Seminar 1a - Dr. Kent Hovind - www.drdino.com - Tajik Оё шумо ягон вақт дар бораи ин фикр кардаед? Ман дар назар дорам, ки ҳақиқатан маънои ҳаёт дар чист? Барои чи мо дар ин ҷо хастем? Аз куҷо пайдо шудаем? Баъд аз марг ба куҷо меравем? Семинари имрӯза дар бораи синну соли замин нақл мекунад. Доктор Ховинд далелҳои асоснок оварда, нишон медиҳад, ки ба замин миллиардҳо сол нашудааст. Дар ҳақиқат, далелҳо дар бораи офиариниши шаш рӯза мегӯянд. Айнан чӣ хеле ки якум боби китоби Ҳастӣ нақл мекунад. Салом, номи ман Эрик, умедворам, ки ин семинари бениҳоят бузург ба шумо маъқул мешавад . Онро Доктор Ховинд пешниҳод мекунад. Номи он "Синну соли Замин" мебошад. Семинари 1a - Доктор Кент Ховинд - www.drdino.com "Синну соли Замин" - Семинари #1a - Доктор Кент Ховинд Имрӯз барои ман дар штати Тенесси будан ин як фахр аст. Номи ман Кент Ховинд. Ман дар давоми 15 сол дар мактаби миёна дар бораи илм таълим додаам, акнун дар муддати 16 сол ман ҳамчун башоратчӣ семинарҳоро дар мавзӯъи офариниш, таҳаввулот ва динозаврҳо мегузаронам. Ман рост ба одамон мегӯям, ки ман имон дорам, ки Библия бегуноҳ, илҳомёфта ва Каломи бехатои Худои Зинда мебошад. Ман аз ҷилд то ҷилди он имон дорам. Ман ҳатто имон дорам, ки ҷилди китоби ман мегӯяд; Keнт Ховинд. Барои касоне, ки намедонанд, Библия Дастури асосии шумо мебошад, пеш аз он ки аз ин дунё меравед. Шумо бояд ин китобро хонед, чунки шумо барои хеле вақти дуру дароз меравед. Вақте ки шумо аз ин ҷо меравед, чапа роҳ нест, барои ҳамин қатъӣ бошед, ки шумо ба ҷои дуруст рафта истодаед. Акнун, яке аз вазифаи ман ҳамчун Масеҳӣ ин "ҳамеша тайёр будан, ки ба ҳар касе ки аз мо дар бораи умедамон ҳисоб металабад, ҷавоб диҳем." Ман фикр мекунам, ки чанд сад соли охирин Масеҳиён хуб кӯшиш накардаанд, ки ба назарияи таҳаввулотӣ ҷавоб диҳанд. Ва мо ба ин фалсафаи таҳаввулот, ки дар ҳақиқат дин аст, роҳ додем. Мо ба ин дин иҷозат додем, ки тартиби мактабию қонунии моро забт кунад. Акнун тамоми просесси тафаккури мо дар он фалсафа асос ёфтааст, ки ягон далели илмӣ надорад. Ягон хел! Мо тайёр будем, ки 250,000 $ ба касе диҳем, ки ягон хел далели ҳақиқии илмиро оиди таҳаввулот пешниҳод мекунад. Аз он вақт 12 сол зиёд гузашт. Ягон далели ҳақиқии илмӣ нисбати он вуҷуд надорад. Ман мефаҳмам, одамон ба ин имон доранд, аммо ин назария илм нест. Инак, ман мехоҳам, ки ба воситаи семинарҳои худ се чизро дастрас кунам. Якум, Ман мехоҳам, ки имони шуморо ба Каломи Худо қавӣ кунам. Дуюм, агар шумо наҷот ёфта набошед, ман ҳаракат мекунам, ки шумо руҷӯъ кунед. Ман ба шумо рост мегӯям, ки барои шумо омадаам. Ман аз шумо ягон чиз намедуздам - Ман барои шумо омадаам! Хуб? Сеюм, агар шумо наҷот ёфта, барои Худованд ягон кор намекунед, ... пас ман ҳаракат мекунам, ки шумо худатонро ноқулай ҳис кунед. Хуб? Акнун шумо медонед сухан дар бораи чӣ меравад. Хуб, ин ҳамсари ман нест. Ин танҳо сурати ӯст. Тобистони гузашта мо 31-ум солгарди ақди никоҳи худро қайд кардем, баъд нишаста ҳисоб кардем, ки аз ҳамон вақт чӣ қадар пул сарф кардем. Мо ҳамаашро сарф кардем. Мо дар Пенсаколаи штати Флорида зиндагӣ мекунем - ё ин ки дар он чизе ки аз он мондааст. Тӯфони Иван қариб ки онро аз харита нест карда буд. Лекин мо вақти хуб дошта, хонаро аз нав бино мекунем. Ман се фарзанд дорам. Ман ҳамаи онҳоро хонадор кардаам ва саг ҳам мурд. Худоба шукр. Хонаи ман озод аст; ин хеле хуб. Барои касоне, ки намедонанд, ҳозир тамоми оилаи мо дар хизмати Худо ҳастанд, ва имрӯз ман чор набера дорам. Ва барои касоне, ки инро намефаҳманд, набераҳо мукофот аз Худо мебошанд, барои он ки шумо фарзандони худро накуштед, вақте ки шумо онҳоро куштан мехостед. Кӣ аллакай инро фаҳмид? Магар ин аҷоиб нест? Ҳамаи фарзандонам дар назди ман зиндагӣ карда, дар хизмати мо кор мекунанд; ҳамаи онҳо бо тамоми ҳаёташон ба Худо хизмат кардан мехоҳанд. Барои баъзе касон ин нарх аст. Дар хизмати мо тақрибан 40 нафар одамон ҳастанд, ва мо корҳое мекунем, ки имони шуморо ба Каломи Худо қавӣ мегардонад. Мо ҷаҳонбинии одамонро тағир додан меҳоҳем. Мо аз ду нуқтаи назар ба ин дунё нигоҳ карда метавонем. Номи он ҷаҳонбинии шумо мебошад. Чӣ тавр шумо ба ин дунё нигоҳ мекунед? Баъзе одамон ба дунё як хел нигоҳ мекунанд, дигарашон бошад дигар хел. Хуб, каме дар бораи ин гап мезанем. Аммо нуқтаи назари шумо ба дунё аз он вобаста аст, ки чӣ тавр шумо ба чор саволи бузурги ҳаёт ҷавоб медиҳед. Чор саволи асосӣ вуҷуд дорад, ки ба онҳо ҳар як дин дар рӯи замин ҷавоб додан мехоҳад. Ман кӣ ҳастам? Ман аз куҷо пайдо шудам? Барои чӣ ман дар ин ҷо ҳастам? Ва баъд аз марг ба куҷо меравам? Натиҷаи ҷавоби шумо ба ин саволҳо аз ҷаҳонбинии шумо вобаста аст. Баъзе одамон ба ин дунё нигоҳ карда, мегӯянд, "Шумо медонед, он аҷоиб аст - таркиши бузург онро аз ҳеҷ чиз пайдо кардааст." Ин ҷаҳонбинии инсонпарварӣ мебошад, ки дар назарияи таҳаввулотӣ асос ёфтааст. Дигар одамон ба дунё нигоҳ карда, мегӯянд, "Шумо медонед, ин ороиши аз ақл берун аст - бояд Офаридгор бошад!" Ин ҷаҳонбинии креатсионӣ мебошад, ки дар назарияи офариниш асос ёфтааст. Ин ду ҷаҳонбинӣ бо ҳамдигар мубориза мебаранд. Касе хатогӣ мекунад, ва ман бо хурсандӣ ба онҳо нишон медиҳам, ки онҳо кӣ ҳастанд. Ман бисёр мубоҳисаҳо доштам, зиёда аз 90-то. 92-то мубоҳисаро ман дар донишгоҳҳо бурдам; якеашро дар Ю.Т. Ноксвилл зидди Доктор Пиглючӣ. Ман ду маротиба бо вай мубоҳиса бурдам; Ман хурсанд мешавам, агар он боз такрор шавад. Ман фикр мекунам, ки вай намехоҳад, лекин ба ман ин мақбул меомад. Ин одамон аз ман боақлтар мебошанд, лекин ман ба ҳоли онҳо механдам, чунки медонам, ки фикри ман рост аст, аз они онҳо бошад дурӯғ. Ин бисёр оддӣ аст. Лекин, агар назарияи таҳаввулотӣ дуруст бошад, чӣ тавр шумо ба чор саволи бузурги ҳаёт ҷавоб медиҳед? Ман кӣ ва то кадом дараҷа арзиш дорам? Агар назарияи таҳаввулот ҳақиқат бошад, шумо ягон қадар арзиш надоред. Шумо танҳо як қисми протоплазма буда, ба соҳил партофта шудед; шумо чизи арзанда нестед. Дар ҳақиқат шумо як қисми проблема ҳастед. Бинед, азбаски шумо яке аз ифлоскунандаи табиат ҳастед, ва чӣ қадаре ки аз шумо бисёртар озод шаванд, ҳамин қадар беҳтар аст. Бинед, агар ақидаи таҳаввулотӣ ҳақиқат бошад, ин фикрронии дуруст аст. Аз куҷо ман пайдо шудам? Хуб, агар ақидаи таҳаввулотӣ ҳақиқат бошад, шумо аз оруғи коинотӣ тақрибан 20 миллиард сол пеш пайдо шудаед. Барои чӣ ман дар ин ҷо ҳастам? Мақсади ҳаёт дар чист? Хуб, агар таҳаввулот ҳақиқат бошад, дигар ягон мақсади ҳаёт нест, айшу ишрат карда, гардед. Агар он лаззатовар аст, давом диҳед. Баъд аз марг ман ба куҷо меравам? Хуб, агар таҳаввулот ҳақиқат бошад, шумо ба гӯр рафта, ба кирм ё ин ки растанӣ табдил меёбед. Лекин бинед, Библия чӣ мегӯяд: "Дар ибтидо Худо осмон ва заминро офарид". Акнун, агар ин ҳақиқат бошад, ба ин саволҳо тамоман дигар ҷавобҳо дода мешаванд. Ва ин маъно дорад, ки мо бояд Худоро шиносем, Ӯ Кӣ ҳаст, чӣ мехоҳад ва гуфти Ӯро ба ҷо оварем. Зеро ки Ӯ заминро офаридааст, ин молу мулки Ӯст, ва Ӯ қоидаҳоро барпо мекунад. Беҳтар аст, ки мо хоҳиши Ӯро донем. Ва агар ба қонунҳои Ӯ итоат накунед, яке аз рӯзҳо шумо ба нохушиҳо дучор мешавед. Роҷеъ ба ин мавзӯъ мо ҳоло бисёртар гап мезанем. Ақидаи он ки Худо заминро офаридааст, ба шайтон тамоман маъқул нест. Шайтон дар боғи Адан ба назди Ҳавво омад. Аввалин чизе, ки ӯ ба зан гуфт, чунин буд; "Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст?" Ӯ мехост, ки нисбати Каломи Худо шубҳаро бедор кунад. Шайтон ҳама вақт нисбати Каломи Худо шубҳа коштан мехоҳад. Ин яке аз сабабҳои он ки мо бо тафсирҳои гуногуни Библия мушкилӣ дорем. Мо дар семинари #7 бештар ин мавзӯъро ошкор мекунем. Дуюм чизе, ки ӯ ба зан гуфт, "Не, нахоҳед мурд." Дар асл, ӯ Худоро дурӯғгӯй меномад. Сеюм чизе, ки ӯ ба Ҳавво гуфт, ман дар ин бегоҳӣ ба шумо нақл мекунам. Ӯ гуфт, Ҳавво, агар шумо аз ин дарахт бихӯред, шумо монанди Худо мешавед. Aйнан аз ҳамин ҷой ақидаи таҳаввулот сар шуд. Он аз Чарлз Дарвин сар нашуд; он аз Шайтон дар Боғи Адан сар шуд. Ӯ мехоҳад, ки шумо фикр кунед, ки Худо буда метавонед. Ҳа, писарон ва духтаракон, мо ҳамчун амёба пайдо шуда, тараққӣ карда истодаем. Мо калонтар, беҳтар, қавитар ва оқилтар шуда истодаем... ... ва як рӯз мо тамоми ҷаҳонро сафар карда, шаклҳои нави ҳаётро ҳамчун "Стар Трек" ("Star Trek") пайдо мекунем. Одамон ҳама вақт аз ман мепурсанд, "Ховинд, чӣ фикр мекунед, оё дар дигар сайёраҳо ҳаёти боақл вуҷуд дорад?" ман мегӯям, "Не, ман 15 сол дар мактаби миёна дарс додаам; ҳоло дар сайёраи мо на он қадар ҳаёти боақл вуҷуд дорад!" Ман пурра онро надидаам. Шайтон дурӯғгӯй аст. Ӯ мегӯяд, ки шумо ҳамчун Худо буда метавонед. Ман ба шумо мегӯям, ки Калисои Мармонҳо аллакай инро об кардаанд. Онҳо одамони худро таълим медиҳанд, ки агар шумо мармони хуб шавед, ҳангоми ба он дунё рафтан худо мешавед. Ва агар шумо зани хуби мармон бошед, ҳангоми ба он дунё рафтан, шумо абадан ҳомиладор гашта, кӯдакони рӯҳониро тавлид мекунед. Зани ман ба он ҷо рафтан намехоҳад. Вай мегӯяд, "Азизам, ин ҷаннат нест." Якчанд китобҳои бузург оиди Мармоншавӣ ва Веб сайти хуб: www.utlm.org мавҷуд аст. Агар шумо Мармон шудан хоҳед, шумо бояд ин сайтро омӯзед. Ман ба ҳайрат афтодам, вақте ки якчанд сол пеш фаҳмидам, ки баъзе теологҳои муҳими Католикии давраи пеш таълим медоданд, ки одам худо шуда метавонад. Ин таълимот то ҳол дар катехезиси онҳо вуҷуд дорад. Ҳозир миқдори зиёди Католикон ба ин имон надоранд, ва ҳатто бовар намекунанд, ки баъзе роҳбарони онҳо дар бораи он таълим додаанд. Лекин, Кеннет Коупленд ҳам мегӯяд, "Одам, ки дар Боғи Адан буд, ин ҷисми зоҳиршудаи Худо мебошад." Ӯ мегӯяд, "Худо дар шумо нест; шумо худо хастед." Мебахшед, Keннет, шумо нисбати ин нодуруст фикр мекунед? Кеннет Хеген мегӯяд, "Имондорон Масеҳӣ ном гирифтаанд; ва мо чунин ҳастем, мо Масеҳ ҳастем." Не, шумо девона ҳастед. Ин имконнопазир аст, ва шумо ин супоришро иҷро карда наметавонистед. Шумо Худо нестед? Ва Масеҳ ҳам нестед. Баъзан вақт дар рӯи об гардед; ман мехоҳам инро бубинам. Люсифер (шайтон) яке аз онҳое, ки Худо будан мехоҳад. Люсифер мегӯяд, "Ман ба осмон сууд карда, курсии худро болотар аз ситорагони Худо хоҳам гузошт: ..." "ва бар кӯҳи анҷумани худоён, дар ақсои шимол хоҳам нишаст, ..." "...Бар баландиҳои абрҳо сууд намуда, монанди Ҳаққи Таоло хоҳам шуд." Бубинед, Шайтон Худо шудан мехоҳад. Аммо ин имконнопазир аст, аз ҳамин сабаб ӯ ғамгин аст. Азбаски худаш Худо шуда наметавонад, ӯ ба Ҳавво дурӯғ гуфт, ки вай Худо шуда метавонад. Шайтон моро бад мебинад, чунки мо ба шабоҳати Худо офарида шудаем. Ҳавво ба ин дом ва шаст афтод. "Ооҳ, ман Худо мешавам!" Гитлер гуфтааст, "Агар шумо вақти дуру дароз дурӯғро баланд ва такроран гӯед, одамон ба он бовар мекунанд." Ӯ мегӯяд, ки онҳо бештар ба дурӯғи калон бовар мекунанд, назар ба дурӯғи хурд. Агар хоҳед, ки ягон кас ба дурӯғ бовар кунад, шумо ба монанди ду бародари ман амал кунед. Ман ду бародари калонӣ дорам; онҳо ҳама вақт аз ман калонтар буданд. Ва то ҳол аз ман калонтар ҳастанд. Вақте ки ман тақрибан 6 сола будам, ман дар Пиория, штати Иллинойс калон мешудам. Дар мавридаш, ман медонам, ки ҳозир ман дар Тенесси ҳастам, аммо ҳозир ягон янкиҳо дар ин тӯда ҳастанд? Ягон янкиҳо дар ин ҷо ҳастанд? Панҷ, шаш, ҳафт, хуб. Чӣ қадар мо аҳли ҷанубиро дорем? Ooo! Хуб, танҳо дар хотир нигоҳ доред, ки кӣ ғалаба кардааст. Ман медонам, ки ин ҳоло тамом нашудааст, рост? Лекин ман дар Пиорияи Шарқӣ, штати Иллинойс, дар шимол ба воя расидам. Дертар ман ба штати Флорида кӯчидам, ҳамон вақте ки боақлтар шуда, фаҳмидам, ки ҷануб боз исён бардоштан мехоҳад. Вақте ки ман шаш сола будам, як пагоҳирӯз барои субҳона ба ошхона медавидам. Ман якум ба он ҷо расида омада, банани охиринро аз коса гирифта, мехостам ба хӯроки худ андозам. Хуб, баъд аз якчанд дақиқa ду бародари калониам даромаданд. Онҳо гуфтанд, "Ҳе, Кент, ин банани охирин аст?" Ман гуфтам, "Ҳа, ва ман онро гирифтам." Чанд нафар бародар ва хоҳари калонӣ доранд? Шумо медонед, чӣ хел ин ҳиссиёти аҷоиб, вақте ки шумо онҳоро ғалаба мекунед? Он пагоҳирӯз ман медонистам, ки онҳоро ғалаба кардам. Онҳо банани манро мехостанд. Аммо бародарон аз додарон ягон чизро таваллою зорӣ карда намепурсанд. Одатан онҳо зада, зӯран ягон чизро кашида мегиранд, ё ин ки онҳо фиреб дода, ҳиллагарӣ мекунанд. Бародари ман гуфт, "Ҳе, Keнт, ту медонӣ банан аз чӣ иборат аст?" ман гуфтам, "Не." Ман танҳо шаш сола будам, ва дар санҷиши лабораторӣ тасдиқ карда шудааст, ки мағзи сари одам то 18 - 20 солагӣ инкишоф намеёбад. Чӣ қадар падару модарон, ки кӯдаконро калон мекунанд, инро тасдиқ карда метавонанд? Ман гуфтам "Не, банан аз чӣ иборат аст?" Ва онҳо гуфтанд, "Хӯш, дар поёни Амрикои Ҷанубӣ, тортанакҳо дар болои дарахт зиндагӣ мекунанд, ва ҳангоме ки онҳо мемуранд, тамоми пои онҳо овезон шуда, пӯпанак задан мегиранд." Дар ҳақиқат банан ҳеҷ чиз, танҳо пойҳои тортанаки мурда." Ман гуфтам, "Бачаҳо, шумо маро фиреб карда истодаед. Шумо ин бананро мехоҳед, чунки он охирин аст." Онҳо гуфтанд, "Не додар, мо дурӯғ намегӯем". Ту онро ду тақсим карда, мобайнашро бин; нуқтачаҳои сиёҳ айнан дар ҳамон ҷойҳое, ки пойҳои тортанак буданд." Баъд аз он ман қариб ки се сол банан нахӯрдам. Онҳо маро фиреб карданд. Шуморо ягон вақт фиреб додаанд? Ман бовар намекардам, агар ки дар он ҷо нуқтаҳои сиёҳ намебуд. Бинед, агар шумо ягон касро фиреб додан хоҳед, шумо камтар ҳақиқатро бояд ҳамроҳ кунед. Ин техникаро барои несту нобуд кардани калламуш солҳо истифода мебаранд. Шумо ба калламуш як коса заҳрро намедиҳед. Шумо ба он як коса хӯроки хуби камтар заҳролудро медиҳед. Онҳо ду чизро омехта мекунанд, ки бо якдигар пайваста нестанд. Заҳри калламуш аз 99.995% хӯроки хуб иборат аст. Ҳамин тавр шумо онҳоро фиреб медиҳед. Ҳамин тавр онҳо солҳои дароз сигори Малбороро фурӯхта, фиреб мекунанд. Онҳо кавбойро ба он пайваста мекунанд. Кадом рекламаи Малбороро, ки набинед; дар он ҷо чизе дар бораи кавбойҳо нишон медиҳанд. Ягон вақт шумо истода, дар бораи ин фикр кардаед? Чӣ гуна алоқа байни Малборо ва кавбой ҳаст? Оё ҳамаи кавбойҳо сигори Малбороро мекашанд? Не. Оё барои кавбой будан шумо бояд сигор кашед? Не. Агар шумо сигори Малбороро кашед, худ ба худ кавбой мешавед? Не. Аз шумо бӯи асп биёяд ҳам, шумо кавбой нестед. Фаҳмо? Умуман инро дар санҷиши лабараторӣ тасдиқ кардаанд, ки ҳеҷ кас дар дунё тамоку намекашад. Ҳеҷ кас тамоку намекашад! Танҳо сигор тамоку мекашад; одам "узви маккиш" аст. Тамом. Ман