Ҳафт мӯъҷизоти кӯҳи Еленаи муқаддас
Ллойд ва Дорис Андерсонҳо    http://www.creationism.org/tajik/7wonders_tg.htm

Сарсухан:  Ҳафт мӯъҷизоти дар поён оварда шуда – ин ҳафт хусусияти нақши муқарнаси геологӣ буда, натиҷаи амалиёти вулқании солҳои 80 – ум мебошад, ва он дар Маркази Ахборотии Оламшиносӣ ба номи Кӯҳи Еленаи муқ. пешниҳод карда шудааст. Аз сабаби он ки онҳо тез ташкил ёфтаанд, онҳо ақидаи таҳаввулотиро(гӯё, ки чунин пайдоишҳо асрҳои дуру дарозро гузаштаанд) рад мекунанд. Мо онҳоро “мӯъҷизотҳо” меномем, азбаски онҳо дар мо як ҳиссиёти ҳаросу ҳаяҷонро бедор мекунанд. Дар ҳақиқат ин ақидаи мо, ки ин мӯъҷизотҳо пайём аз Худо мебошанд,ва онҳо ба одамизод хотиррасон ме кунанд, ки бо кадом суръат Худо ҷаҳонро офиридааст.
Volcanic Eruption, May 18, 1980
Хориҷи вулқанӣ,  18 маи соли 1980

1.  Дар муддати 9 соат кӯҳ ҷои худро то дараҷаи шинохтанашаванда иваз кард.  Кӯҳи Еленаи муқаддас дар куллаи Шаршара аз ҳама зеботарин шинохта шуд. Кӯҳ шакли конусмонанд дошта, бо барф пӯшида шудааст, ва дар болои ҷарии чуқури серҷангал бардошта шудааст. Дар тарафи шимоли он кӯли софу беғубор мавҷуд аст. Дар моҳи марти соли 1980 магма ба тарафи кӯҳ ҳаракат карда, онро ба ҳиссаҳо тақсим кард. Заминҷунбии сахти 18 маи соати 8:32 –и пагоҳирӯз рӯй дода, сабаби он гардид, ки нишеби шимолӣ ба водиҳо, ки дар поён ҷойгир буданд, ғарқ шуда, фишори даруниро бо таркиши паҳлӯӣ, бодбезакбарин ба тарафи шимол хориҷ кард. Ҳашт дақиқаи аввалини таркиш 230 квадрат мил ҷангалро несту нобуд кард.

Кӯҳ то шом бо қувваи 20.000 бомбаи атомӣ, ки ба Хиросима партофта шуда буданд, хориҷ шудан гирифт. Дар мурури 9 соат аз ¼ ҳиссаи қуллаи кӯҳ ва қисми марказии он тамоман несту нобуд шуда, баъд аз худ танӯраи бузурги, наълшакли, шикофро гузошт. Ҷариҳои чуқур пур шуданд, 250 фут масолеҳ дар қаъри кӯл таҳнишин шуд. Дарёе, ки аз тарафи шимол ва шимолу ғарби нишеби кӯҳ мешорид, тақрибан ба таги 150 фут таҳнишиниҳо гӯронида шуд. Ҳамагӣ дар мобайни 9 соат минтақа ба ландшафти қабеҳ, мурда ва қамарӣ табдил ёфт.

Таҳаввулоти (эволютсия) геологӣ ба 150 сол нақши ҳодисаҳои садамаоварро камтар кард. Лекин тағироти бузурги геологӣ, ки дар муддати таркиши нӯҳсоатаи вулқани хурд рӯй дод, барои тағироти бо тадриҷи он миллионҳо сол лозим буд.

2.  Дараҳо дар мурури 5 моҳ ташкил ёфтаанд.  Дар давоми панҷ моҳи минбаъда баъд аз таркиши вулқанӣ ду дара аз лоиқа ва ҷараёни омехтаи гази оташин, хокистар ва сангҳо ташкил ёфтанд, ва онҳо дренажҳои 1.5 х 2.0 мил танӯраро ба вуҷуд оварданд. Чуқурии якумин дренажи Дараи Степ то 700 фут мебошад. Шарқтар аз он Дараи Лувит ҷойгир аст. Ҳар ду дара аз байни санги сахт, ки ғафсиаш 100 фут мебошад, сӯрох карда гузаштааст. Аз байни ҳар як дара дарёҳои хурд ҷорӣ мешаванд. Одатан таъбири таҳаввулотӣ мегӯяд, ки дарёи хурд оҳиста дараҳоро дар муддати солҳои дуру дароз ба вуҷуд овардааст. Дар чунин ҳолат мо медонем, ки дараҳо тез таъсис ёфта, баъдан дарё аз миёни онҳо ҷорӣ шудааст. Дар китобҳои дарсӣ гуфта шудааст, ки аз ҳама дараи таъсирбахш дар ҷаҳон Дараи Гранд аст ва он зиёда аз 100 миллион сол пеш аз ҷараёни зангзанӣ ташкил ёфтааст. Ҳозир олимоне, ки дар ҷараёни зангзании геологӣ ихтисос пайдо карда истодаанд, ба он боварӣ доранд, ки он ба монанди дараҳои дар куҳӣ Еленаи муқаддас буда, тез таъсис ёфтааст.
 

