигоҳ карда, гуфт "Ҳаа, ман намедонам." Ҳамроҳи мо набераи ман ҳам буд. Вай гуфт, "Ҳе, бобо, ин Огопого аст!" Он рост ба тарафи мо давида меомад, лекин мо киштиро ба як тараф гирифтем. Ҳамин тариқ мо қариб ки дар давоми 15-20 дақиқа ба як тараф киштиро мебурдем. Ман гуфта метавонам, ки дарозии аъҷуба тақрибан 14-16 фут (4-5 м) буд, ва он қисмаш, ки аз об баромада меистод тақрибан 3 фут буд. Дар пеши китфҳояш он кӯзи ҳақиқӣ дошт, ва дар қафояш наздикии думаш кӯзи дигар буд. Думи он тақрибан 30-40 (9-12 м) ё 50 фут буд, шумо охири онро дида наметавонистед. Думи он дар ҳақиқат дароз буд. Вай чор пой дошт. Ман гуфта метавонам, ки аъҷуба тақрибан 30 тон вазн дошт. Каллаи он дар пеш аз як тараф ба дигар тараф ҳаракат мекард. Ба назар чунин менамуд, ки вай моҳиро ё ин ки ягон хел хӯрокро ҷустуҷӯ карда истодааст. Вай миқдори зиёди обро ба ҳаракат меовард. Агар ман инро ҳеҷ вақт намедидам, ман ягон вақт ба ин бовар намекардам. Дар асл ман ягон қадар фикр ҳам намекунам, ки ба ман ягон кас бовар мекунад, ё ин ки не. Ман ҳайвонро дидам ва медонистам, ки он дар ҳамон ҷой ҳаст. Ман медонам, ки ин ҳайвон ҳачми азим дорад. Ин яке аз навъи "моҳии аъҷуба" буд, агар ҳамин тавр гуфтан мумкин бошад. Аммо дарозии он тақрибан 30-35 фут (9-11 м) буд. Каллаи он аз дарунӣ об баромада меистод, ва думи он ҳамчун қамчин буд. Ва мавҷҳо аз болояш мепошиданд. Ман ду дона сурати онро гирифтам. Шумо гуфтед, ки вай тақрибан ба ин монанд аст? Фарқияташ дар чист? Ба ин монанд, аммо ман дар паҳлӯи он қанотҳоро надида будам. Хуб. Агар он чиро ки ман дидам, моҳӣ бошад, ё ин ки ягон чӣ дигар бошад, онҳоро пурра дида намешавад. Шумо калла, гардан ё ин ки қисми болои онро дида метавонед. Ин Кент Ховинд аз Пенсаколаи Флорида аст. Ман дар Канада ҳастам, дар Барномаи Кӯчаи Хантлей 100. Якчанд сол пеш, ман фикр мекунам, ки ин дар соли 1994 буд, вақте ки ман дар ин барнома иштирок мекардам. Ман китоби Доктор Маскел "Динозаври Зинда"-ро овардам. Ва ман ҳамроҳи Кол ҳастам, ки дар назди ман нишастааст. Вай гуфт, "Вақте ки ман дар Африқо будам, ман ба монанди ин динозаврро дидам." Ман ин саҳифаро кушода будам, саҳифаи 256-и китоби Рой Маскел ва Колро, шумо гуфтед, "Ҳе, ман якеи онро дидаам!" Якчанд дақиқа шумо ба онҳо нақл карда метавонед, ки шумо чиро дидаед ва дар куҷо ҳозир кор мекунед. Ва агар онҳо бо ҳар гуна савол ба шумо фишор оваранд - танҳо он чиро ки дидаед, тасвир кунед. Ин аз ҳама воқеаи ҳайратангез дар ҳаёти ман буд. Ин дар соли 1963-юм рӯй дод. Ман ба воситаи роҳҳои кӯҳнаи Кения ба Найробӣ барои гирифтани мошин мерафтам. Ҳамин тариқ ман ин Шевролети кӯҳнаро гирифтам, ки барои роҳҳои он ҷой хеле калон буд, аз сабаби зарфи сӯрохшуда Ман оҳиста ҳаракат мекардам. Ин мамлакати сертеппа буд, ки дар назди ҷои Мухоронӣ буд. Он дар поёни Рифт Воллей воқеъ аст, аммо дар қисми