фикр мекунам, ки онҳо бояд ҳама чизро чӣ хеле ҳаст гӯянд. Дар реклама бояд як қадар ҳақиқат ҳам бошад. Дар ҳақиқат онҳо бояд чунин гӯянд: Саратонкаш, Касалии нафас, Ганда, Хабис, Варам ва Пулмаккак. Онҳо айнан бо оби ҷав ҳам ҳамин хел мекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки оби ҷавро бо варзиш муттаҳид созанд. Оби ҷав бо варзиш чӣ кор мекунад? Онҳо ягон футболбози машҳурро, ки банкаи оби ҷавӣ Bud Dumber (беақл), ё ин ки Bud Stupid (аблаҳӣ) -ро дошта меистад, намоиш медиҳанд. Онҳо оби ҷавро "Budweiser" (боҳикмат) меноманд; аммо он албатта ҳикматтар намекунад. Ӯ ягон оби ҷавӣ Dumber (беақл), ё Мiller Low Life (ҳаёти паст), ё ин ки Dead Dog (саги мурда) - ро, қапида меистанд. Ӯ мегӯяд, мард, ту ин чизро бинӯш, ва ту футболбоз мешавӣ. Ҳа, рост! Библия мегӯяд, ки агар ту ин чизро бинӯшӣ, ту ҳаёти худатро нобуд мекунӣ. "Касе ба бадбахтӣ дучор мешавад? Касе бе сабаб захм дорад? Барои касоне, ки бо шароб вақти дуру дарозро мегузаронанд. Библия мегӯяд, ҳатто нигоҳ накун, вақте ки он дар ҷӯш аст. Пайғамбари Ҳабаққуқ гуфтааст, "Бадбахт касест, ки ба наздики худ шаробро дароз мекунад." Библия бисёр роҷеъ ба ин мавзӯъ мегӯяд, ки мо ҳатто онро ламс накунем. Як вақтҳо як бача ба ман гуфт, "Чӣ гап Ховинд, ба шумо оби ҷав маъқул нест?" Ман гуфтам, "Ман намедонам. Ман ягон бор онро начашидаам. Ман 52 сола ҳастам, ва ягон қатра онро дар ҳаёти худ начашидаам!" Ӯ гуфт, "Аз куҷо шумо медонед, ки ин ба шумо маъқул нест, агар шумо онро ҳатто начашидаед?" Ман гуфтам, "Акнун писарам, бо ҳаёти худ зиндагӣ кардан ин бисёр роҳи хуб аст." Писарам, иҷозат деҳ, ки ба ту як савол диҳам. Оё ту ягон вақт сари худро зери мошини боркаш мегузорӣ? Хӯш, аз куҷо ту медонӣ, ки ин ба ту маъқул намешавад, агар онро начашидӣ. Барои фаҳмидан дигар роҳҳо ҳам ҳастанд - аз хатогиҳои дигар одамон ёд гирифтан мумкин аст. Не, ин корро накунед; ин дардовар аст. Ба монанди суханони охирини хасис: "Ҳей, ҳамаи шумоён инро бинед!" Ман илмро дӯст дорам; ва китобҳои илмиро ҷамъ мекунам. Дар ин китобҳо бисёр илмҳои хуб аст, лекин каме заҳр ҳам омехта шудааст. Ин ба монанди заҳри калламуш аст. Ман зидди хӯроки хуб нестам, ман зидди заҳр ҳастам! Ба ман як писарак ва духтараке лозим аст, ки мехоҳад тарзи илмии бо сақич андохтанро ёд гирифтан мехоҳад. Ба кӣ таълим гирифтан маъқул аст? Хуб, писараки дар он ҷо истода, ба ин ҷо биё. Ва як духтарак, боз як духтарак, ин ҷо биёед. Чапа роҳ нест. Хуб, саросема бидав! Хуб, тарзи илмии бо сақич андохтан. Ҷаноб, номи шумо чист?... Ҷош. Ҷош шумо чанд сола ҳастед?... Як вақт тамоми сол ман даҳ сола будам. Ин аҷоиб. Ман бояд ёздаҳ сола мешудам, лекин вақте ки ман дуюним сола будам, дар муддати се сол ман касал будам. Агар ту қариб, ки дувоздаҳ сола шавӣ, ту чанд сола мешавӣ? "Ёздаҳ." Модари ту чанд пул медиҳад, то ки ту инсони хуб шавӣ? Инак, шумо бе пул одами хуб ҳастед, ва шумо даҳ сола ҳастед. Ҷош, сақичро интихоб кун. Хуб, ҷигарранг. Номи ту чист, хонум? "Лаура." Лаура? Лаура, аз он ҷо сақичро интихоб кун. Албатта, шумо пуштиро мехоҳед; духтарак. Хуб. Акнун, ман чӣ кор карданӣ, Ҷош ва Лаура. Мо аз ин ҷо истода, ба гузаргоҳи марказӣ бо сақич мепарронем. Сар кардем. Ин кор намеояд, ана дутагӣ. Биёед, ман кӯшиш мекунам. Норанҷиро санҷед. Ин ду намуд омехта шудааст; ман инро надидаам. Хуб, Ҷош, бо сақич ба маркази гузаргоҳ паррон. Аз пеши миз, на он қадар дур. Лаура, бисанҷ; биё. Ooo, се қатор ақиб. Акнун, бо диққат нигоҳ кунед; Бачаҳо, акнун ман мехоҳам ба ҳамон масофа бо сақич парронам, лекин ман тарзи илмии онро нишон медиҳам. Шумо барои ин тайёр ҳастед? Акнун, диққат диҳед, ки ангуштони ман ягон вақт аз дастам дур намешаванд. Шумо ба ин бовар мекунед? Хуб, акнун бо диққат бошед. Писараки дар қафои калисо нишастаро, мебинед? Якчанд қадам аз ин ҷо. Шояд, аз ҳамин лаҳза сар карда, шумо дар бораи саволе, ки аз панҷ калима иборат аст, фикр мекунед. Дар бораи чӣ хел савол шумо фикр мекунед? Чӣ тавр шумо онро дар амал ҷорӣ мекунед? Бинед, ман ба шумо гуфтам, ки он аз панҷ калима иборат аст, дуруст? Пеш аз он ки ман ба шумо нишон медиҳам, чӣ тавр онро дар амал ҷорӣ кардан лозим аст, ман ба шумо чизеро мефаҳмонам. Ба баъзе кӯдакон баъзе амалҳоро ёд намедиҳӣ, лекин онҳо ба ҷамъият зарар меоваранд. Кӣ барои ин кӯдак ҷавобгар аст? Падар ва модари ту дар куҷо? Оё ин кӯдак бо чунин информатсия бехатар аст? Модараш мегӯяд, ки не! Кӣ барои ин ҷавобгар аст, дар куҷо... Ҳеҷ кас? Бармегардем. Оё шавҳари шумо дар ин ҷост? Не. Хуб, акнун бо диққат бошед - тарзи илмии андохтани сақич. Сақич аз ду тараф иборат аст. Шумо ҳоло бо ман ҳастед? Як тараф ҷисми шуморо пешниҳод мекунад, ин бадани шумост. Дигар тараф рӯҳӣ шуморо. Рӯҳи шумо бояд дар ҷисми шумо зистад, дар дигар маврид шумо зинда нестед. Агар ягон вақт рӯҳатон ҷисми шуморо партофта равад, шумо ба мушкилиҳо дучор мешавед! (Одатан баъд ҳамсояҳо ёрӣ медиҳанд.) Дар ҳаёт бисёр одамон айнан ҳамин хатогиро роҳ медиҳанд, чӣ хеле ки дар паррондани сақич, ҳамин тавр ба ҷисм ва рӯҳ такя мекунанд. Бинед, агар шумо ду тарафро як хел кашол карда, паронед, дар суръати суст кардашуда шумо мебинед, ки ҳар ду тараф як хел ҳаракат мекунанд Ҳамаи қувват дар даруни сақич сарф мешавад, зеро ки ҷисм ва рӯҳ бо ҳамдигар меҷанганд. Инак, сирри суръати баланд дар фазо, яъне ки атмосфера аст ... ... ки муқобилат мекунад, ин паст ё ин ки бартараф кардани бӯрони фазои мебошад. Хуб? Ҳамон вақте ки шумо нигоҳ намекардед, ман як тарафашро назар ба дигараш сахттар кашола кардам. Як тараф таранг буд. Акнун бо диққат нигоҳ кунед, чӣ рӯй медиҳад. Агар шумо дуруст амал кунед, рӯҳ ҷисмро идора карда, муқобилатро бартараф мекунад, ва он дуртар мепарад. Ман расидам он ҷавонеро, ки дар қафо нишастааст? Вақте ки ман дар баландӣ бо як тӯда сақич истода, ... ... медонам, ки ҳар касро аз ин ҷо парронда метавонам, ин ҳиссиёти қудратро медиҳад ... ...баъзе кӯдакон ҳатто намедонанд, чӣ тавр амал кардан лозим аст; шумо медонед дар бораи чӣ ман гуфта истодаам? Худи ҳозир шумо дар бораи ин фикр мекунед, ҳамин тавр не? Ҳа, ҳамин тавр. Биёед ба ин ҷавонон як қарсак мезанем; шинед. Ташаккури зиёд. Библия мегӯяд, "ҷисм ба Рӯҳ муқобилат мекунад, Рӯҳ бошад ба ҷисм; онҳо ба якдигар муқобилат мекунанд." Ана барои чӣ баъзеи шумоён дар ҳаёти рӯҳонии худ дур рафтан намехоҳед. Шумо ҷисми худро бисёр ғизо медиҳед. Якбора телевизорро барои чанд вақт хомӯш кунед...Оддӣ. Интизор шавед то даме, ки тайёраи ғайриоддии мо парвоз мекунад. Пагоҳ мо ба шумо тайёраи ғайриоддии худро нишон медиҳем. Ман тайёраҳои қоғазиро, ки дур мепарад, месозам, агар онҳо ба дарахт ё ин ки бино нашинанд, онҳо тамоми масофаро мегузаранд. Рекорди мо бо чунин тайёра 450 фут мебошад. Пагоҳ мо онҳоро аз болои бино мепаронем. Ба мо илм маъқул аст. Мо зидди илм нестем, лекин ман зидди он заҳре, ки ба он ҳамроҳ шудааст. Тамом. Ин китоби таълимии синфи ибтидои мебошад. Дар синфи ибтидои ана чиро таълим медиҳанд. Аз замони таъсис ёфтани замин чоруним миллиард сол пеш, он бисёр тағир ёфтааст. Акнун истед. Оё ба замин чоруним миллиард сол шудааст? Не. Аммо агар шумо ба хонандаи синфи як онро гӯед, ӯ бовар мекунад. Хонандагони синфи як ба ҳама чизе ки ба онҳо мегӯед, бовар мекунанд. Онҳо бовар мекунанд, ки банан аз пойҳои тортанаки мурда иборат аст. Ман бовар кардам. Дар синфи дуюм онҳо боз такрор мекунанд. Аз замони таъсис ёфтани замин 4,5 миллиард сол пеш, он бисёр тағир ёфтааст. Дар поёни саҳифа гуфта шудааст: "Инчунин ҳаёт дар замин инкишоф ёфтааст." Калимаи "инкишоф" бисёр калимаи мушкил аст. Ман зиёда аз 90 мубоҳисаро гузарондам ва тақрибан дар 7,000 ток шоуи радио ва телевизионӣ иштирок кардам, ман ёд гирифтам чӣ тавр дар дақиқаи аввалин мубоҳисаро бурдан лозим аст. Ин хеле осон. Агар ягон кас гӯяд, "Шумо ба таҳаввулот бовар мекунед?" Ман мегӯям, "Шумо чиро дар назар доред?" "Хуб, шумо таҳаввулотро медонед." "Не, дар бораи кадом таҳаввулот шумо мегӯед?" Шаш маънои ин калима мавҷуд аст. Шумо таҳаввулоти кайҳониро дар назар доред - ё ин ки таҳаввулоти вақти, фазои, материалӣ? Аз Таркиши Бузург сар карда, ба ягон-тои он бовар намекунам. Каме роҷеъ ба ин гап мезанем. Мо дар бораи таҳаввулоти химиявӣ гап мезанем? Зеро ки мувофиқи назарияи Таркиши Бузург, таркиши бузург гидроген ва гелийро ба вуҷуд овардааст. Пас чӣ тавр мо дигар элементҳоро пайдо кардем? Шумо мехоҳед, ки ман бовар кунам, ки уран аз гидроген пайдо шудааст? Онҳо мегӯянд, хӯш, шумо дар ситораҳо синтез доред. Ҳа, лекин шумо оҳанро (Fe) хуб муҳофиза карда наметавонед. Ба ғайр аз ин дар ин ҷо масъалаи мурғ ва чӯҷа ҳаст, зеро ки ситораҳо бояд элементҳоро ба вуҷуд оварданд, ва элементҳо бояд ситораҳоро ташкил диҳанд. Чӣ пештар пайдо шуд? Чӣ пештар меояд, албатта, таҳаввулоти ситораҳо. Чӣ тавр ситораҳо ташкил ёфтаанд? Шумо медонед, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ вақт ташкилёбии ситораҳоро надидааст? Олимон ҳатто фаҳмиши онро надоранд, ки чӣ тавр ситора ташкил ёфтааст - ҳатто дар бораи ташкил ёфтани ситора назарияи хуб ҳам нест (бештар дар видеои #7). Мо ҳама вақт таркиши ситораҳоро мушоҳида мекунем. Номи он нова, ё ин ки агар он бузургтар бошад ғайри нова мебошад. Ин ҳама вақт рӯй медиҳад. Лекин мо ягон вақт як шаклро намебинем. Ҳозир дар осмон ситораҳо хеле зиёданд, ва мо медонем, ки ҳар як кас дар рӯи замин, шахсан соҳиби 11 триллион ситора буда метавонад. Ин ситораҳое, ки мо дар бораашон медонем. Ҳоло ситораҳое мавҷуданд, ки мо дар бораи онҳо намедонем. Чорум, таҳаввулоти органикӣ, ибтидои ҳаёт бояд мавҷуд бошад. Ҳаёт бояд аз материяи мурда сар мешуд. Ҳеҷ кас намедонад, ки чӣ тавр он рӯй додааст. Дар дигар маврид, мо бояд макротаҳаввулот ҳам медоштем. Ана аз куҷо тағирёбии як ҳайвон ба дигар намуди ҳайвон. Оё шумо медонед касеро, ки дидааст чӣ тавр саг дигар намуди ҳайвонро ба дунё меоварад? Ҳеҷ вақт! Саг метавонад саги калон, ё ин ки хурдро таваллуд кунад, лекин ҳама вақт сагро ба дунё меоварад. Мумкин аст ки саг, гург ва дигар намуди гург сарнасли умумӣ доранд. Ман нисбати ин баҳс намекунам, - шояд ҳамин тавр буд. Лекин кӯдаки панҷ сола медонад, ки ҳамаи онҳо як намуди ҳайвон мебошанд. Ман ба шумо нишон медиҳам. Дар ин ҷо кӯдакони панҷ ё ин ки шашсола ҳастанд? Кӣ панҷ ё ин ки шаш сола ҳаст? Ҳастанд? Хуб. Ҷӯра ту чанд сола ҳастӣ? Шаш? Ман мехоҳам, ки ту як санҷиш гузаронӣ. Дар ин ҷо мо саг, гург, боз дигар намуди гург ва бананаро дорем. Чӣ дар ин ҷо аз дигараш фарқ мекунад? Банана! Як қарсак барои ин кӯдак! Хуб, бисёр хуб! Мо профессорҳои коллеҷро дорем, ки инро намефаҳманд! Ман ба шумо мегӯям чиро ман мехоҳам, ки шумо кунед. Вақте ки мо ин корро мекунем, ман мехоҳам, ки шумо ба долон баромада аз рӯи миз як видео ё ин ки DVD кассетаро бепул гиред, Хуб? Мо дар он ҷо бисёр видеокассетаҳоро дар бораи динозавр ва дигар чизҳо дорем. Библия мегӯяд, ки ҳайвонҳо бояд мувофиқи ҷинси худ берун оваранд. Акнун Чарлз Дарвин китобе менависад, ки он дар рӯи миз аст, "Пайдоиши намудҳо" ном дорад. Бинед, саг ва гург як намуди ҳайвон, лекин дар ин ҷо намудҳои гуногун мебошанд. Ӯ ҳамаро фиреб дода, калимаи "қабила"-ро ба "намуд" иваз кард. Мо бештар дар бораи он дар видеои #4 нақл мекунем. Оқибатан, мо микротаҳаввулот дорем. Ин тағирот дар даруни намудҳо мебошад. Акнун вақте ки он рӯй медиҳад, ман онро бо рақами шаш қайд мекунам. Ба фикри ман ҳайвон метавонад ҳар гуна наслро ба дунё оварад: бо мӯйҳои дарозу кӯтоҳ, пойҳои дароз ё кӯтоҳ; ин рӯй медиҳад. Аммо панҷтои аввалаш тоза дин мебошад. Ин илм нест. Мо ҳеҷ вақт ягонтои онро мушоҳида накардаем! Агар шумо мубоҳисаи таҳаввулотиро ғалаба кардан хоҳед, танҳо муайян кунед, ки дар бораи чӣ шумо сухан ронда истодаед. Шумо мефаҳмед, ки онҳо мисоли рақами шашро пешниҳод мекунанд, ки ягон асос надорад. Ин рӯй медиҳад. Он гоҳ онҳо ба таври ҷодугарона 5-тои дигарашро тасдиқ мекунанд. Аммо ин чунин нест. Муаллимон ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки замин таърихи миллиарсола дорад. Қатъӣ бошед, ки кӯдакон ба ин бовар мекунанд. Медонед, ман каме одами қадим ҳастам. Ман фикр мекунам, ки дар дарси илм, мо бояд илмро таълим диҳем. Илм чизҳоеро дар назар дорад, ки мо онҳоро мушоҳида мекунем, меомӯзем, месанҷем ва нишон медиҳем. Ба монанди якум қонуни Термодинамика. Якум қонуни термодинамика ба мо чунин мегӯяд, "Mатерия офарида ё ин ки несту нобуд шуда наметавонад." Хӯш, агар ҳама чиз аз материя иборат бошад; ва материя офарида ё ин ки несту нобуд шуда натавонад, пас чӣ тавр замин ба вуҷуд омад? Медонед, дар ин ҷо нишастагон. Мо танҳо ду интихоб дорем. Касе заминро офаридааст; ё ин ки он худаш пайдо шудааст. Дигар интихоб нест. Аммо ҳастанд баъзе шабгардон, ки ба шумо мегӯянд, ки "Мо дар ҳақиқат дар ин ҷо нестем; мо танҳо фикр мекунем, ки дар ин ҷо ҳастем." Хӯш, шумо метавонед дар бораи чунин одамон фаромӯш кунед. Мо дар ин ҷо ҳастем. Ё заминро касе офаридааст, чӣ хеле ки Библия мегӯяд; ё ин ки замин худаш ба вуҷуд омадааст, чӣ хеле ки инсонпарварон бовар мекунанд. Он танҳо худаш вуҷуд дорад ва офарида нашудааст. Хӯш, агар замин худаш ба вуҷуд омада бошад, чӣ тавр он рӯй додааст? Бачаҳо, шайтон муддати дуру дароз дар бораи ин фикр мекард. Дар охир, як рӯз, ӯ бо назарияи таркиши бузург омад. Чанд нафари шумо пеш дар бораи назарияи таркиши бузург шунидаед? Чанд сол пеш ман дар тайёра аз Даллас ба Сан-Франсиско парвоз мекардам. Ҳамин хел шуд, ки ман назди профессор аз Беркли нишастам. Ман намедонам, ки шумо дар Ноксвилл ягон вақт дар бораи Беркли шунидаед ё ин ки не, лекин Беркли ин коллеҷи Библиявӣ нест. Ман дар тайёра дар чунин масофа аз он профессор нишаста, сӯҳбатро дар бораи офариниш ва таҳаввулот шурӯъ намудам. Ҳар касе ки бо ман дар тайёра парвоз мекард, мехост, ки ман дар бораи ин гап занам, ва ман бо онҳо дар чунин мавзӯъ гап мезадам. Ӯ гуфт, ки ба таҳаввулот бовар мекунад. Ман гуфтам, "Албатта, ҷаноб, ман чунин гумон доштам; агар шумо дар Беркли дарс диҳед, бояд ба таҳаввулот бовар кунед." Ман гуфтам, "Ҷаноб, агар шумо ба таҳаввулот бовар кунед, ба ман нақл кунед, ки чӣ тавр замин пайдо шудааст?" Ӯ гуфт, "Ҳа, он дар натиҷаи таркиши бузург ба вуҷуд омадааст." Ман гуфтам, "Дар ҳақиқат? Ман дар бораи он донистан мехоҳам!" Ӯ гуфт, "Шумо муаллими илм ва ягон вақт дар бораи таркиши бузург нашунидаед?" Ман гуфтам, "Ҳа, ҷаноб, ман дар бораи таркиши бузург бисёр шунидаам, ва ман ба таркиши бузург имон дорам. Аммо таркиши бузурги ман бисёр фарқ мекунад." Ман гуфтам, "Шумо дар бораи таркиши бузурги худ нақл кунед, ва баъд ман дар бораи таркиши бузурги худ ба шумо нақл мекунам ." Ва профессор яке аз он ҷавобҳое, ки дар китобҳои таълимӣ ҳаст, ба ман нақл кард. Ӯ гуфт, "Хӯш, Ҷаноби Ховинд, Ман бовар мекунам, ки тақрибан аз 18 то 20 миллиард сол пеш..." (ин мӯҳлати бисёр вақт) "...