 

3.  Заминҳои бесамар дар мурури 5 рӯз ташкил ёфтаанд.  Топографияи заминҳои бесамар дар ҷанубу ғарб ва ҷануби Дакота пайдо карда шудааст. Онҳо дар ҷое, ки масолеҳи пора шуда дар ҷойҳои сохтаҳои сангин ҷараёни зангзаниро гузаштааст, рӯй медиҳанд, ва баъд аз худ ландшафти хушманзараю дандонадорро мегузорад. Одатан пайдоиши ин релефҳоро чунин шарҳ медиҳанд, ки об дар муддати асрҳо масолеҳи порашударо шуста, тимсоли сангини баланд шударо гузоштааст.

Дар кӯҳи Еленаи муқ. ярчҳои бузург ҳамроҳи худ миқдори зиёди ях ва барфро оварда, онҳоро дар қаъри водӣ, ки дар шимол чойгир аст, гӯронид. Дар муддати як рӯз 30 фут хокистари 550 дараҷа (бо Фаренгейт) шорида, тез яхро об кард ва “алангаи” дам дода шударо ба вуҷуд овард. Ин айнан ҳамон просесси энергетикӣ, ки дар давоми тамоми рӯз дар кӯҳ таркишҳоро ба амал овард. Об 1700 маротиба зиёдтар шуд, вақте ки он ба буғ табдил ёфт. Ҳангоме ки он якбора рӯй медиҳад, онро таркиш меноманд. Билохир дар натиҷаи чунин таркишҳо тамоми об сарф шуд.

Вақте ки хокистари тафсон ях ва барфи дар водӣ гӯронидаро рӯпӯш кард, ях об шуда, пайдо шудани таркишҳои дам дода шударо водор кард, баъд аз он чуқуриҳо (чуқуриаш то 125 фут) ташкил ёфтанд. Паҳлӯи онҳо тақрибан амудӣ буданд, то даме ки қувваи ҷозиба онҳоро нағалтонд, ва таъсири сойча ва ҷариҳоро ба вуҷуд овард, ки он яке аз хислатҳои топографияи заминҳои бесамар мебошад. Хислатҳои бузурги нақши муқарнаси заминҳои бесамар дар ШМА дар натиҷаи қувваҳои садамаовар ва инчунин амалиётҳои вулқанӣ пайдо шуда метавонистанд.

4.  Қабатҳои геологӣ ба таври уфуқӣ дар муддати се соат ташкил ёфтаанд.  12 июни соли 1980 оташфишони тарканда 25 фут қабат – қабатгузориро ба вуҷуд овард, ки он геологҳоро ба ҳайрат овард. Одатан барои ташаккул ёфтани қабат – қабатгузориҳои пайваста вақти зиёд лозим аст; аммо зиёда аз садҳо қабат – қабатгузориҳо аслан дар миёни 9 ва 12-и шаб ҷамъ шудааст. То ба ҳол фавра бар болои кӯҳ зуд то 9 мил ба боло баромад, селобҳои пирокластикӣ, мавҷ ба мавҷ аз танӯра ба поён сӯи нишеби шимол зуд рафта, ҳар як водиро дар поён бо дигар ламинтасия шуст. Барои ба вуҷуд омадани зарраҳо, ки ҳаҷмаш аз як дюйм ва ғафсиаш зиёда аз як ярд мебошад, аз якчанд сония сар карда то якчанд дақиқа лозим аст.

Геолог Стивен Остин ин селобҳои пирокластикиро чунин тасвир кард: обакӣ, заминро дар бар мегирад, пурзӯр, ба маҳлули соруҷ монанд, иборат аз шикастпораҳои майдаи вулқанӣ. Онҳо бо шиддати тӯфон аз баландии кӯҳ ба поён ҳаракат карда, аз қафои худ мавқувҳои гузоштаро, ки ҳарораташ 1000 дараҷа бо Фаренгейт аст, мондаанд. Тахминан гуфтан мумкин аст, ки ҳар як мавқуви гузошта якҷинса шуда, сахт омехта шуданд. Аҷоиб, ки ин селобҳои хеле босуръату хамирмонанди хокистари тафсондашуда ва санги ҷилбур ба зарраҳои калону хурд тақсим шуда, бенуқсон қабатҳоро муқаррар кардаанд. Чунин хусусиятҳои нақши муқарнас қонунҳоеро пайрави мекунад, ки селобҳоро идора мекунад, ва онро мо дар баки лаборатория намоиш додем.