сертеппаи Рифт Воллей. Ҳангоме ки мо ба болои теппа баромадем, оҳ, зани ман ҳамроҳам буд. Нохост дар пеши мо он пайдо шуд, вай хоб рафта буд - дарозиаш 7, 8, ё 9 фут (2-3 м) буд. Аввал ман фикр кардам, ки ин тимсоҳ аст. Баъд ман гуфтам, ки не ин тимсоҳ буда наметавонад. Ин қисми хушки мамлакат мебошад. Вақте ки ман ба вай нигоҳ мекардам, мо каме суст шудем. Дар ҳақиқат ман мошинро дошта, дар он ҷой нишастам, ва тақрибан 10 дақиқа онро мушоҳида кардам. Хангоме ки ман онро мушоҳида мекардам, ман дар бораи калимаи қадим фикр кардам ва он дар майнаи ман буд. Ман гуфтам, "Ин набояд ҳақиқӣ бошад." Ман ба вай монандро дар расмҳо дидаам, аммо камтар аз ин дигар буд. Ба ҳар ҳол, аз думаш сар карда то пушти каллааш, силсилаи теғаҳо мавҷуд буданд. Аз каллааш сар карда то думаш теғаҳо ба секунҷаҳои хеле зебо монанд буданд. Ва он дар поёни роҳ танҳо хоб мерафт. Ба назар чунин менамуд, ки вай дар зери офтоб гарм шуда хоб рафтааст. Ҳамин тариқ ман ба вай 10 дақиқа нигоҳ кардам. Ман ба худам ба ғазаб омадам, ки ҳамон рӯз ҳамроҳам камераи худро нагирифтам. Афсӯс, ки ман надоштам, лекин вай дар он ҷой буд, ман ягон маротиба пеш ё ин ки баъд аз он дигар чунин махлуқро надида будам. Ва ман аз одамон пурсида, ба музеи таърихи табии рафтам. Ман гуфтам, "Шумо дар табиати Кения ягон чизро мушоҳида карда, ё ин ки дида будед?" Ва онҳо гуфтанд, "Не имрӯз ягон чизи зинда ба монанди инҳо нест." Ман гуфтам, "Ман чизе дидам, ки ба ин монанд буд." Ва якчанд вақт ман бо онҳо хеле баҳсу мунозира кардам. Ва онҳо гуфтанд "Шояд ин хаёли тасаввуроти шумо аст." Хуб, ман ҳамроҳи занам инро дидам. Мо дар давоми якчанд сол аз чанд нафар мумайизон пурсида будем, ки ягон кас чунин махлуқро дидааст ё не. Ба ғайр аз ман ҳеҷ кас набуд. Аммо вай дар он тарафи роҳ хоб рафта буд. Тақрибан баъд аз даҳ дақиқа, вай хест, аммо қади он на он қадар баланд буд, ба монанди ин махлуқи тасвиршуда. Вай дар қисми хеле хушки мамлакат, дар ҷои сербутта сарсону саргардон мегашт. Ва он якбора боло парид, Марион ва ман ба якдигар ҳайрон шуда нигоҳ кардем, ки дар дунё ин чӣ гуна махлуқот бошад. Ранги он чӣ хел буд? Он ба монанди чанголуди хокистарранг буд. Шумо чашмони онро дидед? Ҳа, онҳо мижа мезаданд. Дар асл вай ба тарафи мо сарашро гардонда, ба мо нигоҳ мекард; ба назар чунин менамуд, ки вай аз мо наметарсад. Шумо ба талабагон гуфта метавонед, ки ғузаи чашми он новашакл ё ин ки доирашакл буд? Ман на он қадар ба вай наздик будам, ки инро бубинам. Фуки он ба фуки тимсоҳ монанд буд? Аз баҳмут нигоҳ карда, ба тимсоҳ бисёртар монанд буд, рӯи он дароз буд. Аз баъзе африқоиҳо ман дар бораи он пурсидам, ва онҳо гуфтанд, ки ин сусмор буд. Ман гуфтам, ки ин имконнопазир аст. Ман бисёр сусморро дидаам Ман ба ғайр аз ин ҳеҷ вақт сусмори дарозиаш 9 футро (3 м) надидаам. Ман тасодуфан якчанд сусморро, ки ба