тамоми материя дар коинот..." (ин хеле бисёр) Калимаи "коинот" аз ду калимаи лотинӣ ба вуҷуд омада, маънои ягона ва сухани гуфта шударо дорад. Шумо медонистед, ки мо дар як ҷумлаи гуфта шуда зиндагӣ мекунем? Худо гуфт, "Бигзор пайдо шавад...." Ин мавъиза аст. Ин ҷои бисёр хуб барои мавъиза мебошад, ҳамин тавр не? Ва агар шубони шумо онро ёфта натавонад, ӯ тамоман ягон мавъиза надорад! "Тамоми материя дар коинот дар як ҷои бисёр зич ва гарм ҷамъ шуд, шояд ҳаҷми он аз нуқтаи ин саҳифа ҳам хурдтар буд." Шумо мегӯед, чӣ? Ҳама чиз дар коинот ба як нуқтаи хурдакак ҷамъ шуд? Аҷоиб! Аз як нуқтаи ҷамъ шуда. Инчунин, бисёр вазнин. Лекин, писаракон ва духтаракон, ин бори аввал рӯй надодааст. Ин китоб мегӯяд: "Як рӯз, баъд аз миллиардҳо сол, тамоми материя ва қувва боз дар як ҷои хурд ба монанди нуқта ҷамъ мешаванд. Баъд дигар таркиши бузург рӯй медиҳад." "Ва он ҳар 80 то 100 миллиард сол рӯй медиҳад." Шумо бовар мекунед, ки онҳо дарахтро буридаанд, то ки инро чоп кунанд? Дар куҷо Эл Гор, вақте ки ӯ ба шумо лозим аст? Ана чиро ман донистан мехоҳам! Барои чӣ шумо бачаҳо Эл Горро ба Вашингтон фиристодед? Ӯ ба шумо дар ин ҷо лозим аст, медонед. Муаллифи ин китоб бисёр барҷаста мебошад. Ман ҳатто тасаввур карда ҳам наметавонам, ки то чӣ дараҷа ӯ боақл буд. Ӯ гуфтааст, "писаракон ва духтаракон, ҳеҷ чиз дар асл маънои ҳеҷ чизро дорад." Барои навиштани китоб шумо аққалан бояд боақлтар бошед. Ӯ мегӯяд, "На танҳо материя ва қувва нест шуда метавонад, балки фазо ва вақт ҳам. Бо вуҷуди ин физикҳо тахмин мекунанд, ки аз ҳолати нестӣ, коинот дар натиҷаи таркиши бузург пайдо шудааст." Чӣ? Ҳа, писаракон ва духтаракон, шумо мебинед, як рӯз, ҳеҷ чиз, нестӣ таркидааст... ...Акнун, мо дар давоми се рӯз дар бораи назарияи таркиши бузург сухан ронда метавонем. То имрӯз онҳо мегуфтанд, чизи таркида диаметри якчанд соли рӯшноиро дошт. Баъд онҳо гуфтанд, ки "А, не, ин танҳо 275 миллион мил." Баъд боз гуфтанд, "Ин танҳо 71 миллион мил аст." Онҳо масофаро кӯтоҳтар ва кӯтоҳтар карда, акнун мегӯянд, ки "чизи мавҷуд набуда" таркидааст. Чанд сол пеш "Маҷаллаи Дискавери" гуфтааст, "Аз куҷо ҳама чиз пайдо шудааст?" "Писаракон ва духтаракон, коинот тамоман аз ҳеҷ чиз, аз нул пайдо шудааст." Дар замоне ки он калонтар мешуд, он аз моддае пур мешуд, ки тамоман аз ҳеҷ чиз пайдо шудааст. Чӣ тавр ин имконпазир аст? Аз Алан Гус пурсед. Назарияи ӯ ҳама чизро мефаҳмонад." Ман бояд бо ин бача Алан Гус вохӯрам. Алан Гус дар "Илми Амрикоӣ," гуфтааст "Коиноте ки мо мушоҳида мекунем метавонист аз чизи бениҳоят хурд пайдо шавад." (Дар забони ибронӣ ин "нуқта" мебошад.) Ӯ мегӯяд, "Ин назария моро водор мекунад, ки онро истифода бурда, гӯем, ки коинот тамоман аз ҳеҷ чиз пайдо шудааст." Шумо мебинед, писаракон ва духтаракон, мо ҳама аз нуқта пайдо шудем ва нуқта аз ҳеҷ чиз пайдо шудааст. Ва онҳо ҳамаи инро илм гуфта, дар маҷаллаҳои илмӣ ҷойгир мекунанд? Ман онро афсонаи ҷодугарона номида, ба хокрӯба мепартофтам. Ман гуфтам, "Профессор, бо нуқтаи шумо чӣ рӯй дод?" Ӯ гуфт, "Ховинд, 20 миллиард сол пеш тамоми чирк дар системаи офтобӣ ба ин як нуқтаи хеле хурд ва ночиз ҷамъ шуда буд. Ва он тезтар ва тезтар давр зада, якбора таркид: таркиши бузург рӯй дод! Зарраҳои парокандашуда ба галактикаҳо, офтобу моҳ ва ситораҳо табдил ёфтанд, ва акнун мо дар ин ҷо ҳастем. Одамон. Аз ҳеҷ чиз, танҳо чанги ситора. Ман гуфтам, "Ҷаноб, илтимос, мумкин аст, ки ман ба шумо якчанд савол диҳам?" Ӯ гуфт, "Албатта, шумо чӣ донистан мехохед?" Медонед, мо дар чунин масофа аз якдигар се соат дар тайёра ҳамроҳ парвоз кардем. Ман гуфтам, "Хӯш, ҷаноб, саволи ман. Шумо гуфтед, ки 20 миллиард сол пеш тамоми чирк дар як ҷо ҷамъ шуда, бузург шуд ва таркиши бузург рӯй дод. Аз куҷо ҳамаи он чирк пайдо шуд?" Шумо медонед, кӣ материяро сохтааст? Ӯ гуфт, "Мо намедонем." Ман гуфтам, "Хуб, акнун ҷаноб, шумо ба ин бовар кунед. Агар ман гӯям, ки имон дорам, ки тақрибан 6,000 сол пеш Худо замину осмонро офаридааст, шумо аз ман мепурсед, "Худо аз куҷо пайдо шудааст?" Ва ман намедонам. Аммо шумо гуфтед, ки 20 миллиард сол пеш таркиши бузург рӯй дод; ва шумо намедонед, ки аз куҷо чирк пайдо шуд. Аз ҳамин ҷиҳат, ман имон дорам: "Ки дар аввал Худо буд"; ва шумо имон доред, ки: "Дар аввал чирк буд." Нагӯед, ки назарияи ман динӣ асту, аз они шумо бошад назарияи илмӣ." Не, не, не! Ҳар дуи онҳо дин мебошанд. Лекин ахбороти оммавӣ нишон медиҳанд, ки чӣ гуна илм бар зидди дин мебошад. Илм бар зидди дин нест; ҳар дуи онҳо дин мебошанд. Таҳаввулот ва офариниш ҳар ду дин мебошанд. Шумо бояд ба ин ё он бовар кунед. Фарқият дар он аст, ки дини таҳаввулотӣ аз тарафи андоз дастгирӣ карда мешавад. Ана дар куҷо фарқият аст - ва ин яке аз бисёр фарқиятҳо мебошад. Бамаврид, ин ду хати вақтӣ дар қафои ман буда, як чизро дар назар доранд. Дар хати боло ҳар як дюйм 150 солро пешниҳод мекунад. 1 дюйм қафо ҳатто Авраам Линколн ҳоло президент набуд. Агар ман бу шумо 20 миллиард солро дар ин ҷадвал дар болои диаграмма нишон додани шавам... (...ман ин диаграммаро аз поёни ҷадвал бояд мекашидам...) ...Он бояд то 2,100 мил дарозтар мешуд. Ин масофа аз Пенсакола то Портланд, Орегона мебошад. Ман намехостам, ки диаграммаи дуру дарозро кашам, барои ҳамин ман масштаби навро ихтироъ кардам. Профессор гуфт, ки намедонад аз куҷо материя пайдо шудааст. Барои ҳамин ман гуфтам, "Ҷаноб, шумо медонед, ки аз куҷо қонунҳо пайдо шудаанд?" Коинот бо қонунҳо идора карда мешавад. Қонуни ҷозиба, қувваи марказгурез, инерсия, қонуни Бойл, қонуни Коул. Дар коинот ҳар гуна қонунҳо мавҷуданд. Аз куҷо қонунҳо пайдо шудаанд? Барои чӣ ин қонунҳо инкишофи худро давом намедиҳанд? Шумо ягон вақт дар бораи ин фикр кардаед? Барои чӣ қонуни ҷозиба як хел меистад? Барои чӣ вазни шумо як рӯз 10 фунт зиёдтар намешавад? (Шумо мегӯед, "Мешавад!" Хӯш, мешавад, аммо аз сабаби дигар чиз.) Аз куҷо энергия пайдо шудааст? Кӣ барои мошин газро харидааст? Профессор гуфт, "Ман намедонам; мо ягон чиз дар бораи онҳо намедонем." Ман гуфтам, "Саволи дигар мумкин?" Ӯ гуфт, "Албатта. Чӣ шумо боз донистан мехоҳед?" Боз? Шумо боз гуфта, чиро дар назар доред? шумо ба ман ҳоло ҳеҷ чиз нагуфтед. Ман гуфтам, "Ҷаноб, дар Беркли чархуфалак ҳаст?" Кӣ медонад, чархуфалак чист? Шумо чарх задан мегиред, то даме ки канда шуда мепаред. Ӯ гуфт, "Не, мо дар Беркли чархуфалак надорем." Ман гуфтам, "Шумо бояд яктои онро ба даст оваред. Дар асоси чархуфалак шумо илми хубро меомӯзед." Агар шумо якчанд нафар хонандагони синфи чорро ба он ҷо шинонед... Дар ин ҷо хонандагони синфи чор ҳастанд? Касоне ки синфи чорро тамом карданд, ё ин ки ба синфи чор гузаштаанд. Ман медонам, ҳозир тобистон аст. Бисёр хуб! Ман хонандагони синфи чорро дӯст медорам; Ман панҷ соли умри беҳтарини худро дар синфи чор гузарондаам. (Ин пеш аз ташхиси касалии аломати дефисити илтифоти С буд. Ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда бародари ман дар синфи чор буд, мо ҳама медонистем, ки ӯ баъд аз хатми мактаб чанд сола мешуд - 32!) Хӯш, мо якчанд хонандагони синфи чорро ба чархуфалак мешинонем ва дастаи футболи синфи болоиро таклиф мекунем, то ки онҳо ба самти ақрабаки соатӣ то дараҷаи имкон бошиддат тоб диҳанд. Агар шумо соатҳои электронӣ дошта бошед, шояд шумо намедонед, ки ақрабаки соатӣ чӣ маъно дорад. ...Ман дертар ба шумо мефаҳмонам. Мо чархуфалакро ба самти ақрабаки соатӣ тоб медиҳем, ва кӯдакон бояд чор марҳаларо гузаранд. Дар аввал онҳо марҳалаи якумро гузашта, ба бозингарони футбол дод мезананд, "Тезтар! Тезтар! Шумо тезтар тоб дода метавонед?" Суръат 30 милро дар як соат мерасад, ва кӯдакон ба марҳалаи дуюм мегузаранд, ва дар куҷо аллакай дод намезананд. Онҳо оромона диққати худро ба он ҷалб мекунанд, ки ҳаёти қиматбаҳои худро нигоҳ доранд. Вақте ки шумо суръати тақрибан 60 милро дар як соат мерасед, кӯдакон ба марҳалаи сеюм мегузаранд, дар куҷо онҳо боз ба дод занӣ шурӯъ мекунанд, аммо онҳо акнун дод мезананд, "Истед! Истед! Илтимос, оҳистатар!" Наистед; тезтар ва тезтар давом додан гиред. Вақте ки шумо суръати 100 милро дар як соат мерасед, шумо ба марҳалаи чорум мегузаред, дар куҷо кӯдакон парида мебароянд. Акнун, вақте ки ин рӯй медиҳад, шумо бисёр хирқи аҷоиби физикиро қайд мекунед. Агар шумо чархуфалакро ба самти ақрабаки соатӣ тоб дод бошед, кӯдакон ҳангоми парида баромадан ба самти ақрабаки соатӣ мепаранд. То даме ки ба ягон монеа ба монанди дарахт ё ин ки сутун мерасанд. Ин аз сабаби қонуни физикӣ бо номи нигоҳдории лаҳзаи майл мебошад. Агар объекти чарх зада ба ҳиссаҳо ҷудо шавад, ин ҳиссаҳои чархзада истода айнан ба ҳамон самт мепаранд, чунки ҳиссаҳои берунӣ назар ба дарунӣ тезтар ҳаракат мекунанд. Агар хоҳед мо рӯзи дароз дар бораи ин қонун сӯҳбат мекунем, лекин профессор гуфт, "Ҳа, ман дар бораи қонуни нигоҳдошташавӣ медонам." Ман гуфтам, "Хуб, ҷаноб, пас иҷозат диҳед, ки ба шумо савол диҳам. Агар коинот аз нуқтаи чархзада пайдо шуда бошад, чӣ хеле ки шумо гуфтед, барои чӣ ду сайёра, шояд се ба дигар самт чарх мезананд?" Ӯ тамоман хомӯш шудa, ба тааҷҷуб омад. Ман гуфтам, "Ҷаноб, барои чӣ аз 9 қамарҳои машҳур 8-тоаш ба самти дигар чарх мезананд? Барои чӣ Муштарӣ, Сатурн ва Нептун қамарҳоеро доранд, ки дар як вақт ба ҳар тараф ҳаракат мекунанд? Барои чӣ офтоб аз 98% гидроген ва гелий иборат буда, дигар сайёраҳо камтар аз 1% гидроген ва гелий доранд? Барои чӣ ин нӯҳ сайёра аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд? Агар ҳамаи онҳо дар натиҷаи таркиши бузург ба вуҷуд омада бошанд, пас барои чӣ ин қадар фарқияти калон доранд? Таркиби хеле гуногун доранд! Ва барои чӣ галактикаҳои бутун ба дигар самт тоб мехуранд?" Канали CNN як мақола навиштааст, ки "Галактикаҳои бемаънӣ ба ақиб давр мезананд" ном дорад. Ман гуфтам, "Ҷаноб, барои чӣ онҳо ба ақиб давр мезананд?" Ӯ гуфт, "Ман намедонам. Барои чӣ шумо фикр мекунед, ки онҳо ба ақиб давр мезананд?" Ман медонистам, ки ӯ ин саволро ба ман медиҳад. Ман гуфтам, "Ҷаноб, дар ҳақиқат ин оддӣ аст. Шумо мебинед, 'Дар аввал Худо замину осмонро офаридааст, ва Худо онро ҳамин тавр офаридааст, ки назарияи таркиши бузург аҳмақона намояд." Ҳа, омин. Акнун, ман ба таркиши бузург бовар мекунам, зеро ки Библия дар бораи таркиши бузург таълим медиҳад. Он мегӯяд, "Осмонҳо бо ғавғои бузург мегузаранд." Аслан ба забони юнонӣ он маънои таркиши бузургро дорад! Пас бояд таркиши бузург рӯй диҳад. Лекин он ҳоло рӯй надодааст, фаҳмо? Барои ҳамин кӯдакон, агар шумо ба мактаб раведу ягон профессор гӯяд, ки "Ҳе, шумо ба таркиши бузург бовар мекунед?" Шумо бояд гӯед, "Ҳа, бовар мекунам, ва беҳтараш, агар шумо наҷот ёфта, барои он тайёр шавед." Таркиши бузург ҳоло зуд ба шаҳри наздикии шумо меояд. Ба ҳар ҳол, агар дунё дар натиҷаи таркиши бузург ба вуҷуд омада, миллиардҳо сол инкишоф ёфта бошад, барои чӣ Исо дар рӯи салиб қурбонӣ шуд? Мақсади марги Исои Масеҳ дар чӣ буд? Вақте ки Библия мегӯяд, ки Худо дунёро ба монанди пештара барқарор кардан мехоҳад ... Барои чӣ барқарор кардан мехоҳад? Боз бештар маргу азобу шиканҷа? Бештар дар бораи назарияи таҳаввулоти теистӣ дар видеои #7 нақл мекунем. Назарияи таркиши бузург аз бисёр ҷиҳат беҳуда мебошад, ҳамин тавр не? Агар назарияи таркиши бузург ҳақиқат мебуд, он гоҳ материя баробар тақсим мешуд. Лекин ин рӯй надод. Масъалаи назарияи таркиши бузург хеле ва хеле ҷиддӣ мебошад! Ҳатто Фред Ҳойл гуфтааст, "Ҳангоми гуфтан, ман каме шубҳа дорам, ки бар болои назарияи таркиши бузург як пардаи нотоб овезон аст." Бештар аз китоби, "Коркарди Таҳаввулот" фаҳмидан мумкин аст. Ин китоб аз 900 саҳифа иборат буда, танҳо 5 доллар мебошад. Барои ҳар як хонандаи мактаб ин китоб тӯҳфаи беҳтарин аст. Дуюм қонуни термодинамика ба мо мегӯяд, "Ҳама чиз ба бетартибӣ ҳаракат мекунад." Агар шумо ягон чизро ба ҳоли худаш каме гузоред, дере нагузашта он мепӯсад, занг мезанад, мемирад, вайрон мешавад, ё ин ки мешиканад. Ягон чиз худ аз худ беҳтар намешавад. Ана чиро Библия меомӯзонад. "Осмонҳо амали дастҳои Туст: онҳо фано хоҳанд шуд;...