Чунин қабатҳои тунук дар Регсангҳои Тапитс дар Дараи Гранд пайдо шудаанд. Ҳикмати анъанавӣ мегуяд, ки онҳо дар муддати солҳои дуру дароз дар натиҷаи мавқуф гузоштани таҳнишиниҳо оҳиста ва бардавом ташкил ёфтаанд. Маҳлуле, ки дар таркибаш газ мавҷуд буд, дар кӯҳи Еленаи муқ. қабатҳоро ташкил кард ва маҳлуле, ки дар таркибаш об дошт, қабатҳои Тапитсро ташкил карда, ҳамон як қонунҳои физикиро гузашт. Хориҷ шудани вулқан нишон дод, ки чунин таъсисотҳо зуд ташкил шуда метавонанд. Обхезии умумиҷаҳонӣ Регсангҳои Тапитсро дар муддати кӯтоҳ ба вуҷуд овард.

5.  Тартиби дарёӣ дар мурури 9 соат ташкил ёфтааст.  Дар натиҷаи ярч, ки 18 май рӯй дод, дарё ва шоссеро, ки ба кӯли Спирит мебурд, тақрибан дар чуқурии 150 фут гӯронид. Ҳамчунин дигар дренажҳо дар Водии Болоии Тутл дар гузари 23 квадрат мил гӯронида шуданд ва дарёбоди водӣ пур шуд. Дар муддати 22 моҳ роҳе, ки ба Уқёнуси Ором мебурд, нест шуд.

Баъдан 19 маи соли 1982 фаввора пӯшиши калони барфро, ки дар вақти зимистон дар танӯра ҷамъ шуда буд, об кард. Обҳо бо масолеҳи шикастпора дар нишебиҳои кӯҳ омехта шуда, селоби калони лоиқаро ташкил карданд. Дар муддати 9 соат, то даме ки ягон ҷони зинда намедид, селоби лоиқадор тартиби муттаҳиди дренажҳоро дар қисми зиёди водӣ пур карда, роҳи ба Уқёнуси Ором мебурдагиро барқарор кард. Дренажҳо камаш аз се дара иборат мебошанд, ки чуқуриашон 100 фут аст. Яке аз онҳо лақаби “Дараи Хурди Гранд дар Тутл” – ро гирифт, зеро ки он аз 1/40 масштаби намунаи Дараи Грандро дошт.

Он амалиёте, ки миқдори зиёди обу лоиқа тез ба ҷо меоварад, барои миқдори хурди об ё ин ки лоиқа абадият лозим буд.

Мувофиқи ақидаи таҳаввулотӣ (эволютсионӣ) геологҳо мегӯянд, ки барои ташаккули 16,000 квадрат мил Селоби Скебленд дар Ғарби Вашингтон марҳилаҳои зиёди вақт гузаштааст. Билохир, дар солҳои 70-ум онҳо донистанд, ки пайдоиши бузурги геологӣ , ки Гранд Кулиро дар бар мегирад, аз ҳама зиёд дар муддати 2 рӯз дар натиҷаи ҳодисаи садамаовар ташкил ёфтааст. Ҳодисаҳои садамаовар аз ҳама беҳтар пайдоиши зангзаниҳои бузургро дар сатҳи замин тафсир мекунанд. Дар таърих тақрибан 300 гурӯҳи халқҳо дар бораи ҳодисаи ба Обхезии Умумиҷаҳонӣ монанд, нақл мекунанд.

6.  Ғӯлачӯбҳои ғарқ шуда танҳо дар муддати 10 сол ба ҷангалҳои чандинсола монанд шуданд.  Дар рӯзи фаввораи асосӣ миллионҳо дарахтҳо ба кӯли Спирит шуста шуданд. Сол ба сол онҳо ба ботлоқ мубаддал ёфта, ғарқ шуданд. То ҳол 10 % он аз решаи ғафси ғӯлачуб иборат аст. Ин ғӯлачӯбҳо ба таври амудӣ ғарқ шуда, решаи онҳо бо таҳнишиниҳои тӯлонӣ пушида шудаанд ва онҳо ба кӯл шуста мешаванд. Ба назар чунин менамояд, ки ин дарахтҳо дар ҳамон ҷо сабзида, дар марҳилаи вақти дуру дароз ба ҳамдигар таҳнишин шуда, нест шудаанд.