мошини ман осеб мерасонданд, кушта будам. Пӯсти онҳо ҳамвор буда, дар пушташон ягон хел теға надоштанд. Вақте ки ман сусморро мебинам, ман онро мешиносам. Ин сусмор набуд; дар тамоми тахтапушти он теғаҳо мавҷуд буданд. Гӯед, ки пӯсти он ҳамвор буд ё ин ки пулакчадор? Он бештар пасту баланд буд, ба монанди тимсоҳ. Хуб. Ба фикрам, дар паҳлуяш пулакчаҳо набуданд. Дар ҳақиқат ман боварӣ надорам. Хуб. Ин якчанд сол пеш буд. Дар соли 1997. Ман мефаҳмам. Ман солҳои дуру дароз мегӯям, ки якчанд динозаврҳо то имрӯзҳо зиндагӣ мекунанд. Ва аввалин фикре, ки шумо доштед, ин ҳа, ин дар давраҳои пеш буд? Хуб, Ман ҳамаи он маълумотҳое, ки то имрӯз доштам, аз нав имтиҳон кардам. Рост. Ин чизҳо вуҷуд надоранд. Новобаста аз он ки ин кӣ ҳаст, динозаврҳо вуҷуд надоранд. Ин аввалин фикре, ки бисёр одамон доранд. Ман тахмин мекунам, ки ин ягон намуди калтакалос аст. Азбаски шумо аз Геко сар карда то сусмор ҳар гуна ҳаҷм доред. Шумо дар Кӯчаи Хантлӣ, рақами 100 кор мекунед. Рақами ин ҷой чанд аст, то ки онҳо агар ягон савол дошта бошанд, занг зада Ҷаноби Кол Бомбейро пурсида тавонанд? Рақами ман бо коди ин минтақа 1-905-335-7100, ва 3206 мебошад. Хуб, агар шумо бовар накунед, ба вай занг занед. Ман онро дидам. Вақте ки ман ин суратро дидам, ман фикр кардам, ки "Ин айнан он чизе ки ман дидам!" Агар тавонед, сурати онро калонтар кунед, ва бо ҳамин мо тамом мекунем. Агар шумо ягон савол дошта бошед, мо хурсандӣ ба шумо ёрӣ медиҳем. Агар шумо маълумоти бештарро оиди динозаврҳо гирифтани бошед, ба мо занг занед. Ба мо хабар диҳед. Мо бо хурсандӣ ба шумо видеокассетаҳои Офариниш, Таҳаввулот ва Динозаврҳоро мефиристем. Ҳамин тариқ, шумо ҳамон рӯз дар соли 1962 инро дидед? Айнан ҳамин расм ба он чӣ, ки ман дидаам хеле монанд аст. Хуб, ташаккури зиёд, бародар. Раҳмат барои ин вақт ва бигзор Худо шуморо баракат диҳад. Намеарзад, ташаккур ба шумо. Умедворем, ки шумо аз дидани видео дар бораи Офариниш, Таҳаввулот ва Динозаврҳо лаззат мебаред. Лекин аз донистани ҳамаи ҳақиқату далелҳо дар бораи илм, муҳимтар он ҳақиқат аст, ки шумо баъд аз марг ба Ҷаннат ё ба куҷо меравед. Агар шумо ҳеҷ вақт Масеҳро ҳамчун Наҷоткорӣ худ қабул накарда бошед, ман ба шумо тез мефаҳмонам, ки барои ба Ҷаннат фаромадан чӣ бояд кард. Библия мегӯяд, ки мо ҳама гунаҳкор ҳастем. Мо қонуни Худоро вайрон кардем. Мо ба Офаридгор беитоатӣ кардем. Мо корҳои бад кардем. Мо гунаҳкор ҳастем. Бо чашми инсонӣ баъзе касон аз дигарон бадтар ҳастанд, лекин ҳамаи мо қонунҳои Худоро вайрон кардаем. Ва Библия мегӯяд, ки шумо бояд тавба кунед. Маънои калимаи "тавба" рӯ гардондан аст, дар асл он ду маъно дорад, аз гуноҳи худ рӯ гардондан ва ба Худо рӯ овардан. Худо мехоҳад, ки шумо муносибати худро тағир дода, бигӯед, ки "Худованд, Ман дигар нодуруст рафтор кардан намехоҳам. Бубахш маро, ман туро ранҷондам. Ман