ва ҳамаашон мисли ҷомае ҷиғда-ҷиғда хоҳанд шуд." Ҳеҷ чиз худ аз худ беҳтар намешавад. Вақте ки пагоҳирӯз аз хоб бедор мешавед, ба мӯйҳои худ нигоҳ кунед. Шумо он чизеро мебинед, ки ман дар борааш мегӯям. Ҳама чиз ба бетартибӣ ҳаракат мекунад, фаҳмо? Дар ин ҷо Сю 20 сола. Дар ин ҷо ӯ 90 сола. Дар ин ҷо бошад ӯ 3,000 сола. Бачаҳо, ҳама чиз ба бетартибӣ ҳаракат мекунад, фаҳмо? Ҳама коре, ки шумо мекунед ин ҳеҷ чиз аст, ҳама чиз гандаю вайрон шуда, шикаста фарсуда мешавад. Ана дар бораи чӣ дуюм қонун мегӯяд. Ҳама чиз боз бадтар мешавад. Ҳеҷ чиз беҳтар намешавад. Аммо китоби таълимӣ мегӯяд, "Инсоният шояд зиёда аз 4 миллиард сол пеш аз бактерия таҳаввулот карда шудааст." Оё бобо калон-калон-калон-калони шумо бактерия буд? Тарафдорони таҳаввулот мегӯянд, "Хуб, Ховинд, шумо намедонед, ки агар шумо камтар қувва сарф кунед, шумо дуюм қонуни термодинамикаро мағлуб мекунед? Замин қувваро аз офтоб мегирад, пас замин дар системаи кушода мебошад. Ҳамин тавр мо бар қонун ғолиб мебароем." Чунин далелро ман мефаҳмам, аммо онҳо ба як хатогӣ роҳ медиҳанд. Якум: коинот системаи пӯшида аст. Дуюм: илова кардани қувва барбоддиҳанда мебошад, то даме ки ягон механизми махсус барои истифода ва мувофиқ кардани ин қувва мавҷуд бошад. Бинед, япониён дар як рӯз бисёр қувваро ба Перл Харбор илова карданд. Онҳо барои мо ягон чизро ташкил накарданд, ҳамин тавр не? Пас аз чанд сол мо як қадар қувваро ба якчанд шаҳрҳои онҳо илова кардем - фоида баргашт. Ҳамаи ин барои онҳо ягон чизро ташкил надод. Илова кардани қувва барбоддиҳанда мебошад. Офтоб ба боми хонаи шумо қувва медиҳад; лекин он хонаи шуморо вайрон мекунад. Қувваи офтоб тамоми хонаи шуморо вайрон мекунад. Қувваи офтоб боми мошинаи шуморо вайрон мекунад. Он ҷилди нишастгоҳи курсии онро вайрон мекунад. Қувваи офтоб расми кашидаи шуморо вайрон мекунад. Умуман, танҳо як чиз метавонад қувваи офтобро истифода барад: ин хлорофилл мебошад. Ва сохти як ҳуҷайраи майдаи растанӣ аз киштии кайҳонӣ мураккабтар мебошад. Бештар дар бораи ин мо дар видеои #4 нақл мекунем. Таҳаввулот дуюм қонунро вайрон мекунад, ва он дурӯғ аст? Ин китоби таълимӣ ба кӯдакон бозёфтҳои ситораҳои баҳриро нишон дода, мегӯяд, ки "3.4 миллиард сол пеш... ин боқимондаи сарнасли қадимтарини одами муосир мебошад." Оё бобо калон-калон-калон-калони шумо ситораи баҳрӣ буд? Дар бораи "Маҷаллаи Дискаверӣ," моҳи ноябри 2004 чӣ фикр мекунед? Оё сарнасли шумо ҳайвони серҳуҷайраи баҳрӣ буд? Ин сарнасли шумост. Ана, бинед, Падари шумо кӣ буд? Акнун, илтимос нахандед, вақте ки ман расми ояндаро нишон медиҳад, хуб? Ин расми бародари ман, вақте ки ӯ пагоҳирӯз барвақт бедор шуда, як стакан қаҳваи сиёҳи хеле сахтро менӯшад. Дар вақташ ман бояд бачаҳоро огоҳ кунам. Бачаҳо, бо диққат гӯш кунед. Қаҳва нанӯшед! Барои он ки агар шумо дар ҷавонӣ қаҳва нӯшед, баъд аз хонадоршавӣ, кӯдакони шумо луч ва бесавод таваллуд мешаванд. Чой ҳам бениҳоят хатарнок аст. Як марди ҳиндуӣ буд, ки боре қариб 16 литр чои хунукро нӯшида буд. Ҳамон шаб вай дар пешоби худ ғӯтид. Бо ин чиз ҳам ҳушёр шавед; он марговар аст. Ба ҳар ҳол, ин бародари ман мебошад, илтимос нахандед - вай намедонад, ки чӣ кор кунад. Ин ӯст! Қайд кунед, ки китоби таълимӣ чӣ мегӯяд, "30 миллион сол пеш..." Акнун, бачаҳо, биёед ман ба шумо онро тарҷума мекунам. Ҳар вақте ки китоби таълимӣ ба шумо гӯяд, ки "миллионҳо сол пеш," он маънои муддати бисёр вақти дуру дарозро дорад. Ин маънои онро дорад, ки афсона сар шуд? Он шуморо огоҳ мекунад, ки ҳозир афсона сар мешавад. "Си миллион сол пеш ин махлуқотҳо таҳаввулот шуданд." Дар он ҷо боз ин калима, мушоҳида кунед. Он мегӯяд, "онҳо сарнаслҳои одам ва ҳам маймунҳои ҳозиразамон мебошанд." Сарнаслҳои одамӣ? Бобо? "Бобо, барои чӣ ту ин қадар чашмони калон дорӣ!" "Барои туро беҳтар дидан, писарам." Медонед, мо ба кӯдакон таълим медиҳем, ки онҳо ҳайвон ҳастанд. Ва имрӯзҳо бисёрии онҳо ҳамчун ҳайвон рафтор мекунанд. Ҳатто Барбара Рейнолдс ҳамин тавр фикр мекунад. "Кӯдакони маймунҳои шумо ба мактаб мераванд?" Ҳа, барои ҳамин - ӯ бояд таҳаввулотро омӯзад. "Медонӣ, Ҷони, ту ҳайвон ҳастӣ ва бо кирми лойхӯрак як сарнасл дорӣ." Ха, ха, ха ту дар назар дорӣ, ки ман ҳайвон ҳастам? Хуб." Шумо ягон маротиба истода фикр кардаед, ки шояд он чизҳоеро, ки мо ба кӯдакон таълим медиҳем ба ахлоқи онҳо таъсир мерасонанд? Ба он чизе, ки шумо бовар мекунед, рафтори шуморо муайян мекунад. Имрӯз кӯдаконро таълим медиҳанд, ки онҳо танҳо ҳайвон ҳастанд. Мусиқии рок имрӯз пур аз маргу вайроншавӣ ва хун пур аст. Хӯш, Библия мегӯяд, "Касоне ки аз ман нафрат доранд, маргро дӯст медоранд!" Имрӯз ба кӯдакон таълим медиҳанд, "Ягон чизи мутлақ нест." Боре ман дар мубоҳиса иштирок кардам, ва он профессор гуфт, "Ховинд, ягон чизи мутлақ нест!" Ман гуфтам, "Шумо комилан ба ин бовар мекунед?" Мағзи сари майдаи ӯ кафид! "Акнун, каме истед, чӣ тавр ман комилан қатъӣ буда метавонам, дар ҳолате ки ягон чизи комил нест?" Чанд сол пеш ман дар мактаби умумии Пенсилвания баромад кардам, ва як бача дар қатори дуюм менишаст. Ӯ гуфт, "Ховинд, Ман атеист мебошам. Ягон хел Худо нест." Ман гуфтам, "Ту ба ин боварии қатъӣ дорӣ?" Ӯ гуфт, "Ман боварии қатъӣ дорам." Ман гуфтам, "Писарам, иҷозат деҳ, ки ба ту як савол диҳам." Ман гуфтам, "Ту ҳама чизро медонӣ?" Ӯ гуфт, "Оҳ, не...не." Ман гуфтам, "Хӯш, бисёр хуб. Шояд ту фикр мекунӣ, ки ту нисфи ҳама чизро медонӣ? Ӯ гуфт, "Неее..." Хӯш, биё, каме тасаввур мекунем, ки ту нисфи ҳама чизро медонӣ. Оё ин имконпазир аст, ки Худо дар нисфи он чизе, ки ту намедонӣ вуҷуд дорад? Ман боварӣ дорам, ки ин фикри нав дар майнаи ӯ каме ғулдуррос зада, гумроҳ шуд! Ман гуфтам, "Ба ҳар ҳол, писарам, агар ту атеист бошӣ, боз як саволи оддӣ медиҳам. Чӣ тавр ту ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ мекунӣ?" Ягон вақт ба атеист чунин саволро диҳед. Чӣ тавр ту ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ мекунӣ? Ӯ гуфт, "Ин осон аст ... Ман худам ҳал мекунам, ки чӣ рост асту, чӣ дурӯғ." Ӯ гуфт, "Ман худои ҷаҳони худ ҳастам." Ман гуфтам, "Писарам, аз шунидани ин бисёр хурсандам, зеро ки дар муддати панҷ дақиқа ман туро парронданӣ." Ӯ гуфт, "Шумо ин корро карда наметавонед." Ман гуфтам, "Ҳа, ман метавонам! Медонӣ, Ман худои ҷаҳони худ ҳастам, ва ман ҳал мекунам, ки туро паррондан ин хуб аст." Шумо мебинед чунин мантиқ ба чӣ оварда мерасонад, вақте ки "ҳар як одам он коре мекунад, ки дар чашми назари вай хуб аст", чӣ хеле ки китоби Доварон мегӯяд. Барои ҷамъият вақти бузург - масъалаи ҷиддӣ аст! Чӣ тавр шумо ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ мекунед? Ин саволи оддиро шумо ба тарфдорони таҳавулот дода метавонед. Онҳо ягон хел ҷавоб надоранд. Шояд Осама Бен Ладон ҳал мекард, ки чӣ хуб асту, чӣ бад. Шояд Бил Клинтон ҳал мекард, ки чӣ хуб асту, чӣ бад. Агар ӯ тасаввур дошта бошад, ки аз куҷо онро фаҳмидан мумкин! Ман назар дорам, ки чӣ тавр шумо ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ мекунед? Оддӣ! Ҳақиқатро аз дурӯғ фарқ кардан хеле осон аст - "Ҳамин тавр Худованд мегӯяд." Акнун шумо мебинед, ки ин мутлақ мебошад. Худованд мегӯяд, "Ягон гуна буришро дар бадани худ накунед, ва ягон хел расм ҳам накашед." Баъзе одамон намедонанд, ки Худо чӣ гуфтааст, ё ин ки онҳо ба гуфтаҳои Худо беэътиноӣ мекунанд. Аммо Худо мегӯяд, ин корро накун? Хӯш, агар шумо ҳамон корро карда бошед, шумо танҳо гӯед, "Худо, бубахш маро," ва онро дигар такрор накунед. Ба назар чунин менамояд, ки миқдори зиёди муаллимон инро намефаҳманд. Онҳо кӯр-кӯрона китоби таълимиро пайравӣ карда, фикр мекунанд, ки бояд назарияи таҳаввулотиро таълим диҳанд. Не, шумо набояд назарияи таҳаввулотиро таълим диҳед! Агар муаллимон хоханд, онҳо дар мактабҳои умумӣ дар бораи офариниш таълим дода метавонанд. Мо видеокассетаро бо номи: "Намоиши Мактабҳои Умумӣ" дорем, ва он бо тамоми қонунҳои таълимоти офариниш дар мактабҳои умумӣ сарукор дорад. Чӣ рӯй дод, Арканзас ва Луизиана қонунеро қабул карданд, ки таълимоти офаринишро иҷозат медиҳад. Суд дар ҳар ду ҳолат онро барҳам дод. Онҳо гуфтанд, "Шумо таълим додани офаринишро талаб карда наметавонед." Онҳо гуфтанд, "Агар муаллимон хоҳанд, онро таълим дода метавонанд, аммо аз тарафи муаллимон ин бояд ихтиёрӣ бошад." Ҳатто Стефан Гулд гуфтааст, "Дар ягон штат низомномае вуҷуд надорад, ки таълими "илми офариниш"-ро манъ карда бошад.'" Иҷозат барои таълими он буд, ва ҳозир ҳам ҳаст. Ӯ қарори Суди Олии 1987-ро шарҳ дод. "Иттиҳодияи Ҳуқуқшиносони Коммунистони Амрикоӣ" (ИҲКА) кӯшиши зиёдро харҷ карда, дар ҳама ҷо таблиғотро паҳн карданд, ки шумо дар мактабҳои умумӣ дар бораи офариниш сухан ронда наметавонед. Дар мактабҳои умумӣ таълим додани офариниш ҳама вақт комилан хуб буд. Зидди он ягон қонуне ҳеҷ вақт набуд? Лекин, агар муаллим дар пеши синф истода, гӯяд, ки "Хӯш, бачаҳо, гӯш кунед, шумо ҳамчун луоб шурӯъ карда, оҳиста ба одам табдил ёфтед." Барои фаҳмидани он даҳо будан лозим не, чунин таълимот имони бачаҳоро ба Библия вайрон мекунад. Касе ки имони кӯдакро вайрон мекунад, беҳтараш хонед Исо дар бораи ин чӣ мегӯяд. Ӯ гуфтааст, "Ва ҳар кӣ яке аз ин тифлонро, ки ба Ман имон меоваранд, ба васваса андозад, барои вай беҳтар аст, ки санги осиёе бар гарданаш овехта... Вайро дар қаъри баҳр ғарқ кунанд." Ҳар касе ки таҳаввулотро таълим медиҳад, вақте ки дар пеши Худо меистад, ба мушкилиҳои зиёд дучор мешавад. Библия мегӯяд, "Бисёре аз шумо муаллим нашавед, чун медонед, ки мо ба маҳкумияти бештаре дучор хоҳем шуд." Чизи аҷоибе рӯй дод. Солҳои 1950 китоби таълимӣ дар Амрико хеле кам роҷеъ ба таҳаввулот нақл мекард - ҳамагӣ ду ё ин ки се ҳазор калима. Лекин дар соли 1957 , русҳо мусобиқаи кайҳониро ғалаба карда, Спутникро ба кайҳон сар додан ва Амрикоиҳо ба воҳима афтодан. Кӣ аз калонсолон ин воҳимаи Амрикоро дар хотир доред, вақте ки русҳо мусобиқаро ғалаба карданд? Онҳо дар "Маҷаллаи Ҳаёт" мақоларо чоп карданд, "Чӣ тавр шумо чунин Афтишро аз сар гузаронда метавонед." Онҳо ҷавоб доданд, "Советиҳо дар илм аз мо пештар рафтаанд, чунки Советиҳо таҳаввулотро таълим медиҳанд. Мо онро дар мактабҳои худ таълим намедиҳем." Онҳо мақолаҳоеро чоп карданд, ки чӣ тавр паноҳгоҳи шахсии худро бунёд кардан мумкин аст. Барои аз таҳнишиниҳои радиоактивӣ худашонро муҳофизат кардан, одамон дар қафои ҳавлиашон паноҳгоҳҳо месохтанд. Як дақиқа истед; Советиҳо дар илм аз мо пеш рафтаанд, чунки онҳо таҳаввулотро таълим медиҳанд? Таҳаввулот бо сар додани спутник чӣ умумият дорад? Баъд дар соли 1959 ҷашни садсолагии нашри китоби Дарвин шуда гузашт. Ва дар соли 1959-ум Эйзинхауер барои бештар таҳаввулотро дар системаи мактабӣ паҳн кардан, аз конгресс 1 миллиард доллар пурсид. Ва ӯ онро гирифт. Дар охири солҳои 50-ум китобҳои таълимии амрикоӣ аз нав навишта шуданд ва дар аввали солҳои 60-ум онҳо бештар мавзӯъи таҳаввулотро доштанд. Он номи "ҷанги сарди таҷдиди маорифи илмии Амрикоӣ"-ро гирифт. Тамоми программаи илмию таълимӣ аз нав навишта шуданд, то ки ба таълимоти таҳаввулотӣ мувофиқат кунад. Ва дар соли 1963 китобҳои таълимӣ 33,000 калимаро дар бораи таҳаввулот дар бар гирифт. Дар соли 1963-юм аз системаи мактабӣ дуоро тамоман бардоштанд. Ягон кас инро дар хотир дорад? Медлин Мюррей Охаерро? Дар солҳои 1963-юм мо дидем, чӣ гуна шаҳвати муҷаррадона дар ҳар гуна синну сол зиёд шуд. Мо афзоиши зиёди касалиҳои олоти таносулро дар синну соли аз 10 то 14 сола дидем. Мо шумораи зиёди таваллуд кардани бешавҳаронро мебинем - 550% ҳомиладоршавӣ афзуд. Боқимондаи он аборт карда шудааст. Ҳозир си фоизи ҳамаи кӯдакон, ки дар таваллудхонаҳо таваллуд мешаванд, аз падару модароне, ки зану шавҳар нестанд. Аз як се қисми онҳо. Кӯдакони ғайриникоҳ зоидашуда. Акнун бо диққат гӯш кунед. Агар шумо яке аз онҳо бошед, ин барои шумо. Тимотиюс "дурага" буда, ягон вақт бояд таваллуд намеёфт. Модари Тимотиюс яҳудизан буд, падараш бошад юнонӣ. Яҳудиён бояд танҳо бо яҳудиён хонадор мешуданд. Модараш итоат накард; ва дар натиҷа Тимотиюс таваллуд шуд. Аммо ӯ ба Худо хизмат кардан намехост, ва Худо гуфт: "Ман туро қабул мекунам, писарам." Ӯ ду китоби Библияро навиштааст. Аз ҳамин сабаб, агар падару модари шумо гумроҳ шуда бошанд, шумо нола накарда, бегап рафта бояд ба Худо бо ҳаёти худ хизмат кунед, фаҳмо? Дигар ягон сабаб нест. Худо ҳар як касро истифода мебарад, фаҳмо? Шумораи оилаҳои беникоҳ, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд аз соли 1963 сар карда, қатъиян афзуд. Каломи Худо тағир наёфтааст. Ӯ гуфт, "Зино накун." Ӯ мегӯяд, ки "Зинокорон ва фосиқонро Худо доварӣ хоҳад кард." Исо гуфтааст, "Агар ту ҳатто бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунӣ, ту аллакай дар дили худ зино кардӣ." Ба ҳар ҳол, хонумон, барои ҳамин ин муҳим аст, ки чӣ тавр шумо либос мепӯшед. Падари ман ҳама вақт мегуфт, "Агар ту дар бизнес набошӣ, реклама накун." Шумораи ҷудошавии оилаҳо дар мамалакат аз ҳад зиёд афзуданд. Таҷовузи кӯдакон зиёда аз 2,300%-ро ташкил медиҳад. Анвои нашъаи ғайриқонуни зиёда аз 6,000%. Ҷиноятҳои ҷабрӣ қарибки 1000%-ро ташкил медиҳанд. Ман на он қадар пир ҳастам, аммо ман вақтҳоеро дар хотир дорам, ки шумо ҳатто дари хонаҳои худро махкам намекардед. Ягон кас он рӯзҳоро дар хотир дорад? Шумо калиди мошинатонро ҳама вақт дар мошин мемондед. Барои гум накардан, шумо онро ҳамроҳи худ намегирифтед. Шумо ба мактаби миёна рафта, дар роҳ истгоҳи мошинҳоро медидед, ки аз оинаи қафои нисфи мошинҳо милтиқи пур аз тир баромада меистод. Ва дар он рӯзҳо ягон кас дар мактаб парронда намешуд? Шояд шумо нашунидаед, лекин бачаҳое, ки дар мактаби миёнаи Колумбия тир паррондаанд хеле сахт ба таҳаввулот бовар мекарданд. Онҳо бо мақсад дар рӯзи таваллуди Гитлер паррондаанд. Онҳо Ишаъёи Шулзро танҳо аз барои сиёҳпӯст буданаш, паррондаанд. Гитлер одамони сиёҳпӯстро бад медид; барои ҳамин онҳо ин корро кардаанд. Ин тирпарронӣ бо таҳаввулот далелнок карда шудааст. Ва якбора баъд аз тирпарронӣ, Роза Одонелл дар барономаи телевизионӣ баромад карда гуфт, "Мо назорати яроқро бояд мустаҳкамтар кунем." Роза, он кӯдакон ба ҳамон мактаб рафта, 18-то қонуни яроқро вайрон карданд. Ман фикр мекунам, ки ду қонуни дигар роҷеъ ба яроқ онҳоро оромтар намекунад. Бинед, Роза намефаҳмад, аммо як бача ҳамаашро фаҳмида, онро ба чархи эҳтиётии мошинаш гузошт. Ман онро дида, гуфтам, "Ман бояд инро сурат гирам!" Ин ҳамаашро мефаҳмонад. Ӯ гуфт, "Колумбиёнро дар яроқ айбдор кардан ба монанди он аст, ки шумо қошуқи Розаи Одонелро дар он айбор мекунед, ки ӯ фарбеҳ аст." Роза, ин айби қошуқ не! Инчунин айби яроқ не. Хеле хуб яроқро айбдор кардан! Аз соли 1963 сар карда баҳоҳо хеле паст шуданд. Ду маротиба дар муддати чил соли охирин онҳо дар бораи имтиҳон ҳеҷ чиз намегӯянд. Онҳо имтиҳонҳоро сусттар карданд, то ки баҳоҳои онҳо баландтар шаванд. Шумораи худкушиҳо дар байни наврасон хеле афзуд. Акнун, агар ман ба шумо гӯям, ки агар қурбоққаро бӯса кунед, он ба подшоҳзода табдил меёбад, шумо чӣ мегӯед? Шумо гуфта метавонед, ки "Не, қурбоққаҳо ба шоҳзодаҳо табдил намеёбанд." Хонумон, шавҳарони кӣ аз бӯса кардани қурбоққа пайдо шуданд? Биёед, мебинем. Ба фикрам тақрибан танҳо се кас. Бинед, ин бисёр вақт рӯй намедиҳад; лекин дар китоби таълимӣ рӯй медиҳад. Шумо ҳамчун амёба шурӯъ карда, оҳиста ба қурбоққа табдил ёфтед ва боз оҳистатар ба подшоҳзода. Ин боз ҳамон афсона. Бинед, агар қурбоққа тез ба подшоҳзода табдил ёбад, мо ҳама мефаҳмем, ки ин афсона аст. Лекин агар қурбоққа оҳиста ба подшоҳзода табдил ёбад, ин илми ҳозиразамон аст. Не, бубахшед, ин ҳоло ҳам афсона аст - бештар аз афсона аст. Фарқият дар бӯса не. Ин дигар рӯй намедиҳад. Имрӯз, писаракон ва духтаракон, агар шумо қурбоққаи худро ба подшоҳзода табдил додан хоҳед, шумо бояд ҳиссаи ғайриоддию махсус, хеле боқувват ва сеҳрнокро дошта бошед, номи он миллиард миллиард солҳо мебошад. Кӣ дар бораи ин пеш шунида буд "Миллиардҳо сол пеш..." Ҳамаи ин дар китобҳои таълимӣ ҳаст. Шумо онро ба воситаи телевизион мебинед, дар маҷаллаҳо; ба воситаи "Ҷуғрофияи миллӣ." "Миллиардҳо ва миллиардҳо сол пеш..." Онҳо ҳамин тавр нақл мекунанд, ки гӯё ин воқеаи илмист. Ана, китоби таълимии синфи чорум. Он мегӯяд, "Миллионҳо сол пеш..." Акнун, каме интизор шавед. Агар ягон кас ба ман ҳамин тавр гӯяд, ман мегӯям, "Шумо дар куҷо будед? Онҳо мегӯянд, "Не, албатта ман дар он ҷо набудам." Баъд ман мегӯям, "Шумо медонед, ки замин миллионсола аст? Оё ин дар ҳақиқат як қисми илм аст? Шумо онро мушоҳида карда, омӯхта, санҷида ва нишон дода метавонед?" Онҳо