Чунин пайдоишҳо дар дигар ҷойҳо ҳам ёфта шудаанд, инчунин дар Спесимен Ридж дар Боғи миллии Елоустоун. Дар он ҷо геологҳо ҷангалҳоеро пайдо кардаанд, ки ба 27 таҳнишиниҳои гуногуни аррапушти кӯҳӣ “пайванд” шудаанд, ва дар натиҷа онҳо ҳамчун 27 ҷангали пайвастаи калон ба назар менамоянд. Навиштаҷоти дар доманаи Спесимен Ридж эзоҳ шуда гумроҳии онҳоро изҳор мекунад. Дар он навишта шудааст: “27 таҳнишинии аёни ҷангали сангшуда, ки 50 миллион сол пеш инкишоф ёфтааст, дар дохили ҷинси вулқанӣ, ки кӯҳро ташкил медиҳад, гӯронида шудааст.

Имрӯзҳо ҳақиқат ошкор шуда, навиштаҷот нест карда шудааст. Олимон фаҳмиданд, ки зуҳуроти кӯли Спиритро Спесимен Ридж маънидод мекунад. Дарахтҳо дар кӯл шино карда, дар ким-кадом марҳилаи вақт ба ботлоқ мубаддал ёфта, ғарқ мешуданд ва ба назар чунин менамуд, ки ҷангалҳои бисёр паи ҳам инкишоф ёфтаанд. Пайдоиши 50 миллионсола метавонист танҳо дар муддати якчанд сол ташкил ёбад ва каме вақт барои сангшавии ғӯлачӯбҳо лозим буд (аз 100 то 1000 сол).

7.  Намунаи нави тез ба вуҷуд омадани ангишти сангӣ.  Доктор Стивен Остин диссертасияи доктории худро дар Донишгоҳи Давлатии Пенсилвания навишта, намунаи нави пайдоиши ангишти сангиро истифода бурд, ки он дар тадқиқоти ӯ дар бораи кони ангишти сангӣ дар Кентуки асос ёфтааст. Гарчанде ки геологҳо дар давраи 100 сол барои фаҳмондани пайдоиши ангишти сангӣ намунаи торфи ботлоқиро истифода бурданд, Стивен Остин тасдиқ мекунад, ки ин ақида ба ҳақиқат мувофиқ нест, зеро ки ангишти сангӣ ба монанди пӯсти дарахт сохти калон дорад, на он ки сохти майда ба монанди торфи ботлоқӣ. Торфи ботлоқӣ аз масолеҳӣ решагӣ иборат аст, аммо ангиштӣ сангӣ бошад не. Торфи ботлоқӣ дар қабатҳои замин таҳ мондааст, лекин ангишт бошад бисёртар дар таҳнишиниҳои сангин. Ҳеҷ вақт ҳамин тавр рӯй надодааст, ки торфи ботлоқӣ ба ангишт мубаддал шуда бошад.

Остин намунаи моти шинокунандаро пешкаш кард, ки садамаи обӣ миллионҳо акр ҷангалҳоро шуста рафта, онҳоро ба мотҳо чигил кардааст. Мотҳо дар сатҳи уқёнус ба воситаи Кентуки шино карданд, ва ба якдигар зарба зада, пӯсти онҳо ба қаър фуромадааст. Амалиёти минбаъдаи вулқанӣ гармӣ ва фишорро таъмин кард, ки қисми онҳоро дар лаборатория барои ба вуҷуд овардани ангишти сангӣ истифода мебаранд. Натиҷаи он қабатҳои сарватманди ангиштҳои сангини штати Кентуки ва дараҷаи номзади илмии Остин мебошад.

Ҳамагӣ 10 моҳ гузашт ва кӯҳи Еленаи муқ. фаввора заданро сар карда, ба кӯли Спирит миқдори зиёди растаниҳо, ва инчунин миллионҳо ғӯлачӯбҳоро бароварда партофт. Доктор Остин дар кӯл ғӯлачӯбҳоеро пайдо кард, ки пӯсти онҳо канда шуда буданд. Таги кӯл аз 3 фут пӯсти дарахт, ки бо дигар растаниҳою таҳнишиниҳо омехта шудааст, иборат буд. То ҳол масолеҳ ба монанди мисли растании оҳиста пӯсида истода мебошад. Лекин агар ягон садама миқдори лозимии гармӣ ва фишорро таъмин кунад, масолеҳ зуд ба ангишт мубаддал меёбад. Тадқиқотҳои доктор Остин дар бораи он шоҳидӣ медиҳанд, ки ақидаи пайдоиши ангишти сангӣ дар муддати миллионҳо сол хеле шубҳаомез аст.
 

Ҳафт мӯъҷизоти кӯҳи Еленаи муқаддас · тоҷикӣ, تاجیکی‎, toçikī
<http://www.creationism.org/tajik7wonders_tg.htm>

Мундариҷа:  Тоҷикӣ
www.creationism.org