дуруст рафтор кардан мехоҳам." Ва шумо аз гуноҳ рӯ гардонда, ба Худо рӯ меоваред ва мегӯед, "Худо, илтимос бубахш маро. Наҷот деҳ маро". Дар Библия дар Румиён боби 3 ояти 23 гуфта шудааст, "Чунки ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд." Шумо бояд эътироф кунед, ки гунаҳкор ҳастед. Дуюм: Библия дар Румиён 6:23 мегӯяд, ки "Зеро ки музди гуноҳ мамот аст." Мо сазовори марг шуда, аз пушти гуноҳи худ бояд ба дӯзахт мерафтем. Аммо Исо барои мо мурд. Вай шуморо дӯст медорад. Ӯ мехоҳад, ки шумо ба Ҷаннат фароед. Ва ҳар касе, ки аз Ӯ наҷоти озодонаро талаб кунад, Худо ба шумо атои ҳаёти ҷовидониро медиҳад, чӣ хеле ки дар Румиён 6:23 гуфта шудааст. Ин атои озодона аст. Ва дар Румиён боби 10 ояти 13 гуфта шудааст: Зеро ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт. Агар шумо танҳо фарёд карда, гӯед, ки "Худованд, ман гунаҳкор ҳастам. Маро бубахшед, илтимос" Аз Ӯ пурсед. Ӯ ба шумо атои озодонаи ҳаёти ҷовидониро медиҳад. Барои чӣ худи ҳозир ҳамроҳи ман дуо нагӯед, ва шумо Масеҳро ҳамчун Наҷоткорӣ худ қабул карда метавонистед? Ягон калимаҳои сеҳрнок лозим нест. Худо ба қалби шумо нигоҳ мекунад. Ва агар шумо аз самими қалб инро такрор кунед, Худо шуморо мебахшад. Танҳо гӯед, "Худованд, Исои меҳрубон ман медонам, ки гунаҳкорам. Ман қонунҳои туро вайрон кардам. Маро бубахш. Илтимос, маро бубахш. Илтимос, бо хуни Худат маро пок намо. Гуноҳҳои маро бубахш ва маро ба Ҷаннат бигир. Дар номи Исо, Омин." Библия мегӯяд, "Зеро ки ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт." Ҳамин тариқ, агар шумо аз Худованд наҷоти Ӯро пурсида бошед, Вай ваъда додааст, ки шуморо наҷот медиҳад. Акнун, вазифаи шумо ин афзудан мебошад. Библияро хонед, дуо гӯед, калисои ба Библия сахт имон доштаро зиёрат кунед ва барои Масеҳии хуб шудан афзоед. Ташаккури зиёд ба шумо. Агар ягон ёрӣ лозим бошад, ба мо занг занед. Мо бо хурсандӣ ба шумо ёрӣ мерасонем. Он чиро ки шумо мешунавед, сабти аудио мебошад: Яқинан ин наъраи махлуқи дар Ботлоқи Конго мавҷуд буда аст Истиқоматкунандагони он ҷой онро Мокеле-Мбембе меноманд, ки яке аз он динозаврҳои зинда буда метавонад. Дар овози он инчунин ҷунбиш аст ё ин ки дар охири ҳар наъракашиаш садои зарба аст. Баъзе одамон фикр карданд, ки ин ба Калтакалоси Геко монанд аст. Вай каме овози наъраро аз табақаи ялашавандаи таги гулӯ мебарорад. Ин бошад баръакс чапа ба гулӯ зада, садои зарбаро мебарорад. Ин аз ҳама чизи беҳтарине, ки мо дорем; агар шумо ягон вақт онро шунавед, ба ман хабар диҳед. Умедворам, ки шумо аз ин хурсанд ҳастед. Наъра кашед!! Баром маълумоти бештар ва дигар материалҳои Башорати Илми Офариниш ба мо нависед: Башорати Илмии Офариниш, P.O. Box 37338, Pensacola, FL. 32526 USA Ба ин рақам занг занед 1-850-479-DINO, that's 1-850-479-3466. Ё ин ки ба Веб сайти мо дароед: www.drdino.com - [Ed.13.5]