мегӯянд, "Не, лекин ҳама бовар мекунанд, ки замин миллионсола аст." Не, онҳо бовар намекунанд. Миқдори зиёди амрикоиҳо бовар мекунанд, ки замин аз 10,000 сол камтар буда, онро Худо офаридааст. Ҳангоми раъйпурсӣ камтар аз 15% тарафдоронӣ таҳаввулот ва атеистҳо қайд карда шудаанд. Бисёрии амрикоиҳо бовар намекунанд, ки замин миллионсола аст. Ин рост, ки нисфи зиёди олимон ба таҳаввулот бовар мекунанд. Ин рост аст, ман розӣ. Лекин ин маъно надорад, ки он ҳақиқат аст. Ин рост аст, ки онҳо бовар мекунанд, лекин ба он чизе ки онҳо бовар мекунанд, ҳақиқат нест. Бинед, танҳо аз сабаби он ки як тӯда олимон ба чизе ки ягон маъно надорад, бовар мекунанд. Як вақтҳо олимон таълим медоданд, ки сайёраҳо дар гирди замин давр мезананд. Олимон таълим медоданд, ки санги калон аз санги майда тезтар меғалтад. Онҳо таълим медоданд, ки агар шумо бемор шавед, хуни шумо вайрон аст. Хуни худро бароред, ва шумо худатонро беҳтар ҳис мекунед. Барои баровардани хун дар тамоми Амрико ҷойҳои махсус буданд. Шумо медонистед, ки онҳо дар куҷо ҳастанд, чунки дар гирду атрофи он ҷо чӯбҳои сафед бо рахҳои сурх буданд. Дар он ҷо сартарош хунгир буд. Ва рост дар ақиби Ҷорҷ Вашингтон, ... ... вақте ки онҳо то мурданаш аз ӯ хунро мебароварданд, Библия ба вай мегуфт, "Ҳаёти ҷисм дар хун аст" Агар онҳо ин оятро мехонданд, шояд ӯ то имрӯз зинда мемонд. Хуб, ба ҳар ҳол ӯ умри дарозро дида метавонист. Лекин, гӯш кунед, агар шумо зери об шино карда, сандуқи ҷавоҳиротро пур аз тангаи тилло меёфтед. Ман ба шумо саволи оддӣ медодам, "Кай киштӣ ғарқ шудааст?" Шумо мегӯед, "Ман намедонам." Хӯш, санаи тангаро бинед. Агар санаи ин тангаҳо аз соли 1750 сар шавад, шумо гуфта метавонед, ки ин киштӣ баъд аз соли 1750 ғарқ шуда метавонист. Кӣ бе ёрдамӣ дигарон инро фаҳмид? Киштӣ пеш аз ин сана ғарқ шуда наметавонист, ҳамин тавр не? Шумо сандуқро тит карда, аз ҳама қадимтарин тангаро меёбед. Шумо бояд аз ҳама тангаи навро ёбед. Ва он ҳудуди вақти ғарқ шудани киштиро нишон медиҳад. Ин омили маҳдудкунанда ном гирифтааст. Шумо медонистед, қариб ки садҳо роҳҳои гуногун вуҷуд доранд, ки синну соли заминро муайян мекунанд? Бисёрии онҳо рақамҳои калонро пешниҳод мекунанд, дигарашон бошад рақамҳои хурдро, лекин моро рақамҳои хурд ба ташвиш меоваранд. Агар ки шумо устухони динозаврро ёбед, шумо бояд тез ду чизро қайд кунед. Якум, он гап намезанад. Дуюм, вай санаи чопшударо надорад. Вай намегӯяд: "Инро динозавр 70 миллион сол пеш аз Мавлуди Исо дар Тайван ихтироъ кардааст. "Вай ҳамин тавр намегӯяд, фаҳмо? Хӯш, чӣ тавр шумо синну соли канданиҳоро гуфта метавонед? Чӣ тавр шумо синну соли заминро гуфта метавонед? Ба ҳар ҳол замин чанд сола аст? Хуб, Библия таърихи тақрибан 6,000 соларо дорад. Китоби таълимӣ мегӯяд, ки миллиардҳо сол. Касе дурӯғ мегӯяд. Фарқият дар байни 6,000 ва 20 миллиард сол. Конгресс ин фарқиятро намефаҳмад, аммо ин фарқият ҳаст? Дар бораи он мо дар қисмати дигар гап мезанем. Чӣ тавр шумо нишон медиҳед, ки замин миллиардсола нест? Лекин, агар он 6,000 сола бошад, чӣ хеле ки Библия таълим медиҳад, пас баъзе саволҳои аҷоиб пайдо мешаванд. Дар бораи динозаврҳо чӣ? Дар бораи радиокарбон чӣ? Чӣ тавр равшанӣ аз ситораҳо ба ин ҷо мерасад? Дар бораи Дараи Гранд чӣ? Оё барои ташкил ёфтани онҳо миллионҳо сол лозим набуд? Дар бораи сутуни геологӣ чӣ? Хӯш, бачаҳо, ана барои чӣ семинари ман 17 соат давом мекунад. Ман ҳамин тавр тез гап мезанам, ки чӣ хеле роҳ мегардам, лекин мо ҳамаашро дар бар мегирем. Хӯш, мо баъд аз чанд дақиқа бисёртар дар бораи ин гап мезанем. Seminar 1b - Семинари Доктор Кент Ховинд - www.drdino.com - Тоҷикӣ - Тарҷума шудааст Библия дар китоби Ҳастӣ 1:1 мегӯяд, "Дар ибтидо Худо замину осмонро офарид." Ибтидо кай сар шуд? Библия мегӯяд, ки Исо ҳамаи чизҳоро дар замину осмон офарид. Хӯш, истед, Худо замину осмонро офаридааст, ё ин ки Исо замину осмонро офаридааст? Хуб, ҳар дуи онҳо. Исо Худои Тавоно мебошад, ки дар ҷисм зоҳир шудааст, ба он нигоҳ накарда, ки "Шоҳидони бардурӯғи Яҳва" таълим медиҳанд? Дар Матто 19:4 Исо гуфтааст, "Оё нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид." Ба ҳар ҳол, ин Одам ва Ҳавво буд, на он ки Одам ва Стив. Аммо Исо гуфтааст, ки ин ибтидо буд. Айнан дар Марқӯс 10:6 гуфта шудааст, "Лекин аз ибтидои офариниш Худо онҳоро марду зан офарид." Библия мегӯяд, ки аз сабаби гуноҳи одам ба дунё марг ворид шуд. Агар Одам гуноҳ намекард, ҳеҷ кас намемурд. Ба воситаи одам гуноҳ омад. Библия роҷеъ ба ин мавзӯъ кушоду равшан нақл мекунад. Одам якумин мард буда, Ҳавво модари тамоми инсоният мебошад. Акнун, ҳама чиз осонтар; мо танҳо санаро мегузорем. Библия мегӯяд, ки Одам 130 сола буд, вақте ки Шет таваллуд шуд. Шет 105 сола буд, вақте ки Анӯш тавалуд шуд. Анӯш 90 сола буд, вақте ки Қенон таваллуд шуд. Шумо Библияро дида баромада, танҳо санаҳоро ҷамъ мекунед; ин мушкил нест. Шумо худатон ин ҷадвалро кашида метавонед, ва ин хеле осон аст. Агар шумо дафтарчаи лексионии маро гиред, дар саҳифаи охирин ҷадвалро мебинед, ё ин ки мо онро ба монанди ин нусхабардор мекунем. Шояд он ҳамчун дастмол ба шумо даркор шавад, вақте ки дӯсти шаккоки шумо барои таомхӯрӣ ба хонаатон меояд. Ҳақиқатан, шумо метавонед ин мавзӯъро бо ягон-тои онҳо сар кунед. Хизмати мо хеле бисёр дастмол дорад. Кӯдакон ҳам ба ҷои қуттии донагӣ, онро хонда метавонанд. Лекин, агар аз рӯи Библия санаҳоро ҷамъ кунед, шумо тақрибан 4000 сол аз вақти офариниш то Мавлуди Исо ҳисоб мекунед. Миллионҳо сол пеш не, лекин 4000 сол пеш аз Мавлуди Исо. Ман яке аз он ҷавононе нестам, ки санаи аниқро гузоштан мехоҳад. Ман намегӯям, ин 4000 сол пеш аз Мавлуди Исо, 23 Октябр, соати дуи рӯз буд. Ман фикр намекунам, ки шумо онро аз Навиштаҷот фаҳмида метавонед. Ман фикр мекунам Одам дар нисфирӯзӣ офарида шуда буд, чунки он пеш аз офариниши Ҳавво рӯй дод. Ин як калиде, ки ман онро ошкор кардам. Ман инро тасдиқ карда наметавонам, лекин фикр мекунам, ки ман мефаҳмам барои чӣ Худо аввал Одамро офарид. Ба фикри ман, Худо аввал Одамро барои он офарид, ки Ӯ намехост, ки ягон кас маслиҳат диҳад, чӣ тавр бояд кард. Кӣ бо гуфтаи ман розӣ аст? Ба ҳар ҳол, маънои МИ пеш аз Мавлуди Исо мебошад. Қариб ки дар ҳамаи китобҳои таълимии нав онро иваз карда, ПМ пеш аз милод мегӯянд. Бачаҳо, Масеҳ аз мактабҳо баромада рафтааст. Китобҳои таълимӣ мегӯянд, ки замин миллиардсола аст. Исо мегӯяд, ки аз офариниши Одам ибтидо сар шуд. Хӯш, оё Ӯ фиреб медиҳад? Шояд Ӯ дар илм ягон фаҳмиш надорад? Ё ин ки Ӯ ҳақиқатро мегуфт? Замин чанд сола аст? Кай ибтидо сар шуд? "Дар ибтидо Худо асоси заминро гузоштааст." Ҳамон замин чанд сола аст? Оё 4000 сол пеш аз Мавлуди Исо дуруст аст? Ман дар донишгоҳҳо бисёр мубоҳиса мегузаронам ва дар барномаҳои телевизионӣ гап мезанам, ва ҳама вақт дар он ҷо як атеист пайдо мешавад. Ӯ ба ҳамон ҷо занг зада, мепурсад, "Ховинд, Ман савол дорам, писарони Одам бо кӣ хонадор шуданд?" Саволи хуб ва одилона. Ман мегӯям, ки ин саволи хуб аст ва бо хурсандӣ ба он ҷавоб медиҳам. Ба он нигоҳ накарда, ки шумо бачаҳо проблемаи ҷиддӣ доред. Библия мегӯяд "Ва Қобил аз пеши Худованд баромада рафт; ва дар замини Нӯд, ба тарафи шарқии Адан маскан гирифт. Ва Қобил бо зани худ хобид; вай ҳомила шуд." Хӯш, гуфта нашудааст, ки вай ӯро дар он ҷо ёфт. Аммо зани вай кӣ буд ва Шет бо кӣ хонадор шуд? Ба фикрам ман ҷавоб дода метавонам. Ба ҳар ҳол, ба тарафдорони таҳаввулот нигоҳ карда, мо масъалаи хурдтар дорем. Онҳо бовар мекунанд, ки 18 ё 20 миллиард сол пеш, таркиши бузург аз ҳеҷ чиз рӯй дод ва ҳама чизро ба вуҷуд овард. 4.6 миллиард сол пеш замин сард шуд ва он тӯби тафсони сангин шуд. "Замин ҳамчун тӯби тафсони сангин шурӯъ кард." Баъд миллионҳо сол борони сел уқёнусҳои калонро ба вуҷуд овард, ва ин обҳои уқёнус ҷӯшида, моддаҳои химиявии мураккабро ба вуҷуд оварданд. "Тараққии шӯрбои химиявии мураккаб ба организми зинда хеле суст мегузарад." Сад фоиз; чӣ қадаре, ки он дуру дароз нагузарад, ягон чиз рӯй намедиҳад! Ин бачаҳо гуфтанд, "Аввалин системаҳои худ ба худ аз нав ба вуҷуд овардашуда бояд аз ҳамин шӯрбои органикӣ пайдо мешуданд." Мувофиқи назарияи таркиши бузург 20 миллиард сол пеш таркиши бузург рӯй дод, ва баъд 4.6 миллиард сол пеш замин сард шуд. Миллионҳо сол ба харсангҳо борон борида, онро ба шӯрбо табдил дод, ва шӯрбо дар муддати 3 миллиард сол зинда шуд. Аввалин шакли ҳаёт касеро барои хонадоршавӣ ёфтнамешавад. Ман ба он ҷо рафтам. Дар синф шаш профессор ва ҳамаи донишҷӯёни онҳо нишаста буданд. Медонед, ман худамро ҳамчун Дониёл дар лонаи шер ҳис мекардам! Ман ҷадвали худро гирифта, гуфтам, "Бачаҳо, Ман ба Библия имон дорам. Ман имон дорам, ки 6,000 сол пеш Худо ҳама чизро офарид. Баъд 4,400 сол пеш Худо тӯфонро фиристод, ки ҳама чизро несту нобуд кард." "Нӯҳ аз ҳар чорпо ҷуфт-ҷуфт, нар ва модаро ба даруни киштӣ гирифт, на он ки ду навъ." Баъд ман ба онҳо гуфтам, ки онҳо ба чӣ имон доранд, чунки бисёрии онҳо намедонанд ба чӣ имон доранд. Бист миллиард сол пеш таркиши бузург рӯй дод. Баъд 4.6 миллиард сол пеш замин сард шуд. Миллионҳо сол ба харсангҳо борон борида, онҳоро ба шӯрбо табдил дод ва шӯрбо зинда шуд. Як профессор хеле рӯҳафтода шуд. Ӯ гуфт, "Ховинд, шумо мефаҳмед, ки дар ҷаҳон садҳо намуди сагҳо вуҷуд доранд?" Ман гуфтам, "Ҳа, албатта як тӯда." Ӯ гуфт, "Яъне, шумо гуфтанӣ, ки ҳамаи ин сагҳо танҳо аз ду саги дар киштии Нӯҳ буда, ба вуҷуд омадаанд? Шумо фикр мекунед, ки ман ба ин бовар мекунам?" Ман гуфтам, "Ҷаноб, шумо фаҳмидан мехоҳед, ки чиро ба донишҷӯёни худ таълим медиҳед? Шумо ба донишҷӯён таълим медиҳед, ки ҳамаи он сагҳо аз харсангҳо ба вуҷуд омаданд." Баъд аз ин ӯ дигар ягон савол надошт. Ба ҳар ҳол, писари Одам бо кӣ хонадор шуд? Хуб, Библия мегӯяд, ки баъд аз он ки Шет таваллуд шуд, Одам 800 соли дигар зиндагӣ карда, писарону духтаронро ба дунё овард. Дар муддати 800 сол шумо чанд нафар фарзанд дошта метавонед? Якчанд нафар, рост? Дӯсти ман аз Арканзас дар муддати 15 сол 15 нафар фарзанд дошт. Ман оилаеро дар Минесота вохӯрдам, ки 20 фарзанд доштанд, ва ҳамаи онҳо аз 20 поён ҳастанд. Дар Минесота хунук аст. Хӯш, писарони Одам бо кӣ хонадор шуданд? Хуб, онҳо бо хоҳарони худ хонадор шуданд. Шумо мегӯед, "Бо хоҳарони худ хонадор шуданд?!" Ором шавед; пеш аз ҳама онҳо дигар интихоб надоштанд, фаҳмо? Дуюм, кӣ ба онҳо инро мефаҳмонд? Дар бораи ин фикр кунед. Сеюм, муқобили ин ягон қонун вуҷуд надошт, баъд аз 2,500 сол Мӯсо ба онҳо қонун дод. Пеш аз ин ба онҳо қонун ҳам лозим набуд. Дар муддати ҳазор соли аввал нажод қариб ки тамоман нуқсони генетикӣ надошт. Бо хоҳари худ хонадор шудан ягон мушкилӣ надошт. Бинед, ҳама чиз дар бораи шумо дар насл гузошта шудааст. Ҳатто таваллуди фарзандон ирсӣ мебошад. Агар падару модари шумо ягон насл надоранд, шумо ҳам дошта наметавонед. Шумо мегӯед, "Оҳ, ман ягон бор дар бораи ин фикр накардаам." Акнун фикр кунед. Шумо бинед, ки ман рост мегӯям. Одамон мегӯянд, "Шумо бо хоҳарони худ хонадор шуда наметавонед; дар бораи монандии генетикӣ чӣ?" Одам бо қабурғаи худ хонадор шуд. Шумо дар бораи монандии генетикӣ мегӯед! Дар он вақт ин проблема набуд. Библияро хонда, шумо мушоҳида намекунед, лекин ҳангоме ки шумо солҳоро шуморида, онҳоро дар як ҷадвал менависед, ин хеле аҷоиб аст. Шумо мефаҳмед, ки Одам бисёр умри дароз дида, писар-писар-писар-писар-писари набераашро медонист. Падари Нӯҳ Одамро дар муддати 56 сол медид. Шумо ҷамъшавии оилаҳоро дар он рӯзҳо тасаввур карда метавонед? Хуб, ҳама ба шутур нишаста, бобо-бобо-бобо-бобо-бобо калон Одамро рафта мебинем. Ва ӯ ба мо нақл мекунад, ки дар боғи Адан чӣ хел буд. Ман бисёр шӯхиҳои Одам ва Ҳавворо нақл мекунам. Ва худи ҳозир ман якеашро ба шумо нақл мекунам. Як зан гуфт, "Шумо мардҳо бе занҳо дар куҷо мебудед?" Ман гуфтам, "Дар боғи Адан." Дар он ҷо танҳогӣ мешуд; беҳтараш ин хел намешуд. Ба ҳар ҳол, Библияро хонда, шумо инро мушоҳида карда наметавонед, лекин агар солҳоро дар ҷадвал қайд кунед, шумо ҳайрон мешавед! Баъд аз тӯфон писари Нӯҳ Сом хеле умри дароз дид, ва Иброҳиму Исҳоқу Яъқубро мешинохт. Яъқуб 13-то фарзанд дошт: 12 писар ва 1 духтар. Яке аз писаронаш Юсуф ном дошт. Ин ҳамон бачае, ки бисёр либосҳои рангоранг дошт. Бародаронаш рашк карда, ӯро заданд ва баъд ба чоҳ партофтанд. Билохир ӯ ба Миср фаромад. Юсуф сарвазир шуд ё чӣ тавре ки ӯро меномиданд. Баъд Юсуф ҳамаи бародаронашро ба Миср таклиф кард, то ки бо ӯ якҷоя зиндагӣ кунанд. Ҳамин тариқ Юсуф ба Фиръавн падараш Яъқубро пешниҳод кард. Ва Фиръавн ба Яъқуб гуфт, "Ту чанд сола ҳастӣ?" Ва Яъқуб гуфт, "Ман 130 сола ҳастам." "Айёми солҳои умри ман кам ва бад аст, ва ба айёми солҳои умри падарони ман дар айёми мусофирати онҳо нарасидааст." Ҳамчун Масеҳии ҷавон 36 сол пеш ман ин оятро хонда, фикр кардам, ӯ чӣ мегӯяд? Ман 130 сола ҳастам, ва ба ҳаёти падарони ман нигоҳ карда, ин ночиз аст? Ҳа, шумо мефаҳмед, ки ӯ Шим, Арфаксад, Шалӯҳ ва Ҳеверро шахсан медонист. Агар шумо 130 сола бошеду, дар наздикиатон 600 сола одам зиндагӣ кунад, шумо дигар худатонро пир ҳис намекунед. р китоби Волт Браун "Дар ибтидо" гуфта шудааст. Китоби хеле хуб аст. Моҳ дар гирду атрофи замин давр мезанад. Кӣ инро медонист? Моҳ дар гирду атрофи замин давр мезанад. Шумо медонистед, ки моҳ дар гирду атрофи замин давр зада, оҳиста аз он дур шудан мегирад? Мо оҳиста моҳро аз даст медиҳем. Ҳар сол он ба якчанд дюйм аз мо дур мешавад - проблемаи на он қадар калон. Ягон ҷои хавотирӣ нест; шумо бо ин ҳеҷ кор карда наметавонед. Аммо моҳ аз замин ҳар рӯз дур мешавад. Бачаҳо, ҳозир мушкилтар мешавад, барои ҳамин бо диққат гӯш кунед. Моҳ ҳар рӯз аз замин дур шуда истодааст. Ин чӣ маъно дорад, ки моҳ наздиктар буд ... Кӣ бе ёрдами дигарон инро фаҳмида метавонад? Хуб, агар шумо моҳро наздиктар оваред, мушкилиҳо сар мешаванд, зеро ки моҳ мад ва ҷазрро ба вуҷуд меоварад. Шумо бачаҳои Ноксвил шояд аз мадду ҷазр хавотир нестед. Лекин дар Пенсакола шумо аз мадду ҷазр хавотир мешавед. Шумо мебинед, агар моҳ наздиктар шавад, мадду ҷазр баландтар мешавад. Қонуни квадрати баргарданда мавҷуд аст. Агар шумо моҳро ба масофаи аз 1/3 наздиктар оваред, аз 1/3-ро чапа карда, ба квадрат зарб занед. 9 маротиба қувваи ҷозиба зиёдтар мешавад! Агар шумо тамоми математикаро истифода бурда, ҳисоб мекардед, шумо мефаҳмидед, ки моҳу замин дар мурури 1.4 миллиард сол як мешуданд. Доктор Волт Браун мегӯяд, ки аз ҳама зиёд 1.2 миллиард сол замин вуҷуд дошта метавонад. Хӯш, агар моҳ бар болои замин бисёр наздик давр мезад, он гоҳ мо мефаҳмидем, ки динозаврҳои баланд куҷо шудан. Онҳоро моҳ рӯфта мебурд. Кометаҳо дар фазо мепаранд, лекин мунтазам як қисми масолеҳро гум мекунанд. Аз думи комета ҳар гуна чизҳо мерезад. Шумо мунтазам аз даст дода наметавонед; дере нагузашта ҳамааш тамом мешавад. Медонед, ин ба дафтарчаи чеки шумо монанд аст. Бинед, агар харҷи шумо аз даромадатон зиёдтар шавад, ҳар вақт баланси шумо хароб мегардад! Хӯш, кометаҳо мунтазам масолеҳашонро гум мекунанд. Ва ин ҳамеша давом дода наметавонад. Бисёрии ситорашиносон мегӯянд, ки кометаҳо зиёда аз 10,000 сол мавҷуд буда наметавонанд. Хуб, акнун ман савол дорам. Барои чӣ то ҳол кометаҳо вуҷуд доранд? То имрӯз онҳо бояд несту нобуд мешуданд. Як сол пеш дар семинар ман қайд карда гузаштам, ки кометаҳо ҳамчун нишонаи он ки системаи офтобӣ камтар аз 10,000 сол вуҷуд дорад. Ва як атеист ба хонааш баргашта, дар интернет як веб сайтро барои ман тақдим кард, ки он сайти зидди-Ховинд ном дошт. Ҳозир бошад зиёда аз ҳазорҳо чунин сайт вуҷуд дорад. Як бача гуфт, ки ҳозир қариб ки 2,000 Веб сайти зидди-Ховинд вуҷуд дорад. Ман бо худ бисёр фахр мекунам. Хӯш, як масхарабоз дар веб-сайти худ савол дод, "Ховинд, шумо дар бораи ситорашиноси голандии соли 1950 медонед? Номи вай Ҷен Оорта буд. Ӯ ният дошт (умедвор буд, мехост, дуо мегуфт), ки кометаҳо лифофаҳои бузург доранд, ва ҳангоме ки яктоаш месӯзад, ба ҷои он дигараш пайдо мешуд. Хӯш, аз сабаби он ки то имрӯз кометаҳо вуҷуд доранд, ӯ гуфт, ки ба ҷои сӯхтагиаш наваш пайдо мешавад. Онро кометаи "Абри Оорта" номиданд. Ӯ гуфт, ин Абри Оорта дар 50,000 якиҳои астрономӣ ҷойгир аст. Хуб, агар шумо якиҳои астрономиро надонед, ин масофа аз офтоб то замин аст. Ин аст якиҳои астрономӣ. Бе телескопи хуб Плуторо дидан мушкил аст. Ва Плуто фақат дар масофаи 39 якии астрономӣ вуҷуд дорад. Ва албатта, шумо ҳеҷ вақт кометаро дар масофаи 50,000 якии астрономӣ дида наметавонед. Ягон кас ин Абри Оортаро ҳатто надидааст. Оорта ҳеҷ вақт абри Оортаро надидааст. Ҳама чиз дар асоси хатогии математикӣ асос ёфтааст. Ягон хел абри Оорта вуҷуд надорад. Ҳатто Карл Саган гуфтааст, "Ҳар сол бисёр корҳои илмӣ роҷеъ ба абри Оорта, дар бораи хусусияту пайдоиш ва таҳаввуулоти он навишта мешаванд ... Аммо то ҳол ягон ягон ришта ҳам нест, ки моро ба исботи мавҷудияти он равона кунад." Абри Оорта вуҷуд надорад. Аммо он масхарабоз дар веб-сайти худ гуфт, "Ховинд, агар шумо барои тасдиқ кардани ҷавонии замин далели кометаҳоро истифода бурдан хоҳед ... Шумо бе ягон шубҳа исбот карда наметавонед, ки абри Оорта ва дигар сарчашмаҳо вуҷуд надоранд!" Истед, истед, истед. Чӣ тавр шумо мавҷуд набудани ягон чизро исбот мекунед? Оё ман барои исботи мавҷуд набудани ягон чиз дар як вақт дар айни замон дар ҳама ҷо буда метавонам? Ӯ кӯшиш мекунад, ки бори исботро ба дигар кас гузорад. Либералҳо ҳама вақт ҳамин тавр рафтор мекунанд, ва мо ба қафас мефароем. Ман ба шумо нишон медиҳам, ки чӣ тавр ба осонӣ ин корро кардан мумкин аст. Мисол, ман тарбузро набурида, мегӯям, ки даруни он кабуд аст. Исбот кунед, ки ман нодуруст мегӯям. Номи ин бори исботро ба дигар кас гузоштан аст. Инро ба ҷо овардан хеле мушкил аст, ҳамин тавр не? Ҳангоме ки шумо пӯсти тарбузро мегиред, оҳ, бинед он сурх шудааст мегӯед. Ман рост гуфтам; як сония пеш он кабуд буд. Ӯ мегӯяд, ки ман мавҷуд набудани абри Оортаро бояд исбот кунам. Акнун, интизор шавед, Довуд, ана чӣ ба мо маълум аст. Мо мавҷуд будани кометаҳоро медонем. Мо медонем, ки онҳо камтар аз 10,000 сол вуҷуд доранд. Мо медонем, ки Библия мегӯяд, ки замин 6,000 сол вуҷуд дорад. Ман бо кометаҳо мушкилӣ надорам. Ӯ мехоҳад, ки ба назар чунин намояд, ки ман бо кометаҳо мушкилӣ дорам, ҳангоме ки ӯ мушкилӣ дорад. Библия мегӯяд, "Осмонҳо ҷалоли Худоро эълон мекунанд." Ин аҷоиб. Назарияи таҳаввулотӣ мегӯяд, ки офтобу ситораҳо пештар таҳаввулот карда шудаанд. Библия мегӯяд, ки Худо заминро пеш аз офтобу ситораҳо офаридааст. Ҳама чиз дар назарияи таҳаввулотӣ баръакси Библия аст. Ҳама чиз дар алоҳидагӣ -комилан баръакс аст! Ин назарияҳо мувофиқ нестанд. Ҳама чӣ чапа. Библия мегӯяд, ки одам маргро ба дунё овард. Тарафдорони таҳаввулот мегӯянд, ки марг одамро ба дунё овард. Библия мегӯяд, ки Худо одамро офаридааст; тарафдорони таҳаввулот мегӯянд, ки не, одам Худоро офаридааст. Ин назарияҳо қутбияти муқобил мебошанд. Одамон мегӯянд, "Оё Худо барои офариниш таҳаввулотро истифода бурда наметавонист?" Метавонист, лекин аниқ ин Худои Библия намебуд. Худое, ки таҳавулотро истифода мебурд ин Худои золим, ифроткор ва ақибмонда мешуд. Ӯ аниқ ҳамон Худое намебуд, ки шумо ба Ӯ дуо мегӯед. Бештар дар бораи он дар видеои 7, дар серияҳои кассетаҳои кабуд нақл мекунем. Забуршинос мегӯяд, "Вақте ки ман осмонҳоро мушоҳида мекунам...." Ба ҳар ҳол, осмонҳо дар шумораи зиёд аст; мо бештар дар бораи он аз видеои #2 мефаҳмем. Ӯ гуфт, "вақте ки ман ман мушоҳида мекунам." Бачаҳо, ҳар вақт барои худатон як кори нағз кунед, барои чанд вақт телевизорро хомӯш карда, ба кӯча баромада, осмонҳоро мушоҳида кунед. Рафта бинед, ки Худо чӣ кор кардааст. Забуршинос мегӯяд, "Вақте ки ман мулоҳиза мекардам, оташ аланга мезад." Калимаи мулоҳиза ба маънои "фикр кардан" аст. Фикр кунед. Библия дубора ин калимаро истифода мебарад. Фикр кунед. Акнун, шумо медонед забони инглисӣ хеле аҷоиб аст. "Теист" ин шахсе, ки ба Худо имон дорад. Агар шумо ҳарфи "a"-ро пеш аз ин калима гузоред, маънои он баръакс мешавад. Барои ҳамин "aтеист" шахсе, ки эътироф мекунад, ки ба Худо имон надорад. "Мулоҳиза кардан" маънои фикр карданро дорад. Хӯш, баръаксаш чӣ? Шумо фаҳмидед. "Хушвақтӣ" маънои он мулоҳиза накардан аст. Медонед, мо бисёр боғҳое дорем, дар куҷо шумо пулро супорида, хушвақтӣ карда метавонед. Онҳо боғҳои хушвақтӣ ном гирифтаанд - ҷое, ки фикр кардан лозим нест. Ӯ гуфт, "Вақте ки ман ба осмонҳо нигоҳ мекунам, ба аъмоли дастони Ту, ба моҳу ситорагоне, ки Ту барпо кардаӣ; Кист одам, ки Ту дар хотир дорӣ?" Медонед, аҷоибот дар чист? Шахсе, ки вақти худро дар мулоҳизаи корҳои Худо мегузаронад, ӯ ба ҳайрат намеояд, ки одам чӣ кор кардааст. Баъзе падару модарон ба хонаатон рафта, хоначаи кӯдакони худро мушоҳида кунед. Агар дар тамоми деворҳо қаҳрамонҳои варзишро бинед (бо диққат гӯш кунед), шумо ба онҳо таълим медиҳед, ки дар бораи аъмоли одамӣ фикр кунанд, на он ки аъмоли Худо. Ва майнаи кӯдак, просесси фикрронии он дар бораи ин чизҳо амиқтар мешавад. Шумо амиқии фикрронии ӯро медонед "Ооҳ, вай тӯбро рост ба ҳалқа партофт." Баъд аз ҳазорҳо сол ин ба кӣ лозим аст? Баъд аз панҷ сол кӣ дар бораи ин фикр мекунад? Ягон кас медонад, ки Қадаҳи Заифиро, оҳ, Супер Қадафро панҷ сол пеш ғалаба кардааст? Ба ягон кас ин лозим аст? Фарқаш нест, ҳамин тавр не? Ҳамаи он мардҳои калон, ки барои як тӯб мубориза мебаранд, имконияти ба худашон тӯб харданро доранд. Не, ба фикрам ин гуноҳ нест. Аммо ба шахсе, ки бо тӯб бозӣ мекунад, панҷ миллион долар додан ин беақлӣ аст. Бачаҳо, ин абадан давом намедиҳад. Дар бораи чизҳои абадӣ фикр кунед, ба монанди он аъмолҳое, ки Худо кардааст. Билия мегӯяд, "Ба замин муроҷиат кун ва он туро таълим хоҳад дод." Замин монанди магнити калон аст. Акнун, магнит мунтазам қувваи худро гум карда истодааст. Магнити замин 10% қувваи худро дар охири 150 сол гум кардааст. Албатта, агар қувваи он суст шуда истодааст, ин маънои онро дорад, ки он пеш боқувваттар буд. Ва он зиёда аз 25,000 сол вуҷуд дошта наметавонад. Танҳо сустшавии қувваи магнитии замин нишон медиҳад, ки он камтар аз 25,000 сол вуҷуд дорад. Санагузории карбон ҳам кор намеояд. Дар ин ҷо якчанд мисол меоварам: зонуи мамонтро 15,000 сола гуфтанд, аммо пӯсташ 21,000 сола гуфтанд. Як қисми мамонт 29,000 сол буда, дигараш 44,000 сол аст. Шумо дар бораи таваллудшавии суст сухан меронед. Мо бештар дар бораи бо карбони-14 сана гузориро дар видеои #7 дида мебароем, инчунин он мушкилиҳои ҷиддиеро, ки бо он вобаста аст. Китобҳои таълимӣ мегӯянд, ҳа, қувваи магнитӣ суст мешавад, чунки он мегардад. Ин сохти гардиш аст. Не, ягон гардиши магнитӣ дар қувваи магнитии чуқурии уқёнус вуҷуд надорад. Мо инро дар видеои #6 дида мебароем. Ҳамаи ин қисми дигар назария мебошад, ки Пангея ном гирифтааст. Кӣ дар бораи "Пангея" пеш шунидааст? Ин назария мегӯяд, ки пеш ҳамаи континентҳо якҷоя буданд. Хуб, ман гарав мезанам, ки онҳо Африқоро қариб то 40% бурида кам кардаанд, то ки он мувофиқат кунад? Онҳо ба шумо мегӯянд, ки то Мексикаю Амрикои Марказӣ рафта расидаанд? "Ҷаноби куа паса донте эста Мексика, Панама, Коста Рика ва Гватемала?" Медонед, онҳо ба шумо намегӯянд, ман фикр мекунам он чизеро, ки барои кӯдаки боғча ҳам ошкор аст. Медонед, агар шумо оби уқёнусро холӣ кунед, дар таги он чирку лойро мебинед. Одамон мегӯянд, "Ховинд, шумо чӣ фикр мекунед, оё ҳамаи континентҳо якҷоя буданд ?" Ман мегӯям, "Шумо чиро дар назар доред? Онҳо ҳоло ҳам якҷоя ҳастанд." Ман дар назар дорам, чӣ хеле ки ҳозир ҳаст; танҳо ҷойҳои паст аз об пур ҳастанд. Шумо чиро дар назар доред "онҳо якҷоя буданд" гуфта? Салом! Онҳо ҳоло ҳам якҷоя ҳастанд. Чӣ гуна назарияи аблаҳона аст! Дар бораи Панагея, ки "Назарияи Ховинд" ном гирифтааст, дар видеои # 6 дида мебароем." Замин дар экватор тақрибан 1,000 мил дар як соат давр мезанад. Аммо ҳаракати замин суст шуда истодааст. Умуман, гардиши замин ҳар рӯз тақрибан то ҳазор сония суст шуда истодааст. Замин суст шуда истодааст. "Маҷаллаи астрономӣ" дар соли 1992 мақоларо чоп кардааст. Онҳо мегӯянд, "Гардиши замин суст шуда истодааст. ... Дар июн як сония зиёдтар аз пештара давом медиҳад." Мо дуюмбора меҷаҳем. Дуюмбора ҷаҳидан? Ҳа, онҳо бояд тақрибан ҳар як сол то ҳар якуним сол ҷаҳидан гиранд, чунки гардиши замин суст шуда истодааст. Акнун, бачаҳо, ҳозир мушкилтар мешавад, барои ҳамин бо диққат гӯш кунед. Замин давр мезанад, лекин сусттар. Ин маънои онро дорад, ки замин пеш тезтар ҳаракат мекард. Чанд нафар бе ёрии дигарон инро фаҳмиданд? Хуб, агар замин танҳо 6,000 сола бошад, ягон мушкилӣ нест. Ман дар назар дорам, ки он каме тезтар ҳаракат мекард; Одам инро мушоҳида карда наметавонист. Ба ҳар ҳол, ӯ соат надошт. Баъзе бачаҳо мехоҳанд, ки ман бовар кунам, ки замин миллиардҳо сол вуҷуд дорад. Бачаҳо, агар шумо ба миллиардҳо сол пеш баргардед, шумо ба мушкилиҳо дучор мешавед. Замин хеле тез давр мезад. Бедор мешудед; хоб мекардед. Бедор мешудед; хоб мекардед. Ва ҳеҷ кор карда наметавонистед. Қувваи марказгурез даҳшатовар мешуд. Бачаҳо, шамол аз таъсири Кариолис дар як соат 5,000 мил мешуд. Шумо мехоҳед, ки ман бовар кунам, ки динозаврҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ мекарданд? Ман медонам бо онҳо чӣ рӯй дод. Онҳо пуф карда шуданд! Не, онҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ намекарданд. Биёбони Сахара чӣ хеле ки мегӯянд, нишондоди бартарии шамолро дорад. Шамол қариб ки ҳама вақт ба як тараф мевазад. Ин мушкилии ҷиддиро ба вуҷуд меоварад. Боди гарм аз биёбон баромада, дарахтҳои дар наздики бударо мекушад, ва он сарзамин ба биёбон табдил меёбад. Ин просесс биёбонкардашуда ном гирифтааст. Шумо роҷеъ ба он дар китоби "Илм дар бораи замин" хонда метавонед. Биёбони Сахара хеле бо диққат тадқиқ кардашуда буд. Онҳо хеле дуру дароз онро омӯхта, гуфтанд, Медонед, чӣ, бачаҳо, Биёбони Сахара, мумкин аст, ки танҳо 4000 сол вуҷуд дорад . Ана кай он афзоиши худро шурӯъ кард. Миср дар он ҷо аз ҳама ҷои самаранок буд. Хуб, акнун ман савол дорам: Агар замин миллионсола бошад, барои чӣ мо дигар биёбони бузургтар надорем? Барои чӣ аз ҳама биёбони бузург дар сайёраи замин камтар аз 4,000 сол мавҷуд аст? Хӯш, ман дар бораи ин назария дорам. Акнун, ин аст назарияи ман. Ман имон дорам, ки тақрибан 6,000 сол пеш, Худо ҳама чиро офаридааст; 4,400 сол пеш Тӯфони об рӯй додааст. Дар таги тӯфон биёбон буда наметавонад. Шумо бояд розӣ шавед, ки ин мушкил аст. То хушк шудани оби тӯфон, биёбон афзоиши худро шурӯъ карда наметавонист. Барои ҳамин, ман дар асоси Библия пешгӯи мекунам, ки биёбони бузургтарин дар ҷаҳон камтар аз 4,400 сол вуҷуд дорад. Ҳа! Оо, мумкин аст ки Библия рост мегӯяд. Медонед, ҳангоме ки онҳо заминро парма мекунанд, баъзан вақт ба нафт дучор мешаванд? Нафт дар баъзе ҷойҳо зери фишори бениҳоят сахт мавҷуд аст, то 20,000 фунт дар як квадрати дюйм. Он аз таги замин аз 20,000 фунт дар як квадрати дюйм мепошад. Бачаҳое, ки харсангҳои болои нафтро меомӯхтанд, гуфтанд "Медонед, чунин фишорро онҳо зиёда аз 10,000 сол нигоҳ дошта наметавонистанд." Ман фишори вазни харсангҳоро медонам, аммо фишори нафти дар зери онҳо буда, бузургтар аз вазни он мебошад. Онҳо мегӯянд, ки он бояд харсангро кафонда, аллакай то 10,000 сол пеш хориҷ мешуд. Хуб, баъд, ман ду саволи дигар дорам: Аз куҷо нафт пайдо шуд? Ва барои чӣ он то ҳол дар зери фишор аст? Хӯш, бисёр олимон мегӯянд, ки нафт аз организмҳои маҷақ кардашуда пайдо шудааст. Онҳо аз гармию фишор ба нафт табдил ёфтаанд. Дар соли 1971 дар лаборатория онҳо омӯхтанд, ки чӣ тавр дар давоми 20 дақиқа нафтро пайдо кардан мумкин аст. Дар Австралия онҳо биноҳоеро барои софкунии оби шоридашуда сохтаанд, ки аз таҳнишиҳои он дар давоми 30 дақиқа нафт пайдо мекунанд. Дар Техас корхонае мавҷуданд, ки дар он рӯдаҳои мурғи марҷонро фушурда, гарм карда, аз он нафт мегиранд. Дар мақола чунин гуфта шудааст: "Мо он чиро ки Модар Табиат мекунад, такрор мекунем, аммо ба Модар Табиат барои он миллионҳо сол лозим шуд, мо онро тақрибан дар давоми 30 дақиқа мекунем." Логотипи Синклейр динозавр мебошад. Онҳо мегӯянд, ки динозаврҳо ба нафт табдил ёфтаанд. Ҳа, писаракон ва духтаракон, онҳо дар давоми 80 миллионҳо сол нарм шудаанд. Ман чунин фикр намекунам. Ман дар бораи нафт назария дорам, ин аст назарияи ман; Ман имон дорам, ки тақрибан 6,000 сол пеш, Худо ҳама чиро офаридааст; 4,400 сол пеш Тӯфони об рӯй додааст. Дар ин Тӯфон бисёр махлуқи зинда ва одамон ғарқ шудаанд. Онҳо бо шағалу сангҳо ва гилу хокисттар гӯронида шуда, баъд аз чанд вақт хеле вазнин шуданд. Ва онҳо маҷақ шуда, ба нафт табдил ёфтанд. Барои ҳамин имрӯз нафти дар зери замин мавҷуд буда, дар натиҷаи одамону ҳайвоноти ғарқ шуда пайдо шудааст. Ин маъно дорад, ки шумо дигар фикр накунед, ки имрӯз бо ёрии баъзе гузаштагонатон мошинатонро рондед. Ба ҳар ҳол ин амакони Нӯҳ мебошад. Даъфаи оянда, вақте ки шумо бо бензин мошинатонро пур мекунед, гӯед, "Хайр, Бобо. Ту бояд ба гапи Нӯҳ итоат мекардӣ; ӯ гуфта буд, ки борон меборад!" Ховинд, "Мо медонем, ки шумо дар бораи танҳо 6,000 сола будани замин таълим медиҳед. Мо ба шумо исбот карданӣ, ки шумо хато мекунед. "Илтимос, шумо ҳамроҳи мо рафта метавонед?" Ман гуфтам, "Албатта!" Онҳо маро ба яхдони калони берун аз Денвер бурданд, ки дар Лейквуди Колорадо мавҷуд аст. Ин Лабараторияи Асосии Миллии Пиряхӣ мебошад. Дар он ҷо -36 F дараҷа (-38C) хунук аст. Онҳо костюм ва сарпӯши калонро ба ман пӯшонданд, барои дасту пой дастпӯшаку мӯза доданд. Ҳангоми ворид шудан баъд аз панҷ сония ман аллакай ях кардам. Ман хуни Флоридагӣ дорам, медонед? Он хеле нозук аст. Онҳо гуфтанд, "Ховинд, мо ба Гринляндия рафта, сурохиро дар ях парма мекунем." Медонед, ин кори давлатӣ аст. "Ва мо ин қубури калонро гирифта, поёни онро парма мекунем, ва ҳамон яхи асосии дар миёни қубур мавҷуд бударо мегирем. Ва онро дар ҳамин яхдони калони Лейквуди Колорадо нигоҳ медорем. Дар ин ҷо мо даҳ дона миёнҷои он пиряхҳоро дорем." Онҳо маро бурда, яке аз ин пиряхҳоро нишон доданд. Онҳо гуфтанд, "Шумо ин ҳалқаҳоро мебинед, ба ҳалқаҳои дарахт монанд аст - торик, равшан, торик, равшан?" Ман гуфтам, "Ҳа, дар ҳақиқат ҳаст." Онҳо гуфтанд, "Ана чӣ рӯй медиҳад, дар фасли тобистон барф каме об мешавад, баъд аз нав ях мекунад." (Дар сурат ин каме ториктар нишон дода шудааст.) Дар фасли зимистон бошад, барф тахт карда мешавад. Он ягон хел об шуда наметавонад. Ва он ба монанди қабатҳои сафед ҷудо шуда меистад. Ин қабатҳо: тобистон, зимистон, тобистон, зимистон, тобистон, зимистон, тобистон, зимистонро нишон медиҳанд. Онҳо гуфтанд, Акнун, аз ҳама чуқуртарин сӯрохие, ки парма карда шуда буд 10,000 фут мебошад. Мо он ҳалқаҳои яхро ҳисоб кардем. Ва дар он 135,000 ҳалқа буд. Ва акнун шумо ба ҳама гуфтани, ки замин 6,000 сола аст. Мо исбот карда метавонем, ки замин камаш 135,000 сол вуҷуд дорад. Ман гуфтам, "Бачаҳо, шумо ҳар як ҳалқаро ҳамчун як сол ҳисоб мекунед?" Бинед, шояд онҳо дар бораи Эскадрилияи Гумшуда намедонистанд. Аммо, дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, баъзе тайёраҳо бе сӯзишворӣ монда, дар Гринляндия фуруд омаданд. Кӣ дар бораи Эскадрилияи Гумшуда шунидааст? Хуб. Ба воситаи телевизион ҳазор маротиба нишон дода буданд. Дар соли 1942 ин тайёраҳоро дар ҳамон ҷо монданд. Онҳо аз он ҷо рафта, ҷангро давом доданд, ва ҳама дар бораи он тайёраҳо фаромӯш карданд. То даме ки ба сари як миллионер аз Кентуки фикри боҳашамат омад. Рафта ин тайёраҳоро ёбед, ва чапа ба ҷояш баргардонед. Вай ба он ҷо рафта, тайёраҳоро дид. Онҳо георадарро барои ях истифода бурда, тайёраҳоро пайдо карданд. Онҳо барои гирифтани P-38 сӯрохиро об карданд. Он дар чуқурии 263 фут мавҷуд буд. Онҳо тамоми сӯрохиро то тайёра об карда, қисм ба қисм онро берун бароварданд. Дар Мидлесборо, Кентуки онҳо ҳамаи он қисмҳоро якҷоя ҷамъ карданд. Аз ин ҷо на он қадар дур аст. Мидлесборо аз Ноксвили Кентуки чӣ қадар дур аст? Мумкин аст, ки ду соат? Дар Мидлесборо базаи онҳо асос ёфтааст. Тайёраҳо дар даруни ях 48 сол буданд. Дар чуқурии 263 фут. Акнун, аз ҳама чуқуртарин сӯрохие, ки онҳо парма кардаанд ин 10,000 фут буд. Агар онро ба ду тақсим кунед, 1,800 сол мешавад. Ман медонам, ки ҳалқаҳои дарунии онҳо маҷақ карда шудаанд - онро фирни пиряхӣ меноманд. Дар ҳақиқат 4,000 сол кофист, ки тамоми яхҳоро дар қутби ҷанубӣ ва шимолӣ ҷойгир кунед. Барои чӣ дар қутби ҷанубу шимол ях на он қадар бисёр аст? Ман ба музей рафта, дар он ҷо бачаеро вохӯрдам, ки тайёраро кофта, бароварда буд - номи ӯ Боб Карден аст. Ман гуфтам, "Боб, вақте ки шумо барои баровардани тайёра ба чуқурӣ мефаромадед, шумо ҳалқаҳои яхро об мекардед?" Ӯ гуфт, "Ҳа, садҳо ҳалқаҳоро об кардам." Ман гуфтам, "Акнун, каме интизор шавед. Дар давоми 48 сол чӣ тавр дар он ҷо садҳо ҳалқаҳо шуда метавонист? Оё дар он ҷо тақрибан 48 ҳалқа намешуд? Ӯ гуфт, "Кӣ ба шумо гуфт, ки он қабатҳои солона аст?" Ӯ гуфт, "Он тобистону зимистон, тобистону зимистонро пешкаш намекунад . Он гармию хунукӣ, гармию хунукӣ, гармию хунукиро пешкаш мекунад." Шумо дар давоми як ҳафта дар Ноксвил панҷ-тои онро мушоҳида карда метавонед, ҳамин тавр не? Аммо ин бачаҳо то ҳозир онҳоро қабатҳои солона мешуморанд. Ё ин ки онҳо намедонанд, ё ин ки дурӯғ мегӯянд. Умедворам, ки онҳо намедонанд, зеро ки нодониро ислоҳ кардан мумкин аст. Медонед, беақлӣ то абад аст, аммо нодониро ислоҳ карда мешавад. Ана фарқият дар куҷост. Як бачае, ки бо Эскимосҳо кор мекард, гуфт, "Бародар Ховинд, дар давоми 8 соат дар болои мошини ман 15 қабат барф ҷамъ шуд. 15 дюйм не, 15 қабати гуногуни барф! Кӯдакон, ба шумо ҳам ҳоло таълим медиҳанд, ки ҳар як қабати замин солҳои гуногунро пешкаш мекунад. Онҳо давраҳои Кайнозою Мезозой, Палеозою Археозой доранд. Оё шумо сутуни геологиро медонед? Он вуҷуд надорад. Мо онро дар видеои #4 дида мебароем. Дар тамоми ҷаҳон медонанд, ки дарахтони сангшуда истода, қабатҳои сангинро пайваст мекунанд. Дарахтони сангшуда, ки бисёр қабатҳоро пайваст мекунанд - аз синну соли қабатҳо миллионҳо сол фарқ карда наметавонанд. Яке аз онҳо дар Куквилл, штати Тенесис мавҷуд аст - на он қадар дур аз ин ҷо. Қаъри он ба ангишт табдил ёфта; маркази он сангин шудааст; болояш бошад боз ба ангишт табдил ёфтааст. Танаи дарахт ба воситаи ду қабати ангиштӣ мегузарад. Бештар дар бораи ташаккулёбии ангишт дар видеои #6 дида мебароем. Кӯҳи Еленаи Муқаддас дарахтонро ба кӯли Спирит табдил дод. Онҳо истода, тез ба санг мубаддал мешаванд. Ана чӣ тавр онҳо ба таг ғарқ шуданд. Ғӯлачӯбҳо аз об варам мекунанд. Дарахт зуд ба санг мубаддал мешавад. Ана аз куҷо ғӯлачӯбҳои сангшуда. Дар ин ҷо моҳии сангиншуда, ки таваллуд мекунад. Барои таваллуд кардани он миллионҳо сол лозим нест. Ана дар ин ҷо мӯзаи ковбой бо пояш ҳоло ҳам истодааст. Дар болои миз мақолаҳое ҳастанд, ки "Ковбои Оҳакӣ" ном доранд. Дарёи Миссисипи дар давоми як соат то 80,000 тонн таҳнишиниҳо мегузорад. 80,000 тонн лоиқа ба поён фаромада, дар партовгоҳҳои Ню Орлеанд ҷамъ мешавад, ва он резишгоҳи дарё калон ва калонтар мешавад. Онҳо резишгоҳҳои дарёро бо диққат омӯхта, гуфтанд, ки барои тамоми резишгоҳи дарёро пур кардан мумкин аст, ки 30,000 сол лозим шавад. Лекин ман савол дорам. Агар ба замин миллионҳо сол бошад, барои чӣ тамоми Халиҷи Мексика то ҳол аз лоиқа пур нашудааст? Онҳо мегӯянд, "Ховинд, ин 30,000 сол; он исбот мекунад, ки Библия дурӯғ мегӯяд. Библия мегӯяд 6,000." Ман медонам, лекин ман нисбати ин назария дорам. Ман имон дорам, ки 6,000 сол пеш Худо ҳама чиро офаридааст; 4,400 сол пеш Тӯфони об рӯй додааст. Ҳангоме ки оби тӯфон қафо гашт, тақрибан нисфи лоиқа дар давоми 20 дақиқа шуста шуд. Ба назар чунин менамояд, ки барои шуста шудани лоиқа 30,000 сол лозим буд. Аммо барои ин тақрибан 20 дақиқа лозим шуд ва баъд 4,400 сол баъд аз он. Дӯсти ман аз Луизиана шубони калисо мебошад. Ӯ гуфт, "Бародар Ховинд, ман дар Халиҷи Мексика дар кони нафта кор мекардам - дар парма кардани нафта." Ӯ гуфт, "Мо ба воситаи 14,000 фут гил парма карда, ба дарахтони дарозиаш 60 фута, ки истода буданд, бархӯрдем." Дарахтони вертикалии 60-фута дар зери 14,000 фут гил. Бештар дар бораи он дар видеои #6. Дар ин ҷо сурати аз ҳама дарахти қадимтарини дунё. Онро Санавбари сӯзанбарг меноманд. Мо дар музеи Пенсакола як пораи Санавбари сӯзанбаргро дорем. Диаметри он танҳо 30 дюйм буда, он 700 сола аст. Ҳалқаҳои онро шумо ба воситаи пурбин ҳисоб карда метавонед. Он дар ҳақиқат суст калон мешавад. Имрӯзҳо ба воситаи ҳалқаҳои дарахт сана гузоштан илми аниқ нест. Дарахтон дар дар як сол ду ё ин ки се ҳалқа ба вуҷуд оварда метавонанд. Аммо хеле бо диққат бошед бо ҳалқаҳои пай дар пай, ки ҳамдигарро бурида мегузаранд. Агар хоҳед, бештар аз видеои #7-и қисмати "вақти саволу ҷавоб" мефаҳмед. Ин китоб мегӯяд, ки дарахти қадимтарини дунё 4,300 сола мебошад, ва он организми қадимтарини замин мебошад. Ин дарахти хеле пир аст. Лекин ман савол дорам. Агар замин миллионсола бошад, барои чӣ дар ягон ҷои дунё дигар қадимтарин дарахт нест? Барои чӣ аз ҳама дарахти қадимтарин 4,300 сола аст? Ман роҷеъ ба он назария дорам. Ин аст назарияи ман. Ман имон дорам, ки тақрибан 6,000 сол пеш Худо ҳама чиро офаридааст; 4,400 сол пеш Тӯфони об рӯй додааст. Ва ман пешгӯӣ мекунам, ки аз ҳама дарахти қадимтарин дар куҷое, ки набошад тақрибан 4,300 сола аст. Ин ҳамон аст! Шояд Библия рост мегӯяд! Шояд ман онро хонда, бовар кунам. Ин аст сурати харсанги зериобӣ. Шумо медонед, ки аз ҳама харсанги қадимтарини дунё дар Австралия мебошад? Як вақтҳо ба ман аз калисои Брисбен занг зада буданд. Онҳо гуфтанд, "Шумо ба Австралия омада, маъвиза кардан мехоҳед?" Ман гуфтам, ки бояд дар ин бора дуо гӯям. (Ӯ гуфт, "Ҳа!") Ман ҳамроҳи худ ба Австралия тамоми оилаамро гирифтам. Ман ҳамроҳи духтарам ба Харсанги Бузурги Садд зери об шино кардем. Ин бениҳоят буд! Баъзе харсангҳои зериобӣ дар вақти Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бо киштию лангар ва бомабаҳо нобуд кардашуда буданд. Аз ҳамин сабаб экологҳо ба он ҷо рафта, мебинанд, ки чӣ тавр онҳо аз нав барқарор мешаванд. Онҳо аз нав барқароршавии харсангҳои зериобиро дар давоми 20 сол мушоҳида кардаанд. (Ин нақшаи давлатӣ буд.) Баъд аз мушоҳидаи 20 сола, онҳо гуфтанд, ки харсангҳои зериобӣ камтар аз 4,200 сол вуҷуд доранд. Хуб. Акнун, ман савол дорам. Агар замин миллионсола бошад, барои чӣ мо дар ягон ҷои дунё харсанги зериобии қадимтар надорем? Барои чӣ аз ҳама харсанги зериобии қадимтарин танҳо 4,200 сола аст? Ман роҷеъ ба ин назария дорам. Ман медонам, ки шумо онро медонед, ҳамин тавр не? Ҳозир акнун шумо онро мефаҳмед, ҳа? Ин аст сурати шаршараи Ниагрӣ. Китоби таълимӣ мегӯяд, "Писаракон ва духтаракон, теппаи серхарсанг дар болои Шаршараи Ниагрӣ тақрибан 9,900 сол давраи зангзаниро гузаштааст." Аз куҷо онҳо медонанд? Хуб аст, ки канорҳои онҳо шикаста шудаанд. Ман дар назар дорам, ки шаршара инро кардааст. Он харсангҳоро шикаста, чапа онро мехурад. Ҷараёни як тараф дигарашро вайрон мекунад. Шаршараи Ниагрӣ дар як сол 4.7 фут ба ақиб ҳаракат мекунад. Чарлз Лейл дар соли 1841 ба он ҷо рафта, гуфта буд, "Хӯш, Шаршараи Ниагрӣ дар ин ҷост. Ошкоро, ки он дар харсанги Левистони Ню-Йорк шурӯъ шудааст (чапа ба ҷарӣ ҳаракат кардааст)." Ӯ гуфт, "Зангзании 10,000 сола." Одамони дар ҳамон ҷо зиндагӣ мекардагӣ, мегӯянд, "Чарли он тезтар аз он ки шумо фикр мекунед, занг мезанад. Агар як борони нағз борад, бисёр зангзаниҳоро дар он ҷо дидан мумкин аст." Ӯ фикр мекард, ки се фут дар як сол (мехост, ки Библияро бардурӯғ ҳисоб кунанд). Ӯ аз Библия нафрат дошт. Бештар дар бораи он аз видеои #4 мефаҳмед. Имрӯз Шаршараи Ниагрӣ ба ақиб баргашта, ба ин ҷазира тақсим мешавад. Дар ҳақиқат ду Шаршараи Ниагрӣ вуҷуд дорад: дар тарафи Канада ва Амрико. Зангзании он айнан аз замонҳои Чарлз Лейл сар шуд. Китоби таълимӣ мегӯяд, "Дарае, ки аз он дарё мегузарад 7.5 мил дарози дорад. Ҳисобкунии оддӣ нишон медиҳад, ки он 9,900 сола аст." Ин на он қадар ҳам оддӣ. Бинед, Шаршараи Ниагрӣ дар ин ҷост. Он дуртар аз шимоли Левистон сар шудааст. Агар замин миллионсола бошад, барои чӣ он то ҳол чапа ба кӯли Эри нагаштааст? Барои чӣ Шаршараи Ниагрӣ айнан дар ҳамин ҷост? Ман роҷеъ ба ин назария дорам. Ин аст назарияи ман. Шумо мебинед, ки Худо тақрибан 6,000 сол пеш ҳама чиро офаридааст; ва 4,400 сол пеш Тӯфони об рӯй додааст. Вақте ки оби тӯфон чапа мегашт, қариб ки нисфи ин дарё дар давоми 20 дақиқа шуста шуд. Ба назар чунин менамояд, ки барои ин 9,900 сол лозим буд. Онҳо дар бораи Тӯфони об фаромӯш карданд. Инчунин онҳо рақами дуруст гузоштанро фаромӯш карданд. Агар 4.7 бошад, чӣ хеле ки онҳо гуфтанд, он гоҳ 8,400 сол мешуд, аммо шумо чиро интизор? Вақте ки борон меборад 30% оби он ба уқёнусҳо рафта, ҳамроҳи худ намакҳои минералиро меоварад. Оби уқёнус рӯз аз рӯз шӯртар мешавад. Имрӯз уқёнус 3.6% намак дорад. Дар давоми камтар аз 5,000 сол бо уқёнус чӣ мешуд. Савол: Барои чӣ уқёнусҳо шӯртар нашуданд? Хӯш, шумо мебинед, ки 6,000 сол пеш Худо ҳама чиро офаридааст; 4,400 сол пеш Тӯфони об рӯй додааст. Аз вақти Тӯфон сар карда, оби уқёнус оҳиста шӯртар шуда истодааст. Як атеисте, ки бо он мубоҳиса карда будам, гуфт, "Ховинд, илтимос ба ман гӯед, ки чӣ тавр моҳии дар оби бенамак гашта, дар вақти тӯфон зинда мондааст?" Ман гуфтам, "Ҷаноб, шумо тахмин мекунед, ки оби тӯфон шӯр буд." Ӯ гуфт, "Оби уқёнус шӯр аст." Ман гуфтам, "Имрӯзҳо шӯр аст. Дар вақти тӯфон мумкин аст, ки он аз ҳама оби тозатарин буда, оҳиста шӯр шудааст. Ва имрӯзҳо баъзе ҳайвонҳо ба оби шӯр одат карда истодаанд. Ҳозир мо тимсоҳҳои дар оби бе намак ва намакдор зиндагӣ мекардагиро дорем, ва онҳо шояд як сарнаслро доранд. Тимсоҳро." Ӯ гуфт, "Ин таҳаввулот аст." Ман гуфтам, "Не, ин таҳаввулот нест. "Гузаштани тимсоҳ аз оби бе намак ба намакдор дигаргунии на он қадар ҳам калон аст, назар ба таърихи таҳаввулоти шумо. Шумо бовар мекунед, ки санг ба тимсоҳ тағир ёфтааст. Ин дар ҳақиқат тағироти бузург аст!" Дӯсти ман дар Оламаба моҳиҳоро нигоҳ мекунад ва ӯ гуфт, ки як моҳии Молиси Сиёҳро аз оби бе намак гирифт. Вай оҳиста ба аквариуми он намак мечошид. Дар давоми ду ҳафта, он моҳиҳо дар оби шӯр зиндагӣ мекарданд. Вақте ки ӯ чапа онҳоро ба оби бе намак гузошт, баъд аз 30 дақиқа онҳо мурданд. Ягон мушкилӣ нест, онҳо ба оби шӯр одат карда метавонанд. Кӣ ягон вақт ба даруни ғор даромаду, роҳнамо ба шумо гуфт, ки "нарасед ба ин ташкилиҳо; онҳо миллионҳо сол ташкил ёфтаанд." Ҳамаи онҳо як хел гап мезананд, ҳамин тавр не? Дар Кентуки чӣ? Ғори Мамонт? Ё ин ки ба ғори Карлсбед равед, онҳо мегӯянд, ки он 250 миллионсола аст. Онҳо сталактитҳоро омӯхтанд. Ва як бача гуфт, "Медонед, аз ҳама тезтар онҳо дар ҳазор сол 2.5 дюйм месабзанд. Ин аз ҳама зиёдаш." Ман ин хел фикр намекунам. Дар зери ёдгории Линколн баъзе салактитҳои 50 дюйма сабзидаанд. Онҳо дар давоми 40 сол пайдо шудаанд. Ана дар ин ҷо кӯршапалак, ки бо сангҳо пӯшида шудааст, пеш аз он ки ӯ пӯсидааст. Дар ин ҷо 2 дюймаи салактитҳо, ки дар анбори хунуккунаки Пенсаколаи Флорида месабзад. Ана ин бача дар бинои Индиана истодааст, ки он 40 сол пеш сохта шудааст. Дар таҳхонаи он ташкилиҳои мағора аз сабаби чакидани об пайдо шудааст. Ин кони Австралия, ки барои 55 сол махкам карда шуда буд. Ҳангоме ки онро чапа барои тафтиш кардан, кушоданд, дар он ҷо аллакай дар 55 сол ташкилиҳои бузург пайдо шуда буданд. Ана дар ин ҷо қубуре, ки дар давоми 7 сол мечакид. Дар натиҷаи он салактитҳои 13 дюйма пайдо шудааст. Ман фикр кардам, ки он дар мурури ҳазорҳо сол 2.5 дюйм шудааст. Аниқтараш 2 дюйм дар як сол. Онҳо сталагмитро аз таги он шикаста, ба ман доданд. Он дар музеи ман аст. Дар ин ҷо истгоҳи мошинҳо, ки дар Техас соли 1997 сохта шуда буд. Дар таги мошинҳои донишҷӯён, ки дар он ҷо мегузоштанд, салактитҳо пайдо шуда буданд. Онҳо барои чакидани об бояд ягон зарф мегузоштанд. Як бача аз Вайоминг дар молу мулки худ дар Термополиси Вайоминг сарчашмаи гарми минералӣ дошт; барои ҳамин ӯ дар он ҷо қубур монд. Об аз болои қубур баромада, ҳубобчаҳо пайдо мекарду аз паҳлуи он ба поён мешорид. Онҳо фаввораи хурдакак доштанд. Онро фаввораи Типи номиданд. Хӯш, ин бача вафот кард. Қубур аз замин баромада, дар ҳамон ҷо меистод. Азбаски қубур дар ҳамон ҷо монд, вақте ки об хушк шуд, он баъд аз худ мавқуфҳои минералӣ гузошт. Чанд нафар ин мавқуфҳои минералиро дидаанд? Шумо онро дар дастшӯякҳои худ мушоҳида карда метавонед. Ин мард вафот кард, ва баъд аз 95 сол қубур ҳоло ҳам дар ҷояш меистод. Ман рафта онро дидам. Ба соли 1998 бармегардем. Ягон воситаи тоза мекардагӣ лозим, ҳамин тавр не? Ҳа, камтар лозим. Як бачаи дар поёни кӯча дертар онро шурӯъ кард. Ин на он қадар ҳам калон аст. Медонед, дар чунин шиддати зангзаниҳо, тамоми хонаҳои дунё дар муддати 14 миллион сол барҳам мехӯрданд? Барои чӣ онҳо мегӯянд, ки ин чизҳои сангшуда 300 маротиба калонтар аз онҳое, ки дар сатҳи баҳр ҳастанд? Онҳо аллакай 300 маротиба ба баҳр шуста шудаанд. Шумо бояд ба ғарб парвоз карда, нақшу нигори зангзаниҳоро бубинед, дар он вақт шумо мегуфтед, "Ин ҷойро тӯфон несту нобуд кардааст." Тӯфон тамоми ҷаҳонро вайрон кардааст. Ба монанди ман парвоз карда, ягон вақт ба оина нигоҳ кунед. Аз ҳама забонҳои қадимтарини дунё хеле аҷоиб ҳастанд. "Пайдоиши Асосии Тартиби Навишт" аз "Ҷуғрофияи Миллӣ." Онҳо чӣ мегӯянд? Хӯш, онҳо мегӯянд, ки қадимтарин тартиботи навишти ҷаҳон тақрибан 3,000 сол пеш аз Мавлуди Исо, яъне ки 5,000 сол пеш пайдо шудааст. Тартиботи қадимтарини навишт. Қадимтарин забонҳо замонавӣ, мураккаб ва пурра мебошанд. Хитоиҳо мегӯянд, ки 2,000 сол, дар ҳақиқат 4,700 сол мебошад. Ба фикри онҳо солномаи онҳо аз давраи Тӯфон сар мешавад. Онҳо Нӯҳро Фу Хай меноманд. Қадимтарин ҳукми марг 3,800 сол пеш қайд карда шудааст. Солномаи Ибронӣ 2000-ум солро 5760-ум сол мешуморад. Мо медонем, ки Солномаи Ибронӣ бетартиб кардашуда буд, чунки кашиши яҳудӣ барқасд чандин солҳоро гирифта партофт, то ки он бо пешгӯиҳои Исо мувофиқ наояд. Гениологияи Саксҳо аз Одам шурӯъ мекунад. Даниягиҳо ва Норвегияҳо рӯйхати подшоҳонро доранд, ки он аз Нӯҳ сар мешавад. Ба рӯйхати подшоҳони Мисрӣ такя накунед. Он хеле муболиғ карда шудааст. Роҷеъ ба он кори Корвил "Таҳаввулоти Кранчер"-ро хонед. Барои чӣ аз ҳама қайди боэътимоди таърихии қадимтарин пеш аз 6,000 сол навишта шудааст? Хӯш, ман нисбати ин назария дорам. Шумо медонед онро, ҳамин тавр не? Бачаҳо, Библия комилан ҳақиқат аст. Комилан дуруст ва илмӣ аст. Исботи ҷавон будани замин афзалиятноктар аст. Ба донишҷӯён инро таълим намедиҳанд. Ба донишҷӯён танҳо исботи кӯҳансол будани заминро нишон медиҳанд. Дар хотир доред, тангаҳоро дар даруни сандуқ? Беҳтар аст ки бо ҷавонтараш кор кунед. На он ки бо кӯҳансолаш. Ин китобҳо дигар илмӣ нестанд. Ин китобҳо дар бораи таҳаввулот мебошанд. Ба фикрам ин як қисми сурати калонтарин барои Тартиботи Нави Ҷаҳонӣ мебошад. Медонед, одамоне, ки дар саршавии ин мамлакат асос гузоштанд, гуфтанд "Мо фикр мекунем, ки ин ҳақиқатҳо худашонро исбот мекунанд... Ҳамаи одамон баробар офарида шудаанд, ва аз тарафи Офаридгор ба онҳо ҳуқуқҳои муқаррашуда дода шудааст." Лекин шумо медонед, ки 75% кӯдакон, ки аз оилаҳои масеҳӣ ба мактаби умумӣ мераванд, баъд аз як соли хониш дар коллеҷ Масеҳиятро рад мекунанд? Ана чӣ рӯй дод бо Крафорт Той. Бисёр одамон дар бораи Крафорт Той ягон бор нашунидаанд, лекин ӯ профессори хеле машҳури Семинари Баптистии Ҷанубӣ буд. Ӯ қариб ки бо як духтар бо номи Лотти Мун хонадор шуд. Ягон кас дар бораи Лотти Мун шунидааст? Медонед, ки ҳар Мавлуди Исои Масеҳ шумо аз Лотти Мун тӯҳфа мегиред. Вай дар Хитой мубаллиғи бузург буд. Баъд аз Ҷанги Гражданӣ Крафорт Той ба Аврупо рафта, дар бораи таҳаввулот омӯхтааст. Вай таҳаввулотро ҷаббида гирифта, ба он бовар кард. Ӯ тарафдори таҳаввулот шуд. Крафорт ба дарси Библиявӣ баргашта, гуфт, "Медонед, Библия дар бораи офариниши оддии шаш рӯза таълим додан мехоҳад. Библия дар ин бора хатогӣ мекунад." Библия хатогӣ мекунад?! Акнун Крафорт, исто! Шояд назарияи ту хато аст ва туро фиреб додаанд. Фиреб хӯрдан хеле осон аст. Ман кӯшиш мекунам, ки як тӯда одамонро таълим дода, баъд баромада ба хона равам. Пагоҳ мо дар бораи боғи Адан нақл мекунем. Он ба чӣ монанд буд? Ва барои чӣ онҳо 900 сол зиндагӣ мекарданд? Лекин дар аввал ман кӯшиш мекунам, ки ҳар яки шумо чизеро фаҳмед. Ана чӣ рӯй медиҳад. Ман ба шумо як ҳикояи хурдакакро баён мекунам. Ҳангоме ки ман нақл мекунам, ман фикру ақидаи шуморо иваз мекунам. Шояд ба шумо ягон вақт ҳамин тавр таълим надодаанд. Ин тартиби безарар аст. Хавотир нашавед. Баъд аз нақли ҳикоя ман ба шумо ду саволи оддӣ дар бораи он медиҳам. Агар шумо ҷавобашро донед, танҳо дасти худро бардоред. Агар ҷавобашро надонед, ин маънои онро дорад, ки ақидаи шуморо иваз кардаанд. Акнун, бо диққат бошед: ҳикоя сар шуд. Як вақтҳо як одам аз хонааш давида, берун баромад. Ӯ каме давида, ба тарафи чап гашт, ӯ боз каме давида, ба тарафи чап гашт. Ӯ каме давида, ба тарафи чап гашт, ва чапа ба хонааш давида, омад. Вақте ки ӯ ба хонааш медавид, вай ду мардро дар ниқоб, ки дар хонааш ӯро интизор буданд, дид. Ин ду мард дар ниқоб кӣ буданд? Ва барои чӣ вай аз хонааш давида баромад? Агар шумо медонед, даcти худро бардоред, лекин бо овози баланд дод назанед. Тақрибан панҷ ё ин ки шаш нафар. Боқимонда, бо диққат бошед, мо боз як бор такрор мекунем. Як вақтҳо як мард аз хонааш давида, берун баромад. Ӯ каме давида, ба тарафи чап гашт. Ман ба шумо луқмаи майда медиҳам - ин муҳим аст. Ӯ камтар давида, ба тарафи чап гашт. Ӯ камтар давида, ба тарафи чап гашт, ва чапа ба хонааш давида, омад. Вақте ки ӯ ба хонааш медавид, вай ду мардро дар ниқоб, ки дар хонааш ӯро интизор буданд, дид. Ин ду мард дар ниқоб кӣ буданд? Ва барои чӣ вай аз хонааш давида баромад? Ягон кас боз фаҳмид? ... Боз ду кас. Боқимонда, бо диққат бошед. Бори дигар такрор мекунам. Акнун, ман фикру ақидаи шуморо ба ҳолати пештарааш бармегардонам. Бинед, шумо нафаҳмидед, лекин ман дар се сонияи аввал ақидаи шуморо иваз кардам. Акнун, ман фикру ақидаи шуморо ба ҳолати пештарааш бармегардонам, ба воситаи он ки ба шумо якчанд суратро нишон медиҳам. Ман калом ба калом ҳикояро такрор мекунам, лекин ба суратҳо нигоҳ кунед. Шумо ҳис мекунед, ки шуморо фиреб накардаанд. Ин ҳиссиёти хеле аҷоиб аст. Шумо тайёр ҳастед? Сар кардем. Як вақтҳо як мард аз хонааш давида, берун баромад. Ӯ каме давида, ба тарафи чап гашт. Ӯ каме давида, ба тарафи чап гашт, ӯ боз каме давида, ба тарафи чап гашт, баъд ба хонааш чапа давида, омад. Вақте ки ӯ ба хонааш медавид, вай ду мардро дар ниқоб, ки дар хонааш ӯро интизор буданд, дид. Ин ду мард дар ниқоб кӣ буданд? Сайдгир ва довар! Шумо мегӯед, "Бародар Ховинд, ҳамин аст ба осонӣ ақидаи одамонро иваз кардан?" Ҳа! Вақте ки ман гуфтам, ки "Мард аз хонааш баромад..." Шумо дар бораи хона фикр кардед. Ва шумо роҳгум шудед. Як вақтҳо роҳгум шуда, баргаштан мушкил аст. Акнун, шумо мебинед, чӣ тавр сари кӯдаконро дар тартиботи мактабии шумо бо миллионҳо сол ҳар сол гаранг мекунанд? Ҳар сол миллионҳо кӯдаконро дар Амрико фиреб медиҳанд. Онҳо ба осонӣ ин корро мекунанд. Онҳо кӯдаконро дар боғча мемонанд; онҳо ҳатто хонда ҳам наметавонанд. Ва ба онҳо чунин китобчаро медиҳанд: "Ман дар бораи Динозаврҳо хонда метавонам." Ягон кас гуфта метавонад, ки ҷумлаҳои аввалини ин китоб чӣ мегӯянд? "Миллионҳо сол пеш...." Ва ин кӯдак дар панҷ сонияи аввалин аллакай роҳгум мешавад. Чӣ қадар кӯдакон дар шаҳри шумо ҳамин тавр омӯзонда шудаанд? Ҳамаи онҳо. Исоро ҳамчун дурӯғгӯй нишон медиҳанд. Оё динозаврҳо миллионҳо сол пеш зиндагӣ кардаанд? Ҳатто доктор Сеус гуфтааст, "Миллионҳо сол пеш аз он ки шумо таваллуд ёфтаед." Исо гуфтааст, ки офариниши Одам ин ибтидо буд. Бачаҳо, касе дар иштибоҳ аст! Акнун, каме интизор шавед, Библия мегӯяд, ки пеш аз омадани Тӯфон, онҳо 900 сол зиндагӣ мекарданд. Чӣ тавр ин имконпазир аст? Оҳ, мо пагоҳ дар қисми дуюми семинар дар бораи он гап мезанем. Дар бораи Тӯфон чӣ? Дар бораи он мо аз видеои #6-ум мефаҳмем. Дар бораи динозаврҳо чӣ? Хӯш, он дар видеои #3-ум ҳаст. Лекин гӯш кунед, дар мактаб ба шумо гуфта буданд, ки шумо аз луоб пайдо шуда оҳиста одам шудед. Ҳушёр шавед, чунки чунин фалсафа шуморо вайрон мекунад. Исо гуфтааст, "Бохабар бошед, ки касе шуморо бо фалсафа фитнаи ботиле ки бар тибқи ривояти инсонӣ, бар тибқи аносири ҷаҳон, на бар тибқи Масеҳ аст, ҷазб накунад." агар дар ҷои шумо кӯдак аз 12 то 16 солагӣ ба мактаб равад, чӣ тавр он ба дунё нигоҳ мекунад? Шояд ҳамчун тарафдори таҳаввулот. Агар Библия роҷеъ ба ибтидо рост бошад, шояд он роҷеъ ба охират ҳам рост аст. Биёед хулоса мебарорем. Худо ҷаҳонро офарид. Ӯ хӯҷаин аст. Ӯ қонунҳоро тартиб додааст. Ва ҳамаи мо он қонунҳоро вайрон карда, айбдор шудем. Ҳар яки мо. Биёед ман ба шумо нишон медиҳам. Дар ин ҷо даҳ аҳком вуҷуд дорад. Вай ба мо мегӯяд, "Шаҳодати дурӯғ надеҳ." (Дурӯғ нагӯй.) Чанд нафар аз шумоён дар ҳаёти худ дурӯғ гуфтаед? Дастатонро бардоред, ё ин ки ба дигар кас гӯед, ки шумо ин корро накардед! "Дуздӣ накунед." Чанд нафар аз шумоён ягон чӣ дуздида будед? Худи ҳозир шумо ба ман гуфтед, ки дурӯғгӯй ҳастед. Бардоред дастатонро. (Бародар, шумо дастатонро бардошта будед? Бардошта истед.) Акнун, мо ҳама фаҳмидем, ки як тӯда дурӯғгӯю дуздон ҳастем, рост? Шумо тамоми рӯйхати рафтори худро хондан мехоҳед? Беҳтараш, меистем. Бе ягон гап, мо айбдор ҳастем. Ва бояд ҷазо дода шавем. Худо довари пурадолат аст. Ӯ ба гуноҳ нигоҳ карда наметавонад, ва мо бояд ҷазо дода шавем. Ё ин ки шумо бояд ягон касро ба ҷои худ ёбед. Ана дар ин вақт Исо меояд. Ӯ ба ҷои гуноҳи шумо нарх месупорад. Сию шаш сол пеш ман ба Вай гуфтам, ки барои ман нарх супорад. Ман аз Ӯ бахшиш пурсида, гуфтам, ки маро наҷот диҳад. Ҳей, агар шумо имрӯз вафот кунед, ба куҷо меравед? Тамоку кашон ё ин ки касе, ки тамоку намекашанд? Баъд аз марг шумо ба куҷо меравед? Шумо дар бораи ин бояд фикр кунед, зеро ки шумо муддати дуру дароз мурда меистед. Ҳар чизеро ки шумо дар ҳаёти худ дастрас кардед, танҳо тарҳи кӯтоҳакак байни ду сана аст. Як рӯз ман мемирам. Чӣ хеле ман онро ба қафо нагузорам, он рӯй медиҳад. Ҳатто имрӯз рӯй дода метавонад. Шумо ягон вақт дидед, чӣ тавр дар Ноксвил, Теннесис мошинро меронанд? Дар он ҷо баъзе аблаҳони сертификат гирифта мавҷуданд. Бегоҳӣ вақте ки ба хона бармегардед, шуморо дар роҳ зада кушта метавонанд. Баъд аз марг ба куҷо меравед? Агар шумо дар наҷоти худ боварӣ дошта набошед, барои чӣ аз Худованд намепурсед, ки шуморо бахшида, наҷот диҳад. Ва агар шумо наҷот дошта бошед, барои Абадият дар рӯи замин чӣ кор мекунед? Ҳар як кас барои Худованд бояд коре кунад. Мубориза рафта истодааст; ягон кор кунед. Кор кунед. Ҷонҳоро ишғол кунед. Муаллими мактаби Якшанбегӣ шавед, автобусро ронед; барои Худо дар ҳаёти худ коре кунед. Агар кӯмаки мо лозим бошад, ана дар ин ҷо ҳама материал барои ин ҳаст. Дар қафо болои миз рӯйхат ҳаст. Инчунин видеокассетаҳо ҳастанд. Хоҳиши мо имони шуморо ба Каломи Худо қавитар кардан аст. Умедворем, ки ин қисматҳо дар бораи офариниш, таҳаввулот ва динозаврҳо ба шумо маъқул мешавад. Донистани ҳамаи ҳақиқату далелҳо дар бораи илм на он қадар муҳим аст, назар ба донистани он ки шумо ба Ҷаннат мефароед, ё ин ки не. Агар шумо ягон вақт ба Масеҳ ҳамчун ба Наҷотдиҳанда имон оварда набошед, Ман ба шумо тез мефаҳмонам, ки барои ба Ҷаннат фаромадан, чӣ бояд кард. Библия мегӯяд, ки ҳамаи мо гунаҳкор ҳастем. Мо ҳама қонунҳои Худоро вайрон кардем. Мо ба Офаридгор итоат накардем. Мо корҳои шарир кардем; мо гунаҳкор ҳастем. Бо чашми инсонӣ баъзе одамон аз дигар одамон бадтар ҳастанд, лекин мо ҳама қонунҳои Худоро вайрон кардем. Библия мегӯяд, ки шумо бояд тавба кунед. Маънои калимаи тавба "рӯ гардондан" мебошад. Умуман, он маънои ду чизро дорад, "аз гуноҳи худ рӯ гардонда, ба Худо рӯ овардан" аст. Худо мехоҳад, ки муносибати шумо дигаргун шавад. Гӯед, "Худованд, дигар ман кори бад кардан намехоҳам; Бубахш, ки ман туро хафа кардам. Ман дуруст рафтор кардан мехоҳам." Ва аз гуноҳ рӯ гардонда, ба Худо рӯ оваред. Гӯед, "Худо, илтимос, маро бубахш, наҷот деҳ маро?" Библия дар Румиён 3:23 гуфтааст, "Ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд." Шумо бояд гунаҳкор будани худро иқрор кунед. Дуюм, Библия дар Румиён 6:23 мегӯяд, "Ҷазо барои гуноҳ марг аст." Мо аз сабаби гуноҳҳои худ сазовори марг шудем ва бояд ба дӯзахт равем, аммо Исо барои шумо мурд. Ӯ шуморо дӯст медорад. Ӯ мехоҳад, ки шумо ба ҷаннат фароед. Касе ки аз Худо наҷот пурсад, Худо ба вай атои ҳаёти ҷовидониро хоҳад дод, гуфта шудааст дар Румиён 6:23. Ин тӯҳфаи бе пул аст. Дар Румиён 10:13 гуфта шудааст, "Ҳар кӣ исми Худовандро бихонад, наҷот хоҳад ёфт." Агар шумо танҳо фарёд карда, мегуфтед, "Худованд, ман гунаҳкорам. Илтимос, маро бубахш, " ва аз Ӯ мепурсидед, ки ба шумо тӯҳфаи озодонаи ҳаёти ҷовидониро бидиҳад. Барои чӣ ҳамроҳи ман худи ҳозир дуо гуфта, Масеҳро ҳамчун Наҷоткори худ қабул намекунед. Ягон сухани сеҳрнок лозим нест; Худо дили шуморо мебинад, агар шумо он чиро, ки фикр мекунед, гӯед, Худо шуморо мебахшад. Танҳо гӯед, "Худованди меҳрубон, Исо, Ман медонам, ки гунаҳкорам. Ман қонунҳои Туро вайрон кардаам. Бубахш маро. Илтимос, бубахш маро. Илтимос, бо хуни Худ маро бишӯй. Гуноҳҳои маро бубахш ва маро ба Ҷаннат бигир. Дар номи Исо, Омин." Библия мегӯяд, ки агар шумо ба Худованд муроҷиат кунед, наҷот хоҳед ёфт. Агар шумо пурсидед, ки Худованд шуморо наҷот диҳад, Ӯ ваъда медиҳад, ки шуморо наҷот медиҳад. Акнун, вазифаи шумо афзудан аст. Библияро хонед, дуо гӯед, ба калисои ба Библия хуб бовар мекардагӣ ҳамроҳ шавед, ва ҳамчун Масеҳии хуб инкишоф ёбед. Раҳмати калон. Агар кӯмаки мо лозим шавад, ба мо занг занед ё ин ки нависед. Бо шодмонӣ ба шумо кӯмак мекунем. Барои хабар ё ин ки материалҳои иловагӣ, ки аз тарафи Башорати Офариниши Илмӣ пешкаш карда шудааст, ба ин рақам занг занед 1-850-479-3466. Ё ин ки ба сайти мо дароед: www.drdino.com. - [Ed.13.5]